Луғатнома

АБАР – бар, болои…, рӯйи…, бар сари…

АБЛАҚ – аспи алои сурху сафед ё сиёҳу сафед.

АБО – бо; болопӯши васеи остинкӯтоҳ; ғизо, ош.

АБНО – ҷамъи ибн, сокинон, мадумон.

АБРОР – накукорон, солеҳон, тақводорон.

АВЛИЁ – валиён, аъён, ашроф.

АВРАНГ – тахти шоҳӣ.

АВСОФ – ҷамъи васф, сифатҳо, хислатҳо.

АДАБ – илмҳои адабӣ ё улуми адабӣ, монанди арӯз, бадеъ, қофия, луғат, сарфу наҳв ва ғайра.

АДАМ – нестӣ, нобудӣ.

АДН – боғҳои биҳишт, ҷаннат, фирдавс.

АДОВАТ – душманӣ, бадхоҳӣ, кинадорӣ.

АДҲАМ – Иброҳими Адҳам (ваф. 776/783), сӯфӣ.

АЗЛ – бекор кардан, дур кардан, аз мансаб гирифтан.

АЗЕРО – зеро, зеро ки.

АЙВОН – кох, қаср, кушк.

АЙН, ИЙН – зани зебо, ҳури биҳиштӣ.

АЁЛ – оила, хонавода; аҳли хонадон.

АКЗАБИ ӮСТ АҲСАНИ Ӯ – дар асл “акзабуҳо афсаҳуҳо” аст, яъне дурӯғтарин шеър беҳтарин (зеботарин) шеър мебошад.

АКОБИР – ҷамъи кабир, бузургон, аъён, ашроф, давлатмандон, мансабдорон.

АҚРАБ – каждум; номи бурҷи ҳаштуми фалак.

АҚРОН – ҷамъи қарин, наздикон.

АҚСО – гӯшаву канорҳои дурдаст.

АЛҲАМД – сураи нахустини Қуръон, сураи “Фотеҳа”.

АЛҲОН – ҷамъи лаҳн, лаҳнҳо.

АМВОЛ – ҷамъи мол, молҳо.

АМЛОК – ҷамъи милк, милкҳо.

АММОМА – салла, дастор.

АММОР – амркунанда, фармоянда.

АММОРА – саркаш, нафси саркаш.

АММ/АМУ – амак, бародари падар.

АНБОЗ – ҳамроҳ, шарик, рафиқ, ҳамроз; монанд.

АНБОН – ҳамён, халтаи чармин ё карбосии сафарӣ.

АНБОРИШ – пур кардан, ҷамъ овардан.

АНВАР – равшантар, нурбортар, пурнур, рахшонтар.

АНГЕЗИДАН – дар ҷунбиш овардан, ба ҳаракат овардан, шӯрондан.

АНГУБИН – асал, шаҳд.

АНДАРЗ – насиҳат, панд.

АНДАРЗБАД – насиҳатгар, пандгӯ.

АНДАРХУР – мувофиқ, муносиб.

АНДУДАН – андова кардан.

АНӮШ ХӮРДАН – дар набард шудан.

АРБАДА – ҷанг, шӯр, мағал.

АРД – номи рӯзи биступанҷуми моҳи эронӣ.

АРТИШ – лашкар.

АРШ – осмон.

АРҶМАНД – соҳиби эҳтиром, иззат ва қадру қимат.

АСАД – шер; номи бурҷи панҷуми фалак.

АСМО – ҷамъи исм, номҳо.

АСНОМ – ҷамъи санам, санамҳо, бутҳо.

АСТАР – хачир.

АСТУМАНД – ҷаҳони моддӣ, дунё, гетӣ.

АСҲОБ – ҷамъи соҳиб, соҳибон.

АТЛОЛ – ҷамъи тал, талҳо, пуштаҳо, теппаҳо.

АТО – бахшиш.

АФЗОР – асбоб, олат.

АФРОСИЁБ – шоҳи номдори Тӯрони асотирӣ.

АФСАР – тоҷ, кулоҳи подшоҳон.

АФСУН – сеҳр, ҷоду.

АФШУРА – оби мева ва наботот.

АФЪОЛ – ҷамъи феъл, корҳо, корнома.

АХЗАР – кабуд, сабз, нилгун, нилобӣ.

АХТАР – ситора.

АҲКОМ – ҷамъи ҳукм, қонунҳо, қоидаҳо.

АҲРОР – ҷамъи ҳур, ҳурон.

АША – усули ростӣ, ҳақиқат.

АШАВАНОН – пайравони Ашо, росткорон.

АШМУҒ – бедин, мулҳид, бетақво, нопарҳезкор.

АЪДО – ҷамъи аду, душманон.

АЪЁН – бузургон, сардорон, ашроф, покнажодон.

АЪМОЛ – ҷамъи амал, корҳо.

АҶИН – хамир, омехта, якҷо.

АҶУЗА – пирзани фартут ва бадрӯй.

– Б –

БАДАЛ – ба ҷойи…, ба ивази…, пайгир.

БАДКОМӢ – бадӣ.

БАДОГОҲ – нодон, ҷоҳил.

БАДРА – ҳамён, халтаи тангаву тилло.

БАДРОМ – саркаш, нофармон, якрав.

БАДФИОЛ – бадфеъл, бадхӯ, бадкор, бадамал.

БАЙЪ – харид.

БАКОРОМАД – одами даркорӣ, ҳоҷатбарор.

БАРАҲМАН – яке аз худоёни сегонаи ҳинду; пир, муршид; табақаи аввал ва муҳимми ҷомеаи Ҳинди қадим.

БАР – самар, мева, бор.

БАРДА – ғулом, банда, асир.

БАРЗ – тухм, дона.

БАРЗАН – кӯчаву кӯй; маҳалла, идгоҳ.

БАРЗИГАР – деҳқон, кишоварз, донапош.

БАРКАШИДАГОН – болобардоштагон дар мартаба ва рутба.

БАСАНДА – баробар, ҳамтану тӯш.

БАСИТ – сода, беолоиш, табиӣ.

БАСИЧ/ БАСИҶ/БАСЕЧ/БАСЕҶ – омодагӣ, қасд, ирода.

БАСОРАТ – чашм.

БАСТ – банд, тафсир.

БАТ – мурғобӣ.

БАШАР – инсон,одам, мардум, одамизод.

БАШОРАТ – хабари хуш, мужда.

БАҲМАН – номи моҳи ёздаҳуми шамсӣ буда, аз 21 январ то 19 феврал давом мекунад; гиёҳе, ки зимистон гул мекунад ва бехи он хосияти доруӣ дорад.

БАҲОИМ – ҳайвонот, чорпо.

БЕБАРГӢ – бенавоӣ, ночорӣ, бечизӣ.

БЕҒОРА – сарзаниш.

БЕМАР – бешумор.

БЕХАТОН – ҷавонон.

БЕХУДӢ – аз худ гузаштан, аз худ фаромӯш кардан, маҳву фано шудан аз ваҷду ҳаяҷон дар тасаввуф. 300

БЕҶОДА – навъе аз ёқут, санги сурхранг ва ё зардранг, ки хосияти қаҳрабоӣ дорад.

БЕШАРМ – бебок, нотарс.

БИДЪАТ – фикру ақида ва расму қоидаҳои нав дар дин, ки хилофи таълимоти ҳукмрон дар дин бошад.

БИКР – бокира, духтари хона; нав, тоза.

БИМ – тарс.

БИНАНДАГОН – чашмон, дидагон.

БИСЕЧИДАН – ихтиёр кардан, ирода кардан, тайёрӣ дидан, омода кардан.

БОБ – падар.

БОБИЛ/ БОБИЛИСТОН – Бабилон, шаҳре дар канори дарёи Фурот.

БОБИЛИЁН – аҳли Бабилон.

БОВАРА – баландӣ, теппа.

БОЖГУНА – вожгуна, чаппа, зеру забар, сарозер, сарнагун.

БОН – номи дарахте, ки баргҳои нозуку хушбӯй дорад. БОНАСИБ – хуштолеъ.

БООФАРИН – номӣ, машҳур.

БОРА – асп; девори ҳисор, девори шаҳр.

БОРАГӢ/БОРАГОН – асп, фарас.

БОРИКФАҲМ – борикандешӣ, дақиқназарӣ.

БОЯЗИДИ БИСТОМӢ (ваф.857) – сӯфӣ.

БУЛАҶАБ – аҷиб, ғалатӣ, тааҷҷубовар.

БУМ – сарзамин, хок, мамлакат, кишвар, диёр, ватан.

БУНГОҲ – пойгоҳ, хона, манзил, анбор, асбобу анҷом.

БУРД – либоси навъи беҳтарини матои катонӣ, бурди яманӣ.

БУРДБОРӢ – сабру таҳаммул, тоқат.

БУРЗ – боло, қаду қомат; баланд, баландӣ.

БУТИМОР – мурғи моҳихӯр.

БУХТАРУВОН – омурзида, раҳоёфта.

БУҲТАРӢ/ АЛБУҲТУРӢ (821–

899) – шоири араб.

БУ – бувад, бошад.

БӮЗАР – шоири номии араб дар асрҳои миёна.

БӮЗИНА – маймун.

БӮҚАЛАМУН – хазандае, ки ранги пӯсташро дигар мекунад.

