Фирдавсӣ ин достонро дар хитоб ба хонанда бо зикри он ки пеш аз ин достонҳои дигарро шунида буд ва ҳоло навбати шунидани достони разми Суҳроб ва Рустам аст, оғоз мекунад ва дарҳол таъкид менамояд, ки ин достон пур аз оби чашм аст ва яқин, ки дили нозуки хонанда аз Рустам ба хашм хоҳад омад:
Кунун разми Суҳробу Рустам шунав,
Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.
Яке достон аст пуроби чашм,
Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
Шоир бо ин гуфта шавқи хонандаро фавран барои шунидани чунин як достони пуроби чашм, разми падару писар бедор мекунад ва мехоҳад зуд бидонад, ки чаро аз Рустам ба хашм хоҳад омад. Вале шоир ба баёни бевоситаи достон шитоб намекунад. Ӯ ба ҷойи он бо солорӣ аз марг андеша меронад, махсусан аз афкандани норасида турунҷ аз тундбоде, аз марги ҷавон. Вай мехоҳад бидонад, ки чаро марг ба пирию ҷавонӣ нигоҳ намекунад, ҳамаро ба хок месупорад. Фирдавсӣ маргро ба оташе монанд мекунад, ки чун афрӯхта шуд, ҳам бехи куҳанрову ҳам шохи навро месӯзад.
Агар тундбоде барояд зи кунҷ,
Ба хок афканад норасида турунҷ...
Агар оташе гоҳи афрӯхтан
Бисӯзад, аҷаб нест, з-ӯ сӯхтан.
Бисӯзад, чу дар сӯзиш ояд дуруст,
Чу шохи нав аз бехи куҳна бируст.
Дами марг чун оташи ҳавлнок
Надорад зи барнову фартут бок.
Ҷавонро чӣ бояд ба гетӣ тараб,
Ки не маргро ҳаст пирӣ сабаб.
Дар ин ҷойи рафтан на ҷойи диранг,
Бар аспи қазо гар кашад марг танг.
Чунон дон, ки дод аст, бедод нест,
Чу дод омадат, бонгу фарёд чист?!
Ҷавонию пирӣ ба назди аҷал
Яке дон, чу дар дин нахоҳӣ халал.
Муаллифи “Шоҳнома” бовар бар он дорад, ки маргро Худо медиҳад, доди Худост, аз ин рӯ доду бедод, бонгу фарёд суде надорад, хосса ки он ба дин халал ворид месозад. Бандае, ки ба Худо имон овардааст, бояд хомӯширо авло донад, парастиш намояд ва дар ғами рӯзи пасин бошад.
“Достони Суҳроб” бо он оғоз мегардад, ки бомдоде Рустам бо дили ғамӣ бархосту сози нахчир кард, ба Рахши пилпайкараш нишасту сӯйи марзи Тӯрон монанди шери нахчирҷӯй равон шуд. Дар наздикии марзи Тӯрон биёбоне буд саросар пур аз гӯр. Аз дидани он рухаш чун гул барафрӯхту хандид ва Рахшро пеш ронд ва чанд нахчир биафканд, оташ афрӯхт ва чун оташ хомӯш шуд, аз пайи ҷустуҷӯйи дарахте рафт ва монанди наррагурге бар дарахт бизад ва оташро фурӯзон кард. Чун бирён шуд, хӯрд, бихуфту баросуд аз рӯзгор. Рахш дар марғзор чамону чарон мегашт.
Дар ин ҳангом ҳафт-ҳашт савори турк аз он дашти нахчиргоҳ мегузаштанд, Рахшро диданд ва барои банд карданаш каманд андохтанд. Рахш чун шери жаён бардамид, ду касро бо лагад, севумиро сар аз тан ба дандон гусаст. Вале оқибат саворони дигар бандро тавонистанд, ки ба гардани Рахши ҷангӣ дароваранд ва онро бо худ ба шаҳр баранд.
Ҳангоме ки Рустам аз хоб бедор шуд, Рахшро дар марғзор надид, ғамӣ гашт ва саросема сӯйи Самангон шитофт. Хабари омаданаш ба шоҳу бузургони он шаҳр расид, шоҳ пеши паҳлавон пиёда шуд ва гуфт, ки:
Дар ин шаҳр мо некхоҳи туем,
Ситода ба фармону роҳи туем.
Тану хоста зери фармони туст,
Сари арҷмандону ҷон они туст.
Рустам пас аз ин бадгумонӣ накард, вале гуфт, ки Рахшро пайдо кунанд, вагарна “саронро басе сар бихоҳам бурид”. Шоҳи Самангон Рустамро ба нармӣ даъват кард ва ба меҳмонӣ хост ва ваъдаи пайдо намудани Рахшро ҳам дод. Рустам таскин ёфт ва ба ифтихори ӯ дар кох зиёфат оростанд. Вақте ки ӯ маст шуд ва ҳангоми хоб омад, барояш ҷойи орому хоби сазовор омода сохтанд.
Ҳангоме ки аз тирашаб як баҳра даргузашт, яке банда шамъи хушбӯй ба даст, хиромон ба болини Рустами маст омад, аз паси ӯ яке маҳрӯйи чу хуршеди тобон пур аз рангу бӯй, ду абру камону ду гесу каманд, ба боло ба кирдори сарви баланд, ду рух чун ақиқи яманӣ ба ранг, даҳон чун дили ошиқон гашта танг, равонаш хирад буду тан ҷони пок, ту гуфтӣ, ки баҳра надорад зи хок.
Рустам бо дидани ӯ хира мемонад ва номи ӯро ва сабаби дар шаби тира омаданашро мепурсад, он моҳрӯй чунин посух мегӯяд, ки Таҳмина аст.
Яке духти шоҳи Самангон манам,
Зи пушти ҳизабру палангон манам.
Ба гетӣ зи шоҳон маро ҷуфт нест,
Чу ман зери чархи барин андакест.
Зи парда бурун кас надида маро,
На ҳаргиз кас ово шунида маро.
Ба кирдори афсона аз ҳар касе
Шунидам ҳаме достонат басе…
Биҷустам ҳаме китфу ёлу барат,
Бад-ин шаҳр кард Эзад обишхурат.
Туроам, кунун гар бихоҳӣ маро,
Набинад ҳаме мурғу моҳӣ маро.
Яке он ки бар ту чунин гаштаам,
Хирадро зи баҳри ҳаво куштаам.
Ва дигар, ки аз ту магар Кирдгор
Нишонад яке кӯдакам дар канор.
Магар чун ту бошад ба мардию зӯр,
Сипеҳраш диҳад баҳра Кайвону Ҳур.
Се дигар, ки Рахшат ба ҷой оварам,
Самангон ҳама зери пой оварам.
Рустам дид, ки Таҳмина бо паричеҳра буданаш, аз ҳар дониш низ баҳраманд будааст ва илова бар он аз Рахш огоҳӣ дод, фармуд, ки мубади пурҳунар биёяд ва Таҳминаро аз падараш бихоҳад. Шоҳи Самангон аз шунидани ин сухан шод шуд ва духтарашро ба Рустам дод.
Рустам ҳангоми падруд ба Таҳмина муҳраи бозуяшро, ки андар ҷаҳон шуҳра буд, ба ёдгор мемонад ва мегӯяд, агар духтар ояд, ба гесуяш бидӯз ва агар писар шавад, ба бозуяш ин нишони падарро бибанд.
Фирдавсӣ зодани Суҳробро чунин баён доштааст:
Чу нуҳ моҳ бугзашт бар духти шоҳ,
Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ.
