Ҳаёти илмию фарҳангӣ

Ҳаёти илмию фарҳангӣ дар асрҳои XV – XVI дар Осиёи Миёна ва Хуросон то як андоза пеш рафт. Албатта, ин бесабаб набуд. Пойтахти империяи бузурги Темур (1336 – 1404) шаҳри бостонии Самарқанд дар он рӯзгор хеле обод гардида, дар байни шаҳрҳо шуҳрати хоссае дошт. Ин шоҳи шуҳратпараст аз кишварҳои истилокардааш олимон, шоирон, наққошон, меъморони гулдаст, умуман, ҳунармандони номиро ба Самарқанд овард. Меъморон дар ин ҷо қасрҳои боҳашамат, мадрасаю масҷидҳо сохтанд. Осори бузурги меъморие, ки имрӯз ҳам Самарқандро зинат додааст, маҳз аз инкишофу тараққии санъати меъмории ин давр шаҳодат медиҳад. Ансамбли меъмории Регистон, Гӯри Мир, Шоҳи Зинда ва амсоли онҳо аз намунаҳои барҷастатарини осори меъмории гузаштагони мо ба ҳисоб мераванд.

Дар айёми ҳукмронии фарзандони Темур, махсусан Шоҳрух Мирзо (1377 – 1447) шаҳри Ҳирот ҳам ободу зебо шуда, яке аз марказҳои муҳимтарини илму адаб ба шумор мерафт.

Илму адаб асосан дар ҳамин ду шаҳр ривоҷ ёфт.

Дар шаҳри Самарқанд бо саъю кӯшиши писари Шоҳрух Мирзо – Улуғбек (1394 – 1449) бештар илмҳои дақиқ, аз ҷумла астрономия, мантиқ, фалсафа, математика, физика, химия тараққӣ мекунанд. Мирзо Улуғбек, ки худ шахси бофазлу дониш буд, донишмандони маъруфи замонаашро ба шаҳри Самарқанд овард. Соли 1424 дар Самарқанд расадхона месозанд, ки дар он олимони бузург: Қозизодаи Румӣ, Алии Қушчӣ, Ғиёсиддин Ҷамшед, Мансури Кошӣ ва дигар донишмандон кор мекарданд. Онҳо вазъи ситораҳо ва дигар ҷирмҳои осмониро ба мушоҳида гирифта, мавқеъ ва хусусияти онҳоро то андозае муайян менамуданд. Натиҷаи кори чандинсолаи олимон дар ҷадвали астрономие, ки бо номи «Зиҷи ҷадиди Курагонӣ» машҳур аст, ҷамъбаст гардидааст.

Дар пештоқи мадрасае, ки Мирзо Улуғбек дар Бухоро бунёд кардааст, ҳадиси: «Талаби илм ба мардону занони мусалмон фарз аст» кандакорӣ шудааст. Ғайр аз ин, ӯ дар маҷлисҳои умумӣ иштирок намудани занонро маъқул шуморид. Вале, мутаассифона, барои ҷоҳу мансаб шуда як гурӯҳ ашхоси нолоиқ бо ҳамдастии писараш Абдуллатиф соли 1449 Мирзо Улуғбекро ба қатл расонданд. Пас аз марги Улуғбек дар Мовароуннаҳр илмҳои дақиқ чандон тараққӣ накардаанд. Ба уламою удабои озодфикр, хайрандеш ва умуман, ашхоси соҳибистеъдод ҷоҳилони тангназари бефарҳанг садди роҳ мешуданд ва намегузоштанд, ки донишмандони ҳақиқӣ дар ҷомеа соҳиби эҳтиром бошанд.

Ба ҳамин душвориҳо нигоҳ накарда, илму фарҳанг дар ин асрҳо самар дод. Илмҳои таърих, тиб, нуҷум, риёзиёт, адабиётшиносӣ, санъати рассомӣ, наққошӣ, меъморӣ, хаттотӣ ва ғайра назар ба асрҳои гузашта пеш рафтанд. Асарҳои таърихии Ҳофизи Абру («Зубдат-ут-таворих»), Шарафуддин Алии Яздӣ («Зафарнома»), Абдураззоқи Самарқандӣ («Матлаъ-ус-саъдайн» ва «Маҷмаъул-баҳрайн»), Мирхонд («Равзат-ус-сафо»), Хондамир («Ҳабиб-ус-сияр») ва Ҳофизи Таниш («Шарафномаи шоҳӣ») барои ошкор кардани масъалаҳои мураккаби таърихи халқҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳамчун сарчашмаҳои боэътимод хизмати арзанда кардаанд ва дар оянда ҳам мекунанд.

