“Достони разми Исфандёр бо Рустам” аз шикояти Исфандёр ба модараш дар бораи бад карданҳои падараш Гуштосп оғоз мегардад. Гуштосп ба писараш ваъда карда буд, ки пас аз он ки ӯ кини бобояш Луҳроспро аз Арҷосп мегирад ва хоҳарони падарашро аз банди вай меорад ва ҷаҳонро аз бадон пок мекунад,
Ҳама подшоҳию лашкар турост,
Ҳамон ганҷ бо тахту афсар турост.
Вале ба ваъдааш вафо намекунад, ганҷу тахту кулоҳро ба Исфандёр доданӣ нест. Инро модараш медонад, бинобар ин насиҳат мекунад, ки вай бо доштани ихтиёри лашкару буму бар қаноат намояд ва мунтазири аз олам гузаштани падараш бошад.
Чу ӯ бугзарад, тоҷу тахташ турост,
Бузургию аврангу бахташ турост.
Исфандёри ҷоҳталаб назди падар меравад ва ба ёдаш меорад, ки гуфта буд:
Супорам туро афсару тахти оҷ,
Ки ҳастӣ ба мардӣ сазовори тоҷ.
Гуштосп аз ӯ ба банд овардани Рустам, Завора ва Фаромарзро талаб мекунад, ки аз фармони вай сар печидаанд ва ба Занду Зардушту дини беҳӣ савганд мехӯрад, ки он вақт:
Супорам туро ганҷу тахту кулоҳ,
Нишонам-т бо тоҷ дар пешгоҳ...
Агар тахт хоҳӣ ҳаме бо кулоҳ,
Раҳи Систон гиру баркаш сипоҳ.
Исфандёр аз пеши падар бадхашм ва бо лаби пур зи боду дили пур зи ғам бармегардад. Модар ӯро насиҳат мекунад, ки “ба бад тез маштобу бар бад макӯш”, ба ҷанги Рустам марав.
Худи Исфандёр низ медонад, ки Рустам кист ва чӣ корҳои неку ба Эрон кардааст, бинобар ин бастани ӯро ба худ, ба подшоҳзода сазо намедонад. Лекин ҳамзамон наметавонад, ки аз фармони шоҳ сар кашад. Ӯ дар дуроҳа қарор дорад ва аз ин хусус ба модараш мегӯяд:
Ҳамон аст Рустам, ки донӣ ҳаме,
Ҳунарҳош чун Занд хонӣ ҳаме.
Накукортар з-ӯ ба Эрон касе
Наёяд падид, ар биҷӯйӣ ҳаме.
Мар ӯро ба бастан набошад сазо,
Чунин бад на хуб ояд аз подшо...
Чӣ гуна кашам сар зи фармони шоҳ,
Чӣ гуна гузорам чунин пешгоҳ?
Исфандёр ҳамчунин огоҳ аст, ки Рустам бас ба ҷойи шоҳон ранҷи зиёд кашидааст, низоме, ки дар ҷаҳон аст, аз гурзи гарони ӯст, шаҳрёру бандаи Эрон бо ӯ зиндаанд.
Басе ранҷ дорад ба ҷойи сарон,
Ҷаҳон рост кард ӯ ба гурзи гарон.
Ҳама шаҳри Эрон бад-ӯ зиндаанд,
Агар шаҳрёранд, агар бандаанд.
Исфандёр умед ба он мебандад, ки бо сухани нарм Рустамро розӣ хоҳад кард, ки ихтиёрӣ ба фармони падараш Гуштосп сар фурорад ва наздаш ояд. Бо ҳамин ният пас аз лашкар кашиданаш ба Зобул фиристодаи далеру хирадманду бодонишу бофарру зеб писараш Баҳманро ба назди Рустам мефиристад. Рустам розӣ аст, ки назди Исфандёр бесилоҳ биёяд ва аз ӯ бишнавад, ки шоҳ Гуштосп чӣ фармудааст. Аммо ҳаргиз розӣ нест, ки касе ба дасту пойи вай банд андозад, барои ҳамин ҳам ба Исфандёр ҳушдор медиҳад, ки:
Надидаст кас банд дар пойи ман,
На бигрифт шери жаён ҷойи ман.