БӮҚАЛАМУНӢ – ҳаррангӣ, ноустуворӣ.

БӮСАИД – АБӮСАИДИ АБУЛХАЙР (967 – 1049) – сӯфии шоир.

– В –

ВАҚОҲАТ – бадӣ.

ВАҚФ – мулке, ки аз тарафи касе барои масҷид, мадраса ва ғ. дода шудааст.

ВАЛАНГОР – вайрон, хароба.

ВАРД – гул, гули сурх, садбарг.

ВАРТА – партгоҳ, ҷойи хавфнок.

ВАРТОҶ – офтобпараст.

ВАРҶОВАНД – муҳтарам, соҳибэҳтиром; воломақом.

ВАСӢ – иҷрокунандаи васият; киноя аз халифатии Алӣ, ки ба ақидаи шиъиён ӯ васии пайғамбари ислом аст.

ВАТО – фарш, палос, густурданӣ.

ВАФӢ – вафодор, вафокунанда.

ВАШТӢ – хубӣ, некӣ, зебоӣ; гаронбаҳо.

ВАЪЗ – гуфтори воиз дар бораи корҳои баду нек.

ВАҲДАТ – ягонагӣ, яке будан.

ВИЖАГОН – хосон, баргузидагон.

ВИН – асбоби мусиқӣ.

ВИРД – пайваста такрор кардани сухан ё коре.

ВОЛӢ – сардор, ҳоким, фармонравои вилоят.

ВОЛОГУҲАР – олинажод, олинасаб.

ВОФИР – бисёр, фаровон.

ВОҶИБОТ – ҷамъи воҷиб, қонуну қоидаҳое, ки иҷрои онҳо ҳатмист.

ВОҲИБ – бахшанда, инъомкунанда.

ВУБОЛ – гарон, бори гарон.

– Г –

ГАБР – оташпараст, зардуштӣ.

ГАВ/ ГЕВ – паҳлавон, далер.

ГАВҲАР/ ГУҲАР – асл, ҷавҳар.

ГАВҲАРИ ШАБЧАРОҒ – гавҳари дурахшони гаронбаҳо.

ГАЗ – дарахте, ки аз он тири камон месохтанд.

ГАЗАНД – зарар, офат, осеб, зиён.

ГАЗОФ/ ГИЗОФ – беҳуда, муфт, ҳарза, ҳазён, сафсата, дурӯғ.

ГАНДМУРДОН – мурдорӣ.

ГАР/ ГАРӢ – бемории пӯст, хориш.

ГАРДУНА – ароба.

ГАРОН – сахт, вазнин, сангин, душвор, мушкил.

ГАРОНМОЯГОН – азизон, фарзандон.

ГОҲ – вақт, замон; тахти шоҳӣ, авранг.

ГУВОР – тоза, хуштамъ, бомаза.

ГУДОЗОН – тафсон, сӯзон, сӯзонанда.

ГУМОРИДАН – вогузоштан, вогузор кардан, ҳавола кардан.

ГУРД – паҳлавон, далер.

ГУСАСТАН – кандан, пора кардан, буридан, шикастан.

ГУСТОХ – ҷуръат, ҷасорат; бебок; дилбастагӣ.

ГУШН – нарталаб; нар, нарина.

ГӮР – гӯрхар, хари ваҳшӣ.

– Ғ –

ҒАБҒАБ – гӯшти барҷастаи зери манаҳ.

ҒАВ – фарёди баланд, наъра.

ҒАДР – фиреб, макр, ҳила, тазвир.

ҒАРИБ – нодир, аҷиб, ғалатӣ; мусофир, бекас, хору зор.

ҒАРИЗ/ҒАРАЗ – ҳадаф, мақсад, ният.

ҒАРИЗӢ – ирсӣ, табиӣ, сириштӣ, зотӣ.

ҒИЗОЛ – оҳубарра, оҳу.

ҒИНО – оҳанг, нағма, суруд.

ҒИРЕВ – бонг, фарёд, хурӯш.

ҒОЛИЯБӮЙ – мушкбӯй, хушбӯй, анбарбӯй.

ҒОЛИЯТӮЗ – мушкбӯй, хушбӯй.

ҒОМИЗ – торик, нофаҳмо.

ҒОЯТ – ниҳоят, ҳад, андоза, бисёр, хеле.

ҒУНД – дастаи низомӣ, гурӯҳи низомӣ.

ҒУНҶ/ ҒАНҶ – гирдшуда, ба ҳам омада, лунда.

ҒУСЛ – шустушӯй.

ҒУРФА – болохона, дарича.

– Д –

ДАБИР – муншӣ, мирзо, котиб; наққош, сураткаш; омӯзгор.

ДАВОЛ/ ДУВОЛ – нақора, тасмаи чармин.

ДАҒО – марди дағал ва айбдор, фиребгар, найрангбоз, ҳилагар.

ДАД – ваҳшӣ, ҳайвони дарранда.

ДАЙ – сармо, зимистон; моҳи даҳуми соли шамсӣ, ки ба 23 декабр – 21 январ рост меояд.

ДАҚОИҚ – ҷамъи дақиқ, нозукбаёнӣ, нозукадоӣ.

ДАЛВ – халта.

ДАЛЛОК – сартарош.

ДАНОАТ/ ДИНОАТ – пастӣ, нокасӣ, сифлагӣ, пастфитратӣ.

ДАРЮЗА – гадоӣ, соилӣ, садақаталабӣ.

ДАСТГОҲ – қудрат ва имкон.

ДАСТОН – фиреб, макр, найранг, тазвир, ҳила.

ДАСТУР – вазир; иҷозат; фармон.

ДАСТУРӢ – рухсат, иҷозат.

ДАФИН/ ДАФИНА – кон, ганҷе, ки дар зери замин пинҳон карда шудааст.

ДАХМА – гӯрхона, сағона, мақбара.

ДАҲО – зиракӣ, камоли фикр ва фаросат, ботадбирӣ.

ДАҲР – дунё, ҷаҳон, олам, замона.

ДАШНА – ханҷар.

ДЕБО – порчаи нафиси абрешимии гаронбаҳо.

ДЕВОН – идораи дарбори подшоҳӣ, вазоратхона; маҷлис, ҷамъомад; маҷмӯаи шеър.

ДЕҲҚОН – заминдор; кишоварз, зореъ.

ДИЖ – ҳисор, қалъа.

ДИЖАМ – андуҳгин, ғамгин.

ДИНДОНИШӢ – диншиносӣ.

ДИНОГОҲ – касе, ки аз дину оинҳо огоҳии тамом дорад, диншинос.

ДИРАНГ – таваққуф, таъхир. ДИРАФШ – парчам, ливо, алам, байрақ.

ДИРОСАТ – таълим, илмомӯзӣ, сабақомӯзӣ, доноӣ.

ДИРҲАМ/ ДИРАМ – пули нуқра.

ДОВАР – додрас, ҳокими одил, соҳиби адлу дод, ҳакам.

ДОД – адолат.

ДОДОР – Яздон.

ДОМ – ҳайвони хонагӣ, ромшуда.

ДОР – қаср, сарой, хона, манзил.

ДОСТОН – саргузашт, қисса, ривоят, ҳикоят, афсона.

ДОҲИЯ – бадбахтӣ, мусибат, сахтӣ.

ДОЪӢ – даъваткунанда ба дину оин.

ДУДМОН – хонадон, хонавода; хешу табор; оила, қабила.

ДУЖБОВАРОН – бадбоварон.

ДУЖДИН – баддин.

ДУЖХИРАДОН – бадхирадон.

ДУН – паст, нокас, фурӯмоя, сифла, разил.

ДУРВАНД – пайрави Дурӯҷ, гумроҳ, нопок, дурӯғпараст, девпараст.

ДУРӮҶ – дурӯғ.

ДУРРОҶ – парандае аз ҷинси кабк, мурғи ҳилол.

ДУРУСТГАВҲАР – солим, саломат.

ДУХТАНДАР – духтархонда.

ДУҲУЛ – нақора, табл.

ДӮШИЗА – зани ҷавон.

– Ж –

ЖАЁН/ ЖИЁН – хашмгин, дарранда, ваҳшӣ.

ЖАНДАПИЛ – фили бузург ва боҳайбат; паҳлавон, далер.

ЖАРФ – амиқ, чуқур, тангно, бепоён.

ЖОЖХОӢ – беҳудагӯйӣ.

– З –

ЗАБУН – хор, бечора.

ЗАВОЛ – фурӯпошӣ, охир, поён, интиҳо.

ЗАКО – фаросат, зиракӣ, тезҳуш.

ЗАКОТ – маблағе, ки аз рӯйи шариат аз даромад ва дороӣ ба нафъи бенавоён дода мешавад.

ЗАЛЛА –пасмондаи хӯрок, сарқут; ҳашараи малахмонанд.

ЗАНАБ – дум.

ЗАНАХ – манаҳ, чона, зери манаҳ, зери чона.

ЗАРБ – лаҳн.

ЗАРБӢ – навъи овоз ва оҳанге, ки вазни мураттаб дорад.

ЗАРГУН – зард, тиллоранг.

ЗАРҚ – дурӯягӣ, макр, фиреб, риё, ҳила.

ЗАФОН/ ЗУФОН – забон, сухан.

ЗАЪФИ ТАЪЛИФ – нақс дар баён ва навишт.

ЗИЛУ – гилем, ҷойи намоз.

