Санъати иҳом ва тақсим

Санъати иҳом мураккаб аст. Ҳар хонанда онро аз байт пайдо карда наметавонад. Шоир дар байти хеш матлабро ба ду маънӣ баён мекунад ва хонанда нахуст ҳамон матлаби аввал ва содаро дарк мекунад, вале мақсади асосии шоир маънои дувум ё дур аст. Ба ин восита хонандаро ба роҳи дигар бурда метавонад.

Ин ки мегӯянд: «Он беҳтар зи ҳусн»,

Ёри ман ин дораду он низ ҳам.

Дар ин ҷо дар мисраи аввал он ба маънии малоҳат,. ситорагарм ва дар мисраи дувум ба маънии ишораҷонишин омадааст.

1. Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор

Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.

2. Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса?»

Гуфт: «Не, бигзор, то ки моҳ зи ақраб бадар шавад».

Дар байти нахуст Хоҷа таъкид кардааст, ки дар миёни ду зулф дидор, яъне рӯйи ёрашро дидааст. Агар зоҳиран назар кунем, абрҳо болои моҳро мегиранд ва ин табиист. Аммо муроди шоир маънои аввал дидори ёр аст. Илова ба ин, Хоҷа боз дар ин маврид аз санъати кинояи маҷоз истифода бурдааст. Яъне абр сиёҳ аст ва шабоҳат ба зулфи ёр дорад, моҳ сафед асту киноя аз рӯйи нигор мебошад. Абри сиёҳу моҳи мунир дар ин пора боз тазод шуда омадаанд. Санъати саволу ҷавоб дар байти дуюм шеърро боз ҳам зебою хушоҳанг кардааст. Ошиқ аз маъшуқи худ бӯса талаб мекунад, вале маъшуқ розӣ нест ва посух медиҳад, ки бигзор то моҳ аз зери абр (ақраб) барояд.Боз ақраб номи бурҷ ҳам ҳаст. Ин маънои зоҳирӣ ё наздики байт аст. Маънои дур, мақсади қаҳрамони лирикӣ дар он аст, ки ағёр бираваду мо ба ҳам танҳо бимонему ба дидори якдигар бирасем.

САНЪАТИ ТАЗОДУ МУҚОБИЛА:

1. Болобаланди ишвагари нақшбози ман

Кӯтоҳ кард қиссаи зуҳди дарози ман.

2. Дар остони ҷонон аз осмон бияндеш,

К-аз авҷи сарбаландӣ афтӣ ба хоки пастӣ.

3. Хоҳӣ, ки сахту сусти ҷаҳон бар ту бигзарад,

Бигзар зи аҳди сусту суханҳои сахти хеш.

4. Дило, зи ҳаҷр макун нола, дон, ки дар олам

Ғам асту шодию хору гулу нишебу фароз.

Санъати тазод он аст, ки ду чиз, ду ва зиёда ашё аз лиҳози мазмун ё маънӣ зидди якдигар гузошта мешаванд. Аз ҳамин нигоҳ, дар байти нахуст калимаҳои дароз бо кӯтоҳ, дар байти дувум калимаҳои остон ва осмон, сарбаландӣ бо пастӣ, дар байти сеюм сустӣ ба сахтӣ ва ниҳоят, дар байти чорум ва мисраи дуюм тамоми мисраъ бо санъати тазоду муқобила бунёд ёфтааст, ки зерашон хат кашидаем.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шеъри Ҳётеро дар ситоиши Хоҷа Ҳофиз хонед ва ҳифз намоед.

2. Дар бораи давраи кӯдакии Шамсиддин нақл кунед.

3. Шамсиддини хурдсол ба чӣ кор бештар майлу рағбат дошт?

4. Чаро Шамсиддин Муҳаммадро Ҳофиз ва Хоҷа мегӯянд?

5. Чаро Ҳофиз ба Ҳиндустон нарафт?

6. Дар бораи поёни рӯзгори Хоҷа Ҳофиз нақл кунед.

7. Ғазалҳои Ҳофиз аз ғазалҳои шоирони гузашта бо кадом хусусиятҳояшон фарқ мекунанд?

8. Дар бораи вохӯрии Ҳофиз бо Темури Ланг чӣ андеша доред? Оё ривояти нақлшуда ҳақиқати воқеист ё бофтаи Давлатшоҳ?

9. Рафтори Хоҷа Ҳофиз нисбати шоҳ дуруст буд?

10. Дар бораи мероси адабии Ҳофиз нақл кунед. Аз ӯ то замони мо чанд ғазал боқӣ мондааст?

11. Ҳофиз дар қасидаҳояш киҳоро мадҳ кардааст?

12. Рубоиёти Ҳофиз бо рубоиёти халқӣ чӣ ҳамбастагӣ ва чӣ муносибат доранд?

13. Ғазали «Воизон»-ро ҳифз намоед ва гӯед, ки чаро воизонро мазаммат намудааст?

14. Чаро Шоҳ Шуҷоъ Ҳофизро бад дид?

15. «Гурбаи зоҳид намозхон шуд». Оё сухани Ҳофиз қобили қабул аст?

16. Муносибати Ҳофиз нисбати Ҷашни Наврӯз чӣ хел аст?

17. Шумо дар мактаб Иди Наврӯзро чӣ хел мегузаронед? Кадом суннатҳои мардумиро вобаста ба ин ҷашн медонед?

18. Ғазали «Боди наврӯзӣ»-ро байт ба байт маънидод намоед.

19. «Мири наврӯзӣ» кист? Дар бораи расму русуми қадима ҳикоячае нависед.

20. Ҳофиз аз кадом санъатҳои бадеӣ бештар истифода бурдааст?

21. Ҳофиз дар бораи ҳунари ғазалсароии худ чӣ мегӯяд?

22. Чаро Ҳофизро лисонулғайб мегӯянд?

23. Шоири олмонӣ Ҳёте дар пайравии Ҳофиз кадом асарашро офарид?

24. Шоирони рус дар бораи бузургии Ҳофиз чӣ гуфтаанд?

25. Чаро С. Есенин ба Ҳофиз эътиқодманд гардидааст?

26. Чаро Лоиқ мегӯяд: «Ҷони мо чун риштаи дубофт аст». Мисраъро шарҳ диҳед.

27. Дар бораи шуҳрати ҷаҳонии Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ иншо нависед.

ТЕСТҲО

1) Кадом дӯсти Ҳофиз бори аввал девони шоирро гирд овард?

а) Сабоҳуддин.

б) Гуландом.

в) Алимуҳаммад.

2) Ҳофиз кадом ҳунарҳоро бештар аз худ карда буд?

а) Боғпарварӣ

б) Нонпазӣ

в) Қоригӣ

3) Ҳофиз чанд ғазал иншо карда буд?

а) 490

б) 495

в) 530