Дақиқӣ

Абӯмансур Муҳаммад бинни Аҳмади Дақиқӣ аз ҳамасрони номдори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти форсии дарӣ буда, тахминан дар миёнаҳои нимаи аввали асри Х дар Балх ба дунё омадааст. Дақиқӣ дар ду маврид аз Рӯдакӣ ба сифати устоди шеъри мадеҳ ёд овардааст: ҷое бо ишораи « шоири тирачашми равшанбин» ва дигаре бо зикри бевоситаи номи ӯ:

Устод Шаҳид зинда боистӣ

В-он шоири тирачашми равшанбин,

То шоҳи маро мадеҳ гуфтандӣ

Б-алфози хушу маонии рангин.

***

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми фунуни суханвар бувад.

Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ӯ,

Чу хурмо ба сӯйи Ҳаҷивар бувад.

Дақиқӣ на танҳо монанди Рӯдакӣ шеъри мадеҳ гуфтааст, балки дар дарбори амирони сомонӣ будааст. Ӯ пеш аз он ки ба пойтахти Сомониён – Бухоро биояд , замоне дар дарбори волиёни онон дар Чағониён (водиҳои имрӯзаи Сурхандарё ва Ҳисор ) хидмат кардааст.

Аз соҳиби табъи равон ва истеъдоди гуфтани сухани хуб будани Дақиқӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар «Достони Дақиқии шоир» хабар додааст:

Ҷавоне биёмад кушодазабон,

Сухан гуфтани хубу табъи равон.

Ва афсӯс хӯрдааст, ки аз ҷавонӣ хӯйи бад ӯро ёр буд ва ҳамасола ба он ба пайкор буд ва аз ҷаҳон дилаш як рӯз шод набуд ва оқибат аз ин хӯйи бад ҷони ширин бидод ва ба дасти яке банда кушта шуд.

Ҷавонишро хӯйи бад ёр буд,

Або бад ҳамеша ба пайкор буд.

Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг,

Ба сар барниҳодаш яке тира тарг.

Бад-он хӯйи бад ҷони ширин бидод,

Набуд аз ҷаҳон дил-ш як рӯз шод.

Якояк аз ӯ бахт баргашта шуд,

Ба дасти яке банда-бар кушта шуд.

Аз ин гуфтаи Фирдавсӣ равшан нест, ки он хӯйи баде, ки аз ҷавонӣ ба Дақиқӣ ёр буд ва оқибат ӯро ба марг расонид, чӣ буд ва он бандае, ки ба дасти ӯ кушта шуд, кӣ буд.

Дақиқӣ пайрави дини зардуштӣ буда, маснавии «Шоҳнома»ашро ба таърихи пайдоиш ва густариши ин дин бахшида буд ва ба замми ин ба хушгузаронии рӯзаш бо маю мусиқию маҷлиси ёр одат карда буд:

Дақиқӣ чор хислат баргузидаст

Ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ:

Лаби ёқутрангу нолаи чанг,

Майи хушрангу дини зардуҳиштӣ.

Гумони яқин он аст, ки онҳое, ки аз ин рафтор ва кирдорҳои шоир хушашон намеомад, бо истифода аз бандаи зархариде ӯро дар айни авҷи камолоташ ба қатл расониданд ва имкон надодаанд, ки ӯ «Шоҳнома»-ашро ба охир расонад. Санаи қатли Дақиқӣ тахминан соли 977-978 мебошад.

Дақиқӣ ҳамчун пайрави мактаби шоирии устод Рӯдакӣ чун ӯ ба ҷуз шеъри мадеҳ-қасида дар навъҳои дигари шеърӣ, мисли ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ эҷод намудааст. Дар тағаззули қасидае дар мадҳи Абӯсаъди Музаффар аз номи «паричеҳра бути айёру дилбар» гуфтааст:

Маро гӯяд: «Зи чандин шеъри шоҳон

Ва чандин ошиқона шеъри дилбар,

К-ам аз шеъре, ки сӯи мо фиристӣ,

Наям андархури гуфтор в-эдар».

Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) дар асари машҳураш бо номи «Сафарнома» пас аз як аср аз соҳибдевон будани Дақиқӣ ёд овардааст: «Дар Табрез Қатрон ном шоиреро дидам, шеър неку мегуфт, аммо забони порсӣ неку намедонист. Пеши ман омад, девони Мунҷик ва девони Дақиқӣ биёвард ва пеши ман бихонд».

Афсӯс, ки бо гузашти айём ва бар асари ҳамлаи хонумонсӯзи муғул аз он девони шеърҳои шоир танҳо ном мондааст. Аз асарҳои ӯ низ монанди мероси фаровони Рӯдакӣ имрӯз пораҳои ҷудогона ва байтҳои парешон боқӣ мондаанд, аз ҷумла ҳазор байти «Шоҳнома»-и ӯро Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-аш ҷой додааст.Тамоми шеърҳои бадастомадаи Дақиқӣ дар ҳудуди 1500 байт мебошад.

«Шоҳнома»-и Дақиқӣ аз ҷумлаи аввалин шоҳномаҳои манзум ба забони порсии дарӣ ба шумор меравад. Шоҳномаҳое, ки то ӯ буданд, дар наср буданд. Шоир ба навиштани «Шоҳнома» бо хоҳиши Нӯҳ бинни Мансури Сомонӣ (976-997) оғоз карда буд ва то поёни умри кӯтоҳаш тавонист, ки танҳо достони «Гуштосп»-ро дар ҳудуди 1000 байт ба назм дарорад, аз ин рӯ онро гоҳе бо номи «Гуштоспнома» низ ёд мекунанд.

Маснавии Дақиқӣ бо баёни он сар мешавад, ки шоҳи яздонпараст Луҳросп тахти шоҳиро ба писараш Гуштосп медиҳад ва ба Балх меравад ва дар оташкадаи Навбаҳор ҷой мегирад ва дар ба рӯйи бегонагон баста, рӯйи ниёиш ба сӯйи Яздон мекунад. Сипас дар маснавӣ сухан аз пайдо шудани Зардушт меравад:

Хуҷастапаю номи ӯ Зардуҳушт,

Ки Оҳармани бадкунишро бикушт.

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: «Пайғамбарам,

Туро сӯйи Яздон ҳаме раҳбарам».

Яке миҷмар оташ биёвард боз,

Бигуфт: «Аз биҳишт оваридам фароз...

Биёмӯз оини дини беҳӣ,

Ки бе дин на хуб аст шоҳаншаҳӣ».

Гуштосп ин суханҳоро шунидааст ва дину оини зардуштиро пазируфтааст. Аз паси ӯ бародараш Зарир, падари пираш, сарони бузурги кишварҳо, пизишкони донову донишмандон ҳама ба он дин имон овардаанд ва куштӣ – камарбанди зардуштиро ба миён бастаанд.

Гуштосп бо фиристодани сипоҳ ба кишварҳо ва мубадон, бунёди озаронгунбадон (гунбадҳои оташпарастӣ), аз ҷумла Меҳрбарзин ба густариши дини зардуштӣ пардохт ва паём фиристод:

Бигиред яксар раҳи Зардуҳушт,

Ба сӯйи бути Чин бароред пушт.

Ба бурзу фари шоҳи эрониён

Бибандед куштӣ ҳама бар миён.

Ба оини пешинагон мангаред,

Бад-ин сояи сарвбун бигравед.

Суйи гунбади озар оред рӯй

Ба фармони пайғамбари ростгӯй.

Зардушт ба Гуштосп надодани бож ба солори Чин Арҷоспро маслиҳат медиҳад:

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир,

Ки: «Дар дини мо ин набошад ҳажир,

Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин,

На андархур ояд ба оину дин.

На бошам бар ин низ ҳамдостон,

Зи шоҳони мо дар гаҳи бостон

Ба туркон надодаст кас божу сов,

Ба Эрон набудшон ҳама тӯшу тов».