ЗИНДИҚА/ ЗАНДАҚА – пайравони мазҳаби Занд; бединӣ, бехудоӣ.

ЗИНҲОР ХОСТАН – амон, паноҳ ҷустан.

ЗИРЕҲ – либоси оҳанини ҷангӣ.

ЗИҲ – зиҳи камон, ресмони камон.

ЗӢ – сӯй, тараф, барои, ҷониб.

ЗОВИЯ – кунҷ, гӯша, хонақоҳ, канор.

ЗОД – тӯша, хӯроки роҳ.

ЗОИЛ – залил, паст.

ЗОЛ – пир, фартут, солхӯрда, мӯйсафед; номи падари Рустам.

ЗУЛФАЙН – ду зулф, зулфон.

ЗУННОР – риштае, ки ғайримусулмонон маҷбур буданд онро ба миён банданд.

ЗУРВОН/ ЗАРВОН – номи худоест, ки бо сифатҳои “бекарон” ва “дирангхудой” ёд мешавад.

ЗУЪАФО – ҷамъи заиф, заифон, нотавонон, оҷизон, камқувватон.

ЗУҲАЛ – номи дигари сайёраи Кайвон, ки наҳс ҳисоб мешуд.

ЗУҲУР – пайдоиш, падидойӣ.

ЗУҲД – парҳезгорӣ, порсоӣ, тарки дунё кардан.

ЗУҲДИЁТ – шеърҳои зоҳидона.

– И –

ИБРИҚ – зарфи майнӯшӣ.

ИЗЗ – иззат, эҳтиром, шараф, азиз, арҷманд шудан.

ИЗЗАТ – бузургӣ, арҷмандӣ.

ИКЛИЛ – тоҷ; манзили ҳабдаҳуми Қамар (Моҳ) ва он се ситора аст ба шакли мусаллас (сегона) ба сурати тоҷ.

ИКРОМ – иззат ва эҳтиром намудан.

ИҚТИДОР – қудрат ва тавоноӣ.

ИҚОЪ – ритм.

ИЛОҲИЁТ – илмҳои худошиносӣ.

ИЛТИЗОМ – навъе аз санъатҳои бадеӣ.

ИЛТИФОТ – навъе аз санъатҳои бадеӣ.

ИЛЛО – бидуни, ғайр аз, ба ҷуз.

ИЛТИҶО – паноҳ бурдан, паноҳ хостан.

ИЛҲОН – нағмасароӣ, хушхонӣ.

ИНОН – лаҷом, ҷилав, афсор.

ИНОЯТ – мададгорӣ, дастгирӣ, ёрӣ.

ИНСИҶОМ – якпорчагӣ, ҳамоҳангӣ.

ИНТИСОБ – нисбат,алоқа, хешӣ; насб кардан, барқарор шудан.

ИНТИФОЪ – нафъ, суд, фоида, ҳосил.

ИНЪОМ – бахшиш.

ИРАМ – боғи биҳишт, боғ.

ИРФОН – илми шинохти Худо; сӯфигарӣ, тасаввуф.

ИСКАНДАР – шоҳи машҳури Мақдуния, ки солҳои 336 – 323 пеш аз мелод ҳукумат кардааст.

ИСМАТ – покдоманӣ, иффат; бегуноҳӣ.

ИСТ – диранг, вақфа.

ИСТЕҲКОМ – устуворӣ, маҳкамӣ.

ИСТИҒНО – бениёзӣ, бодавлатӣ, дороӣ; марҳалаи чаҳоруми ваҳдати вуҷуд.

ИСТИНТОҚ – гап занондан, бозпурсӣ.

ИСТИОНАТ – такя, ионат хостан, ёрӣ пурсидан.

ИСТОМ/СИТОМ – зину лаҷоми асп.

ИСТИНОС – унс гирифтан.

ИСТИХФОФ – беқадр, камқадр донистан.

ИТТИЛОЪ – огоҳӣ, хабар, маълумот.

ИТОБ – сарзаниш, маломат, таъна.

ИХВОН – бародарон, дӯстон, ёрон.

ИҲОНАТ – хор кардан, паст задан, ҳақир доштан.

ИШҚ – меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ, марҳалаи дувуми ваҳдати вуҷуд.

– К –

КАБАСТ – рустании кадумонанди талх, ҳанзал.

КАБР – либоси ҷангӣ, хафтон.

КАВКАБ – ситора, сайёра.

КАЙВОН – сайёраи Зуҳал, ситораи наҳс.

КАЙКОВУС – номи шоҳ ва фармонравои номвари Эрон аз хонадони Каёниён.

КАЙЛО – сиреш, ширеш.

КАЙФАР – ҷазо, мукофоти амали бад, сазо, подош.

КАЙФИЯТ – чигунагӣ, сифат, ҳолат, аҳвол, моҳият.

КАЛИСО – ибодатхонаи исавиён.

КАЛОМ – сухан, гуфтор.

КАМАНД – таноб, ресмон.

КАМБУДАГОН – фурӯмоягон.

КАННОР – асбоби мусиқӣ.

КАННОСӢ – хокрӯбӣ, ҷорӯбкашӣ.

КАРДИНАЛ – раҳбари рӯҳониёни католикӣ.

КАРИМОН – бузургон.

КАРКӮЙ – номи яке аз оташкадаҳои машҳури замони бостон.

КАРОН – дур.

КАРПО/ КУРПО – номи гиёҳи давоӣ.

КАРХӢ – Маъруфии Кархӣ, сӯфӣ.

КАСРАТ – бисёрӣ, зиёдӣ, чандӣ.

КАШФ – ихтироъ, эҷод.

КАФФОРА – фидя, товони гуноҳ,ҷуброн.

КАЙХУСРАВ – шоҳи севуми Эрон аз хонадони Каёниён.

КАШОНӢ – аҳли кишвари Кашон.

КЕШ – дин, мазҳаб, тариқ, оин.

КЕҲ – хурд, майда.

КИНАТӮЗӢ – кинаварӣ, кинаҷӯйӣ.

КИРДГОР – Худованд.

КИФОЯТ – бас кардан.

КОЛБУД – ҷасад, қолаб.

КОНО – нодон, гӯл, аҳмақ.

КОРАНҶОМ – коргар, коранҷомдиҳанда.

КОРАФЗОӢ – фармонравоӣ, соҳибӣ.

КОРГАР – муассир, таъсирбахш.

КОРОМАД – даркорӣ, бакороянда.

КОФУР – моддаи хушбӯй, камфара.

КОҲИЛӢ – сустӣ, танбалӣ.

КУДУРАТ – дилтангӣ, хафагӣ; ғам, андуҳ, парешонхотирӣ.

КУНДОВАРОН – доноён, ҳакимон, донишмандон.

КУНҲ – поён, ниҳоят; таг, умқ.

КУФ – бум, ҷуғд.

КУФР – бединӣ, бемазҳабӣ; ношукрӣ, носипосӣ, кӯрнамакӣ.

КУШТӢ – камарбанди зардуштиён, зуннор.

КӮПОЛПИЛ – пили тавоно.

КӮС – нақораи калон, табл, дуҳул.

КӮҲА – хонаи зини асп.

– Қ –

ҚАБЕҲ/ ҚУБҲ – зишт, нозебо, бад, ганда, нописанд.

ҚАБО – либос, пероҳан.

ҚАВС – номи бурҷи нуҳуми фалак.

ҚАЗО – насиб, сарнавишт.

ҚАЗОИ ЯЗДОН – ҳукми илоҳӣ, хости Худо.

ҚАЙИМ – нигоҳбон.

ҚАЙСАР – лақаби подшоҳони Рум ва Юнони қадим.

ҚАЛАНДАРИЁТ – шеърҳои қаландарӣ.

ҚАЛБ – маркази сипоҳ, маркази лашкар; дил.

ҚАЛЛОШ – айёш, майпараст, беному нанг, беору номус, ҳилагар.

ҚАЛЯ – қайла, номи хӯрок.

ҚАСАБ/ ҚАСИБ – либос, матои нафис.

ҚАТРОН – ширеш, шилм; моддаи равғании сиёҳ.

ҚАТТОЛ – хунхор.

ҚИБАЛ – тараф, сӯй, ҷониб.

ҚИЛЛАТ – камӣ.

ҚИЛУҚОЛ – гуфтугӯ, мубоҳиса.

ҚОРУН – пулдори хасисе, ки ба замин фурӯ рафтааст; давлатманд.

ҚОФ – номи кӯҳ.

ҚУЛИНҶ – бемории меъда ё рӯда.

ҚУРБ – қаробат, наздикӣ.

ҚУРОЗА – резаҳои оҳан, тилло ва ғ.

ҚУРС – гирдаи нон ё чизҳои доирашакл.

– Л –

ЛАВН – ранг, гуна.

ЛАВОЗИМОТ – ҷамъи лозима, лозимаҳо, чизҳои даркорӣ.

ЛАВҲА – тахта.

ЛАИМ – паст, ноодам, нокас, ноҷинс, фурӯмоя, сифла.

ЛАМС – қувваи ломиса, ҳисси дарк бо судани даст.

ЛАНГАР – қароргоҳи сӯфиён.

ЛАТОИФ – ҷамъи латиф, нозукиҳо, зарифиҳо, борикиҳо.

ЛАЪБ – бозӣ, тараб, хушӣ, айшу ишрат.