Ту он кун, ки аз подшоҳӣ сазост,
Магард аз пайи он ки он норавост.
Ба ҳарза зи дил дур кун хашму кин,
Ҷаҳонро ба чашми ҷавонӣ мабин.
Рустам ва Исфандёр бо ҳам вомехӯранд, дар ҳаққи якдигар суханҳои нек ва боэҳтиромона мегӯянд. Исфандёр Рустамро ба меҳмонӣ мехонад ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки банд бар пой ниҳад, зеро аз банди шоҳаншоҳ нанг набошад, агар туро баста пеши шоҳ барам, саросар аз гуноҳат хоҳад гузашт. Ва таъкид мекунад, ки аз бастани Рустам равони худаш хаста аст, аммо қавл медиҳад, ки агар вай то шаб дар банд бимонад, ба ҷонаш газанд нахоҳад расид. Исфандёр Рустамро бовар кунониданӣ мешавад, ки аз Гуштосп бадӣ наояд, ба вай бадгумон нашавад. Исфандёр ба Рустам рӯйирост ошкор месозад, ки агар ӯ ба ин розӣ шавад, шоҳ ба ӯ тахти оҷу ганҷу тоҷи ваъдакардаашро хоҳад дод, он вақт ӯ ҷаҳонро ба дасти Рустам мениҳад ва чандон зару хоста хоҳад дод, ки бару бомаш ороста хоҳад гашт.
Рустами ҷаҳонпаҳлавон, чунонки ӯро муносиб аст, бори дигар ба Исфандёр мефаҳмонад, ки ҳар чӣ хоҳад, фармон кунад, магар банд, ки аз он оре бувад.
Исфандёр ошкоро мегӯяд, ки агар Рустам аз фармони Гуштосп сар печад, падараш рӯзи ӯро табоҳ хоҳад кард, бинобар ин маҷбур аст, ки бо Рустам ҷанг оварад.
Рустам дар яке аз дидорҳо ва маҷлисҳои май, ки миёни ӯ ва Исфандёр тез-тез иттифоқ меафтод, чанги Исфандёрро чунон мефишорад, ки аз нохунаш оби зард мерезад ва пур аз хуноб мешавад ва абрувонаш пур аз тоб мешавад ва мегӯяд:
Кӣ гӯяд:”Бирав, дасти Рустам бибанд?
Набандад маро даст чархи баланд!”
Исфандёр бо вуҷуди ин бихандиду гуфт ба Рустам, ки имрӯз май бихӯр, ғанимат аст, фардо ба разм мепечию ман ду дастат мебандам, мебарам назди шоҳ ва мегӯям, ки аз ту гуноҳе надидам ва хоҳиш мекунам, ки гуноҳатро бибахшад ва бо ҳамин туро аз ғаму дарду ранҷ мераҳонам. Рустам ба навбати худ дар ҷавоб бо ханда мегӯяд, ки фардо ба дашти набард биёем, аз кӯҳаи зин ба оғӯш бибардорамат ва наздики Зол орамат, нишонамат бар тахти оҷ, ба сарат тоҷ гузорам ва ҳар чӣ аз Кайқубод ёфтам, пешат ниҳам ва пас аз он ба назди Гуштосп меравам ва тоҷро ба мардӣ туро бар сар ниҳам.
Чу ту шоҳ бошию ман паҳлавон,
Касеро намонад ба тан-дар равон.