Аз ин наррадеве огоҳ мешавад ва ба Арҷосп хабар мебарад, ки Гуштосп бо сипоҳи сад ҳазор савор лашкар кашиданист. Арҷосп ҳама мубадонро бихонд ва ба онҳо шунидаҳояшро дар бораи ба дини зардуштӣ гаравидани Гуштосп, бародараш Зарир гуфт. Арҷосп Зардуштро бо номҳои « пири ҷоду», «пири нопок», «пири мардумфиреб» ёд мекунад ва номаи хусравӣ ба Гуштосп менависад ва ӯро аз «роҳи зишт» – дини зардуштӣ баргардониданӣ мешавад ва ганҷи бекарон бахшиданро ваъда ва ҳушдор медиҳад, агар панди ӯро напазирад, пас аз як – ду моҳ сар ба сар кишвари Эронро табоҳ хоҳад кард:

Ар эдун, ки бипзирӣ ин нек панд,

Зи туркон ба ҷонат наёяд газанд.

Замини кашонию туркони Чин

Туро бошад он ҳамчу Эронзамин.

Ба ту бахшам ин беканор ганҷҳо,

Ки овардаам гирд бо ранҷҳо...

В-ар эдун, ки напзирӣ ин панди ман,

Бисоӣ гарон оҳанин банди ман.

Биёям паси нома то як-ду моҳ,

Кунам сар ба сар кишваратро табоҳ.

Гуштосп аз суханони зиште,ки дар номаи Арҷосп буд, барошуфт, меҳтарон, бузургони Эрону донишмандонро гирд овард, аз он огоҳ сохт ва гуфт:

Чӣ нохуш бувад дӯстӣ бо касе,

Ки моя надорад зи дониш басе?!

Ман аз тухмаи Эраҷи покзод,

Вай аз тухмаи Тури ҷодунажод.

Чӣ гуна бувад дар миён оштӣ,

Валекин маро буд пиндоште?

Касе к-аш бувад номи неку басе,

Сухан гуфт бояд-ш бо ҳар касе.

Баробари шунидани суханҳои Гуштосп Зарир ва Исфандёр

Кашиданд шамшеру гуфтанд: «Агар

Касе бошад андар ҷаҳон сар ба сар,

Ки напсандад ӯро ба пайғамбарӣ,

Сар андар наёрад ба фармонбарӣ.

Наёяд ба даргоҳи фархунда шоҳ,

Набандад миён пеши зебанда гоҳ.

Нагирад аз ӯ роҳу дини беҳӣ,

Мар ин дини беҳро набошад раҳӣ,

Ба шамшер ҷон аз танаш барканем .

Сарашро ба дори барин бар кунем».

Ҷавоб навиштанро Зарир ба зимма мегирад ва ҳамроҳ бо Ҷомосп ва Исфандёр ҷавоб менависад ва дар он аз ҷумла мегӯяд, ки:

Чунин гуфта будӣ ту, то чанд гоҳ

Суйи кишвари хуррам орам сипоҳ.

На ду моҳ бояд ҳаме, на чаҳор,

Ки мо худ биёрем шерони кор.

Ту бар хештан бармаяфзой ранҷ,

Ки мо худ гушоем дарҳои ганҷ.

Биёрем гурдон ҳазорон ҳазор,

Ҳама кордида, ҳама номдор.

Ҳама эраҷизодаи паҳлавӣ,

На афросиёбию на пайғавӣ…

Ба рӯзи набард ар бихоҳад Худой,

Ба разм андарорам сарат зери пой.

Арҷосп лашкар гирд овард ва ба ҷанг омода шуд. Рӯзи дигар низ Гуштосп сипоҳ орост ба разми Арҷосп ва аз Балх ба Ҷайҳун расид ва аз ситорашиноси гаронмоя Ҷомосп, сари мубадон анҷому фарҷоми ҷанг бо Арҷоспро донистанӣ мешавад. Ситорашумор бо додани кафолати саломатиаш пешгӯйӣ мекунад, ки дар ҷанг бародари шоҳ Зарир ва писараш Исфандёр, ҳамчунин Ардашер, Шедасп, Настур, Невзор кушта хоҳанд шуд. Гуштосп аз ин пешгӯйии Ҷомосп беҳуш мешаваду меафтад ва пас аз он ки ба ҳуш меояд, аз тахт мефурояд ва зор-зор мегиряд ва мегӯяд:

Чӣ бояд маро, - гуфт, - шоҳию гоҳ,

Ки рӯзам ҳамегашт хоҳад сиёҳ?!

Ҳаме рафт хоҳанд моҳони ман,

Далеру саворону шоҳони ман.