Ту гуфтӣ гави пилтан Рустам аст
Ва ё Соми шер аст ё Найрам аст.
Чу хандон шуду чеҳра шодоб кард,
Варо ном Таҳмина Суҳроб кард.
Чу як моҳ шуд, ҳамчу як сол буд,
Бараш чун бари Рустами Зол буд.
Чу сесола шуд, сози майдон гирифт,
Ба панҷум дили шермардон гирифт.
Чу даҳсола шуд, з-он замин кас набуд,
Ки ёрист бо ӯ набард озмуд.
Суҳроб аз модараш мепурсад, ки:
Зи тухми киам в-аз кадомин гуҳар?
Чӣ гӯям, чу пурсад касе аз падар?
Гар ин пурсиш аз ман бимонад ниҳон,
Намонам туро зинда андар ҷаҳон!
Модар ӯро ором мекунад ва мегӯяд:
Ту пури гави пилтан Рустамӣ,
Зи Дастони Сомию аз Найрамӣ.
Азеро сарат з-осмон бартар аст,
Ки тухми ту з-он номвар гавҳар аст.
Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид,
Саворе чу Рустам наёмад падид.
Таҳмина ба Суҳроб номаи Рустамро бо се ёқути рахшону се бадра зар, ки ҳангоми зода шудани ӯ аз Эрон фиристода буд, нишон медиҳад ва таъкид мекунад, ки аз ин сухан набояд Афросиёб, шоҳи Тӯрон бохабар шавад, зеро:
Ки ӯ душмани номвар Рустам аст,
Ба Тӯронзамин з-ӯ ҳама мотам аст.
Мабодо, ки гардад ба ту кинахоҳ,
Зи хашми падар пур созад табоҳ.
Суҳроб чун мефаҳмад, ки писари Рустам аст, ба модараш саволомез мегӯяд, ки ҳоҷате ба ниҳон кардани он нест, ки ӯ писари Рустам мебошад. Ва эълом медорад, ки:
Кунун ман зи туркони ҷанговарон
Фароз оварам лашкари бекарон.
Барангезам аз гоҳ Ковусро,
Аз Эрон бибуррам пайи Тусро.
На Гургин бимонам, на Гударзу Гев,
На Густаҳми Нӯзар, на Баҳроми нев.
Ба Рустам диҳам ганҷу тахту кулоҳ,
Нишонам-ш бар гоҳи Ковусшоҳ.
Аз Эрон ба Тӯрон шавам ҷангҷӯй,
Або шоҳ рӯй андарорам ба рӯй.
Бигирам сари тахти Афросиёб,
Сари найза бугзорам аз офтоб.
Туро бонуи шаҳри Эрон кунам,
Ба ҷанг-андарун кори шерон кунам.
Чу Рустам падар бошаду ман писар,
Ба гетӣ намонад яке тоҷвар.
Чун хабари лашкар гирд овардан ва разми Ковус ҷустани Суҳроб ба Афросиёб расид, “хушаш омаду хандиду шодӣ намуд” ва ба сипаҳбадон Ҳумон ва Бормон лашкари бистҳазорнафараи далерони гурдро супорид ва гуфт, ки онҳо чорае кунанд ва ниҳон доранд, то:
Писарро набояд, ки донад падар
Зи пайванди ҷону зи меҳру гуҳар.
Чу рӯй андароранд ҳарду ба рӯй,
Таҳамтан бувад, бегумон, чораҷӯй.
Магар, к-он диловар гави солхурд
Шавад кушта бар дасти ин шермард.
Чу бе Рустам Эрон ба ҷанг оварем,
Ҷаҳон пеши Ковус танг оварем.
В-аз он пас бисозем Суҳробро,
Бибандем як шаб бад-ӯ хобро.
В-агар кушта гардад ба дасти падар,
Аз он пас бисӯзад дили номвар.
Афросиёби бадандешу бадрафтор ба воситаи Ҳумону Бормон ба Суҳроб ҳадяи шаҳрёрӣ мефиристад: даҳ асп ва даҳ астар ба зину ба бор, аз пирӯза тахту аз беҷода тоҷ, сари тоҷ дур, пояи тахт оҷ. Ва дар номае, ки бо лобаву дилписанд ба Суҳроб навишта буд, ӯро барои ба даст овардани тахти Эрон ташвиқ мекунад ва мегӯяд, ки чандон ки бояд, сипоҳ мефиристамат, сипаҳбадоне чу Ҳумону Бормон ба фармони ту хоҳанд буд.
Агар ҷангҷӯйӣ ту, ҷанг оваранд,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оваранд.
Суҳроб аз дидани ҳадяву сипоҳ шод гашт ва баробари хондани нома тез лашкар биронд.
Суйи марзи Эрон сипаҳро биронд,
Ҳамесӯхт, з-обод чизе намонд.
Суҳроб ба Дижи сапеди эрониён мерасад ва бо нигаҳбони он диж Ҳаҷири размдида ба ҷанг медарояд ва ӯро асир мегирад. Гурдофарид - духтари Гаждаҳам, аз кори Ҳаҷир нангаш меояд ва ба майдон медарояд.
Гаждаҳами пир - падари Гурдофарид ба Ковус нома менависад ва аз омадани паҳлавони чордаҳсола Суҳроби бемислу монанд дар Эрону Тӯрон хабар медиҳад ва ҳушдор медиҳад, ки агар шаҳрёр Ковус сипоҳ нафиристад, аз Эрон ҳама фараҳӣ хоҳад рафт.Чу нома ба назди Ковус расид, ғамӣ шуд, гаронмоягону бузургони лашкарро бихост, бо ҳам нишастанд ва пайи тадбир шуданд. Ковус ба Рустам нома менависад ва ӯро аз Зобулистон мехонад ва хабар медиҳад, ки аз раҳи турк яке тохтан кард бо лашкаре ва дар Дижи Сапед нишастааст.
Рустам номаро мехонад ва хира мемонад, ки саворе, ки монандаи Соми гурд бошад, кист? Буданаш аз озодагон (эронинажодон) шигифт нест, аммо аз туркон чунин чизеро касе ёд надорад. Рустам аз дил мегузаронад, ки вай аз духти шоҳи Самангон писаре дорад, ба дасти яке ба модараш зарру гавҳар фиристода буд ва он арҷманд посух оварда буд, ки ӯ ҳанӯз кӯдак аст, аз даҳонаш ҳанӯз бӯйи шир меояд. Кист он паҳлавонтурки фархунда, ки Ҳаҷири диловарро фиганд? Рустам барои машварат ба айвони падараш меравад.
Гев дувумбора ба Рустам таъкид мекунад, ки вазъ хуб нест, ба Эрон бояд шудан, ин фармудаи шоҳ Ковус аст, ки дар Зобулистон набояд хуфт. Рустам пешниҳод мекунад, ки чанд рӯз шод бо ҳам нишинанд, аз Ковусу гурдон ёд накунанд, лабони хушкро нам барзананд, пас аз он назди шоҳ раванд ва ба гурдон роҳ нишон диҳанд. Рустам бовар дорад, ки агар душман дирафши вайро аз дур бинад, мотам мегирад. Рустам чаҳор рӯз маҷлис оросту маю руду ромишгарон хост.
Ковус, ки бар дер омадани Геву Рустам хашм гирифта буд, нахуст ба Гев ва баъд ба Рустам бонг зад ва гуфт,
Ки: “Рустам кӣ бошад, ки фармони ман
Кунад пасту печад зи паймони ман?