Рустам бори дигар Исфандёрро ба берун кардани кина аз дил ва ба дӯстию рафоқат, меҳмонӣ, мардумӣ ва даст кашидан аз бадӣ даъват мекунад. Вале Исфандёр бар хилофи ӯ бори дигар исрор менамояд, ки ҷаҳонпаҳлавон панди ӯро бипазирад ва ба гуфтори шоҳ ба банд андарояд. Рустам аз ин аз ғам пурандеша шуд ва ба худ андешид, ки агар даст варо бандад ва ё газанде расонад, ҳар ду кор ҳам бонафрину бад аст:
Ҳам аз банди ӯ бад шавад номи ман,
Ҳам аз куштанаш бад саранҷоми ман.
Рустам дар андешаи он буд, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам мардум ва шоҳон ӯро гунаҳкор хоҳанд донист, ӯро марди бенангу ор, пири бедин хоҳанд гуфт. Бар замми ин агар худ кушта шавад, рангу бӯйи Зобулистон нахоҳад монд, тухмаи Дастони Сом гусаста хоҳад шуд. Аз ин сабаб ба Исфандёр кӯшиш мекунад бифаҳмонад, ки падари ӯ - Гуштосп аз тоҷу тахт серӣ надорад, бинобар ин ҳам Исфандёрро гирди гетӣ медавонад ва ба ҳар сахтие равон мекунад. Аммо ӯ набояд ба ҷони худашу Рустам ситам намояд.Бо ин ҳама кӯшишҳо вай натавонист, ки Исфандёри “бадраги девсоз” -ро аз ҷанг кардан бо ӯ боздорад. Боз ҳам ба хотири ба ҳам дар майдони ҷанг рӯйбарӯ наомадан Рустам ба Исфандёр пешниҳод мекунад, ки саворони зобулию эронӣ ба ҷанг дароянд, на онҳо ҳар ду. Исфандёр ин пешниҳодро низ рад менамояд ва мегӯяд:
Туро гар ҳаме ёр бояд, биёр,
Маро ёр ҳаргиз наёяд ба кор.
Маро ёр дар ҷанг Яздон бувад,
Сарукор бо бахти хандон бувад.
Туӣ ҷангҷӯю манам ҷангхоҳ,
Бигардем бо якдигар бе сипоҳ.
Вале рӯзи набард бар хилофи аҳде, ки миёни ду паҳлавон шуда буд, сипоҳи сагзиҳо ба майдон меояд ва писарони Исфандёр – Нӯшозар ва Меҳрнӯш аз дасти онҳо кушта мешаванд. Исфандёр пур аз хашм Рустамро ба аҳдшиканӣ муттаҳам мекунад ва носазо мегӯяд ва аз кушта шудани ду писараш огоҳ месозад.
Ҳангоми набард вақте ки тирҳои Рустам бар тани Исфандёр ба кор намеояд, Рахшу савораш маҷрӯҳ мешаванд, чорае месозад: аз Рахш пиёда мешавад ва ба баландие мебарояд:
Бихандид чун дидаш Исфандёр,
Бад-ӯ гуфт, к-: “Эй Рустами номдор,
Чаро кам шуд он неруи пили маст,
Зи пайкон чаро кӯҳи оҳан бихаст?
Куҷо рафт он мардию гурзи ту,
Ба разм-андарун фарраву бурзи ту?
Гурезон ба боло чаро бар шудӣ,
Чу овози шери жаён бишнудӣ?
На онӣ, ки дев аз ту гирён шудӣ,
Дад аз таффи теғи ту бирён шудӣ?
Чаро пили ҷангӣ чу рӯбоҳ гашт,
Зи ҷангаш чунин дасткӯтоҳ гашт?
Ӯ ба Рустами маҷрӯҳ, ки дар баландие истодааст, боз ҳам пешниҳод мекунад, ки аз кардааш пушаймон шавад ва дасташро ба банд диҳад.