ЛАҲВ – бозӣ, айшу ишрат.

ЛИВО – парчам, алам, байрақ.

ЛОБА – зорӣ, тавалло. ЛОБАЛ – балки.

ЛОЙХӮР – дурдиошом, дурдихӯр.

ЛО НАБИЯ БАЪДӢ – гуфтаи пайғамбар аст ба маънии “баъди ман пайғамбар нест”.

ЛОУБОЛ – бепарво, бебок, нотарс, бетакаллуф.

ЛУҚМОН / ЛУҚМОНИ ҲАКИМ – донишманде, ки дар рӯзгори Довуд зистааст.

ЛУНГӢ – порчаи махсус, ки онро дар ҳаммом банданд.

– М –

МАБДАЪ – асос, замина, асл, оғоз, ибтидо.

МАВАДДАТ – дӯстӣ, муҳаббат. МАВЛО – навкар, чокар, фармонбардор; сарвар, соҳиб, молик.

МАВОД – ҷамъи модда, чизҳо.

МАВҶУДОТ – ҳар чизе, ки вуҷуд дорад.

МАВЪИЗА/МАВЪИЗАТ – панд.

МАҒОК – пастӣ, чуқурӣ, чоҳ, хандақ.

МАҒРИБ – номи умумии мамлакатҳои Африқои Шимолӣ (Лубнон, Тунис, Марокаш, Алҷазоир).

МАДОР – маркази гардиш, меҳвар, асос, бунёд.

МАДҲУШ – беҳуш, маст, беҳол, бехуд, моту маҳбут, парешон.

МАЗАЛЛАТ – хорӣ, залилӣ.

МАЗАРРАТ – зарар, зиён, осеб.

МАЗДОЯСНА – Аҳурамаздо.

МАЗЛИМА – зулму ситам, беадолатӣ.

МАЗЛУМ – зулмдида, ситамкаш, ҷафокашида.

МАЗҲАР – зуҳургоҳ, ҷойи намоёншавӣ.

МАЙМАНА – ҷиноҳи рости сипоҳ.

МАЙСАРА – ҷиноҳи чапи сипоҳ.

МАКНУН – нуҳуфта, пинҳон.

МАҚАР – ҷойгоҳ, қароргоҳ, нишемангоҳ.

МАҚДУР – тавоноӣ, қудрат, имкон, имконпазир.

МАҚСУД – қасд, ният, талаб, орзу, мурод.

МАҚТАЪ – анҷом; байти охири ғазал ва қасида.

МАЛЕҲ – зебо, хуш, дилкаш, намакин.

МАЛИКУЛАРШ – соҳиби замин, киноя аз Худо.

МАЛЪУН – лаънатӣ, рондашуда.

МАМДӮҲ – касе, ки мадҳ мешавад.

МАН – воҳиди вазн, ки баробар ба 180 мисқол ё 846 г. аст.

МАНЗАР – назоратгоҳ, дидбонгоҳ, мадди назар.

МАНЗИЛАТ – қадр, поя, эътибор, мақом, мартаба, дараҷа.

МАНИШ – андеша, фикр.

МАНОҚИБ – ҷамъи манқабат, васфи хубиҳо ва фазилатҳо.

МАНСУХ – барҳамхӯрда, бекоршуда.

МАНТИҚУТТАЙР – забони мурғон, гуфтугӯ, суҳбат.

МАНШУР – санад, фармон; интишорёфта, нашршуда.

МАР – ҳиссачае, ки пеш аз калима бо пасванди “ро” меояд.

МАРҒ – алаф, марғзор, чаманзор.

МАРМУЗ – борамз, рамзомез, пӯшида.

МАРҶАЪ – ҷойи руҷӯъ, паноҳгоҳ, каси боэътимод.

МАРЯМ – модари пайғамбар Исо.

МАСЛАХ – ҷойи либоскашӣ.

МАСМӮЪ – шунидашуда, ба гӯш расида.

МАСОФ – саф бастан, омода шудан ба ҷанг.

МАСТУРӢ – покдоманӣ, бопардагӣ, пӯшидагӣ.

МАТАР – борон. МАТЛАБ – мурод, мақсад.

МАТЛАЪ – оғоз; байти нахусти ғазал ва қасида.

МАТОНАТ – матинӣ, эътибор.

МАУНАТ – ёрӣ, мадад; озуқа, таъминот.

МАФКУРА – андеша, фикр.

МАФХАР – ифтихор, боиси ифтихор, фахр.

МАХЗАН – хазина, ганҷур.

МАХЛУҚОТ – ҳар чизе, ки халқ шудааст, офарида шудааст.

МАХМУР – хуморӣ, хуморолуда, маст.

МАҲД – каҷова, ҳавдаҷ.

МАҲДӢ – вориси охирини Пайғамбар Муҳаммад; ҳодии (раҳнамои) роҳи Аллоҳ.

МАҲРУМОН – бебаҳрагон, бенасибон.

МАҲҶУР – ҷудомонда, дурафтода, дар ҳаҷр буда.

МАҲҶУРӢ – ҳиҷрон, дурӣ, ҷудоӣ.

МАҶМАЪ – ҷамъомад, нишаст, маҷлис, маҳфил.

МАҶОЛ – тавоноӣ, қудрат, имкон.

МАШЪАЛА – латтапораҳои нафтолуди нӯги чӯб, ки дар шаб дармегиронанд.

МАЪДУМ – нест шудан, гум шудан.

МАЪЗУН – дараҷаи дувум дар силсиламаротиби мазҳаби исмоилия.

МАЪЛУФ – алафзор, обхур; унс гирифта, маънус, улфат.

МАЪМАН – макон.

МАЪРИФАТ – марҳалаи севуми ваҳдати вуҷуд.

МАЪСУМ – пок, бегуноҳ.

МЕНУ – олами улвӣ (боло), осмон, рӯҳ, равон; биҳишт, фирдавс.

МЕҲ – бузург.

МЕҲМОНХУДОЙӢ – соҳиби меҳмон будан.

МЕҲНАТ –заҳмат, ранҷ.

МЕҲНАТКАШ – заҳматкаш.

МЕҲТАРӢ – бузургӣ, шоҳӣ.

МЕҲТАРОН – бузургон.

МЕЪОД/МИЪОД – ваъдагоҳ.

МИДҲАТ – мадҳ, васф, ситоиш.

МИЗОН – бурҷи ҳафтуми фалак.

МИЗОҶ – табиат, сиришт, хулқ, ниҳод.

МИЛ – сими оҳанини тафсон барои нобино кардани чашм.

МИҒФАР – кулоҳи оҳанини ҷангӣ, хӯд.

МИҚДОР – қадр, арзиш.

МИҚНАА – чодари занон, сарандоз.

МИҶМАР/ МАҶМАР – оташдон, манқал, зарфест, ки дар он ангишт мешукуфонанд.

МИТРАФ – чодари мунаққаш.

МОВАРО – он тараф, он сӯ.

МОДАНДАР/МОДАРАНДАР – модархонда.

МОМ – модар.

МОНАВӢ – пайравони Монӣ.

МОНӢ – наққоши моҳир ва чирадасти даврони Шопури Аввал.

МОСТ –ҷурғот.

МОЧИН – ғайри Чин, мамлакатҳои ҳамсояи Чин.

МУАЗЗАМ – бузург.

МУАККАД – таъкидшуда.

МУАҚРАБ – каж.

МУАНБАР – хушбӯй, анбарин, муаттар.

МУАРБИДӢ – ҷангҷӯӣ.

МУАССИР – таъсиркунанда.

МУБАРРО – пок.

МУБОШАРАТ – коргузорӣ кардан; муоширати зану мард, заношӯйӣ.

МУБТАЛО – гирифтор, муътод.

МУБТИЛ – ноҳақ, нодон.

МУБҲАМ – норавшан, номаълум.

МУВАККАЛ – ваколатгирифта, гумошта. МУҒ – пайрави дини зардуштӣ.

МУҒОНА – мансуб ба муғ.

МУДДАӢ – даъвогар, додхоҳ,адолатталаб.

МУДАББИР – соҳибтадбир, тадбиркунанда, ботадбир, чораҷӯ, сардор.

МУДБИР – бетолеъ, давлатбаргашта.

МУДОРО – муомилаи нек, лутф, илтифот.

МУЗДУР – мардикор, коргари кироя.

МУЗМАР – пӯшида, пинҳон, махфӣ.

МУЗОАФ – дучанд, ду баробар.

МУЗТАР – ноилоҷ, ночор, дармонда.

МУКТАСАБ – касбшуда, омӯхташуда.

МУҚАДДАМОТ – ҷамъи муқаддима, дебоча; пешраванда.

МУҚАДДИМАИ ҚИЁСӢ – муҳокимарониҳои мантиқӣ.

МУҚАФФО – боқофия, қофиядор.

МУҚБИЛ – хушиқбол, хушбахт.

МУЛАВВАН – рангин, гуногунранг.

МУЛҲИД – бедин, беимон. МУЛУК – ҷамъи малик, маликон, подшоҳон.

МУМАЙЙИЗ – фарқкунандаи неку бад.

МУМТАҲАН – имтиҳоншуда, озмуда ва санҷидашуда.

МУНКАР – инкоршуда, бад, зишт, қабеҳ, ношоиста, номуборак.

