§1. Мафҳуми ҳуқуқу озодии инсон

Инсон манфиат ва талаботашро ба неъматҳои зиндагӣ бо ёрии ҳуқуқу озодиҳояш қонеъ мегардонад. Бо рушди ҷомеа талаботи инсон ба неъматҳои моддӣ ва маънавӣ зиёд мешавад. Ин имкониятҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар амалӣ карда мешаванд. Имкониятҳои қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои инсон дар робита бо рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ васеъ мешаванд.

Ҳуқуқи инсон – маҷмуи имкониятҳо ва андозаи фаъолияти имконпазири инсон дар ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад, ки ба қонеъ гардидани талабот, манфиатҳо ва ниёзи гуногуни одамон мусоидат мекунад.

Инсон имкониятҳои қонеъ гардонидани талаботашро ба неъматҳои моддӣ ва маънавӣ тавассути анҷом додани намудҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ, ҳунармандӣ, эҷоди бадеӣ, техникӣ амалӣ мекунад. Намудҳои гуногуни фаъолияти инсон, ки дар робита бо амалӣ намудани ҳуқуқҳо ба роҳ монда мешаванд, бо меъёрҳои ҳуқуқ танзим карда мешаванд. Аз ин хотир, ҳуқуқи инсон андоза ё меъёри (ҳадди) фаъолияти имконпазири инсон аст.

Озодӣ чунин ҳолати шахсӣ аст, ки дар он инсон мустақилона, бо азму иродаи худ, дар доираи қобилият, хоҳиш, имкониятҳо, ҷаҳонбинӣ ин ё он намуди фаъолиятро интихоб менамояд ё андешаашро иброз мекунад. Озодӣ намудҳои зерин дорад: озодии шахсӣ (озодии як шахс); озодии коллективӣ (озодии гурӯҳи одамон); озодии сиёсӣ (озодона ширкат намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатӣ, дар раъйпурсӣ); озодии иҷтимоӣ (озодона амалӣ намудани ҳуқуқ ба таҳсил, аз ҷумла интихоби озоди шакли таҳсил, намуди муассисаи таҳсилотӣ, таҳсил дар мамлакат ё дар хориҷи кишвар); озодии иқтисодӣ (озодии соҳибкорӣ, озодии шаклҳои имконпазири фаъолияти иқтисодӣ, озодона ихтиёрдорӣ намудани моликияти хусусӣ ва ғайра); озодии фарҳангӣ (озодии эҷоди бадеӣ, истифодаи озоди дастовардҳои фарҳангӣ ва ғайра); озодии эҷоди илмӣ, техникӣ.

Айни замон озодии инсон номаҳдуд буда неметавонад. Озодии беинтиҳо боиси фаъолияти худсаронаи инсон мегардад. Озодии шахс нисбӣ аст. Озодии шахс меъёр, ҳад, ҳудуд дорад. Меъёри озодии инсонро меъёрҳои қонунгузорӣ (Конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва ғайра) муқаррар мекунанд. Илова бар ин ҳадди озодии инсонро ҳуқуқу озодиҳои дигарон муайян мекунад. Мутобиқи моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».

Ҳадди озодии инсон бо манфиатҳои давлат, ҷомеа, одамон, арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ, анъанаҳои таърихӣ ва фарҳанги миллӣ муайян карда мешавад.

Озодӣ бо масъулият алоқаманд аст. Инсон зимни амалӣ намудани озодӣ дар назди давлат, ҷомеа, одамон вазифаҳои дахлдорро ба уҳда мегирад. Ҳисси масъулиятшиносӣ дар оила, дар назди падару модар, хешовандон, ҳамсинфон, муаллимон, ҳамсояҳо, аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шарти амалӣ намудани озодӣ мебошад. Масъулият ҳадди озодии инсонро муқаррар мекунад. Масъулият намудҳои зерин дорад: масъулияти шахсӣ, коллективӣ ё гурӯҳӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ. Масъулияти ҳуқуқӣ мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.

Озодӣ – тарзи махсуси ҳастии инсон мебошад, ки бо қобилияти интихоби ин ё он намуди фаъолият мутобиқи мақсадҳо ва манфиатҳо алоқаманд аст.

Реклама