Дар асарҳои таърихии зикршуда вазъияту ҳолати сиёсӣ - иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии асрҳои XV–XVI муфассал инъикос ёфтаанд. Бисёр муаллифон аз нуқтаи назари синфии худ ба ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ баҳо дода, Темурро шоҳи одил, соҳибқирон ва адолатпарвар ба қалам додаанд.

Табиист, ки бо иваз шудани сулолаи Темуриён ва ба ҷойи онҳо омадани хонадони Шайбониён дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабӣ дигаргунӣ ба амал наомад. Ба болои ҷабру зулми феодалони маҳаллӣ боз бар сари меҳнаткашон истисмори ӯзбекони бодиянишин зам гардид.

Аммо дере нагузашта, бар зидди Шайбониён ҳарифи ниҳоят пурқувват Шоҳ Исмоили Сафавӣ сар бардошта, соли 1510 Ҳиротро ишғол мекунад. Ӯ худро ҳомии мазҳаби шиа эълон намуда, барои ҷорӣ кардани он дар тамоми Мовароуннаҳр ва Хуросон ба қатлу ғорати мардум машғул мешавад. Аммо мақсади асосии Исмоил хоки давлаташро аз ҳисоби кишварҳои обод васеъ кардану боигарию сарвати зиёд ба даст овардан буд. То охирҳои асри XVI дар байни ду сулола муносибатҳои душманона боқӣ мемонад, ки дар ин бора асарҳои таърихӣ маълумоти муфассал додаанд. Дар ин асрҳо илми адабиётшиносӣ нисбат ба давраҳои гузашта хеле пеш рафт. Ин пешравӣ ҳам дар миқдор ва ҳам дар сифати асарҳо баръало ҳис карда мешавад. Олимон ва адабиётшиносоне пайдо мешаванд, ки доир ба амалия ва назарияи адабиёт асарҳои пурарзиш меофаранд. Аз ҷумла, «Мизон-ул-авзон»-и Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқ, «Лисонул-калом»-и Алишоҳ ибни Маҳдӣ, «Арӯз»-и Юсуфӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ул-ашъор»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва «Рисола дар илми қавофӣ»-и Амир Бурҳониддин Атоуллоҳ, «Рисолаи арӯз» ва «Рисолаи муаммо»-и Сайфи Бухороӣ ва асарҳои илмию адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки шумораи онҳо зиёд аст, офарида шудааст.

Махсусан асарҳои Амир Бурҳонуддин Атоуллоҳ ва Мавлоно Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ мақоми махсус доранд. Муаллифи аввал дар бораи 150 санъати бадеӣ ва муаллифи дувум дар бораи 300 санъати бадеӣ маълумоти муфассал додаанд. Як ҷиҳати фарқкунандаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар он аст, ки муаллиф бештар ба таҳлилу таҳқиқи илмӣ аҳаммият додааст. Атоуллоҳ саъю кӯшиш кардааст, ки ба воситаи таҳлилу баҳси илмӣ ва баёни фикру мулоҳизаҳои адабиётшиносони гузашта масъаларо комилан дуруст ҳал намояд.

Ғайр аз ин, дар ин асрҳо санъати наққошӣ хеле инкишоф меёбад. Намояндагони барҷастаи санъати наққошӣ: Беҳзод, Музаҳҳиб ва Мираки Наққош ба ҳисоб мераванд. Дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрон Камолиддини Беҳзод ҳамчун Монии Сонӣ шинохта шудааст. Аз сеҳри қалами ӯ мардуми Шарқу Ғарб ба ваҷд омадаанд. Асарҳои эҷодкардаи Беҳзод имрӯз ҳам қимату арзиши худро гум накардаанд.

Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар бораи намояндагони санъати рассомӣ дар Мовароуннаҳр нақлҳои аҷоиб оварда шудааст. Масалан, Восифӣ дар бораи Мавлоно Ҷалолуддин Юсуфи Наққош маълумоти пурқимате дода, асарҳои ҳаҷвии ӯро хеле таърифу тавсиф менамояд.

