Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне!
Ман боки шикасти он надорам.
Хоҳам, ки миёни шодию ғам
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем1,
Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ.
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,
Он аст ҳаёти шодмонӣ!
Иоҳан Ҳёте
Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми Аҷам аст. Беш аз шашсад сол осмони фарҳангу адаби тамаддуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё бахшидааст. Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш ба дардҳо дармон, ба ҷонҳо сомон ҳадя бинмуда, зиндагии инсонҳои сайёраро боз ҳам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир, пеши пояш бузургтарин шахсиятҳои дунё сари таъзим фуруд овардаанд. Вале ҳаёти ин марди бузургвор пур аз ҳодисоти рангин аст. Бобои Ҳофиз аз деҳаи Кӯҳпоя буд, ки дар охирҳои асри XIII аз он ҷо ба Шероз омад ва ба корҳои савдо ва бозаргонӣ шуғл варзид. Падари Ҳофиз Баҳоуддин дар шаҳри Шероз ба дунё омад. Ӯ пас аз хатту савод пайдо кардан ҳамроҳи падараш ба тиҷорат машғул гардид. Ана дар ҳамин оила соли 1325 дар Шероз Ҳофиз ба дунё омад. Баҳоуддин ба фарзандаш номи падар – Шамсиддин Муҳаммадро гузошт. Ба дунё омадани Муҳаммад зиндагии аҳли оиларо боз ҳам сурурбахш ва пурнишот гардонд. Шамсиддин Муҳаммад аз худ калонтар боз ду бародар дошт. Ба ин муносибат ёру дӯст, хешу табор Баҳоуддинро табрик мегуфтанд ва оилаашро хушбахт ҳисоб мекарданд.
Падари Ҳофиз ҷавонмарг гашт. Акнун ҷойи шодию хурсандиро дар хонаи онҳо ғаму андуҳ гирифт. Бародарони Ҳофиз, ки нозпарварду коҳил буданд, дар як муддати кӯтоҳ тамоми дороии хонаводаро ба айшу нӯш масраф намуда, муфлис шуданд. Онҳо модару Ҳофизи хурдсолро партофта, азми сафар карданд. Ҳофиз бо модараш дар Шероз танҳо монд. Зиндагияшон ниҳоят вазнин гашт. Модари бечора маҷбур гашт, ки писари хурдсоли худ Ҳофизро ба хизмати яке аз давлатмандони маҳалла супорад. Ҳофизи 7-8-сола ба ҳавлии хӯҷаини худ об мекашонд, ҳезум мекафонд ва алав мемонд, умуман ба корҳои вазнини хоҷагӣ ёрӣ мерасонд. Он пораҳои нонеро, ки хӯҷаин ба ивази хизматаш ба Ҳофиз медод, бегоҳ оварда бо модараш тановул мекарданд ва бо ин маром рӯз мегузаронд. Вале хӯҷаини Ҳофиз марди ҷоҳил, бераҳму шафқат буд. Бе ҳеҷ гуноҳ Ҳофизро мезад, азоб медод. Чанд соли ҳаёти Шамсиддин Муҳаммад ба ин ҳолат гузашт. Ниҳоят, косаи сабри ӯ лабрез гашта, ҳавлии хӯҷаинро тамоман тарк мекунад ва ба хизмати нонвое медарояд. Албатта, кори нонпазӣ барои бачаи 11-12-сола хеле мушкил буд. Вале Ҳофиз, ки ба меҳнати вазнин одат карда буд, дар ин ҷо низ аз уҳдаи кор ба хубӣ баромад.
1 Тавъамон – дугоник
Ба ҳамин гуна зиндагии пуразоб чандин солу моҳ гузашт. Ҳофиз, ки бачаи зирак ва ҳушманд буд, дар ин муддат пешаи нонвоиро аз худ мекунад ва рафта - рафта зиндагиашон каме беҳтар мешавад. Ба ҳамаи ин душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ дар дил орзуи хондан ва хатту савод пайдо кардан дошт. Бинобар ин ҳар рӯз ҳангоми ба кор рафтан аз назди мактабхона мегузашт ва ба қироати толибилмон ва ғалоғулаи онҳо бо шавқу завқи зиёд менигарист ва чанд дақиқае истода гӯш медод.