Агар теғ будӣ кунун пеши ман,
Сараш кандаме чун турунҷе зи тан.
Бигираш, бибар зинда бар дор кун
В-аз ӯ низ макшой бо ман сухун”.
Хитоби Ковус ба Тӯс буд, ки Рустам ва Гевро зинда баркун ба дор. Ҳангоме ки Тӯс мехост дасти Рустамро бигирад ва пеши Ковус берун барад:
Таҳамтан барошуфт бо шаҳрёр:
«Ки чандин мадор оташ андар канор.
Ҳама корат аз якдигар бадтар аст,
Туро шаҳрёрӣ на андархур аст.
Ту он туркро зинда бар дор кун,
Барошӯбу бадхоҳро хор кун.
Ҳама Руму Саксору Мозандарон
Чу Мисру чу Чину чу Ҳомоварон
Ҳама банда дар пеши Рахши мананд,
Ҷигархастаи теғу тахши мананд.
Ту андар ҷаҳон худ зи ман зиндаӣ,
Ба кина чаро дил парокандаӣ?»
Бизад тунд як даст бар дасти Тӯс,
Ту гуфтӣ зи пили жаён ёфт кӯс.
Зи боло нигун омад андар ба сар,
Бар ӯ кард Рустам ба тундӣ гузар.
Бурун шуд ба хашм андаромад ба Рахш,
“Манам, - гуфт, - шеравжани тоҷбахш,
Чу хашм оварам, Шоҳковус кист?
Чаро даст ёзад ба ман? Тӯс кист?
Маро зӯру фирӯзӣ аз довар аст,
На аз подшоҳу на аз лашкар аст.
Замин бандаву Рахш гоҳи ман аст,
Нигин гурзу миғфар кулоҳи ман аст.
Сари найзаву гурз ёри мананд,
Ду бозуву дил шаҳрёри мананд.
Шаби тира аз теғ рахшон кунам,
Бар овардгаҳ-бар сар афшон кунам.
Чӣ озорадам ӯ, на ман бандаам,
Яке бандаи офаринандаам!
Далерон ба шоҳӣ маро хостанд,
Ҳамон гоҳу афсар биёростанд.
Сӯйи тахти шоҳӣ накардам нигоҳ,
Нигаҳ доштам расми оину роҳ.
Агар ман пазируфтаме тоҷу тахт,
Набудӣ туро ин бузургию тахт.
Ҳама ҳар чӣ гуфтӣ, сазои ман аст,
Зи ту некуиҳо ба ҷойи ман аст.
Нишондам бад-ин тахт ман Кайқубод,
Чӣ Ковус донам, чӣ хашмаш, чӣ бод?
В-агар Кайқубодам зи Албурзкӯҳ,
Ба зорӣ фитода миёни гурӯҳ,
Наёвардаме ман ба Эронзамин,
Набастӣ камарбанду шамшери кин,
Туро ин бузургӣ набудию ком,
Ки гӯйӣ суханҳо ба Дастони Сом”.
Рустам аз Ковус рӯй гардонида ба эрониён мегӯяд:
Ба Эрон набинед з-ин пас маро,
Шуморо замин, парри каргас маро.
Рустам мераваду дили ҳамаи номдорон ғамин мешавад, ки Рустам шубон буду эшон рама. Онҳо ба Гударз мегӯянд, ки корро танҳо ту дуруст мекунӣ, зеро сипаҳбад танҳо ба суханҳои ту мегаравад. Номдорони эронӣ шоҳро девона мехонанд ва ба натиҷае мерасанд, ки шоҳ дили номдоронро нигоҳ намедорад.
Сипаҳдор Гударз назди Ковус меравад ва бо лаҳне, ки ба як нафари носипосу беандеша суҳбат мекарда бошад, аз ӯ мепурсад, ки “Рустам чӣ кард, ки аз Эрон баровардӣ имрӯз гард?”
Фаромӯш кардӣ зи Ҳомоварон
В-аз ин кори девони Мозандарон?
Ки гӯйӣ варо зинда бар дор кун,
Зи шоҳон набояд газофа сухун.
Чу ӯ рафту омад сипоҳи бузург,
Або паҳлавоне ба кирдори гург,
Кӣ дорӣ, ки бо ӯ ба дашти набард
Шавад, барфишонад бар ӯ тира гард?
Ялони туро сар ба сар Гаждаҳам
Шунидасту дидаст аз бешу кам.
Ҳамегӯяд, он рӯз ҳаргиз мабод,
Ки бо ӯ саворе кунад разм ёд!
Касеро, ки ҷангӣ чу Рустам бувад,
Биёзорад ӯро, хирад кам бувад.
Ковус аз гуфтааш пушаймон мешавад, иқрор мекунад, ки ба беҳудагӣ мағзаш ошуфта буд, тезию тундӣ кард, ки барои шаҳрёр аз рӯйи хирад нест. Аз Гударз хоҳиш мекунад, ки ба назди Рус там равад, осори тезию тундии варо аз дилаш берун кунад ва аз рӯзгори беҳӣ дар оянда барояш ваъда намояд ва коре кунад, ки ӯро баргардонад. Суханҳои зерин лобаву зориро мемонад, на фармонро:
Биёвар ту ӯро ба наздики ман,
Ки равшан шавад ҷони торики ман.
Гударз ва ҳама номдорон ба Рустам расиданд, гирдаш анҷуман оростанд ва ӯро ситоишкунон осори кудуратро аз тезии Ковуси бемағз бароварданӣ мешаванд ва мегӯянд, ки шоҳ аз суханҳояш пушаймон шудааст.
Рустам дар ҷавоби онҳо мегӯяд, ки ниёзе ба Ковус надорад, пеши ӯ чи Ковус ва чи мушти хок баробаранд, ҷуз аз пок Яздон натарсад аз кас, аз ин рӯ аз хашми ӯ тарсу боке надорад ва талх мегӯяд, ки сазои мане, ки ӯро аз банд берун овардаму тоҷу тахт додам.
Вақте ки Рустам суханонашро ба охир мерасонад, Гударз барояш мефаҳмонад, ки агар Рустам ба ҷанги зидди Суҳроби ял наравад, шоҳу далерони гарданкашон гумон мебаранд, ки аз турк тарсанда шуд ва пушт бар шоҳи Эрон кард. Гударз дар фуроварди суханаш ҳамчунин ба хотири Рустам мерасонад, ки сабабҳои ҷиддии дигаре ҳам ҳастанд.
Чунин бар шуда номат андар ҷаҳон,
Бад-ин бозгаштан магардон ниҳон.
Ва дигар ки танг андаромад сипоҳ,
Макун тира бар хира ин тоҷу гоҳ,
Ки нанг аст бар мо зи Тӯронзамин,
Писанда набошад бари покдин.
Рустам аз ин далелҳои охири Гударз хира монд ва гуфт, ки бим надорад дилаш, нахоҳад ба тан ҷон аз ӯ бугсилад ва ту донӣ, ки аз корзор ҳаргиз нагурехтаам, валекин чаро шаҳрёр чунин суханҳоро раво дошт? Рустам тасмим мегирад, ки пеши Ковусшоҳ бармегардад. Шоҳ баробари аз дур диданаш бар пой хост ва “басе пӯзиш андар гузашта бихост”.
Ки тундӣ маро гавҳар асту сиришт,
Чунон руст бояд, ки Яздон бикишт.
В-аз ин носиголида бадхоҳи нав,
Дилам гашт торик чун моҳи нав.