МУНҚАТЕЪ – бурида, кандашуда, қатъшуда.

МУНОФИҚ – дурӯ; кофир, бедин.

МУНСИФОН – боинсофон, бовиҷдонон, одилон.

МУОШИРАТ – бо ҳам зистан, муносибат бо ҳамдигар.

МУРДОДМОҲ – моҳи панҷуми соли шамсӣ, ки бо 25 июл – 22 август рост меояд.

МУРАККАБОТ – ҷамъи мураккаб, мураккабиҳо, мушкилот.

МУРАССАЪ – ороста.

МУРАТТАБ – ботартиб, мунтазам.

МУРООТ – риоя кардан.

МУРУВВАТ – эҳсон, лутф, инсоф, раҳм, марҳамат.

МУСАЛЛАМ – таслимшуда,тандода, тобеъшуда.

МУСАРРАҲ – равшан, маълум.

МУСАХХАР – тасхир, таслим.

МУСАҶҶАЛ – муҳру имзо шуда, васиқа шуда.

МУСОВО – баробар.

МУСОИД – муносиб.

МУСТАВҶИБ – сазовор.

МУСТАҒРАҚ – ғарқшуда, фурӯрафта.

МУСТАМАНД – муҳтоҷ, зор.

МУСТАОР – ориятӣ, амонатӣ, муваққатӣ.

МУСТАҶИБ – дараҷаи аввал дар силсиламаротиби мазҳаби исмоилия.

МУСТАҶОБ – иҷобатшуда, қабулшуда.

МУСТАҲАҚ/МУСТАҲИҚ – ҳақдор, лоиқ, сазовор, шоиста.

МУСҲАФ – Қуръон.

МУТААССИБ – ботаассуб, боғараз.

МУТАВОЗЕЪ – фурӯтан, хоксор.

МУТАҚАРРИБ – наздикшаванда, ба ҳам наздик.

МУТАСАРРИФ –соҳиб, молик, дар тасарруф доранда.

МУТТАФИҚ – ҳамраъй, якдилу якзабон.

МУЪТАМАД – боэътимод, соҳибэътимод.

МУҲАРРАМ – моҳи аввали ҳиҷрии қамарӣ, ки дар он ҷанг кардан мамнӯъ буд.

МУҲИТ – уқёнус.

МУҲИМ – мушкиле, масъалае, коре.

МУҲОЛОТ – ҷамъи муҳол, иҷроношуданиҳо.

МУҶАЛЛАД – китоби ҷилдшуда, ҷилд.

МУҶАРРАД – ғайримоддӣ, ғайриаёнӣ.

МУҶИБ – сабаб, боис; ҷавобдиҳанда, ҷавобгӯянда.

МУШАҲҲАР – машҳур.

МУШТАРӢ – номи сайёра, ки онро Бирҷис, Ҳурмуз ва Юпитер низ меноманд; харидор, мизоҷ.

МУШФИҚ – дилсӯз, меҳрубон, шафқаткунанда.

МУҲТАВО – мазмун, мундариҷа.

МУБАД – донишманди оташпараст, раҳбари маънавӣ.

МУБАДОНМУБАД – саррӯҳонии зардуштиён.

МУНИС – ҳамдам, ҳамсуҳбат, дӯсти наздик.

МУҶАЗ – мухтасар.

– Н –

НАБАРДА – паҳлавон, далер, ҷанговар.

НАБАҲРА – носара, қалб; паст, ночиз.

НАБИД –шароби хурмоӣ.

НАБОТОТ – рустаниҳо.

НАВАРД – писандида, сазовор, лоиқ, муносиб.

НАВАРДИДАН – печидан, гузаштан, тай кардан, қат кардан, гардидан.

НАВҲА – гиря, зорӣ, фиғон.

НАҒИЛ – оғил, кодок.

НАДАБ – зариф, наҷиб; усул ва матлабе дар бозии нард; ҷой ва асари захм.

НАЖАНД – андуҳгин, ғамгин, боҳасрат.

НАЙСОН – моҳи ҳафтуми тақвими сурёнӣ, ки ба моҳи апрел баробар меояд.

НАМОЗ БУРДАН – таъзим кардан.

НАРСӢ – номи вазир.

НАСК – бахшҳои Авесто.

НАФС – ҷон, рӯҳ, табиати инсон; зот, асл, вуҷуд; шахс, худ.

НАФУР – касе, ки аз чизе ё касе танаффур дорад.

НАХИЛОТ – ҷамъи нахл, хурмозор.

НАХЛИСТОН – хурмозор.

НАҲВА – чигунагӣ; равиш, шева.

НАҲЗАТ – ҳаракат, ҷунбиш.

НАҲИФОЗӢ – бепарвоӣ.

НАҲС – бадбахтӣ, бадтолеӣ, шум, бехосият.

НАЪТИ ЗАМИН – ситоиши замин.

НЕВ – паҳлавон, далер, диловар.

НЕКБАҲРА – бахосият.

НЕКФАРМОН – одил.

НИГОРИСТОН – ҷое, ки нақшу нигор дорад; суратхона.

НИЗОР – зор, суст, заиф, хароб.

НИЁИШ – ҳамду сано, зикр, дуои хайр.

НИЛ – номи гиёҳе, ки аз он ранги нилӣ мегиранд.

НИСБА – номи марбут ба макон.

НИЪМОТ – ҷамъи неъмат, неъматҳо, хӯрданиҳо.

НИҲЕБ – тарс, бим.

НИШОТ – хурсандӣ, хуррамӣ.

НИШОТИ КАЙҚУБОДӢ – шодии шоҳона.

НОБИҒА – гений, абармард, одами фавқулодаи баландистеъдод.

НОВАК – тир.

НОДИР – гоҳе, ногаҳон, ноёб, камёб.

НОЗИР – назоратгар.

НОҚУС – зангӯлаи калисо.

НОЛ – най, нола.

НОСИГОЛИДА – нодон, сода, бетаҷриба.

НОСИПАРДАҶАҲОН – бетаҷриба.

НОФИЗ – ҷорӣ.

НОҲИНҶОРӢ – номувофиқатӣ.

НУДРАТ – тасодуф, гоҳ–гоҳ.

НУСРАТ – пирӯзӣ.

НУТФА – ҷанин.

НУҶУМ – ситорашиносӣ.

НУЪМОН/ НУЪМОН БИННИ МУНЗУР – ҳокими Ҳайра дар даврони ҷоҳилият ва муосири подшоҳони сосонӣ.

НӮШ – асал, ширин.

НӮҲ – пайғамбаре, ки насабаш ба Одам мерасад.

– О –

ОБГИНА – шишаи май.

ОБИДА – пайкара, муҷассама, ёдгорӣ.

ОБИШХӮР – обхӯра, ҷойи обгирӣ.

ОБОДОН – солим.

ОБОН – рӯзи даҳуми моҳ ва моҳи ҳаштуми сол.

ОВАНГ – ресмоне, ки ба он ангур овезанд.

ОВАРДГОҲ – майдони ҷанг.

ОВО – овоз, садо.

ОГАНДА – пур, фарбеҳ; гирдоварда, ҷамъкарда, ғункарда.

ОЗ – ҳирс, тамаъ; ранҷ.

ОЗАРМ – одамият, қадр, мазилат; шарм, ҳаё.

ОЗИН – ороиш, зинат.

ОЗОДАГОН – ориёиён, тоҷикон.

ОЗОДМАРДОН – некмардон, ҷавонмардон.

ОИН – дин, расм.

ОЛ – авлод, хонадон.

ОМ – умумӣ, оммавӣ.

ОС – бунёд, поя, асос.

ОСТӢ – остин.

ОФОҚ – ҷамъи уфуқ, дунё, олам.

ОХТАН – берун кардан, баровардан.

ОҲУН – таҳхона, оғили дари хона, чоҳ, нақб, роҳи зеризаминӣ.

ОҶ – сафед.

– П –

ПАДРУД – хайрбод, хайрхуш, видоъ.

ПАЙҒАВӢ – яке аз навъҳои хати ҳиндӣ.

ПАЙК – мужда, навид; қосид, хабаррасон, паёмбар.

ПАЙКОР – ҷанг, хусумат, мубориза.

ПАЛИД – нопок.

ПАРАНД – ҳарир, шоҳӣ, матои абрешимии нафис.

ПАРВЕЗАН – элак, ордбез.

ПАРИ КАРГАС МАРО – озод шудан, раҳоӣ ёфтан.

ПАРНИЁН – матои нафис, ҳарир.

ПАРХОШ – ҷанг, ситеза.

ПАЮ ПАХШ – нишон, асар, нақши пой.

ПЕШКОР – хидматгор, пешхидмат.

ПИЛГӮШ – номи гул, савсан.

ПИНДОР – андеша, маниш.

ПИРОЯ – ороиш.

ПИРӮЗА – фирӯза.

ПИРӮЗГАР – ғолиб.

ПИСАНДАР – писархонда.

ПИСТУ/ ПИСТ – талқон, орд.

ПОДЁБ – яке аз фарзҳои дини зардуштӣ.

ПОДОШ – мукофот.

ПОЗАҲР – давои зидди заҳр.

ПОЙБАРҶОЙ – боадаб.

ПОКАВРАТ – покдоман.

ПОЛУДА – ҳалвое, ки аз орд, қанд, асал, нишоиста ва ғ. мепазанд.