Чӣ бояд маро подшоҳию бахт,

Тавоноию лашкару тоҷу тахт?!

Ки бо он ки бар ман гиромитаранд,

Гузини сипоҳанду номитаранд.

Ҳаме рафт хоҳанд аз пеши ман,

Зи тан баркананд ин дили реши ман!

Гуштосп бародараш Зарир, писараш Исфандёр ва дигар наз диконашро аз рафтан ба ҷанг нигоҳ доштанӣ мешавад. Ҷомоспи хирадманд барояш мефаҳмонад, ки агар онҳо дар сафи пеши сипоҳ набошанд, касе нахоҳад ёрист, ки пеши гурдони Чин равад ва насиҳат мекунад:

Ту з-ин хок бархезу бар шав ба гоҳ,

Макун фарраи подшоҳӣ табоҳ,

Ки рози Худояст, з-ин чора нест,

Худованди гетӣ ситамгора нест.

Аз андуҳ хӯрдан набошад-т суд,

Куҷо буданӣ буд, ин кор буд.

Макун дил-тро бештар з-ин нажанд,

Ту доди ҷаҳонофарин кун писанд.

Вақте ки разми эрониёну тӯрониён сар мешавад, тамоми пешгӯйиҳои Ҷомосп, мутаассифона, рост мебароянд. Ардашер, Шер, Шедасп Гиромӣ, Невзор, Зарир бо вуҷуди мардонавор ҷангиданашон дар ҷанги рӯёрӯй не, балки ноҷавонмардона аз қафо ва ё пинҳонӣ кушта мешаванд. Нас тур пури Зарир ва Исфандёр кини падар ва амуи худро аз тӯрониён мегиранд. Онҳо Бедирафшро мекушанд ва Арҷосп аз корзор мегурезад. Сипоҳиёнаш пеши Исфандёр таслим мешаванд ва савганд мехӯранд, ки ба дини зардуштӣ мегараванд.

Бо вуҷуди зинҳор хостани сипоҳиёни Арҷосп лашкариёни Гуштоспзодагон аз сари кин:

Задан(д) теғу куштанд аз эшон ҳаме,

Ҷаҳон шуд зи хуншон дурахшон ҳаме.

Он гоҳ Исфандёр ба онҳо хитоб намуд, ки аз куштан даст бидоранд:

Ки:-“Эй номдорони эрониён,

Бигардед аз ин лашкари чиниён.

Кунун к-ин сипоҳи аду гашт паст,

Аз ин пас зи куштан бидоред даст,

Ки бас зору хоранду бечоравор,

Диҳед ин сагонро ба ҷон зинҳор.

Баъд аз пирӯзии рустамӣ дар ҷанг бо Арҷосп, Гуштосп Исфандёрро ба ҳама кишварҳо мефиристад, то дини беҳ – зардуштиро дар он кишварҳо густариш диҳад.

Бад-ӯ гуфт: “Поят ба зин-андар ор,

Ҳама кишваронро ба дин-андар ор”.

“Шоҳнома”-и Дақиқӣ бо он ба охир мерасад, ки Гуразм ба Гуштосп аз Исфандёр бадгӯйӣ мекунад, ки гӯиё ӯ дар нияти аз тахт рондани падараш ҳаст. Гуштосп номае менависад ва онро бо воситаи Ҷомосп ба Исфандёр мерасонад ва ӯро ба наздаш мехонад. Баробари расидани Исфандёр бандӣ мекунад ва ба Гунбадондиж мефиристад. Вақте ки ин хабар ва ҳам рафтани Гуштосп ба Сиистон ба Арҷосп мерасад, ӯ дубора лашкар меорояд ва барои ҳамла омодагӣ мегирад.

“Шоҳнома”-и Дақиқӣ нотамом аст, бо кушта шудани муаллиф таълифи он қатъ мегардад. Фирдавсӣ ҳам аз нотамом мондани ин маснавӣ ва ҳам ҷавонмаргии соҳиби он афсӯс хӯрдааст:

Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,

Чунин бахти бедори ӯ хуфта монд.