Рустам торик шудани шабро баҳона меорад ва мегӯяд, ки сӯйи айвон хоҳад рафт, замоне меосояд, ҷароҳатҳояшро мебандад ва хешонашро даъват хоҳад кард. Исфандёр ӯро зинҳор медиҳад, вале ҳушдор низ медиҳад, ки Рустам ӯро фиреб надиҳад ва ҳар чи ӯ барояш гуфт, бе кажжию камию костӣ ба аҳли айвон бирасонад.
Рустам дар айвон ба Дастон, ки аз дидани ҳоли ӯ мӯй меканду менолид, мегӯяд:
Ки ман ҳамчу рӯйинтан Исфандёр
Надидам ба мардӣ гаҳи корзор...
Задам чанд бар кабри Исфандёр,
Чунин буд, ки бар санг резанд хор.
Ҳамон теғи ман гар бидидӣ паланг,
Ниҳон доштӣ хештан зери санг.
Надаррад ҳаме ҷавшан андар бараш,
На як пораи парниён бар сараш...
Сипосам зи Яздон, ки шаб тира шуд,
Варо дида аз тирагӣ хира шуд.
Бирафтам ман аз ҷанги ин аждаҳо,
Надонам, ки чун ҷуст хоҳам раҳо?
Рустам дар андешаи он буд, ки фардо ҷое равад, ки Исфандёр ному нишоне аз ӯ наёбад. Зол Симурғро ба ёрӣ мехонад, вай Рустам ва Рахшро табобат мекунад ва аз паҳлавон мепурсад, ки чаро бо Исфандёр разм ҷуст? Рустам посух медиҳад.
Чаро разм ҷустӣ зи Исфандёр,
Ки ӯ ҳаст рӯйинтану номдор?
Бад-ӯ гуфт Рустам, ки: «Гар ӯ зи банд
Нагуфтӣ, нагаштӣ дили ман нажанд.
Маро куштан осонтар ояд зи нанг,
Агар бозмонам ба сахтӣ зи ҷанг».
Симурғ маслиҳат медиҳад, ки ҷанг наҷӯяд бо Исфандёр, ӯро лоба кунад ва тану ҷони хеш фидо дорад ӯро. Агар пӯзишатро напазирад, он гоҳ чорае хоҳам сохт, ки туро ба хуршед сар барафрозам.
Рустам ба ҷанги Исфандёр бозгашт. Чу бишнид овозаш, Исфандёр ба Башутан гуфт, ки гумон набурдам, ки Рустаму Рахш меоянд. Дастони ҷодупараст ҷоду кардааст. Чун Исфандёр рӯйи Рустам бидид, хурӯшид ва гуфт, ки “номи ту бод аз ҷаҳон нопадид”.
Фаромӯш кардӣ, ту сагзӣ, магар
Камону бари марди пархошгар?
Ту аз ҷодуи Зол гаштӣ дуруст
В-агарна канорат ҳаме дахма ҷуст.
Кунун рафтию ҷодуӣ сохтӣ,
Бад-ин сон суйи разми ман тохтӣ.
Бикӯбам-т аз он гуна имрӯз ёл,
К-аз ин пас набинад туро зинда Зол.
Рустам ба Исфандёр хитоб мекунад, ки “эй сер ногашта аз корзор”:
Битарс аз ҷаҳондор Яздони пок,
Хирадро макун бо дил андар мағок.
Ман имрӯз не баҳри ҷанг омадам,
Пайи пӯзишу ному нанг омадам.
Исфандёр Рустамро “нобакор” мехонад ва мегӯяд, аз роҳи Яздон ва фармони шоҳ баргардонидани ҳар касро Худованд намебахшад.
Ҷуз аз разм ё банд чизе маҷӯй,
Чунин гуфтаниҳои хира магӯй.
Лобаи Рустам ба кор наомад, ӯ натвонист Исфандёрро аз корзор баргардонад.
Таҳамтан газ андар камон ронд зуд,
Бад-он сон, ки Симурғ фармуда буд.
Бизад рост бар чашми Исфандёр,
Сияҳ шуд ҷаҳон пеши он номдор.
