Ҷойи Низомӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ

Низомии Ганҷавӣ яке аз шаҳсутунҳои кохи баланди шеъри форсии тоҷикӣ мебошад. Шоир бо эҷоди маснавиҳои панҷгонаи дар зоти худ нотакрораш ба мактаби бузурги хамсанависӣ асос гузошт. Пас аз ӯ танҳо ба забони форсии тоҷикӣ ба “Махзан-уласрор” 80, “Хусрав ва Ширин”50, “Лайлӣ ва Маҷнун” 120, “Ҳафт пайкар” 50, “Искандарнома” 25-то назира навишта шудаанд. Баъди асри XIV назирасароӣ ба “Хамса”-и Низомӣ дар адабиёти қавмҳои туркзабон, пашту, урду, курдӣ, арабӣ, гурҷӣ, ҳиндӣ, панҷобӣ ва ғ. низ оғоз гардидааст.

Дар байни онҳое, ки ба маснавиҳои Низомӣ пайравӣ кардаанд, шоирони бузурге, мисли Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Фузулӣ ва дигарон ҳастанд.

Низомӣ дар фазилати сухан гуфтааст, ки:

То сухан аст, аз сухан овоза бод,

Номи Низомӣ ба сухан тоза бод!

То забони форсии тоҷикӣ, шеъри форсии тоҷикӣ, қавми муаззаме бо номи тоҷик ҳаст, номи Низомӣ ва асарҳои ӯ хоҳанд буд.

ПУРСИШ ВА СУПОРИШ

1. Хоқонии Шарвонӣ дар фахри худ чӣ мегӯяд? Оё он гуфтаҳо ҳақиқат доранд? Онҳоро дар маводи намоишӣ ҷой диҳед.

2. Мероси шоирро номбар кунед.

3. Муҳтавои қасидаи “Харобаҳои Мадоин” аз чӣ иборат аст?

4. Чаро “Хамса”-и Низомиро “Панҷ ганҷ” номидаанд?

5. Муҳтавои “Хамса”-ро мухтасар баён кунед ва бо тавсифи мухтасари онҳо маводи намоишӣ омода созед.

6. Чеҳраҳои Хусраву Ширин, Лайлию Маҷнун, Баҳроми Гӯр ва Искандарро шарҳ диҳед.

7. Низомӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ чӣ мақоме дорад?

8. Дар мавзӯъҳои "Хусрав ва Ширин" ва " Лайли ва Маҷнун"-и Низомӣ иншо нависед.

9. Маводи интернетиро дар бораи "Хамса"-и Низомӣ ва нашрҳои он ба забонҳои хориҷӣ гирд оваред ва тарҷума кунед.

10. Пораҳои шеърии "Паридухте, париуззор моҳе" ("Хусрав ва Ширин") ва "Лайлӣ, ки чароғи дилбарон буд" ("Лайли ва Маҷнун")-ро қироат кунед, вазн ва қофияҳои онҳоро муайян созед.

11. Дар мавзӯи "Маснавии "Ҳафт пайкар"-и Низомӣ"нақли хаттӣ нависед.

12. Дар бораи "Маснавии "Искандарнома"-и Низомӣ"гузорише омода созед.

ТЕСТҲО

1. Хоқонӣ кист?

а) Подшоҳи мулки сухан.

б) Азизи ҷаҳон дар Шарқу Ғарб.

в) Устоди Рӯдакӣ ва Унсурӣ.

г) Шоири ҳунарманди ҳавзаи адабии Қафқоз.

2. Муҳтавои қасидаи “Хароботи Мадоин” аз чӣ иборат аст?

а) Баёни қасри овозадори Сосониён дар Мадоин.

б) Таассуроти ғамангези харобаҳои айвони Мадоин.

в) Қасида дар васфи зебоиҳои қасри Мадоин.

г) Сафарнома.

3. “Хамса”-и Низомӣ аз кадом асарҳо иборат аст?

а) “Туҳфат – ул – аҳрор”, “Ширин ва Хусрав”, “Маҷнун ва Лайлӣ”,

“Ҳафт манзар” ва “Хирадномаи Искандарӣ”.

б) “Махзан – ул – асрор”, “Хусрав ва Ширин”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ҳафт пайкар” ва “Искандарнома”.

в) “Субҳат – ул – аброр”, “Ширин ва Хусрав”, “Маҷнун ва Лайлӣ”, “Ҳашт биҳишт” ва “Иқболнома”.

г) “Махзан – ул – асрор”, “Хусрав ва Ширин”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Ҳафт пайкар”ва “Хирадномаи Искандарӣ”.

4. Чаро Низомӣ “Хусрав ва Ширин”-ро ширинтарин достон номидааст?

а) Дар бораи достони Ширин аст.

б) Фирдавсӣ чунин гуфтааст.

в) Достони ишқи Хусрав ба Ширин аст.

г) Достони зебои хонданӣ ва шуниданист.

5. Чеҳраҳои асосии достони “Лайлӣ ва Маҷнун” киҳоянд?

а) Лайлӣ, Навфал, Маҷнун, Саломи Бағдодӣ, Ибни Салом.

б) Ибни Салом, Маҷнун, падари Лайлӣ, Лайлӣ.

в) Лайлӣ, Маҷнун, модари Лайлӣ, падари Маҷнун.

г) Маҷнун, падари Лайлӣ, Лайлӣ, модари Маҷнун.

6. Чаро “Ҳафт пайкар” гуфтаанд?

а) Дар пайравӣ аз Ҳафт ситораи осмон.

б) Дар нақши девор сурати ҳафт пайкари зебо аз ҳафт кишвар буд.

в) Дар пайравӣ аз ҳафт қабати осмон.

г) Дар пайравӣ аз ҳафт дари биҳишт.

7. “Искандарнома” аз кадом бахшҳо иборат аст?

а) “Иқболнома” ва “Хираднома”.

б) “Шарафнома” ва “Корнома”.

в) “Иқболнома” ва “Худойнома”.

г) “Шарафнома” ва “Иқболнома”.

8. Ба достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ дар забони форсии тоҷикӣ чанд назира навишта шудааст?

а) 80.

б) 50.

в) 120.

г) 25.