Сарчашмаи асосии Дақиқӣ достони “Ёдгори Зарирон” аст, ки аслаш ба назм ба забони портӣ буда, пасон дар замони Сосониён ба забони форсии миёна – паҳлавӣ дар наср тарҷума шудааст. Аз ҷиҳати муҳтаво маснавии Дақиқӣ бо достони “Ёдгори Зарирон” усулан монандии тамом дорад. Фарқ дар ҷузъиёт ба назар мерасад. Барои мисол дар маснавии Дақиқӣ аз Арҷосп ҳамчун “солори туркону Чин», “Турконхидев ”, “шоҳи Тӯрон” ёд оварда мешавад, дар “Ёдгори Зарирон” вай "шаҳрёри хиюнон" номида шудааст. Ба ҳамин монанд ихтилоф дар номи баъзе аз қаҳрамонон низ ба назар мерасад. Агар дар “Ёдгори Зарирон” расулоне, ки номаи Арҷоспро ба Гуштосп меоранд, Видрафши ҷоду ва Номхвости Ҳазорон ном доранд, дар достони Дақиқӣ бо андак дигаргунӣ аввалӣ бо номи Бедирафш ва дигаре Номхост омадааст. Писари Зарирро дар достони қадим бо номи Баствар, ки ҳафт сол дорад, ёд кардаанд, Дақиқӣ ӯро Настур мегӯяд, ки даҳсола аст. Ҷомосп дар “Ёдгори Зарирон” ба ҳайси вазир, дар достони Дақиқӣ ҳамчун “сари мубадон”, “шоҳи радон”, “ситорашиноси гаронмоя” муаррифӣ шудааст. Ин ду достон дар миқдори қаҳрамонон ва баёни ҷузъиёти разми лашкари Гуштосп ва Арҷосп низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Дақиқӣ ба ҷуз “Ёдгори Зарирон” аз сарчашмаҳои дигаре низ истифода бурдааст.

Дақиқӣ бар асоси таълимоти зардуштӣ дар маркази маснавиаш муборизаи неруҳои некӣ - аҳуроӣ ва бадӣ - аҳриманиро гузоштааст. Дар як сӯ дар симои шоҳи Эроншаҳр Гуштосп, бародараш Зарир, фарзандонаш, ялон, Ҷомоспи ситорашинос , писари ӯ, сипоҳиёнаш, ки пуштибонашон Аҳурамаздост ва дар тарафи дигар “солори туркону Чин” Арҷосп, бо девону ҷодувонаш, сипоҳиёни истилогар, ситамкор ва бедину бемеҳр мебошанд. Сабаби лашкар кашидани тарафи душман хабари ба дини зардуштӣ имон овардани Гуштосп ва аз додани бож сар печидани ӯ буд. Аз ин рӯ разми эрониён ба хотири ҳифзи дини худ, ватани худ ва истиқлоли худ буд, бинобар ин бо вуҷуди талафот ва қурбонии зиёд ба пирӯзӣ расиданд, агарчи миқдоран аз сипоҳи душман кам буданд. Гуштосп, ки пешакӣ аз қурбонии азизонаш бохабар буд ва дар аввал розӣ буд, ки онҳоро ба ҷанг нафиристад, аз ҳуш рафта буд, вале вақте ки Ҷомосп моҳияти мавзӯъро барояш шарҳ медиҳад, ба хотири ҳифзи дину имон, ватани худ ба чунин қурбонӣ розӣ мешавад.

Эрониён дар ҷанги рӯёрӯй ҳама мардона меҷанганд ва душманро шикаст медиҳанд, вале душмани бадсиголу бадрафтор аз қафо ва пинҳон ба онҳо тир мезанад. Сипоҳиёни Эронро ба пирӯзӣ расонидани писари даҳсолаи Зарири Гурд Настур бо Исфандёр ва аз майдони корзор гурехтани Арҷосп нишони пирӯзии неруҳои аҳуроӣ бар аҳриманӣ буд ва ин он анҷоме буд, ки аз аввал Дақиқӣ мехост.

Барои эрониён баланд доштани дирафши ковиёнӣ шарафи бузурге буд. Бинобар ин, ҳар вақте дар муҳориба ба замин афтодааст, зуд онро боло бардоштаанд ва нагузоштаанд, ки ба дасти душман афтад.