Хам овард болои сарви саҳӣ,
Аз ӯ дур шуд донишу фарраҳӣ.
Нигун шуд сари шоҳи яздонпараст,
Бияфтод чочикамонаш зи даст.
Гирифташ фашу ёли аспи сиёҳ,
Зи хун лаъл шуд хоки овардгоҳ.
Он вақт Рустам ба Исфандёр мегӯяд:
Ту онӣ, ки гуфтӣ, ки рӯйинтанам,
Баланд осмон бар замин барзанам.
Ба як тир баргаштӣ аз корзор,
Бихуфтӣ бар ин бораи номдор.
Ҳам акнун ба хок-андар ояд сарат,
Бисӯзад дили меҳрубон модарат.
Исфандёр чунин ба поён расидани сарнавишташро на аз Рус там, балки аз замона ва падараш Гуштосп медонад:
Замона чунин буду буд он чи буд,
Надонад касе рози чархи кабуд.
На Рустам, на мурғу на тиру камон
Ба разм аз тани ман бибурданд ҷон.
Ки ин кард Гуштосп бо ман чунин,
Бар ӯ барнахонам зи ҷон офарин.
Маро гуфт: Рав, Систонро бисӯз,
Нахоҳам, к-аз ин пас бувад Нимрӯз.
Бикӯшид то лашкару тоҷу ганҷ
Бад-ӯ монаду ман бимонам ба ранҷ.
Исфандёр аз Рустам хоҳиш мекунад, ки писараш Баҳманро дар Зобулистон ороиши корзор, базму разму шикор, маю ромишу захми чавгону гӯй, бузургӣ ва ғ. биомӯзонад. Рустам ваъда дод, ки “сухан ҳар чӣ гуфтӣ, ба ҷой оварам”.
Нишонам-ш бар номвар тахти оҷ,
Ниҳам бар сараш-бар дилафрӯз тоҷ.
Исфандёр аз Башутан хоҳиш мекунад, ки ба падараш паёми ӯро расонад, ки дар асл айбнома буд.
Замона саросар ба коми ту гашт,
Ҳама муҳрҳо зери номи ту гашт.
Умедам на ин буд наздики ту,
Сазо ин буд аз ҷони торики ту.
Ҷаҳон рост кардам ба шамшеру дод,
Ҷаҳон пок гашт аз бади баднажод.
Ба Эрон чу дини беҳӣ рост гашт,
Бузургию шоҳӣ маро хост гашт.
Ба пеши сарон пандҳо додиям,
Ниҳонӣ ба куштан фиристодиям.
Кунун з-ин сухан ёфтӣ коми дил,
Биёрою биншин ба ороми дил...
Туро тахту сахтию кӯшиш маро,
Туро тоҷу тобуту пӯшиш маро.
Вақте ки Башутан тобути Исфандёрро назди Гуштосп мебарад, бузургони Эрон ба Гуштосп хашм мегиранд ва ӯро гунаҳгори асосӣ мешуморанд.
Бузургони Эрон гирифтанд хашм
В-аз озарми Гуштосп шустанд чашм.
Ба овоз гуфтанд, к: “- Эй шӯрбахт,
Чу Исфандёре ту аз баҳри тахт
Ба Зобул фиристӣ, ба куштан диҳӣ,
Худ андар ҷаҳон тоҷ бар сар ниҳӣ.
Саратро зи тоҷи шаҳон шарм бод,
Ба рафтан пайи ахтарат гарм бод!”
Хоҳарони Исфандёр – Беҳофариду Ҳумой ба падарашон рӯйирост мегӯянд, ки бародарашонро на касе дигар, балки худи ӯ кушт.
На Симурғ кушташ, на Рустам, на Зол,
Ту куштӣ мар ӯро, чу куштӣ, манол!