Бад-ин чора ҷустан туро хостам,
Чу дер омадӣ, тундӣ оростам.
Чу озурда гаштӣ ту, эй пилтан,
Пушаймон шудам, хокам андар даҳан!
Ковус бо Рустам лашкар мекашад.
Суҳроб аз Ҳаҷир, писари Гударз, ки асир афтода буд, номи сарони Эронро мепурсад ва супоридани ганҷи ороста ва басе хилъату хостаро медиҳад ва талаб мекунад, ки ӯ танҳо ростиро гӯяд. Ҳаҷир якояк аз рӯйи хаймаҳо ва тахту дирафшҳо номи соҳибони онҳоро, ба истиснои номи Рустам, ба Суҳроб мегӯяд. Ҳаҷир огоҳона дурӯғ мегӯяд ба андешаи он ки агар нишонаҳои Рустамро ошкор созад, Суҳроб ӯро мабодо мағлуб бикунад.
Суҳроб аз он ки ҷое нишони падараш Рустамро наёфт, ғамгин мешавад. Дигарбора пурсон мешавад ва ба ӯ хитоб мекунад, ки ин нест дод, “зи Рустам накардӣ сухан ҳеч ёд”. Ту гуфтӣ, ки ӯ меҳтари лашкар аст, нигаҳбони ҳар марзу ҳар кишвар аст, чӣ тавр мешавад, ки Ковус лашкар кашаду ҷаҳонпаҳлавон пешкаш набошад. Ҳаҷир посух медиҳад, ки шояд ӯ ба Зобулистон рафта бошад, ки ҳангоми базм аст он ҷо дар гулистон. Суҳроб бори дигар ба Ҳаҷир ваъда медиҳад, ки агар Рустамро намояд, ӯро сарфароз хоҳад кард ва ганҷҳо хоҳад дод. Ва агар ниҳон дорад, сар аз тан ҷудо хоҳад намуд. Ҳаҷир ба дилаш мегӯяд, ки агар нишони “гови шергир” - Рустамро ба ин “турки бо зӯри даст” – Суҳроб гӯяд, Рустам ба чанголи ӯ кушта шавад, дигар касе аз гурдони Эрон ҷангҷӯй наояд ва бо ӯ рӯбарӯ намешавад. Он вақт тахти Ковусшоҳро хоҳад гирифт ва ҳама номдорони боофарин – Гударз, Гев, Баҳром, Руҳом, Шердӯшро нобуд хоҳад кард. Ҳаҷир ғами кушта шудани худро на, ғами онҳоро мехӯрд. Ҳаҷир гуфтаи мубадро ёд меорад ва ба хулосае меояд, ки мурдан ба ном, беҳтар аз зинда душман ба ком ва ба Суҳроб мегӯяд, ки “ ин чӣ ошуфтан аст, ҳама бо ман аз Рустам гуфтан аст?”
Чаро бояд ин кина оростан,
Ба беҳуда чизе зи ман хостан?
Ки огоҳии он набошад барам,
Бад-ин кина хоҳӣ буридан сарам.
Баҳона набояд ба хун рехтан,
Чӣ бояд кунун рангат омехтан?
Ҳаме Пилтанро нахоҳӣ шикаст,
Ҳамоно, к-ат осон наояд ба даст.
Набояд туро ҷуст бо ӯ набард,
Барорад ба овардгаҳ аз ту гард.
Суҳроб чу бишнид гуфтаҳои дурушт, рӯяшро ниҳон карду чизе нагуфт, вале аз он гуфтаҳои нуҳуфта дар тааҷҷуб монд. Тунд як пушти даст зад ӯрову бияфганду омад ба ҷой нишаст, басе андешаҳои дароз карду он гаҳ аз пайи кина камар баст ва ба овардгаҳ рафт чу пили маст ва кас аз номдорони эронсипоҳ наёрист кардан ба ӯ нигоҳ.
Суҳроб ба Рустам пешниҳод мекунад, ки ҷое раванд, ки касе аз Эрону Тӯрон набошад. Суҳроб мегӯяд, ки овардгоҳ ҷойи ту нест, бо як мушт аз пой меафтӣ, ту бисёрсол ҳастӣ. Рустам бо нармӣ ба Суҳроб ҷавоб медиҳад, ки ба пирӣ басе овардгоҳ дидаам, басе сипоҳро ба замин паст кардаам, басе дев аз дасти ман табаҳ шуд, шикан надидаам. Ҷангҳои маро бо номдорони тӯронгурӯҳ дарёву кӯҳ, ситораҳо дидаанд ва гувоҳанд.
Чӣ кардам, ситора гувойи ман аст,
Ба мардӣ ҷаҳон зери пойи ман аст.
Ҳаме раҳмат орад ба ту-бар дилам,
Нахоҳам, ки ҷонат зи тан бигсилам.
Намонӣ ба туркон бад-ин ёлу суфт,
Ба Эрон надонам туро низ ҷуфт.
Аз ин гуфтаи Рустам дили Суҳроб меҷунбад ва аз ӯ мепурсад:
Бад-ӯ гуфт, ки: “Аз ту пурсам сухун,
Ҳама ростӣ бояд афганд бун.
Якояк нажодат маро ёд дор,
Зи гуфтори хубат маро шод дор.
Ман эдун гумонам, ки ту Рустамӣ,
Ки аз тухмаи номвар Найрамӣ”.
Вале Рустам посух дод, ки Рустам наям, ҳам аз тухмаи Соми Найрам наям. Рустам паҳлавон асту ман кеҳтарам.
Чаро ҳам Суҳроб ва ҳам Рустам кӣ буданашонро ниҳон мекунанд? Дилашон гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз туркон нест ва дигаре монанди Рустам аст. Рустам бо вуҷуди он ки пеш аз ин номаи Ковусро хонда буд ва аз дил гузаронда буд, ки паҳлавоне монандаи Соми гурд шигифт нест, ки аз озодагон бошад, гумон намекард, ки Суҳроб писари ӯст, барои он ки касе, ки номаву ҳадяҳояшро бурда буд, посух оварда буд, ки вай ҳанӯз хурд аст. Ниҳон дош тани Ҳаҷир кӣ будани Рустамро аз Суҳроб, тавре ки худ мегӯяд, барои он буд, ки намехост Рустам, паҳлавони эрониён аз дасти ҷавонпаҳлавони тӯронӣ кушта шавад. Ҳаҷир кӣ будани Суҳробро намедонист.
Вале Афросиёб аз кӣ будани Суҳроб хабар дошт, бинобар ин ба Ҳумону Бормон, сипаҳбадони хеш таъкид карда буд, ки чорае андешанд, ки писар набояд падарро бидонад.
Разми Рустам бо Суҳроб сар мешавад, онҳо хаста мешаванд ва аз дур ба ҳамдигар нигоҳ мекунанд: “пур аз дард бобу пур аз ранҷ пур”. Дар ин фосилаи разм Фирдавсӣ руҷӯи ҷолибе мекунад, ки барои дарки шахсияти Рустаму Суҳроб ва инкишофи воқеаҳои маснавӣ мадад мерасонад.
Ҷаҳоно, шигифтӣ зи кирдори туст,
Шикаста ҳам аз ту, ҳам аз ту дуруст.
Аз ин ду якеро наҷунбид меҳр,
Хирад дур буд, меҳр нанмуд чеҳр.
Ҳаме баччаро боздонад сутур,
Чи моҳӣ ба дарё, чи дар дашт гӯр.
Надонад ҳаме мардум аз ранҷу оз
Яке душманеро зи фарзанд боз.
