Низомии Ганҷавӣ

Монанди он ки пеш ва пас аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои динию ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре наофаридааст, ки бо он баробарӣ бикунад. Шоир панҷ маснавӣ – панҷ ганҷашро, барҳақ, “навгул”, “сухани нав”, “ҳайкале аз қолаби нав”, “дуре аз баҳри нав”, “баҳори нав”, “сеҳре дигар”, “тозаарӯс”, “абёти нав”, “гавҳари носуфта”, “кони нав”, “бикрони пардагӣ”, “тарзи нав”, “навои ғариб” номидааст ва дар ин арзёбиҳояш ҳеч дурӯғе нагуфтааст ва заррае зиёдаравӣ накардааст. Шоир ва суханшиноси бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки се аср пас аз вай зиндагӣ ва эҷод кардааст, тасдиқ намудааст, ки “он қадр латоифу дақоиқу ҳақоиқ, ки дар китоби “Панҷ ганҷ” дарҷ кардааст, касеро муяссар нест, балки мақдури (дар тавони) навъи башар нест”.