Дар асрҳои XIII ва XIV насри бадеӣ мақоми хешро аз даст надод. Вале бояд ёдовар шуд, ки дар асарҳои насрии ин давра забони арабӣ нуфузи зиёд пайдо кард, ки ин як хусусияти насри маснӯъ буда, маҳсули эҷоди адибони ҳамин давр аст. Маҳз «Калила ва Димна»-ро Абулмаолии Насруллоҳ бо ҳамин сабк таҳрир кард. Дар он калимоту ибороти забони арабӣ фаровон истифода шудаанд.
«Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммади Авфии Бухороӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ахлоқ-ул-ашроф», «Сад панд», «Рисолаи дилкушо», «Ришнома»-и Убайди Зоконӣ бо насри сода иншо гардидаанд. Мавзуи асарҳои ёдшуда панду андарз буда, масъалаҳои муҳимми тарбиявиро дар бар мегиранд. Ҳикоёти дилнишин ва рангини адибон барои тарбияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстии хонандагон аҳаммияти бузург дорад. Гузашта аз ин, асарҳо нигоҳдори умри абадии забони адабӣ ҳастанд. Инчунин, ба воситаи чунин асарҳо забони мо рушду камол ёфт ва аз тундбоди ҳар гуна ҳаводиси рӯзгор бегазанд монд, ки мову шумо бо ин забон ҳарф мезанем. Аз ин рӯ, хизмати адибони ин асрҳо басо арзишманд аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Назари шумо нисбат ба кору кирдори Чингиз ва чингизиён.
2. Оё онҳоро истилогар гуфтан равост?
3. Темури Ланг аз кадом ҷиҳат ба Чингиз монандӣ дошт?
4. Онҳо бо якдигар чӣ муносибати хешутаборӣ доштанд?
5. Ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ин давра чӣ гуна буд?
6. Чингизиён кадом адибонро ба қатл расонданд ва чаро?
7. Дар бораи доираи адабии ин асрҳо маълумот диҳед.
8. Дар бораи навъҳои адабӣ маълумот диҳед.
9. Чаро жанри қасида дар ин давра тараққӣ накард?
10. Мавзуи ғазал, рубоӣ ва қитъа аз чӣ иборат аст?
11. Дар ғазалиёти адибон кадом мавзуъҳо бештар мавқеъ доштанд?
12. Рубоӣ ва қитъа бештар дар кадом мавзуъҳо суруда мешуданд?
13. Дар бораи анъанаи хамсасароӣ дар ин асрҳо маълумот диҳед.
14. Дар кадом мавзуъҳо бештар асарҳои насрӣ иншо шудаанд?
ТЕСТҲО
1) Дар адабиёти тоҷик чанд баҳри солим мавҷуд аст?
а) 2
б) 5
в) 7
2) Муаллифи қасидаи «Шикоят аз пирӣ» кист?
а) Фаррухи Сиистонӣ.
б) Устод Рӯдакӣ.
в) Унсурии Балхӣ.
3) Мунозираи «Араб ва Аҷам»-ро кадом адиб иншо кардааст?
а) Носири Хусрав.
б) Умари Хайём.
в) Асадии Тӯсӣ.