Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома”

Пайравӣ ба “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар даврони шоир оғоз гардида, то садаҳои охир давом ёфтааст. Аз маснавиҳое, ки дар пайравии ҳамосаи шоири бузург эҷод гардидаанд, бобарортаринашон “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ мебошад.

Низомии Ганҷавӣ, гӯяндаи “Хамса”-и номӣ, агарчи қасди дар пайравии “Шоҳнома” асар навиштанро надошт, онро аз сарчашмаҳои асосии маснавии худ “Искандарнома” медонад.

Нахустин тарҷумаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба забонҳои дигар дар асри XIII ба забони арабӣ буд, ки онро Бундории Исфаҳонӣ анҷом додааст. Пас аз он ин маснавӣ дар асри XV ба забони туркӣ, дар асри XVI ба забони гурҷӣ, дар асри XVIII ба забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ ва дар асрҳои XIX ва ХХ ба забонҳои олмонӣ ва русӣ баргардон шудааст. Ҳоло пора ва достонҳои ҷудогонаи “Шоҳнома” ба аксари забонҳои мардуми дунё тарҷума шудаанд.

Дар пайравӣ ва бо илҳом гирифтан аз достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар адабиёти Шарқ ва Ғарб шеъру достонҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, монанди достони адиби англис Матео Арнолд (а.XIX) бо номи “Рустам ва Суҳроб”, афсонаи русии “Достони Еруслан Лазаревич”, яъне, достони Рустами Золи Зар ва ғ.

Ба “Шоҳнома” ва шахсияти фавқулодаи гӯяндаи он бузургтарин адибон ва андешамандони дунё, монанди Иоҳан Волфҳанг Гёте, Ҳенрих Ҳейне, Виктор Ҳуго, Байрон, А.Пушкин, В. Жуковский, М. Лермонтов, С. Есенин ва дигарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд.”Шоҳнома” аниси кунҷи танҳоӣ барои нависанда ва мутафаккири барҷастаи рус Н.Чернишевский дар зиндонҳои Сибир будааст. Шоир ва мунаққиди номии фаронсавӣ Сент Беёв (а.XIX) аз Фирдавсӣ дар қатори саромадони адабиёти ҷаҳон, аз қабили Ҳомер, Верҳилий, Овидий, Тассо ва Данте ном гирифта, нақши бузурги ӯро дар равнақи адабиёти умумиҷаҳонӣ эътироф намудааст.

Бечиз нест, ки дар гузашта ва имрӯз “Шоҳнома”-ро бо ҳамосаҳои маъруфи ҷаҳон, чун “Моҳобҳорото” ва “Ромоёно” дар адабиёти ҳиндӣ, “Илиёдо” ва “Удисӣ” дар адабиёти юнонӣ, “Анйид” дар адабиёти румӣ, “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте ва ғ. санҷидаанд. Бартарии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз асарҳои мазкур дар он аст, ки агар дар онҳо ҳодисаҳои маҳаллӣ ва таассуботи қавмию гурӯҳӣ ва интиқомҷӯйиҳои шахсӣ баён гардида бошад, дар он ҳамосаи инсон ва тамаддуни башарӣ мебошад.

ПУРСИШ ВА СУПОРИШ

1. Абулқосими Фирдавсиро чаро деҳқонзода меноманд?

2. Таърихи навиштан ва таҳрирҳои гуногуни “Шоҳнома”-ро баён кунед. 3. Чаро Фирдавсӣ умед ба султон Маҳмуд баст?

4. “Шоҳнома” аз рӯйи муҳтаво ба чанд бахш тақсим мешавад?

5. Маводи намоишии достонҳои "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсиро омода бикунед.

6. Муҳтавои “Достони Суҳроб”-ро мухтасар нақл кунед.

7. Чаро падару писар ҳамдигарро нашинохтанд?

8. Паёми аслии “Достони Суҳроб” чист? Дар мавзӯи "Достони Суҳроб" иншо нависед.

9. Феҳристи шахсиятҳои адабии "Достони Суҳроб"-ро тартиб диҳед ва онҳоро ба таври мухтасар тавсиф намоед.

10. Дар мавзӯи "Низои Шоир ва Шоҳ" гузориш нависед.

11. Порчаҳои шеърии "Зи ҳар гуна будам туро раҳнамой" ва "Бизад чангу бидрид пероҳанаш"-ро аз бар намоед ва қироат бикунед, вазн ва қофияи онҳоро муайян бисозед.

12. Фасли “Достони разми Исфандёр бо Рустам”-ро бо диққат хонда нақл кунед ва иншо нависед.

13. Чеҳраи Рустам ва Исфандиёрро муқоиса намоед ва таассуроти худро нависед.

14. Пораи шеърии "Надидаст кас банд дар пойи ман"-ро аз бар кунед ва қироат намоед, ба вазн ва қофияҳои он диққат диҳед.

15. Ҳунари шоирии Фирдавсӣ дар чӣ намудор аст?

16. Дар бораи пайравиҳо ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва тарҷумаи он дар Шарқу Ғарб чиро медонед? Маводи намоишӣ омода бисозед.

ТЕСТҲО

1. Чаро Фирдавсӣ умед ба султон Маҳмуд баст?

а) Подшоҳи замон буд.

б) Шоирро мешинохт.

в) Шеърфаҳм буд.

г) Аз баркашидагони подшоҳони сомонӣ буда, худро аз ҳаводорони суннатҳову фарҳанги эронӣ вонамуд мекард.

2. Чаро Рустам ва Суҳроб ҳамдигарро нашинохтанд?

а) Надида буданд.

б) Афросиёб ва сипаҳбадонаш чора андешиданд.

в) Таҳмина халал расонд.

г) Рустам аз зода шудани Суҳроб бехабар буд.

3. Паёми аслии “Достони Суҳроб” чист?

а) Падар набояд писарро бикушад.

б) Писар набояд бо падар ба ҷанг дарояд.

в) Набарди неруҳои некӣ бо бадӣ, меҳр бо кин, оштӣ бо ҷанг, хирад бо ҷаҳл, мубориза барои тоҷу тахт абадист ва онҳо бо ҳам созиш нахоҳанд кард.

г) Поёни ҳама гуна хусумату душманӣ ва ҷанг нохушӣ ва фоҷиа

аст.

4. Сабаби нокомии Исфандёри рӯинтан дар разм бо Рустам дар чист?

а) Ҷоҳталабӣ.

б) Ҷангҷӯйӣ.

в) Нотавонӣ.

г) Кибр.

5. Нахустин тарҷумаи “Шоҳнома” ба забонҳои хориҷӣ ба кадом забон буд?

а) Дарӣ.

б) Арабӣ.

в) Англисӣ.

г) Олмонӣ.