Бузургмеҳри ҳаким ва «Андарзнома»-и ӯ

«Андарзнома»-и Бузургмеҳри Бухтагон – вазири шоҳи сосонӣ Хусрави 1 (531-579) маъруф ба Хусрави Анӯшервон бештар бо номи «Ёдгори Бузургмеҳр» ёд мешавад. Бинобар ривояти «Шоҳнома», Бузургмеҳр дар овони кӯдакӣ аз Марв ба дарбори Хусрави Анӯшервон оварда шудааст. Баъдан ӯ ҳамчун шахсияти дар хирад болову дар дониш тавоно шуҳрат ёфтааст. Кушодани рамзи шатранҷ ва рамзи ҳар яке аз донаҳои он ва ҳам ихтирои нардро ба ӯ нисбат медиҳанд. Пасон аз ӯ бештар бо номи Бузургмеҳри Ҳаким зикр кардаанд.

«Ёдгори Бузургмеҳр» дар шакли пурсишу посух танзим гардида, бо зикри он оғоз мегардад, ки Бузургмеҳри Бухтагон – сарпарасти ҳарами шаҳрёри неруманд Хусрав ва сарвари дарбор бо фармони шоҳаншоҳ Хусрав онро навиштааст, то китоби хубе бошад барои онон, ки аз Яздон офарида шудаанд.

Муаллиф сипас аз он ёдовар мешавад, ки чун чизи гетӣ ҳама гузарону табоҳпазир ва дар гардиш аст, чунонки на дертар дар замони сад сол тан ба фарҷому шаҳрёрӣ ба нестӣ расад, дар замони сесад сол хонавода ба вайронӣ ва ном ба фаромӯшию аз ёд рафтан ва хонумону меҳан ба вайронию нопокӣ ва нажоду пайванд ба фурӯмондагию пушаймонӣ, кӯшиш ба бебарорӣ ва ранҷу кӯшиш ба тиҳигӣ ва подшоҳӣ ба шаҳрёрони замон расад, чизе ки зинда бипояд ва вайрон нашавад, ашӯӣ (росткирдорӣ) ва кори нек мебошад, ки ҳеч кас рабудан натавонад, сухане чанд барои шукӯҳи гетӣ дар ин ёдгор навиштам.

Бахши асосии матни «Ёдгори Бузургмеҳр» аз пурсишу посух иборат аст. Ҳамчун намуна чанде аз он пандҳоро меорем:

Некӣ чисту бадӣ чист?

– Некӣ пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва бадӣ пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад.

Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек чист ва пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад чист?

– Пиндори нек паймон дар андеша, гуфтори нек родӣ ва кирдори нек ростӣ. Пиндори бад фирефторӣ дар андеша, гуфтори бад пастӣ ва кирдори бад дурӯғгӯӣ.

Паймон дар андеша чист, родӣ чист, ростӣ чист? Ва фирефторӣ дар андеша чист, пастӣ чист, дурӯғгӯӣ чист?

– Паймон дар андеша ин, ки кас моли ҷаҳон гузарон бинад ва ком ба он чиз барад, ки тани ӯ ба каффораи (товони) гуноҳ ва равонаш ба дӯзах нарасад. Родӣ ин ки кас сарнавишти танро аз тан ва сарнавишти равонро аз равон ҷудо накунад. Ростӣ ин, ки ба равони хеш рост ва бефирефтор бувад. Фирефторӣ дар андеша ин, ки кас гетиро нопойдор ва менуро ҷовидон донад ва маром бар он чиз барад, ки анҷом вайронии тан ва каффораи гуноҳ ва кайфар ба равонаш бувад. Пастӣ ин ки кас сарнавишти танро аз тан ва сарнавишти равонро аз равон ҷудо дорад. Дурӯғгӯӣ ин ки кас танро ба мароми равон ба фиреб дорад.

Соҳиби «Ёдгори Бузургмеҳр» дар посух ба пурсиши он ки «Девон кистанд ва чанд тананд?» гуфтааст: «Озу ниёз, хашму рашк, нангу шаҳват, кин, танбалӣ ва деви аҳламуғӣ (бадоинӣ) ва туҳмат».

Ҳамчун намуна чанд пурсишу посухи дигаре ҳам аз «Ёдгори Бузургмеҳр»:

Ба мардумон чӣ ҳунар беҳтар?

– Доноӣ ва хирад.

Аз ин кадом беҳтар?