Фирдавсӣ “Достони разми Исфандёр бо Рустам”-ро бо зикри он ба охир расонидааст, ки Гуштосп ба наберааш Баҳман - писари Исфандёр, ки парваришашро Рустам ба уҳда гирифта буд, нома менависад ва ба наздаш даъват мекунад. Аз шод гаштани Рустам аз ин кор чунин маънӣ бармеояд, ки Гуштосп тоҷу тахту кулоҳи шоҳиро ба Баҳман хоҳад супурд ва он чиро, ки ба падараш Исфандёр – “шоҳи беёру ҷуфт” надода буд, ба писараш хоҳад дод.
Шоир бо баёни разми Исфандёр бо Рустам паёме медиҳад, ки ҷоҳталабӣ ва ҷангхоҳӣ оқибат марг ба бор меоварад.
Исфандёри ҷавону тавоно ва дар паҳлавонӣ ва зӯри бозӯ бемислу монандро маҳз ҷоҳталабӣ ба ҷангхоҳӣ бо Рустам водор мекунад ва оқибат ба марг мерасонад. Исфандёр маҳз ба хотири расидан ба тоҷу тахти шоҳӣ фармонҳои гуногуни падарашро иҷро мекунад. Вай агарчи ҳамеша такрор мекард, ки маҳз ба хотири иҷрои фармонҳои шоҳ ин корҳоро кардааст ва карданист, дар асл, тавре ки баъдан ошкор мешавад, онҳоро маҳз барои расидан ба тоҷу тахти шоҳӣ анҷом медодааст. Оқибат ӯ, модараш, хоҳаронаш ва бузургони Эрон мефаҳманд, ки Гуштосп маҳз барои он ки Исфандёр ҷӯёи гоҳи шаҳрёрӣ нашавад, ӯро ба гирди ҷаҳон бо ҳар баҳонае мефиристод.
Гуштосп падарест, ки барои ӯ тоҷу тахт болотар аз меҳри фарзанд, зану духтар ва наздиконаш мебошад ва тайёр аст, ки ҳамаро дар ин роҳ қурбон намояд, ба дами марг фиристад, чунонки Исфандёрро фиристод.
Дар “Достони разми Исфандёр бо Рустам” паҳлуи дигари чеҳраи Рустам ошкор гардидааст. Дар ин ҷо Рустам, ҷаҳонпаҳлавони беназири эронӣ, ки пушту паноҳи ягонаи шоҳони Эрон ва мардумони ин кишвар мебошад, ҳамчун пири ботадбири рӯзгордидаву ҷаҳондида ва муқобили ҳама гуна кинаву хашм, бадӣ, номардумӣ, ҷанг намудор мешавад. Ӯ, вақте ки Исфандёр бо фармони шоҳ Гуштосп барои банд кардан ва бурданаш меояд, борҳо такрор ба такрор бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун мехоҳад бифаҳмонад, ки ин кори ношуданӣ ва аз рӯйи хирад нест. Рустам ба Исфандёр роҳи оштию дӯстӣ, ёрию бародархондагиро пешниҳод мекунад, ба меҳмонӣ ва базм даъват менамояд. Афсӯс, ки Исфандёри ҷоҳталаб ин ҳамаро рад мекунад ва роҳи ҷангро пеш мегирад.
Рустам, бо вуҷуди он ки Исфандёр рӯйинтан буд ва бар танаш тир кора намекард, ӯро бо чораву тадбир мағлуб месозад. Фирдавсӣ бо ин таъкид намудааст, ки хираду тадбир оқибат бар зӯру ҳила, ростӣ бар дурӯғ, некӣ бар бадӣ, оштӣ бар ҷанг, дӯстӣ бар душманӣ, мардумӣ бар номардумӣ пирӯз хоҳад шуд. Марги Исфандёр ва ноком монданаш аз тахту тоҷ, ба пирӯзӣ расидани Рустами пир ва маҷрӯҳ, ошкор гардидани найранг ва гуноҳҳои Гуштосп ва умеди ба тахт нишондани наберааш Баҳман – писари Исфандёр исботи он мебошад.