Дар сурати неруҳои некӣ ва бадӣ ба ҳам муқобил гузоштани эрониён ва туркону чиниён асосҳои таърихӣ дорад ва маснавии Дақиқӣ бозтоби ҳамон ҳақиқатҳои таърихист.

Абулқосими Фирдавсӣ пас аз овардани 1000 байти Дақиқӣ ва пеш аз боз гаштан ба гуфтори худ дар руҷӯе аз он ёд мекунад, ки замона нагузошт, ки вай умри дароз бинад, бисёр ранҷ бинмудаш, намонд, ки номаашро ба охир расонад. Хусусан мулоҳизаҳои Фирдавсӣ дар бораи чигунагии шеъри Дақиқӣ ҷолиб мебошад.

Аз мутолиа ва баррасии сурудаҳои Дақиқӣ дар навъҳои дигари шеърӣ - ғазал, қасида, қитъа ва рубоӣ бармеояд, ки шоир нисбат ба гуфтани маснавӣ дар инҳо ҳунари волотаре доштааст. Дар ин қисмати осори ӯ намунаҳои шеъри нағз, “шеърҳои рӯдакивор” зиёд мебошанд. Барои мисол, ғазали зери Дақиқӣ аз беҳтарин намунаҳои шеъри ӯ ва асри Х мебошад.

Шаби сиёҳ бад-он зулфакони ту монад,

Сапедрӯз ба покии рухони ту монад.

Ақиқро чу бисоянд нек судагарон,

Чу обдор бувад, бар лабони ту монад.

Ба бӯстони мулукон ҳазор гаштам беш,

Гули шукуфта ба рухсорагони ту монад.

Ду чашми оҳуву ду наргиси шукуфтабаҳор

Дурусту рост бад-он чашмакони ту монад.

Камони бобилиён дидаму тарозуи ту,

Ки баркашида шавад, ба абрувони ту монад.

Туро ба сарв, ба боло қиёс натвон кард,

Ки сарвро қаду боло бад-они ту монад.

Дар шеъри Дақиқӣ, чун дар сурудаҳои Рӯдакӣ, инсон ва табиат, одаму олам ба ҳам сахт пайваст мебошанд. Онҳо аз ҳамдигар ҷудо нестанд, яке аз дигаре бармехезад. Шоир дар хитоб ба абри борандаи баҳман дар ғазали дигаре онро ба инсони ошиқе, ки аз ёр дур афтодаву аз ғами ишқи ӯ рӯзону шабон мегиряд, монанд кардааст ва як маънии шоиронаи бисёр зебо ва инсонии хотирмон офаридааст.

Ай абри баҳманӣ, на ба чашми ман андарӣ,

Дам зан замонакею баросою кам гирӣ!

Ин рӯзу шаб гиристани зор баҳри чист?

Не чун манӣ ғарибу ғами ишқ бар сарӣ.

Дардо, ҷудо бимондаму дар ғам зи ишқи ёр

Ман з-ин тавонгарам, ки мабод ин тавонгарӣ.

Ёре гузидам аз ҳама халқон паринажод,

З-он шуд зи пеши чашми ман имрӯз чун парӣ.

Лашкар бирафту он бути лашкаршикан бирафт,

Ҳаргиз мабод кас, ки диҳад дил ба лашкарӣ.

Дар шеъри Дақиқӣ, чун дар шеъри Рӯдакӣ, ҳама чиз табиӣ, равшан, сода ва шинос мебошад, зеро онҳоро ҳамарӯза дар гирду атрофи худ мебинад. Онҳо ҳосили мушоҳидаҳои ӯ аз зиндагии рӯзмарра мебошанд.

Кошкӣ, андар ҷаҳон шаб нестӣ,

То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.

Захми ақраб нестӣ бар ҷони ман,

Гар варо зулфи муақраб нестӣ.

В-ар набудӣ кавкабаш дар зери лаб,

Мӯнисам то рӯз кавкаб нестӣ.

В-ар мураккаб нестӣ аз некуӣ,

Ҷонам аз ишқаш мураккаб нестӣ.

В-ар маро бе ёр бояд зистан,

Зиндагонӣ, кош, ё раб, нестӣ!

