§2. Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрванд

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» номгузорӣ шуда, дар он мафҳумҳои «ҳуқуқи инсон» ва «ҳуқуқи шаҳрванд» ҷудо карда мешаванд.

Ҳуқуқи инсон ҳуқуқҳои фитрӣ буда, хусусиятҳои зерин дорад:

  1. Ҳуқуқи инсон бо табиати биологии инсон алоқаманд буда, дахлнопазиранд. Мутобиқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд».
  2. Ҳуқуқи инсон ба ҳар шахс, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ тааллуқ дошта, аз тарафи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эътироф ва ҳимоя карда мешавад. Мутобиқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад».
  3. Ҳуқуқи инсон ба ҳар шахс, қатъи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ тааллуқ дорад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе- шаҳрвандӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, дар ба- робари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои фитрӣ бархӯрдоранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз ҳуқуқҳои тавлидӣ ва ҷудонопазир истифода мебаранд.
  4. Ин ҳуқуқҳо шароити зиндагии арзандаи ҳар шахс ва аъзои оилаи ӯро таъмин намуда, талаботи аввалиндараҷаро ба зиндагии шоиста, либос, ғизо, таҳсил, хидмати тиббӣ, манзил қонеъ мегардонанд.
  5. Ҳуқуқҳои фитрии инсон бо арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ робита доранд, ин арзишҳоро инъикос мекунанд, ҳамчун меъёри ҳаёту фаъолияти инсон мутобиқи на танҳо қонунгузорӣ, балки меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳуқуқҳои шаҳрванд хусусиятҳои зерин доранд:

  1. Ҳуқуқҳои шаҳрванд ба шаҳрвандони давлат тааллуқ дошта, бо манфиатҳои миллӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ) алоқаманданд. Ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, саҳми шахсӣ дар таҳкими соҳибистиқлолӣ, дар рушди мамлакат шарт ва заминаи амалӣ гардидани ҳуқуқҳои шаҳрванд мебошанд.
  2. Давлат доираи кофии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро бо дарна- зардошти ҳадафҳои рушди миллӣ, афзалияти манфиатҳои миллӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ, раъйпурсӣ ва интихобот, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон ба нафъи шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ кафолат медиҳад.
  3. Маҷмуи ҳуқуқу озодиҳо, вазифаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҳамдигар фарқ дорад. Қонунгузории миллӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳолатҳои истисноиро, ки бо ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳо робита доранд, муқаррар мекунад. Мутобиқи моддаи 16-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст». Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок намекунанд, вазифаи муқаддаси ҳимояи Ватанро дар Тоҷикистон ба уҳда надоранд.
  4. Давлат бо дарназардошти афзалияти манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи онҳо доираи зарури ҳуқуқҳои шаҳрвандонашро кафолат медиҳад. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлати Тоҷикистон қарор доранд (моддаи 16), ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он (моддаи 24), ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат, дар раъйпурсӣ ва интихобот, ба хидмати давлатӣ (моддаи 27), ба муттаҳид шудан дар ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (моддаи 28), ба ширкат варзидан дар гирдиҳамоӣ, маҷлис, намоиш, роҳпаймоии осоишта (моддаи 29), ба муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ (моддаи 31) ҳуқуқ доранд.
  5. Ҳуқуқи шаҳрвандон бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, анъанаҳо ва таҷрибаи давлатдории миллӣ, такмили асосҳои фарҳангӣ-маънавии идоракунии давлатӣ амалӣ карда мешаванд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад (моддаи 49), узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад (моддаи 49). Ҳамин гуна талабот ба шахсе, ки ба вазифаи судя интихоб ё таъин мешавад. пешниҳод мегардад (моддаи 85 Конститутсия). Мутобиқи моддаи 65-и Конститутсия: «Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад».

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи шаҳрванд бо кадом хусусиятҳояшон фарқ мекунанд?
  2. Хусусиятҳои ҳуқуқи инсон кадомҳоянд?
  3. Ҳуқуқи шаҳрванд кадом хусусиятҳоро дорад?

Реклама