ПОЛҲАНГ – тасма ё ресмони лаҷом, ҷилав.

ПУР – писар.

ПОР – порсол, соли гузашта.

ПОРСОЁН – тақводорон.

ПУР – писар.

ПӮШИШ – кафан.

– Р –

РАББӢ – ай Худои ман.

РАБЕЪУЛАВВАЛ – моҳи аввали баҳор.

РАВОҚ – пешайвон, гунбаз, меҳроб.

РАВОН – ҷон.

РАДОН – сарварони рӯҳонӣ, доноён, хирадмандон.

РАЗБУН – токи ангур.

РАИЯТ – табаа, омма, мардум.

РАЙҲОН – гул.

РАМАЗОН – моҳи нуҳуми соли қамарии ҳиҷрӣ.

РАНҶА – муҳтоҷ, эҳтиёҷманд.

РАСТГОРӢ – озодӣ.

РАСУЛ – фиристода, пайғамбар.

РАФЪАТ – меҳрубонӣ, дилсӯзӣ, раҳмдилӣ, ғамхорӣ.

РАҶАБ – моҳи ҳафтуми соли қамарии ҳиҷрӣ.

РИБО – судхӯрӣ, суд, фоида.

РИДО – болопӯш, або, ҷома.

РИЗВОН – биҳишт.

РИЁ/ РӮЮ РИЁ – дурӯягӣ, мунофиқӣ.

РИЁЗ – гулистон.

РИЁЗИЁТ – илми ҳисоб.

РИКОБ – узангу.

РИНД – зирак, ҳушёр, озодфикр, бебок, бепарво нисбат ба шариат, ишратпараст.

РИҶО – палидӣ, касофат, мурдорӣ, қабоҳат.

РИШХАНД – масхара, истеҳзо, мазоҳ.

РОВӢ – ривояткунанда.

РОҒ – чаман.

РОД – сахӣ, ҷавонмард.

РОЙ – раъй, андеша, фикр, ақида.

РОЙИ ҲИНД – подшоҳи Ҳинд, роҷа.

РОМИШ – нағма, суруд.

РОМИШБАХШ – лаззатбахш.

РОЙГОН – муфт, бемузд.

РОҲИБ – рӯҳонии насронӣ, ки тарки дунё карда, дар дайр машғули ибодат мешавад.

РУБЪ – чоряк.

РУБЪИ МАСКУН – чоряки аҳолинишини рӯйи замин.

РУҚЪА – нома.

РУМ – номи қадими империяи Рим.

РУМУЗ – ҷамъи рамз, рамзҳо.

РУМҲ – найза, синон.

РУСПИЗОДА – ҳаромӣ.

РУТАБ – хурмои тар; ризқурӯзӣ.

РӮЗӢ – насиба, ризқ.

РӮЙ – рӯҳ, маъдани сафедранги моил ба кабудӣ.

– С –

САБҚАТ – мусобиқа, бозӣ.

САБУРӢ – сабр кардан.

САВДО – бемории рӯҳӣ, савдоӣ.

САВО – баробар.

САВОД – деҳкадаҳои атрофи шаҳр.

САВТИЁТ – овонависӣ.

САГБАНД – чокар, банда, ғулом.

САГЗӢ – аҳли Сиистони қадим; лақаби Рустами Достон.

САДР – пешгоҳ, аввал, оғоз, пешво, садр, раис, сардор.

САҚЛОБШОҲ – шоҳи славянҳо.

САҚҚОЁН – машкобон, обкашонон, обфурӯшон.

САЛАМ – байъона.

САЛАФ – гузаштагон.

САЛЛА – дастор, аммома.

САЛМОН / САЛМОНИ ФОРСӢ (РӮЗБЕҲ) – аз саҳобаҳои Пайғамбар.

САМАР – машҳур; афсона.

САМОЪ – нағма, суруд; базми сӯфиёну дарвешон.

САМУМ – боди гарм, гармсери сӯзон.

САНДОН/ СИНДОН – асбоби оҳангарӣ, мисгарӣ ва заргарӣ.

САРАТОН – номи бурҷи чаҳоруми фалак.

САРЕҲ – равшан, возеҳ, ошкор.

САРИР – тахт.

САРФУ НАҲВ – морфология ва синтаксис.

САФЕҲӢ – аблаҳӣ, нодонӣ, кӯтоҳақлӣ.

САФИНА– киштӣ; дафтари шеър. САФО – покӣ, тозагӣ, равшанӣ.

САФРО – зардӣ, зардаҷӯш, талха, ярақон, бемории гурда.

САҲБОН – шоири номии араби асрҳои миёна.

САҲҲОФӢ – ҷилдсозӣ, муқовабандӣ.

САҶЪ – навъе аз санъатҳои бадеӣ, истифодаи калимаву таркибҳои ҳамвазну ҳамқофия маъмулан дар наср ва баъзан дар шеър.

СИЛА – ҳаққи қалам, музд.

СИЛЕҲ – силоҳ, аслиҳа.

СИЛӢ – торсакӣ, шаппотӣ.

СИМ – нуқра.

СИМУРҒ – номи парандаи асотирӣ.

СИПАНҶ – амонат, муваққат, орият, ҷойи муваққатӣ.

СИПАҲБАД/ СИПАҲБУД – сардор, сарлашкар, фармондеҳ, раис.

СИПЕҲР – фалак, осмон, чархи фалак.

СИПОС – шукр, ҳамду сано, миннат.

СИРАТ – одат, хислат, табиат, рафтор.

СИРЕШИМ – моддаи часпанда, ширеш.

СИРҚА – дуздӣ.

СИТАБР – ғафс, сахт, маҳкам.

СИТАМ – зӯрӣ, ҷавр.

СИТЕҲ – ситеза, чанг, хусумат, адоват, душманӣ.

СИФАНДОРМУЗ – номи рӯзи панҷуми моҳ.

СИЯР – ҷамъи сира, зиндагиномаи Пайғамбар.

СОБӢ – пайрави Собӣ.

СОВ – андоз, хироҷ, молиёт.

СОЗ – асбоби сафар, рахт.

СОЛОР – сардор, сарлашкар, фармондеҳ, раис.

СОЛОРӢ – сардорӣ, сарварӣ, пешвоӣ.

СОМ – номи бобои Рустам.

СОМЕЪ – шунаванда.

СОМОН – тартиб, интизом; молу мулк, дороӣ.

СОҲИБҚИРОН – хушбахт, хуштолеъ, зафарманд.

СОҲУН – ғарра, мафтун.

СУДАГАР – суфтагар.

СУДРА – пероҳани нахии сафед ва кушоди динии зардуштиён.

СУЛТОН – унвони подшоҳ.

СУЛУК / ВОДИИ СУЛУК – роҳ, тариқа дар тасаввуф.

СУНБУЛА – номи бурҷи шашуми фалак.

СУНЪ – санъат, ҳунар, дониш, маърифат.

СУР – ид, ҷашн, хурсандӣ.

СУРУШ – фаришта; ваҳй.

СУТУР – чорпои саворӣ ва боркаш.

СУТУРГОҲ – тавила, саисхона.

СУТӮҲ – ғамгин, афсурдахотир.

СУФТ – дӯш, китф; дам, нӯг.

СУҶУД – саҷда кардан, таъзим.

СӮК / СӮГ – андуҳ, ғам, мотам.

– Т –

ТААЗЗУР – сахтӣ, душворӣ; номумкинӣ, маҳол будани чизе; узр овардан.

ТАЗАЪУФ – заифӣ, нотавонӣ.

ТААҲҲУД – нигоҳубин.

ТАБАНГУ – сандуқ, дорудон. ТАБИИЁТ – илмҳои табиатшиносӣ.

ТАБОЕЪ – ҷамъи табъ, табиат, мизоҷ.

ТАБОР – хонадон, хешон, наздикон.

ТАБОҲ – хароб, вайрон, фосид.

ТАВАҚҚУФ – ист, истодан.

ТАВҚ – овезаи гардан.

ТАВОЗУЪ – фурӯтанӣ, хоксорӣ.

ТАВФИҚ – мувофиқат додан, мувофиқ гардонидан.

ТАВҲИД – ягонагӣ, ваҳдат, эътиқод ба ягонагии Худо; марҳалаи панҷум дар тасаввуф.

ТАҒАЗЗУЛ – оғози қасида, ки мазмуни ошиқона дорад.

ТАДБИР – чора.

ТАЙЛАСОН – ҷомаи васеъ ва дарози беостин, ки рӯҳониён ва қозиён мепӯшанд.

ТАЙР – паранда.

ТАКАЛЛУФ – зиёдаравӣ дар сухан.

ТАҚАРРУБ – наздикӣ.

ТАҚВИЯТ – қувват додан, тавоно кардан.

ТАҚВО – парҳезкорӣ, порсоӣ, худотарсӣ.

ТАҚОЗО – талаб, хоҳиш.

ТАҚФИЯ – қофия кардан.

ТАЛАБ – марҳалаи аввали ваҳдати вуҷуд.

ТАЛ – пушта, теппа.

ТАЛҚИН – ёд додан, фаҳмондан, таълим додан.

ТАЛОЯ – дастаи пешрави низомӣ, гурӯҳи иктишофӣ.

ТАМСИЛ – мисол овардан, ташбеҳ кардан.

ТАНЗ – ҳаҷв, шӯхӣ.