Рустамро ноумедӣ фаро мегирад ва чунин андеша меронад:
Ба дил гуфт Рустам, ки ҳаргиз наҳанг
Надидам, ки ояд бад-ин сон ба ҷанг.
Маро хор шуд ҷанги Деви Сапед,
Зи мардӣ шуд имрӯз дил ноумед.
Зи дасти яке носипардаҷаҳон,
На гурде, на номоваре аз меҳон.
Ба серӣ расонидам аз рӯзгор,
Ду лашкар назора бад-ин корзор.
Вақте ки Суҳроб гурзи гарон аз зин баркашида ба китфи Рус там мезанад, аз дард Рустам мепечад. Суҳроб механдад ва мегӯяд: “Эй савор, ба захми далерон наӣ пойдор! Рахшат, гӯӣ, хар аст”.
Суҳроб пас аз бозгаштан аз лашкаргоҳ аз Ҳумон мепурсад, ки он савори далер, пирамарди ба сони шер, ки ёли ялон дошт, чанголи шер ва ҳамзӯри ман дар набард буд ва чун ӯ надонам ба гетӣ дигаре кист? Дар сар ба сари гирди ҷаҳон касеро намедонам, ки бандад гаҳи кина чун ӯ камар. Шуморо чӣ гуфту чӣ кард? Ҳумон посух медиҳад, ки як марди пархошҷӯй омаду мисли он ки аз мастӣ хестааст, басе кушт мард ва аз он пас ба лашкари хеш рафт.
Рустам дар навбати худ аз Гев аз ҷанги Суҳроби размозмой пурсон мешавад ва ғамгин гашт ва назди Ковус рафт ва Суҳробро васф кард ва тан дод, ки пеш аз ин чунин гурдро надида буд,
Ки: “Кас дар ҷаҳон кӯдаки норасид
Бад-ин шермардию гурдӣ надид.
Ба боло ситора бисояд ҳаме,
Танашро замин баргирояд ҳаме.
Ду бозуву ронаш чу рони ҳаюн,
Ҳамоно, ки дорад ситабрӣ фузун.
Саранҷом гуфтам, ки ман пеш аз ин
Басе гурдро баргирифтам зи зин.
Гирифтам даволи камарбанди ӯй,
Бияфшордам сахт пайванди ӯй.
Ҳамехостам, к-аш зи зин барканам,
Чу дигар касонаш ба хок афканам.
Гар аз бод ҷунбон шавад кӯҳсор,
Наҷунбад абар зин мар он номдор.
Рустам бо “пурандеша ҷону сараш кинаҷӯй” ба лашкаргоҳ меояд ва ба бародараш рози дил мекунад ва маслиҳат ҳам медиҳад, ки мабодо “дигаргуна гардад сухан”, зорӣ макунед ва ғамгин нашавед, ҳеч тане ба овардгоҳ маёед ва размҷӯӣ масозед, якояк сӯйи Зобулистон шавед ва наздики Дастон шавед. Ту дили модарамро хурсанд гардон ва гӯй, ки қазои Яздон аст, барои ман дил мабандад ва ҷовидон баҳри ҷони ман нажанд (ғамгин) машавад, зеро:
Кас андар ҷаҳон ҷовидона намонд,
Зи гардун маро худ баҳона намонд...
Агар сол гардад фузун аз ҳазор,
Ҳамин аст роҳу ҳамин аст кор.
Нигаҳ кун ба Ҷамшед - шоҳи баланд,
Ҳамон низ Таҳмураси Девбанд.
Ба гетӣ чу эшон набуд шаҳрёр,
Саранҷом рафтанд зӣ Кирдгор.
Чу гетӣ бар эшон намонду бигашт,
Маро низ бар раҳ бибояд гузашт.
Суҳроб низ монанди Рустам гирифтори андешаву гумон буд ва аз Ҳумон пурсид, ки “он шермард, ки бо ман ҳамегардад андар набард”, Рустам, падари ман нест, Худо накунад, ки ман бо падар ҷангҷӯй шавам:
Зи болои ман нест болош кам,
Ба разм-андарун дил надорад дижам.
Бару китфу ёлаш ба монанди ман,
Ту гӯӣ, ки донанда барзад расан.
Зи пою рикебаш ҳаме меҳри ман
Биҷунбад, ба шарм оварад чеҳри ман.
Нишонҳои модар биёбам ҳаме,
Ба дил низ лахте битобам ҳаме.
Гумоне барам ман, ки ӯ Рустам аст,
Ки чун ӯ набарда ба гетӣ кам аст.
Набояд, ки ман бо падар ҷангҷӯй
Шавам хира, рӯ андарорам бар ӯй.
Ҳумон, ки амри Афросиёбро дошт, боз ҳам дурӯғ мегӯяд, ки вай Рустамро чанд бор дар корзор дидааст, ин Рустам нест ва ин Рахш низ ба Рахши ӯ монанд аст, вале паю пахши ӯро надорад.
Суҳроб рӯзи дигар баробари бо Рустам рӯбарӯ омадан тавре рафтор мекунад ва сухан меронад, ки онҳо саросар пур аз меҳр мебошанд ва ҳеч ба сухани касе, ки ба майдони набард барои ҷанг омадааст ва бо душман рӯбарӯст, монанд нест.
Зи Рустам бипурсид хандон ду лаб,
Ту гуфтӣ, ки бо ӯ ба ҳам буд шаб,
Ки шаб чун будӣ, рӯз чун хостӣ?
Зи пайкор дил бар чӣ оростӣ?
Зи каф бифган ин тиру шамшери кин,
Бизан ҷанги бедодро бар замин.
Нишинем ҳар ду пиёда ба ҳам,
Ба май тоза дорем рӯйи дижам.
Ба пеши ҷаҳондор паймон кунем,
Дил аз ҷанг ҷустан пушаймон кунем.
Ҳамон то каси дигар ояд ба разм,
Ту бо ман бисозу биёрой базм.
Дили ман ҳаме бар ту меҳр оварад,
Ҳаме оби шармам ба чеҳр оварад.
Ҳамоно, ки дорӣ зи гурдон нажод,
Кунӣ пеши ман гавҳари хеш ёд.
Зи ман ном пинҳон набояд-т кард,
Чу гаштӣ ту бо ман кунун ҳамнабард.
Магар пури Дастони Соми ялӣ,
Гузин номвар Рустами Зобулӣ?
Аммо Рустам аз меҳр гурезон аст, мавриди муносибтарин буд, ки писараш будани Суҳробро бидонад ва воқеан бо ҳам нишинанд ва оштӣ кунанд. Чаро чунин кард? Хилофи мантиқи инкишофи воқеаҳо рафтор намуд? Магар ин вижагии достонҳои асрҳои миёна аст, аз рӯйи қазову қадар амал кардани қаҳрамонон? Рустам ба ҷойи ин аз меҳру оштӣ гурез мекунад ва ба хотири Суҳроб меорад, ки онҳо дирӯз аҳд карда буданд, ки гӯштӣ мегиранд, чӣ лозим фиреб? Баъд аз ин оҳанги суханҳои Суҳроб дурушт мешавад, рӯҳияи ҷангӣ мегирад ва суханҷанг оғоз мекунад. Ба Рустам “эй марди пир” гӯён хитоб менамояд ва мегӯяд, ки агар панди маро нагирифтӣ, инак ба фармони Яздон ҳушатро хоҳам баровард. Дар гӯштӣ Суҳроб камарбанди Рустамро гирифту кашид ва Рустамро ба замин зад, аз бари синаи ӯ нишаст ва ханҷари обгун баркашид ва ҳамехост аз тан сарашро бурид. Рустам ба Суҳроб мегӯяд, ки оини мо дигар мебошад. Касе, ки дар гӯштӣ пирӯз меояд, пушти ҳарифашро ба замин мениҳад, агар ба кин бошад, сарашро намебурад. Вале агар бори дувум пирӯз шавад, раво бошад, ки сари ӯро аз тан ҷудо кунад. Рустам ба ин чора мехост аз куштан раҳо гардад. Суҳроб сар ба гуфтори пир дод ва Рустамро раҳо кард.