Дақиқӣ мисли ҳамаи шоирони ҳамзамонаш дар гуфтани баҳория ҳунари воло дорад.Тасвирҳои ӯ дар ин гуна шеърҳояш бағоят гӯё, зинда ва зебо ҳастанд.

Барафганд, эй санам, абри биҳиштӣ

Заминро хилъати урдибиҳиштӣ.

Биҳишти аднро гулзор монад,

Дарахт - ороста ҳури биҳиштӣ.

Замин бар сони хунолуда дебо,

Ҳаво бар сони ниландуда ваштӣ.

Ба таъми нӯш гашта чашмаи об,

Ба ранги дидаи оҳуи даштӣ…

Ҷаҳон товусгуна гашту дидор

Ба ҷойи нармию ҷои дуруштӣ.

Бад-он монад, ки гӯӣ аз маю мушк

Мисоли дӯст бар саҳро наваштӣ.

Зи гил бӯйи гулоб ояд бад-он сон,

Ки пиндорӣ гил андар гул сириштӣ.

Содагӣ, покию беғашӣ, самимияти шеъри Дақиқӣ, эҳсоси олии ватанпарварию садоқат ба ростию зебоӣ, ба меҳрварзию динпарварӣ, ба ифтихороти қадимии миллати хеш онҳоро мондагор гардонидаанд ва номи гӯяндаашро асрҳои аср зинда нигоҳ доштаанд.

ПУРСИШ ВА СУПОРИШ

1. Хидмати бузурги Рӯдакӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ аз чӣ иборат аст? 2. Мероси шоирро номбар кунед ва дар асоси он маводи намоишӣ омода бисозед.

3. Дар бораи сохтор ва муҳтавои қасидаҳои “Шикоят аз пирӣ” ва “Модари май” маълумот диҳед ва дар мавзӯи "Қасидаҳои Рудакӣ" иншо нависед

4. Шеъри рӯдакивор чӣ хусусият дорад? Дар ин мавзӯъ гузорише омода созед.

5. Шеърҳоеро, ки дар фасли “Андешаи шоир” оварда шудаанд, аз ёд кунед ва дар заминаи онҳо иншо нависед.

6. Маводи намоишӣ дар асоси гуфтаҳои ҳамасрон ва муалифони баъдӣ дар бораи шахсият ва шеъри бунёдгузори шеъри форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳия намоед.

7. Дақиқӣ кӣ буд? Гуфтаҳои Фирдавсиро дар бораи ӯ ба ёд оред ва гузорише нависед.

8. Муҳтавои “Шоҳнома”- и Дақиқӣ аз чӣ иборат аст?

9. Сабаби асосии набардҳои Гуштосп ва Арҷосп дар чист?

10. Шеърҳои Дақиқӣ ва Рӯдакӣ бо ҳам чӣ шабоҳат доранд? Онҳоро бо ҳам муқоиса намоед.

11. Ғазали Дақиқӣ "Шаби сиёҳ бад-он зулфакони ту монад"-ро аз бар кунед ва қироат намоед, вазн, қофия ва радифашро мушаххас созед.

12. Феҳристи шоирони ҳамасри Рӯдакиро тартиб диҳед.

ТЕСТҲО

1. Хидмати бузурги Рӯдакӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ аз чӣ иборат аст?

а) Одамушшуаро буд.

б) Сари шоирон буд.

в) 1 300 000 байт гуфтааст.

г) Шеъри форсии тоҷикиро нав кард ва ба ҳадди камол расонд.

2. Шеъри рӯдакивор чӣ хусусиятҳо дорад?

а) Онро Рӯдакӣ гуфтааст.

б) Муҳтаво, забон, баён, сабк ва тасвирҳои сода, табиӣ, нав ва

барҷаста дорад.

в) Душвор нест.

г) Ба ғазалҳои Унсурӣ монанд аст.

3. Муаллифи ин байт кист?

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

а) Шаҳиди Балхӣ.

б) Кисоии Марвазӣ.

в) Рӯдакӣ.

г) Носири Хусрав.

4. Муҳтавои “Шоҳнома”-и Дақиқӣ аз чӣ иборат аст?

а) Достони Луҳросп.

б) Достони Рустам.

в) Достони Гуштосп.

г) Достони Арҷосп.