ТАНОФУР – нафрат.

ТАПОНЧА – тарсакӣ.

ТАРАБ – хурсандӣ, хушӣ.

ТАРГ / ТАРК – кулоҳи ҷангӣ, тоскулоҳ.

ТАРИҚАТ – роҳу равиш, мазҳаб; марҳалаи дувуми расидан ба ҳақ.

ТАРОНАК – навъи шеъри қадимӣ, дубайтӣ

ТАРРА – сабзавоти хӯрокӣ.

ТАРСО – насронӣ.

ТАРФАТУЛЪАЙН – як лаҳза.

ТАСАЛЛУТ – ҳокимият, ҳукмронӣ, дастёбӣ.

ТАСАЛЛУФ – лофзанӣ, манманӣ.

ТАСМИМ – қарори ниҳоӣ гирифтан, азми қатъӣ кардан.

ТАСХИР / МУСАХХАР – ром кардан, ба даст овардан, забт намудан.

ТАТАББӮЪ – пайравӣ кардан, ҷавоб гуфтан.

ТАФОХУР – фахр, ифтихор.

ТАФТ – гармӣ, ҳарорат; шитоб.

ТАФТА – тори тортанак; сӯзон, гудохта.

ТАХШ – навъе аз тир, тири оташбозӣ, мушак.

ТАҲАЙЮР – ҳайрат, тааҷҷуби зиёд.

ТАҲАККУМ – зӯрӣ овардан.

ТАҲАММУЛ – сабр, тоқат.

ТАҶАЛЛӢ – акси нур.

ТАҶРИД – дур гирифтан, канорагирӣ, гӯшанишинӣ.

ТАШВИР – хиҷолат, шармсорӣ.

ТАЪБИР – баён намудан, шарҳ, тафсир.

ТАЪВИЛ – баён кардан, шарҳ додан, тафсир намудан.

ТАЪЛИҚ – овехтан, банд кардан; навиштан, зикр кардан.

ТАЪЛИФӢ – муаллифӣ.

ТАЪНОТ – ҷамъи таъна, коҳиш, маломат, сарзаниш, ришханд.

ТЕМОР / ТИМОР – андуҳ, ғам, ранҷ; ғамхорӣ, парасторӣ.

ТИЗ – шоша, пешоб, мезак.

ТИЛОЛ – ҷамъи тал(л), пушта, теппа,тӯдаи хок ва рег; шабнам; борони реза. ТИРОЗ – нақшу нигори ҷома.

ТИРОЗИДАН – ороиш додан, оростан, перостан.

ТИҲИГӢ – охир, анҷом, завол.

ТОВ – тобу тоқат.

ТОМЕЪ – тамаъкор.

ТОҲИР – пок.

ТОЗАХЕЗ – нав.

ТОИФА – қабила, қавм, гурӯҳ, тӯдае аз мардум.

ТОҚАТ – тавон, тоб, бардошт. ТОҶВАР – шоҳ.

ТУРКИСТОН – номи дигари Мовароуннаҳр ё Варорӯд.

ТУРУНҶ – мевае аз ҷинси лиму.

ТУХМА –асл, нажод.

ТӮШ – қувват, неру, бадан, тан.

– У –

УД – асбоби мусиқӣ, барбат.

УҚУБАТ – ҷазо.

УЛУМИ АДАБӢ/ ИЛМИ АДАБ – маҷмӯи илмҳои филологӣ дар асрҳои миёна.

УРДИБИҲИШТ – моҳи дувуми соли шамсӣ, ки ба 21 апрел – 21 май рост меояд.

УСУЛИ ДИН – аслҳои дин.

– Ф –

ФАҚРУ ФАНО – марҳалаи ҳафтуми ваҳдати вуҷуд.

ФАЛОТУН / АФЛОТУН (429-347 пеш аз мелод) – файласуфи юнонӣ.

ФАННИ ШЕЪР – шеършиносӣ, поэтика.

ФАР (Р) – фурӯғ, дурахшиш, саодат, шукӯҳ, ҷалол, шаъну шавкат, барозандагӣ, зебандагӣ.

ФАРАС – асп.

ФАРАҲ – шодмонӣ, хурсандӣ.

ФАРВАРДИН – моҳи аввали солшумории шамсӣ, ки аз 21 март то 21 апрелро фаро мегирад ва рӯзи нуздаҳуми моҳ.

ФАРЗОНА – донишманд, ҳаким.

ФАРИЗА – вазифаҳои диние, ки иҷрои он ҳатмист, ҳамчун намоз, рӯза ва ғ.

ФАРҚ – тори сар.

ФАРОЗ – баландӣ, бароз; берун; гирдоварӣ.

ФАРРАҲӢ – нур.

ФАРРИ КАЁН – нури яздонист, ки ҳар кас онро дошта бошад, мувофиқи бовари қадим ба шаҳрёрӣ расад.

ФАРСАНГ – масофаест, ки тақрибан ба 6 км баробар аст.

ФАРТ – ғоят, дараҷа, камол.

ФАРТУТ – пир.

ФАРҶОМ – поён, анҷом.

ФАРШ – замин.

ФАРҲАНГ – дониш, илм, маърифат.

ФАСОД – зишткорӣ, бадахлоқӣ, табоҳӣ.

ФАТТОН – дилрабо, шӯхчашм.

ФАШ – нӯги овезони салла.

ФИКР – андеша, тааммул.

ФИҚҲ – илми ҳуқуқи исломӣ.

ФИРДАВС – боғи биҳишт.

ФОЗИЛ – олим, доно, донишманд, соҳибфазилат.

ФОИЗ – файздиҳанда.

ФУЗУЛ – забондароз, пургӯй, сафсатагӯй, мудохилакор.

ФУНУН – ҷамъи фан, фанҳо.

ФУРӮЗАҲОИ ҲАФТГОНА – фариштаҳои ҳафтгона дар дини зардуштӣ, мисли Спандмену, Ашо ва ғ.

ФУСУЛ – ҷамъи фасл, унсурҳо.

ФУСУС – гузарон.

ФУТӮҲ – ҷамъи фатҳ, кушоиши кор, пешрафт.

ФУШ – ёли асп.

– Х –

ХАЗ – ҷонварест, ки аз пӯсти он пӯстин дӯзанд.

ХАЗЛОН – бебаҳрагӣ, бадбахтӣ, бечорагӣ, хорӣ; худдорӣ аз ёрӣ расонидан.

ХАЗИБ – рангдода, рангин.

ХАЙЛ – гурӯҳи лашкар.

ХАЙМА / ХИЁМ – чодар, хиргоҳ.

ХАМРИЯ – шеъри шароб, шаробнома, майнома.

ХАНУР – хурма, зарф, кӯза.

ХАРВОР / ХИРВОР – бори як хар баробар ба 300 кг.

ХАРИТА – халтаи чармин.

ХАРИФ – тирамоҳ, хазон.

ХАСТА – ҷароҳат.

ХАСТУ / ХИСТУ – иқроркунанда, пазирандаи бовару эътиқод.

ХАТТОТӢ – хушнависӣ.

ХАФТОН –қабо, ҷома, либоси ҷангӣ.

ХАШШӢ – хушӣ, хуштамъ.

ХИЗР / ХОҶАИ ХИЗР – аз авлиёи Худо мебошад ва устураи оби ҳаёт бо номи ӯ пайваста аст.

ХИЛЪАТ – либос.

ХИРӢ – гули хайрӣ.

ХИРҚА – либоси дарвешон, ҷомаи порагӣ.

ХИРХИР – беҳуда, бесабаб, ҳайрон.

ХИСОЛ – ҷамъи хислат, хислатҳо.

ХИТО – номи вилояте дар шимоли Чин, ки имрӯз бо номи Синтзян ё Кошғар ёд мешавад.

ХОВАР – шарқ, машриқ, офтоббаро.

ХОҚОН – лақаби подшоҳони турку муғул.

ХОСТА – дороӣ, симу зар, зар.

ХОТУН – зани калони хона, кадбону, хонум.

ХУБС – бадӣ, зиштӣ.

ХУДӢ – пойбанди худ ва олами моддӣ будан дар тасаввуф.

ХУЛД – биҳишт.

ХУЛҚОН – куҳна, фарсуда.

ХУНЁГАР – мутриб, нағмасаро, муғаннӣ.

ХУНУК – офарин.

ХУҶАСТАПАЙ – некқадам.

ХӮ – хӯй, хулқ.

ХӮД – кулоҳи ҷангӣ.

– Ҳ –

ҲАББАЗО – офарин.

ҲАБСИЁТ – шеърҳои зиндонӣ.

ҲАВАЛ – олусӣ, дубинӣ.

ҲАВЛ – тарс, бим, ваҳшат, воҳима.

ҲАВОДИС – ҷамъи ҳодиса, ҳодисаҳо.

ҲАВОЮ ҲАВАС – орзую ҳавас.

ҲАДИС – гуфтаҳо ва ривоятҳое, ки аз пайғамбар Муҳаммад нақл кардаанд.

ҲАЖИР – нек, хуб, зирак, ҳушёр; писандида, дилкаш, хушу хуррам.

ҲАЗИН – ғамгин, андуҳгин, ҳасрат.

ҲАЗИРА – чордевор, ҳаёт.

ҲАЗЛ – шӯхӣ, мазоҳ, ҳаҷв.