Рустам чу аз чанги Суҳроб озод гашт, сӯйи оби равон рафт мисли каси ҷондодае, ки равон ёфта бошад. Ба ҷаҳонофарин ниёиш кард ва пирӯзию дастгоҳ хост. Яздон ба ӯ он чи мехост, дод ва бияфзуд бар тан ҳар он чи коста буд.
Чун дубора ба гӯштӣ гирифтан оғоз карданд, мисли он ки чархи баланд дастони Суҳробро баста буд, зӯр надоштанд, аз ин ӯ ғамгин гашт. Рустам диловари ҷавонро бар замин зад, сабук теғи тез аз миён баркашид ва бари ӯро бардарид. Суҳроб мегӯяд, ки он чи бар ман расид, аз ман аст. Замона ба дасти вай калидро дод. Агар ин тавр набуд, ин кӯжпушт чаро маро баркашиду ба зудӣ бикушт.
Нишон дод модар маро аз падар,
Зи меҳр андаромад равонам ба сар.
Ҳаме ҷустамаш, то бибинам-ш рӯй,
Чунин ҷон бидодам бад-ин орзуй.
Дареғо, ки ранҷам наёмад ба сар,
Надидам, дар ин ҳеч рӯйи падар.
Кунун гар ту дар об моҳӣ шавӣ
Ва ё чун шаб андар сиёҳӣ шавӣ
Ва ё чун ситора шавӣ бар сипеҳр,
Бибуррӣ зи рӯйи замин пок меҳр,
Бихоҳад ҳам аз ту падар кини ман,
Чу бинад, ки хишт аст болини ман.
Аз он номдорони гарданкашон
Касе ҳам барад назди Рустам нишон,
Ки Суҳроб куштасту афганда хор,
Ҳаме хост кардан туро хостор.
Фирдавсӣ ҳолати Рустамро пас аз шунидани ин суханҳои Суҳроб чунин баён доштааст:
Чу бишнид Рустам, сараш хира гашт,
Ҷаҳон пеши чашм-андараш тира гашт.
Ҳаме бетану тобу бетӯш гашт,
Бияфтод аз пою беҳуш гашт.
Рустам пас аз он ки ба ҳуш меояд, аз Суҳроб мепурсад, ки:
Бигӯ, то чӣ дорӣ зи Рустам нишон,
Ки гум бод номаш зи гарданкашон!
Ки Рустам манам, к-ам мамонод ном,
Нишинод бар мотамам пури Сом!
Чу Суҳроб фаҳмид, ки ҳамнабардаш Рустам аст, ба ӯ мегӯяд, ки агар Рустам туӣ, чаро маро бикуштӣ ба бадхӯӣ?
Зи ҳар гуна будам туро раҳнамой,
Наҷунбид як зарра меҳрат зи ҷой.
Кунун банд букшой аз ҷавшанам,
Бараҳна бубин ин тани равшанам.
Чу бархост овози кӯс аз дарам,
Биёмад пур аз хун ду рух модарам.
Ҳаме ҷонаш аз рафтани ман бихаст,
Яке муҳра бар бозӯйи ман бубаст.
Маро гуфт, к-ин аз падар ёдгор,
Бидору бубин, то кай ояд ба кор.
Кунун коргар шуд, ки бекор гашт,
Писар пеши чашми падар хор гашт.
Рустам чу бикшод хафтону он муҳра дид, ҳама ҷома бар хештан бардарид, ҳаме рехт хуну ҳаме канд мӯй, сараш пур зи хоку пур аз об рӯй. Суҳроб ба ӯ мегӯяд, ки ба оби ду дида набояд гирист, аз ин хештан куштан акнун чӣ суд, кори шуданӣ шуд. Рус там аз сахтӣ фурӯ баст дам, бо дили пурзиоташу дидагони пур зи нам, бо дили пур аз хуну лаби пур аз боди сард ба пеши сипаҳ бо хурӯш ва аз кардаи хеш бо дили пурдарду ҷӯш омад.Чун диданд эрониён ӯро, ситоиш карданд Кирдгорро, ки ӯ зинда омад аз корзор.Чун диданд, ки хок бар сар карда, ҳама ҷомаҳо дарида ва хаста, пурсиданд, ки кор чист ва дилат чунин баҳри кист? Рустам он шигифтӣ, ки худ карда буд, куштани гиромиписарашро гуфт. Ҳама бо ӯ хурӯш баргирифтанд.
Рустам дарк мекунад, ки Ҳумон аз зиштхӯӣ нагуфт, ки Суҳроб писараш аст ва бар оташ зад ҷону дидаашро.
Ҳумон гуноҳи худашро ба сари Ҳаҷир мезанад ва мегӯяд, ки Ҳаҷири ситезандаи бадгумон, ки рози сипаҳбадро пинҳон медошт, ба Суҳроб, ки нишонаи падар меҷуст, нагуфт, аз ин сабаб бибояд ӯро сар аз тан бурид. Рустам ба назди Ҳаҷир омад бо кин, гиребонаш бигрифту зад бар замин, мехост сарашро аз тан бибурад, бузургон ба пӯзиш омаданд ва Ҳаҷирро аз дами марг боздоштанд. Рустам дашна бигрифт ба даст, ки аз тан сари хеш бибурад, бузургон ба ӯ андаровехтанд ва Гударз ба вай гуфт, ки акнун чӣ суд, гар аз рӯйи гетӣ барорӣ дуд, ту агар бар хештан сад газанд кунӣ ҳам, ба он арҷманд осон намеояд. Агар замоне монда бошад ӯро, умраш дароз бошад, ту ҳам бо ӯ бимон. Агар аз ин ҷаҳон рафтанист, ба гетӣ нигаҳ кун, ки ҷовид кист?
Шикорем яксар ҳама пеши марг,
Саре зери тоҷу саре зери тарг.
Чу ояд-ш ҳангом, берун кунанд
В-аз он пас надонем, то чун кунанд.
Зи марг, эй сипаҳбад, беандуҳ кист?
Ҳаме хештанро бибояд гирист.
Дароз аст роҳаш в-агар кӯтаҳ аст,
Парогандагонем, агар ҳамраҳ аст.
Рустам пеши Ковус бо номае Гударзро мефиристад ва нӯшдору мехоҳад, аз он ки дар ганҷи шоҳ аст, нӯшдоруе, ки маҷрӯҳонро кунад тандуруст. Ковус дар посух мегӯяд, ки обрӯйи Рустам пеши ӯ бештар аст, намехоҳам ба ӯ бадиро:
Валекин агар доруи нӯш ман
Диҳам, зинда монад яли пилтан,
Кунад паст Рустам ба неру туро,
Ҳалок оварад, бегумон, мар маро.
Агар як замон з-ӯ ба ман бад расад,
Насозем подоши ӯ ҷуз ба бад.
