Нақши Зулайхо

Зулайхо дар достони шоир мақоми хосса дорад ва хеле нақши мураккаб ҳам ҳаст. Дар оғози достон ҳамчун нақши манфӣ амал мекунад, вале дар анҷоми достон нақши мусбатро бозидааст. Умуман, барои типӣ баромадани симои қаҳрамон ва кушодани дунёи ботинии Юсуф ин нақш хизмат кардааст. Зулайхо духтари дӯстдоштаи подшоҳи Мағрибзамин аст. Ӯ дар ҳамин хонадон тарбия ёфтааст. Зулайхо чун аҷдоди худ ба ойини бутпарастӣ муътақид буд ва чун ба Миср омад ва завҷаи Азизи Миср гардид, бо худ бутеро низ овард. Ӯ чун Юсуфи соҳибҷамолро дид, ошиқи зораш шуд ва ҳамаи роҳу воситаҳоро истифода бурд, то ба муроди дил бирасад. Муҳаббати ӯ нисбати Юсуф бисёр самимӣ буд. Вале дар ин ҷода ҳарчанд саъю талош варзид, комёб нашуд. Ин ҳолатҳои руҳиро шоир ба ин тарз ба қалам додааст.

Худоро, эй фалак, бар ман бубахшой!

Ба рӯйи ман даре аз меҳр бикшой.

Агар нанҳӣ ба каф домони ёрам,

Гирифторам, касе дигар надорам.

Вале чун буд дар сурат гирифтор,

Нашуд дар аввал аз маънӣ хабардор.

Зулайхо васлро меҷуст чора,

Вале мекард аз он Юсуф канора.

Зулайхо баҳри як дидан ҳамесӯхт,

Вале Юсуф зи дидан дида медӯхт.

Адиб нишон додааст, ки роҳи расидан ба мақсад душвор аст. Зулайхо дар ин роҳ нобино, зору низор ва пири барҷомонда шуд. Ба ҳар ҳол ба мурод расид. Нахуст Юсуф Зулайхоро нашинохт, аммо пас аз суҳбат, саволу ҷавоб дарк кард, ки пирзоли наздаш истода ҳамон Зулайхои зебою барност, ҳамон Зулайхоест, ки ба муроди дилаш нарасидааст. Таваҷҷуҳ намоед ба гуфтугузори онҳо:

Бигуфт: «Онам, ки чун рӯйи ту дидам,

Туро аз ҷумла олам баргузидам.

Фишондам ганҷу гавҳар дар баҳоят,

Дилу ҷон вақф1 кардам дар ҳавоят.

Ҷавонӣ дар ғамат барбод додам,

Бад-ин пирӣ, ки мебинӣ, фитодам».

Бигуфто: «Ку ҷавонию ҷамолат?»

Бигуфт: «Аз даст шуд дур аз висолат».

Бигуфто: «Хам чаро шуд сарви нозат?»

Бигуфт: «Аз бори ҳаҷри2 ҷонгудозат».

Бигуфто: «Чашми ту бенур чун аст?»

Бигуфт: «Азбаски бе ту ғарқи хун аст».

Ҷомӣ дар нақши Зулайхо чӣ хел ба қуллаи мурод, ба Ҳақ расиданро нишон дода, гуфтанист, ки тай кардани зинаҳои камолоти инсонӣ ва фатҳи қуллаи мурод роҳи басо душвор аст. Сабру таҳаммул, ранҷу озори зиёд мехоҳад. Агар инсон тоқат кунад ва дар ин роҳ саъю талош намояд, албатта, мисли Зулайхо матлабаш ҳосил хоҳад шуд.

1 Вақф – мулкро бахшидан

2 Ҳаҷр – ҷудоӣ, фироқ, дурӣ

Бубинед, дар ифшои ин андешаҳо, баёни ҳолатҳои рӯҳӣ ва ҷисмонии қаҳрамонони асар шоир чӣ қадар заҳмат кашида, шоирона ин вазъро тасвир намудааст. Дар намунаи боло санъатҳои саволу ҷавоб, таносуби сухан, тазод бисёр нишонрас табиӣ ва хотирмон омадаанд. Ба ин восита пеши чашми хонанда ҷаҳони ботинии қаҳрамонон ба тарзи амиқ ҷилвагар мешавад. Аз тарафи дигар, ин муколама саволу ҷавоби Хусраву Фарҳодро аз достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ пеши назар меорад ва хонанда ба хулосае меояд, ки ин ду адиб дар сухангустарӣ, ҳунари шоирӣ дасти тавоно доранд.

Дар анҷом чун Юсуф аз ҳақиқати ҳоли Зулайхо воқиф гардид, дилаш сӯхт ва аз ӯ пурсид, ки чӣ хоҳиш дорӣ? Зулайхо аз ӯ ду хоҳиш мекунад. Нахуст, ҳамон ҳусну ҷамол, ҳамон ҷавониамро баргардон ва дувум маро ба никоҳат дарор. Бо амри Парвардигор ин ду дархостро Юсуф иҷро мекунад. Акнун Зулайхо ҳам ба Ҳақ расид ва дар ин ҷода ба Юсуф баробар шуд. Аз ин нигоҳ ҳам нақши Зулайхо ибратомӯз аст.

Дар достон нақшҳои дувумдараҷа ба мисли падари Юсуф Яъқуб, падари Зулайхо Таймус, бародарони Юсуф, Азизи Миср ва дигарон низ омадаанд. Кору амалиёти ҳамаи онҳо дар достон барои боз ҳам барҷаста баромадани нақшҳои асосии достон – Юсуф ва Зулайхо хизмат кардаанд. Инчунин, барои беҳтару аниқтар инъикос намудани мақсади нависанда, ғояи асар нақши муҳим бозидааст.