ҲАЗМОН – ҳар замон.

ҲАЗРАТ – ҳузур, наздик.

ҲАЙАТ – илм дар бораи ҷисмҳои осмонӣ, коинотшиносӣ.

ҲАҚИҚАТ – яке аз марҳалаҳои шинохти ҳақиқати кул – Худо дар тасаввуф.

ҲАҚОИҚ – ҷамъи ҳақиқат, вуқӯъгӯйӣ дар шеър.

ҲАҚУД – кинадор.

ҲАЛАБ – шаҳрест дар Сурия.

ҲАМАЛ – барра, номи бурҷи якуми фалак.

ҲАМДОСТОН – ҳамфикр, розӣ.

ҲАМЗӮР – баробар.

ҲАМЛ – бардоштан, кашидан.

ҲАМНӮШ – ҳамқадаҳ.

ҲАМОЛ – ҳамзӯр.

ҲАМПУРСАГӢ – гуфтугӯ.

ҲАМХӮРИШ – ҳамкоса.

ҲАНДАСА – геометрия.

ҲАНЗАЛ – кадуи ёбоӣ, кадуи талх.

ҲАНУТ / ҲУНУТ – хушбӯйиҳо ва оришҳое, ки ба мурда мезананд.

ҲАРАБ – гурехтан, гурез, фирор.

ҲАРАС – нигаҳбонӣ кардан.

ҲАРЗА – сухани беҳуда, ҳарзагӯйӣ, беҳудагӯйӣ.

ҲАРИҚ – оташ, сӯхтор.

ҲАРИМ / ҲАРАМ – ҷойи муқаддас, зиёратгоҳ.

ҲАРИР – шоҳӣ.

ҲАРИС – гурусначашм, носер.

ҲАРИФ – ҳамнишин, ҳамсуҳбат.

ҲАСАБ – қадр, андоза, миқдор.

ҲАСБ – ҷиҳат.

ҲАСИН – устувор, мустаҳкам.

ҲАССОН БИННИ СОБИТ ( тав.563) – шоири араб.

ҲАСТА – мағз, донак.

ҲАШАМ – хидматгорон, чокарони подшоҳ.

ҲАШВ –сухани зиёдатӣ дар шеър, ки барои анбориши мисраъҳо оварда мешавад.

ҲАШР – рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд ва дар назди Худо аз кардаҳои худ ҳисобот медиҳанд.

ҲАЮН – шутури калон, ҳайвони саворӣ.

ҲИЗАРБ – шери дарранда, пурқувват.

ҲИКМАТ – фалсафа.

ҲИЛМ – нармдилӣ, мулоимат.

ҲИМА – ҳезум.

ҲИРБАДОНҲИРБАД – солору бузурги ҳирбадон, унвони гурӯҳе аз пешвоёни дини зардуштӣ.

ҲИРМОН – маҳрумӣ, бенасибӣ, ноумедӣ, маҳҷурӣ.

ҲОМ / ҲОМА – номи рустаниест, ки фишурдаи онро дар маросими дини зардуштӣ ба кор баранд.

ҲОМУН – саҳро, дашт.

ҲОТИФ – ғайбдон.

ҲОҶИБ – посбон.

ҲОҶИБӢ – посбонӣ.

ҲУМЛОН– зарру сим.

ҲУМОЮНБАХТ – хушбахт.

ҲУМОЮН – муборак, хуҷаста.

ҲУРРИ ИН – ҳури биҳиштӣ.

ҲУРМУЗД – номи дигари Аҳурамаздо.

ҲУРРА – зани озод, бузург.

ҲУТ – номи бурҷи дувоздаҳуми фалак.

ҲУҶҶАТ – дараҷаи чаҳоруми силсиламаротиб дар мазҳаби исмоилия.

ҲУШ – ҷон, рӯҳ.

– Ч –

ЧАҒОНА – номи пардае аз мусиқӣ.

ЧАКОМА / ЧОМА – навъи шеъри қадим, қасида.

ЧАЛАБ – олати мусиқӣ, ду пораи биринҷии тунуки паҳн, ки дар нақорахонаҳо ба ҳам мезананд.

ЧАНБАР – каҷ, нимдоира.

ЧАРБ – нарм, чарбзабонӣ.

ЧАХИДАН – саъй кардан, кӯшидан.

ЧИН – Хитой.

ЧИЛЛА – тори камон.

ЧИРА – пирӯзӣ, ғалаба.

ЧОШНӢ – баҳра ё истифода бурдан; мазаи чизеро чашидан, аз хусусияти чизе огаҳ шудан.

ЧУРБАК – дурӯғ, дурӯғи ростмонанд.

ЧУСТ – наздик, ҷафс.

– Ҷ –

ҶАББОР – золим; соҳиби қудрат.

ҶАВЗО – номи бурҷи севум, моҳи севуми баҳор, номи маҷмӯи ситораҳо.

ҶАВҚ – гурӯҳ, тӯда.

ҶАВОД – саховатпеша.

ҶАВОҲИР – ҷамъи ҷавҳар, гавҳар.

ҶАВФ – ковокӣ, дарун, миён, шикам.

ҶАВШАН – либоси ҷангии оҳанин.

ҶАҒИДАН – саъй ва кӯшиш кардан; дам задан.

ҶАДӢ – бузғола, бурҷи даҳуми фалак.

ҶАЗИРА – минтақаи нуфуз дар мазҳаби исмоилия.

ҶАЙБ – гиребон, киса.

ҶАЛД – чусту чолок, зирак.

ҶАЛЛА ҶАЛОЛАҲУ – бузургу олӣ бод.

ҶАЛОЛ – бузургӣ, бузург.

ҶАМ / ҶАМШЕД – подшоҳи асотирӣ.

ҶАМОДОТ – ҷамъи ҷомид, санг, чизҳои беҷон.

ҶАМОЛ – хушрӯй, зебоӣ, ҳусн.

ҶАМРА – оташпора, лахча, ахгар; номи ҷой.

ҶАЪД – мӯй.

ҶАЪДМӮЙ – мӯйи ҷингила.

ҶАҲОНДОВАР – Худованд.

ҶАҲОНДОР – Худованд.

ҶАҲОНОФАРИН – Худованд.

ҶИД – саъй, кӯшиш.

ҶИНОҲ – тарафҳои лашкар.

ҶИРМ – ҷисми осмонӣ.

ҶОМИД – ҷисмҳои сахти беҷон.

ҶОҲ – ҷой, мақом, манзалат, мартаба.

ҶУД – саховат.

ҶУЗЪ / ҶУЗВ – пора, бахш, қисме аз китоб.

ҶУЛГА – водӣ, водии сабзу хуррам, марғзор.

ҶУЛЛОБ – шарбати қанд, ки бо гулоб омехта мекунанд.

– Ш –

ШААФ – шодӣ, хурсандии зиёд.

ШАБЕҲ – монанд.

ШАВ – рав.

ШАВВОЛ – моҳи даҳуми соли қамарии ҳиҷрӣ.

ШАҒАБ – шӯру ғавғо.

ШАМОМА – машом, бӯй кашидан, бӯй.

ШАМШОД – номи дарахт.

ШАРБАТ – нӯшобаи ширин, шираи мева.

ШАРИАТ – роҳ ва қонунҳои дини ислом.

ШАТ – соҳил.

ШАФЕЪ – шафоаткунанда, далолаткунанда.

ШАФОАТ – илтимос, талаби авф.

ШАХИДАН / ШАХУДАН – харошидан.

ШАҲРЁРӢ – подшоҳӣ.

ШАҲРЁРОН – подшоҳон, шоҳон.

ШАЪБОН – моҳи ҳаштуми соли қамарии шамсӣ.

ШИБЛӢ / АБӮБАКРИ ШИБЛӢ (841 –946) – сӯфии бағдодӣ, шогирд ва пайрави ал-Ҷунайд ва ал-Ҳаллоҷ.

ШИГИФТ – аҷиб, тааҷҷубовар.

ШИГИФТӢ – ҳайронӣ.

ШИКЕБ – сабр, тоқат.

ШИРК – куфр, шак овардан ба яккаву ягонагии Худо.

ШОДУРВОН – саропарда, пардаи бузурге, ки дар айвони шоҳони Эрон меовехтанд.

ШОПУР/ ШОПУРИ АВВАЛ (240 – 279) – писари шоҳи нахустини сосонӣ Ардашер. ШОТИР – чусту чолок.

ШУБОН – чӯпон.

ШУДАН – рафтан.

ШУРБ – нӯшиданӣ.

ШУХ – чирк.

ШӮША – лавҳаи қабр.

– Э –

ЭДАР – ин ҷо.

ЭДУН – ҳоло.

ЭЗАД / ЭЗИД – ҷамъи Язд, Яздон, Худованд.

ЭМИНӢ – бехавфӣ, бехатарӣ, амну амонӣ.

ЭРОНВИҶ – сарзамини эрониён.

ЭҲСОН – некуӣ, лутфу марҳамат.

ЭЧ – ҳеч.

ЭЪЗОЗ – ҳурмат, иззат, эҳтиром.

– Я –

ЯЗДОН – Худо.

ЯЛ – паҳлавон.

ЯЛФИКАН/ ЯЛФИГАН – паҳлавони пурзӯр, мағлубкунандаи паҳлавони дигар.

ЯРГИСТ – ҳаргиз.