Шунидӣ, ки ӯ гуфт: “Ковус кист?
Гар ӯ шаҳрёр аст, пас, Тӯс кист?
Куҷо гунҷад андар ҷаҳони фарох,
Бад-он фарру бурзу бад-он ёлу шох?
Куҷо бошад ӯ пеши тахтам ба пой,
Куҷо ронад ӯй зери фарри ҳумой?”
Ба дашном чанде маро баршумурд,
Ба пеши сипаҳ обрӯям бибурд.
Чу фарзанди ӯ зинда монад, маро
Яке хок бошад ба дар андаро.
Суханҳои Суҳроб нашнидаӣ?
На марди бузурги ҷаҳондидаӣ?
К: “- Аз эрониён сар бибуррам ҳазор,
Кунам зинда Ковуси кайро ба дор”.
Агар монад ӯ зинда андар ҷаҳон,
Бипечанд аз ӯ ҳам меҳону кеҳон.
Касе душмани хештан парварад,
Ба гетӣ-дарун номи бад густарад.
Гударз зуд баргашт ва аз хӯйи бади шаҳрёр, тундии вай, харидор набудани ӯ ранҷи касро гуфт. Рустам Суҳробро дар ҷомаи зарнигор хобонду ба роҳ баромад. Аз пасаш кас омаду хабар овард, ки писараш мурд. Рустам бинолид ва хок бар сар ниҳод.
Киро омад ин пеш, к-омад маро,
Ки фарзанд куштам ба пиронсаро?...
Чу ман нест дар гирди Кайҳон яке,
Ба мардӣ будам пеши ӯ кӯдаке.
Буридан ду дастам сазовор ҳаст,
Ҷуз аз хоки тира мабодам нишаст.
Чӣ гӯям, чу огаҳ шавад модараш?
Чӣ гуна фиристам касеро бараш?
Чӣ гӯям, чаро куштамаш бегуноҳ,
Чаро рӯз кардам бар ӯ-бар сиёҳ?
Кадомин падар ҳаргиз ин кор кард?
Сазоворам акнун ба гуфтори сард.
Ба гетӣ кӣ куштаст фарзандро,
Далеру ҷавону хирадмандро?!
Падар-ш, он гаронмоятар паҳлавон,
Чӣ гӯяд бад-он духти поки ҷавон?
Бар ин тухмаи Сом нафрин кунад,
Маро ном бемеҳру бедин кунад.
Кӣ донист, к-ин кӯдаки арҷманд
Бад-ин сол гардад чу сарви баланд?!
Ба ҷанг оядаш рою созад сипоҳ,
Ба ман-бар кунад рӯзи равшан сиёҳ?
Рустам бифармуд дебои хусравон бар рӯйи пури ҷавонаш биандозанд ва тобуташро аз он дашт бурданд. Рустам сӯйи хаймааш омад, ба пардасарой оташ заданд, лашкар хок бар сар заданд, ҳама хаймаву дебои ранг-ранг, ҳама тахти пурмояи заррин бар оташ ниҳоданд, фарёд бархост. Рустам зорӣ мекард:
Ҷаҳон чун ту дигар набинад савор
Ба мардию гурдӣ гаҳи корзор.
Дареғ, он ҳама мардию ройи ту,
Дареғ, он руху бурзу болои ту!
Дареғ, ин ғаму ҳасрати ҷонгусил,
Зи модар ҷудо в-аз падар доғдил!
Хабари кушта шудани Суҳроб ба модараш низ расид, ки ба теғи падар хаста гашту бимурд. Фирдавсӣ ҳоли зори Таҳминаро чунин баён намудааст:
Бизад чангу бидрид пероҳанаш,
Дурахшон шуд он лаъли зебо танаш.
Баровард бонгу ғиреву хурӯш,
Замон то замон з-ӯ ҳамерафт ҳуш.
Мар-он зулфи чун тобдода каманд
Ба ангушт печиду аз бун биканд...
Ҳама хоки тира ба сар барфиканд,
Ба дандон зи бозуи худ гӯшт канд...
Ҳамегуфт, к: “- Эй ҷони модар, кунун
Куҷоӣ сиришта ба хоку ба хун?
Чу чашмам ба раҳ буд, гуфтам магар
Зи Суҳробу Рустам биёбам хабар.
Гумонам чунин буд, гуфтам, кунун
Бигаштӣ ба гирди ҷаҳон - андарун.
Падарро ҳамеҷустию ёфтӣ,
Кунун б-омадан тез биштофтӣ.
Чӣ донистам, эй пур, к-ояд хабар,
Ки Рустам ба ханҷар даридат ҷигар.
Дареғаш наёмад аз он рӯйи ту,
Аз он бурзу болою бозӯи ту...
Бипарварда будам танашро ба ноз,
Ба рахшандарӯзу шабони дароз.
Кунун он ба хун-андарун ғарқа гашт,
Кафан бар тани поки ӯ хирқа гашт.
Кунун ман киро гирам андар канор?
Кӣ хоҳад будан мар маро ғамгусор?
Киро хонам акнун ба ҷойи ту пеш?
Киро гӯям ин дарду тимори хеш?...
Падар ҷустӣ, эй гурди лашкарпаноҳ,
Ба ҷойи падар гӯрат омад ба роҳ...
Ҳамегуфту мехасту меканд мӯй,
Ҳамезад кафи даст бар хуб рӯй.
Зи бас, к-ӯ ҳаме шевану нола кард,
Ҳама халқро чашм пуржола кард...
Бияфтод бар хок, чун мурда гашт,
Ту гуфтӣ ҳама хунаш афсурда гашт.
Ба ҳуш омаду боз нолиш гирифт,
Бар он пури кушта сиголиш гирифт...
Сари аспи ӯро ба бар даргирифт,
Бимонда ҷаҳоне бад-ӯ дар шигифт.
Гаҳе бӯса зад бар сараш, гаҳ ба рӯй,
Зи хун зери суммаш ҳамеронд ҷӯй...
Биёвард он ҷомаи шоҳвор,
Гирифташ чу фарзанд андар канор.
Фирдавсӣ дар поёни достони Суҳроб аз номи Баҳроми некусухан мегӯяд, ки дар ин дунё навбати омадану рафтан аст ва ин чиз розест, ки падид намеояд, барои ҳамин ҳам барои боз кардани он калид ҷустан фоида надорад. Барои он ки ин дари баста кушода шавад, умр барбод меравад.
Дил андар саройи сипанҷӣ мабанд,
Сипанҷӣ набошад касе судманд.
Мавзӯи достон баёни саргузашти Суҳроб аз рӯзи зодан то дами марг мебошад.
Фарқи Суҳроб аз ҳамаи паҳлавонони эронию тӯронӣ, аз он ҷумла Рустам дар он буд, ки ӯ ба муқобили суннати меросӣ будани тахту кулоҳ буд. Ва ин чиз боиси он мегардад, ки ҳам Кайковус – шоҳи Эрон ва ҳам Афросиёб - шоҳи Тӯрон аз пайи нест кардани он мешаванд ва тарҳи ҷанги падару писарро ба роҳ меандозанд ва муваффақ ба он мегарданд, ки падару писар то ба охир ҳамдигарро нашиносанд. Ва вақте ки нақшаҳояшон амалӣ мешавад, Суҳроб аз ханҷари падараш захмӣ мегардад, Кайковус нӯшдоруро намедиҳад.