Аз ин маълумот чунин ба назар мерасад, ки дар асри XV ва XVI санъати рассомӣ на танҳо дар Хуросон, балки дар Мовароуннаҳр ҳам ривоҷу равнақ доштааст. Ғайр аз ин, рассомон на танҳо ба кашидани расмҳои манзаравӣ машғул буданд, инчунин дар эҷодиёти онҳо расмҳои ҳаҷвӣ мақоми махсус доштанд.

Санъати хаттотӣ дар асрҳои XV ва XVI низ хеле тараққӣ кард. Азбаски матбаа набуд, асарҳо дастӣ китобат мешуданд. Албатта, ин кори душвор ва меҳнатталаб буд. То имрӯз аз намояндагони санъати хаттотӣ намунаҳои хеле ҷолиб расидаанд. Дар ин айём хатти настаълиқ, ки намунаи комилтарини хат аст, аз тарафи Миралии Табрезӣ (ваф. 1447) ихтироъ шуд. Ӯ шогирдони зиёдеро тарбия кард, ки онҳо низ дар ин санъат чун устоди худ моҳир шуданд.

Ҷаъфари Табрезӣ (ваф.1456), Азҳари Табрезӣ (1422 – 1502), Султоналии Машҳадӣ (1438 – 1512), Султон Муҳаммади Хандон (ваф.1502), Султон Муҳаммади Нур (ваф. 1534) ва Бобошоҳи Исфаҳонӣ (ваф.1588) чун хаттотони машҳури асрҳои XV – XVI шинохта шудаанд.

Дар дарбори шоҳзода Бойсанғурмирзо зиёда аз 40 нафар хаттотон ҷамъ омада, шабу рӯз ба рӯйнавис кардани асарҳои гузаштагон машғул буданд, ки дар болои сари онҳо хаттотони номӣ Азҳари Табрезӣ ва шогирди ӯ Султоналии Машҳадӣ меистоданд. Маҳз тавассути онҳо «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои Низомӣ, Ҷомию Навоӣ ва дигарон рӯйбардор карда шудаанд. Дар бораи хаттотону мусаввирон Қозӣ Аҳмад китоби «Маноқиби ҳунарварон»-ро дар охирҳои асри XVI иншо кардааст, ки он характери тарҷумаиҳолӣ дошта, муаллиф дар бораи ҳаёту эҷодиёти санъатварон маълумоти хубе медиҳад. Масалан, Қозӣ Аҳмад ба эҷодиёти Султоналии Машҳадӣ баҳои баланд додааст. Ӯро ҳанӯз дар замонаш «Султон-ул-хаттотин» (яъне подшоҳи хатнависон) мегуфтанд.

Санъати мусиқӣ низ дар ин асрҳо хеле пеш меравад. Ин пешравӣ чи дар амалия ва чи дар назарияи санъати мусиқӣ мушоҳида мешавад. То асри XV мусиқии классикии халқи тоҷик «Дувоздаҳмақом» буд. Дар асри XV бо роҳбарӣ ва нишондоди Ҷомӣ шогирди ӯ Наҷмиддини Кавкабӣ онро муҷазу сода карда, ба шаш мақом расонид. «Шашмақом» пас аз Инқилоби Октябр боз ҳам инкишоф ёфта, ғанитар гардид ва ба нота гирифта шуд. Дар Тоҷикистон «Шашмақом»-ро ҳофизони машҳур мехонанд ва ансамбли шашмақомхонон ташкил ёфтааст.

Соли 1413 аз тарафи мусиқишиноси машҳур Нуруддини Мароғӣ назарияи мақом (яъне нотаҳо) навишта мешавад. Асари ӯ «Мақсад-ул-адвор» дар бораи усули нигоришоти мақом, хусусияти нотаҳо ва дигар масъалаҳои назарияи мусиқӣ баҳс мекунад.

Хулоса, ҳаёти фарҳангиву илмӣ дар ин асрҳо пеш рафтааст. Вале, мутаассифона, ҳамаи он чизҳои офаридашуда бештар ба табақаи болои ҷамъият дастрас буданд. Оммаи меҳнаткаш танҳо дар офаридани онҳо азобу ранҷ мекашид, аммо фоида ва лаззати онҳоро аъёну ашроф ва аҳли сарват медиданду мечашиданд.