Рӯзе Шамсиддин Муҳаммад бо муаллими мактаб вохӯрд ва мақсадашро баён кард. Барои хондан муаллим пул талаб кард. Вале Ҳофиз пул надошт. Баъд аз чанд рӯз ин хабар ба гӯши нонвой расид. Нонвой, ки марди накукор, покизасиришт буд ва аз тарафи дигар, Ҳофизи гапгиру боадабро дӯст медошт, ӯро маслиҳат дод, ки бояд ба мактаб равад. Ӯ музди аз нонвой мегирифтагиашро ба се қисмат тақсим кунад. Як миқдорашро барои модараш, қисми дигарашро ба муаллим ва миқдори охирашро ба худаш ҷудо намояд.
Ба ҳамин тариқ, донишомӯзии Ҳофиз оғоз ёфт. Вале барои Ҳофиз ниҳоят душвор буд. Ба ӯ лозим меомад, ки ҳам кор кунаду ҳам хонад ва муҳиммаш он аст, ки аз дигар шарикдарсонаш қафо намонад. Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати зиёд ӯ яке аз беҳтарин шогирдони мактаб гардид. «Қуръон»-ро аз бар намуд ва бо лаҳну овози мутаассиркунанда онро аз ёд мегуфт. Барои ҳамин ҳам баъди се-чор сол омӯзгорон ва шарикдарсонаш ӯро Ҳофиз гуфта ба забон мегирифтанд. Вале Ҳофиз ба маънои сураю оятҳои ин китоби динӣ сарфаҳм намерафт.Ӯ бештар қиссаю ривоятҳои халқӣ ва махсусан, шунидани достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро дӯст медошт ва дар вактҳои бекорӣ ба назди қиссахонҳо рафта, нақлҳои онҳоро бо шавқу завқ гӯш мекард.
Ҳофиз, пас аз он ки савод баровард, худаш кам-кам шеър менавишт, вале ба ягон кас нишон намедод. Шарикдарсонаш аз ин кори ӯ хабар меёбанд. Шамсиддин дар шеърҳои эҷодкардааш тахаллуси «Ҳофиз»-ро мегузорад. Албатта, шеърҳои навмашқонаи ӯ дили касеро ба шӯр намеоварданд ва дорои камбудиҳои зиёд буданд. Ӯ ҳатто аз дигарон таънаю маломат мешунид. Аммо рӯҳафтода нагашт. Пайваста ашъори шоирони гузашта ва ҳамзамононашро аз бар намуд, аз онҳо санъати суханварӣ омӯхт. Баъди ин шеърҳои ӯ ранги дигар гирифтанд. Акнун ӯро ҳамчун шоир шинохта, дигар мазоҳу масхара намекарданд.
Солҳо гузаштанд. Ӯ мактабро хатм намуд ва ба мадраса дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо ҳам нуҷум, ҳандаса, ҳисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъро омӯхт. Пас аз хатми мадраса ба ӯ унвони «Хоҷа»-ро доданд, ки ин маънои донишманд, олим, ҳаким ва устодро дошт.
Рӯз аз рӯз қалами Ҳофиз сайқал меёфт. Шеърҳои ӯро хоссу ом аз бар мекарданд. Дар маҷлиси шуаро шеър мехонд ва таҳсину офарин мешунид. Шуҳрати шоирии Ҳофиз дар Шероз паҳн шуд. Овозаи ӯ ба гӯши ҳокими Шероз Шайх Абуисҳоқ расид ва ӯ Ҳофизро ба дарбор даъват кард. Азбаски Абуисҳоқ шахси фозилу шоирпарвар буд, Ҳофиз даъвати ӯро қабул намуд. Ҳаёти дарбор чандон тӯл накашид. Амир Муборизиддин ба мамлакат ҳуҷум оварда, Шерозро гирифт. Халқи бечораро ғорат кард, Абуисҳоқ ва фарзандони ӯро қатл намуд. Зулму золимӣ ва қатлу ғорат авҷ гирифт. Мардуми бечораи баҷонрасида намедонистанд, ки чӣ чора ҷӯянд. Ҳофиз низ яке аз онҳо буд. Вай ҳаёти нисбатан хуби гузаштаро ба ёд оварда, аз шӯру шари замона ба дод меомад. Ягона маҳрами рози дили озордидаи ӯ ғазалҳои эҷодкардааш буд. Бо ҳамин дилашро то андозае таскин медод. Дар ин қабил ғазалҳои ӯ оҳанги яъсу ноумедӣ хеле пурқувват ба назар мерасад.
Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакид аз шохи гул, боди баҳоронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳрёронро чӣ шуд?
Дар ин ҳангом подшоҳи Ироқ Султон Ҳусайн Ҳофизро ба Бағдод таклиф кард ва барои меҳрубонии худро нишон додан ҳадяе низ фиристод. Вале Ҳофиз ин таклифро рад кард.
Ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат боз ҳам вазнин мешавад. Писарони амир Муборизиддин Шоҳ Маҳмуд ва Шоҳ Шуҷоъ аввал чашмони падари хешро кӯр мекунанд ва пас ба қатл мерасонанд. Онҳо низ дар зулм аз падари худ дастболо шуданд. Мамлакат хароб ва халқ ноосуда гашт. Илова бар ин, сафарҳои ҳарбӣ ва қатлу ғорати Амир Темур низ аҳволи иқтисодӣ ва сиёсии кишварро ба таназзул оварда буд. Ҳокимон Ҳофизи ҳақгӯйро бад медиданд. Зиндагии ӯ фақирона мегузашт. Ҳаёти фоҷиавии оилавӣ шоирро барвақт пир кард. Аввал писараш вафот мекунад ва баъдтар занаш. Ин ду ҳодисаи нохуш ба рӯзгори минбаъдаи Ҳофиз таъсири амиқ расонид. Акнун ӯ бо писари охиринаш Шоҳ Нуъмон танҳо монд. Шоир дар ёди зану фарзанди ҷигарбандаш шабу рӯз менолид.
Ҳасудон ва дигар ашхоси нолоиқ ба ҳамаи ин дарду алами Ҳофиз нигоҳ накарда, ӯро озор медоданд. Ба қадри ӯ намерасиданд. Бинобар ин Ҳофиз маҷбур шуд, ки ба Язд сафар кунад.
Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулке дигар андозем.
Дар Язд шоирро шоҳ қабул намекунад. Баъд аз чанд муддате бо як азобу уқубати зиёд ба зодгоҳаш бармегардад.
Подшоҳи Дакан ба воситаи Мирзо Фатҳуллоҳ ба Ҳофиз туҳфа фиристода, ӯро ба Ҳиндустон таклиф мекунад. Аз нодорию тангдастӣ шоир ин таклифро қабул мекунад ва ба сафар мебарояд. Вале ҳангоме ки аз баҳри Муҳит мегузаштанд, тӯфони азиме бармехезад. Киштӣ дар байни мавҷҳо қариб нобуд мешуд. Ниҳоят бо як азоб киштиро ба бандар бармегардонанд. Ҳофиз аз он ҷо ба Шероз бозмегардад. Бори дувум Маҳмудшоҳ Ҳофизро ба Ҳинд таклиф мекунад. Вале Ҳофиз боз ин таклифро қабул накарда, писараш Шоҳ Нуъмонро, ки майли рафтан дошт, мефиристад.
Писари Ҳофиз дар Бурҳонпур дар роҳ вафот мекунад. Ин ҳодисаи нохуш қалби дардноки Ҳофизро реш кард ва нолаҳои ҷонсӯз аз дили шоир ба фалак расид.
Марги фарзанди охирин барои Ҳофиз хеле вазнин афтод. Шероз бо тамоми зебоиҳояш дар чашми шоир хира, ғамхона ва бетароват менамуд. Кунун аз ёру дӯст ва хешу ақрабои Ҳофиз ягон кас намонда буд. Аз ин ҷост, ки ёди бобоёну аҷдоди худ карда ба Исфаҳон сафар намуд.
Ҳофиз чанд сол дар Исфаҳон ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ боз ба зодгоҳаш баргашта, поёни умри хешро дар Шероз мегузаронад.
Поёни умри шоир дар фақирӣ ва тангдастӣ мегузарад. Ба ҳамин тариқ, соли 1389 дар Шероз вафот мекунад. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намуданд. Имрӯз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат мекунанд.