То ба охир аз Суҳроб пинҳон мондани нишонаҳои Рустам дар назари аввал боварибахш наменамояд ва боиси сар задани пурсишҳои зиёде мегардад, аз ҷумла чаро Суҳроб бо вуҷуди он ки медонад Афросиёб душмани Рустам аст, инро ҳатто модараш ба вай таъкид карда буд, ҳадяҳои ӯро қабул мекунад ва аз он хуш мешавад ва ғ. Аммо дар асл Фирдавсӣ дар достон тамоми заминаҳои равониро барои ҳамдигарро нашинохтани падару писар муҳайё сохтааст. Барои мисол, Таҳмина аз тарси он ки агар Рустам бидонад, ки писараш сарфарози гарданкашон шудааст, ӯро назди хеш хонад ва дили модарро реш гардонад. Ҳаҷири асир - писари Гударз аз бими он ки Рустам дар набард бо Суҳроб кушта гардад, Кайковусу Афросиёб ва надимонашон аз хавфи он ки аз тоҷу тахт барангехта нашаванд, кӯшиш мекунанд, ки падару писар ҳамдигарро нашиносанд.
Фирдавсӣ бо гуфтани достони пур аз оби чашми Суҳроб паёме додааст, ки набарди неруҳои некӣ бо бадӣ, меҳр бо кин, оштӣ бо ҷанг, хирад бо ҷаҳл, мубориза барои тоҷу тахт абадист ва онҳо бо ҳам созиш нахоҳанд кард. Фоҷиаи Суҳроб дар он буд, ки ӯ аз ду тухмаи ба ҳам душман зода шуда – аз тухмаи Сому Наримон аз тарафи падарӣ ва шоҳи Самангон аз ҷониби модарӣ, ки яке рамзи Эрон ва дигаре рамзи Тӯрон мебошанд ва бо ҳам дар душмании ҳамешагӣ қарор доранд.
Аммо паёми аслии шоир дар “Достони Суҳроб” иборат аз он аст, ки поёни ҳама гуна хусумату душманӣ ва ҷанг нохушӣ ва фоҷиа аст. Монанди он ки душмании Эрон ва Тӯрон боиси фоҷиаи бузурги инсонӣ – кушта шудани писар аз дасти падар гардид. Барои ҳамин ҳам ҳангоме ки Рустам пас аз рух додани он фоҷиа аз майдони набард ба назди эрониён бармегардад, ба онҳо мегӯяд:
Шумо ҷанги Тӯрон маҷӯед кас,
Ки ин бад, ки ман кардам имрӯз, бас!
Ва ин он хоҳише буд, ки Суҳроби захмхӯрда дар дами вопасин аз Рустам карда буд.
Рустам дар “Достони Суҳроб” пеш аз ҳама на ҳамчун ҷаҳонпаҳлавон, балки ҳамчун як падари меҳрубону ғамхор нисбат ба фарзандаш ва ҳамсараш инъикос гардидааст. Рустам агарчи баъд аз арӯсӣ ва зода шудани фарзанд онҳоро надидааст, вале ҳамеша дар фикри онҳо будааст ва ғамхорӣ намудааст. Дар дос тон дар чанд ҷо ишорае рафтааст, ки ӯ барои Суҳроб ва Таҳмина номае бо се ёқути рахшону се бадра зар фиристодааст. Ва вақте ки Рустам мефаҳмад, ки ҳамнабарди тӯрониаш Суҳроби писараш аст ва ӯ ханҷар бар ҷигари фарзанди хеш задааст, сараш хира мегардад ва аз пою аз ҳуш меравад, пасон бо оҳу нола назди Ҳаҷире, ки Рустам буданашро аз Суҳроб пинҳон дошта буд, бо кин меояд, аз гиребонаш мегирад ва мехоҳад, ки сарашро аз тан бибурад, бузургон пешашро мегиранд. Он вақт бо дашна сари худро буриданӣ мешавад, боз ҳам бузургон ва Гударз ӯро аз ин кор бозмедоранд ва насиҳат мекунанд.
Рустам бо тобути писари ҷавонмаргаш ба Зобулистон бармегардад ва пеши падару модари худ зорӣ мекунад. Вай дар бораи он меандешад, ки ба ҳамсараш – модари бечораи Суҳроб – Таҳмина чӣ мегӯяд ва чӣ ҷавоб хоҳад дод.
Таҳминае, ки ба гуфтаи Фирдавсӣ, чу ӯ зери чархи барин андакест, аз рӯйи достонҳои афсонакирдор дар бораи Рустам, хирадро зи баҳри ҳаво (ҳавас) куштааст ва ба вай меҳр бастааст, ҳамчун модари меҳрубон тани Суҳробро ба ноз парваридааст, гумон надошт, ки рӯзе фарзанди азизу нозпарвардаш, ки ба ҷустуҷӯйи падараш ба сафар баромада буд, бо дасти падараш ба хорӣ кушта мегардад. Модар аз ғами писари паҳлавони номуродаш оқибат пас аз як сол мемирад. Саҳифаҳое, ки дар онҳо ҳолати Таҳмина пас аз шунидани хабари марги Суҳроб ва андешаҳои ӯ баён гардидаанд, аз пурсӯзтарин саҳифаҳо дар достон мебошанд.
Кайковусу Афросиёб – шоҳони Эрону Тӯрон, агарчи дар зоҳир дар “Шоҳнома”, аз он ҷумла дар “Достони Суҳроб” чеҳраҳои муҳим ба шумор мераванд: паҳлавонон бо супориши онҳо ва бо иҷозаташон ба коре иқдом менамоянд, ба ҷанг медароянд, дар амал шахсиятҳои вобаста ба паҳлавононе чун Рустам мебошанд, зеро он ҳама тоҷу тахту кулоҳу ганҷе, ки доранд, ба шарофати маҳз паҳлавонон мебошад. Бинобар он вақте ки онҳо аз рӯйи бехирадӣ ва беандешагии худ нисбат ба паҳлавонон тундиеро раво медоранд, хашм мегиранд ва ё бонг мезананд ва ҳукми беҷое мебароранд, обрӯй, арзишу мақоми воқеияшон ошкор мегардад. Чунончи дар “Достони Суҳроб”, ҳангоме ки Кайковус ба Рустам ва Гев барои таъхир карданашон ба онҳо бонг мезанад ва ба Тӯс супориш медиҳад, ки дастҳояшонро бибандад ва зинда ба дор бикашад ва беэътиноёна мегӯяд,
Ки: “Рустам кӣ бошад, ки фармони ман
Кунад пасту печад зи паймони ман?”.
Рустам барошуфта ба рӯйи Кайковус ошкор мегӯяд, ки ҳамаи корҳоят яке аз дигаре бадтар аст, ту шоистаи шаҳрёрӣ нестӣ, ту андар ҷаҳон аз ман зиндаӣ, ин манам, ки ба ту ва падарат тоҷи шоҳӣ бахшидам, агар ман падарат Кайқубодро аз кӯҳи Албурз ба Эронзамин намеовардам, туро ин бузургию ком ҳаргиз набудӣ. Ва бо хашм аз пеши Кайковус бе ҳеч иҷозат мебарояд ва меравад. Шоҳи Эрон маҷбур мешавад, кас фиристад, аз Рустам пӯзиш пурсад ва ба беақлию беандешагиаш иқрор кунад. Барои Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” аз шоҳон паҳлавононе монанди Рустам бештар эътибор доранд ва азиз мебошанд. Ҳамин паҳлавононе мисли Рустам ва Суҳробанд, ки шоир ба воситаи онҳо паёмҳои хешро ба хонандагони хеш, ба наслҳои оянда мерасонад.