– Он ки хештан бебимтару бегуноҳтар ва беранҷтар тавонад будан.

Барои мардумон хирад беҳ ё дониш?

– Хирад барои шинохтани кор ва дониш барои писандидани кор.

Кадом гуҳар беҳ?

– Фурӯтанию чарбзабонӣ.

Чӣ хӯ беҳ?

– Хештандорию оштихоҳӣ.

Чӣ оин беҳ?

– Некӣ.

Кадом душман ситамгартар?

– Кирдори бад.

Чизе, ки ба мардумон расад, аз бахт бувад ё аз куниш (кор)?

– Бахту куниш бо ҳам монанданд, чунонки тану ҷон.

Шакли пурсишу посухи кӯтоҳро барои баёни пандҳои хеш интихоб кардани Бузургмеҳри Ҳаким тасодуфӣ набуда, аз содиқ будани ӯ ба суннатҳои адабии гузашта гувоҳӣ медиҳад. Ва он барои дар хотир гирифтани пандҳои ӯ ёрӣ мерасонад. Ба ҳамин сабаб аст, ки пас аз чандин садсола низ мардуми мо ба осонӣ аз Бузургмеҳри Ҳаким иқтибос мекунанд ва суханонашонро бо он зеб медиҳанд.

ТАЛМЕҲ

Маънои луғавии талмеҳ ба гӯшаи чашм ишора кардан, нигоҳи сабук намудан ба сӯйи чизе мебошад. Ҳамчун истилоҳ он санъати бадеии маънавиеро гӯянд, ки адиб дар зимни каломи манзум ё мансури худ ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо, ба қаҳрамонон ва шахсиятҳои таърихӣ, асотирӣ, ба шеъри нодири машҳур ё масали машҳур, ё оят ва ҳадиси маъруф ишора намояд. Монанди рубоии зери Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ:

Юсуфрӯе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,

Чун дасти занони мисриён кард дилам.

З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,

Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам.

Дар ин рубоӣ ишора ба баъзе аз лаҳзаҳои қиссаи Юсуф ва Зулайхо меравад. Аз ҷумла ишора ба он ки занони мисриён аз ҳайрати ҷамоли зебои Юсуф ба ҷойи мева дасти худро мебуриданд.

Мисоли дигар. Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд:

Шоҳи туркон сухани муддаиён мешунавад,

Шарме аз мазлимаи хуни Сивушаш бод.

Ин ҷо ишора ба достони Сиёвуш аст, ки паноҳанда ба назди Афросиёб – подшоҳи Тӯронзамин шуд ва ӯро бегуноҳ куштанд ва эрониён ба саркардагии Рустам интиқоми сахте аз тӯрониён гирифтанд.

Аз санъати талмеҳ шоирони гузашта зиёд истифода кардаанд, аз он ҷумла Хоқонии Шарвонӣ. Ӯ ин санъати шеъриро ба дараҷае фаровон истеъмол намудааст, ки баъзе аз шеърҳояш гумон меравад, ки маҷмӯаи талмеҳҳо мебошад. Чунончи, чанд байте аз як қасидаи шоир, ки дар он силсилаи талмеҳҳо ба кор бурда шудааст ва ишора ба замони Сосониён, шоҳони сосонӣ ва хонадони онҳоро дар худ доранд:

Маст аст замин, зеро хӯрдаст ба ҷойи май

Дар коси сари Ҳурмуз хуни дили Нӯширвон...

Кисрову турунҷи зар, Парвизу биҳи заррин,

Бар бод шуда яксар, бар хок шуда яксон...

Хуни дили Ширин аст он май, ки диҳад разбун,

З-обу гили Парвиз аст ин хум, ки ниҳад деҳқон.

Шоирон ва нависандагон аз санъати талмеҳ барои гунҷо нидани маънии бисёр дар лафзи андак, барҷастагӣ ва расоии маънӣ истифода кардаанд. Ишора ба ҳодисаҳо ва шахсиятҳои маъруфу машҳур адибонро аз тафсиру такрори маънӣ бозмедорад. Барои мисол, дар байти зерин аз як ғазали Ҳофиз, ки дар он санъати талмеҳ вуҷуд дорад, омадааст, ки:

Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,

Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.

Ин ҷо ишора ба қиссаи тӯлонии аз биҳишт ронда шудани ҳазрати Одам рафтааст.

Талмеҳ ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ дар адабиёти мардуми дунё густариш ва корбурди фавқулодае дорад.