Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Достони маъруф ва овозадори Абдурраҳмони Ҷомӣ маснавии «Юсуф ва Зулайхо» мебошад. Ин достон дар пайравии достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ эҷод шудааст. Адиб ба ҳамин маънӣ ишорат намуда чунин мегӯяд:

Куҳан шуд давлати Ширину Хусрав,

Ба ширинӣ нишонам Хусрави нав.

Чу тӯтӣ табъро созам шакархо

Зи хуни Юсуфу ишқи Зулайхо.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» аз муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима иборат аст. Он дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур иншо гардидааст, ки рукнҳои он ба тариқи зайланд:

V - - - / V - - - / V- -

V - - - / V - - - / V- -

Ма-фо-ӣ – лун, ма-фо-ӣ-лун, фа-ӯ-лун

Сужети достон хеле қадимист. Нақлу ривоятҳои зиёд дар бораи Юсуф ва Зулайхо ҳанӯз пеш аз иншои китоби муқаддаси яҳудиён (исроилиҳо) Таврот дар байни эшон пайдо шуда буд. Баъдтар ба Таврот ворид гардид ва оҳанги динӣ пайдо кард. Пасон ба китоби Инҷили Исои Масеҳ ва ниҳоят, ба Қуръони Муҳаммади Мустафо бо тағйирҳои зиёд ворид гардид. Масалан, дар Қуръон сураи XII бо номи Юсуф омадааст. Сарчашмаи асосии достони Ҷомӣ ҳам ҳамин сураи Қуръон аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» соли 1483 эҷод шуда, ба подшоҳи замон Ҳусайни Бойқаро (1470 – 1507) бахшида мешавад. Он шомили чор ҳазор байт аст.

Аз мазмуни достон бармеояд, ки бисёр эпизодҳое, ки дар сураи «Юсуф» омадааст, Ҷомӣ онҳоро сарфи назар кардааст. Масалан, ҳаёти Юсуф дар Канъон, дар назди падараш Яъқуб, меҳру муҳаббати Яъқуб нисбат ба Юсуф ва аз дигар фарзандон боло гузоштани Юсуф, ба сафар ӯро ҳамроҳ гирифтани бародарон, Юсуфро ба сардори корвониён фурӯхтани бародарон ва Юсуфро ба Миср овардани Молик ва ӯро харидорӣ намудани Азизи Миср ва Зулайхо, ишқи байни онҳо ва дигар эпизодҳои марбути байни онҳо дар достон бо тарзи бадеӣ, бо обуранги шоирона дода шудаанд. Вале Абдурраҳмони Ҷомӣ аз эпизодҳои ба падар дурӯғ гуфтани бародарон дар бораи Юсуфро хӯрдани гург, либосҳои хунолуди Юсуфро бо гург назди Яъқуб овардани бародарони Юсуф, ба сухан омадани гург ва бегуноҳии хешро баён кардани ӯ, нобино шудани Яъқуб аз ғами Юсуф, ҳангоми қаҳтӣ дар Миср вохӯрдани Юсуф бо бародарон, овардани куртаи Юсуфро ба Канъон ва молидани ону шифо ёфтани чашмони Яъқуб дар достон сарфи назар намудааст.

Умуман, пас аз он ки Юсуф бо бародаронаш аз назди падар рафт, дигар дар достон амалиёти Яъқуб ҳам қатъ гардид. Молики корвонӣ Юсуфро ба бозори Миср бурда, дар маърази савдо мегузорад. Юсуф, ки ҳусну ҷамоли беназир дошт, нархаш хеле баланд гардид. Касе қудрати харидани ӯро надошт. Ҳатто Азизи Миср зӯраш ба харидани Юсуф нарасид. Зулайхо маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо ба достон ворид мегардад. Ӯ духтари шоҳи Мағрибзамин Таймус буд ва зару зевар, лаълу ёқути зиёд аз падар ёдгор дошт. Ҳамаи онҳоро ба Молик доду Юсуфро харид ва ба қасраш бурд. Хост, ки ба коми дил бирасад ва Юсуфро ба ин кор маҷбур кард, вале Юсуф пок бимонд. Баъд ӯро туҳмат карду ба зиндонаш нишонд. Азизи Миср – шавҳари Зулайхо нахуст бовар кард, вале баъд фаҳмид, ки Юсуф пок аст ва дар ҳаққи ӯ Зулайхо туҳмат намудааст.

Ҳамин тавр, чанд сол Юсуф дар зиндон хобид. Зулайхо аз дур ӯро наззора мекард ва гӯё ишқашро таскин медод. Юсуф ниҳоят ба ҷон расида, ҳақиқатро ба Азизи Миср гуфт:

Бад-ӯ гуфт: «Эй Азиз, ин доварӣ чанд?!

Гуноҳе не, бад-ин хорим мапсанд.

Зулайхо ҳар чӣ мегӯяд, дурӯғ аст,

Дурӯғи ӯ чароғи бефурӯғ аст».

Дигар, Зулайхо низ ба гуноҳи худ дар назди шавҳар иқрор мешавад. Бинобар ин, Азиз Юсуфро аз зиндон раҳо намуда, зиёда аз ин, ба ҷойи хеш подшоҳи Миср мегардонад. Солҳо сипарӣ мешаванд. Зулайхо ҳам дар ин давр дар шаҳру деҳ саргардон мегардаду менолад ва ниҳоят пир мешавад. Юсуф боре дар роҳи бозгашт пирзоли фартутеро мебинад, ки ӯ ҳам нобиносту ҳам гадо. Раҳмаш меояд ва ба ходимонаш мефармояд, то ин пирзолро ба дарбор биёранд, Юсуф аз нигоҳи шафқат ва одилии хеш нисбати ӯ ғамхорӣ мекунад. Ба Юсуф пирзол оқибат худро шинос мекунад. Ва аз Юсуф илтиҷо мекунад, ки ҷавонияшро баргардонад. Зулайхо ба дастури нахуст бармегардад, ҷавон мешавад:

Ҷамоли мурдаашро зиндагӣ дод,

Рухашро хилъати1 фархундагӣ дод.

Зулайхо пас аз ин аз Юсуф хоҳиш кард, ки ӯро ба занӣ бигирад. Юсуф хоҳиши Зулайхоро қабул кард ва онҳо ба мурод расиданд. Зулайхо, ки аз нахуст бутпараст буд, аз бутпарастӣ даст мекашад ва бути дар қаср будаи худро мешиканад. Онҳо бо ҳам 22 сол зиндагӣ мекунанд ва соҳиби фарзандони зиёд мешаванд. Боре Юсуф дар хоб падару модарашро мебинад, ки ӯро ба наздашон даъват мекунанд. Рӯзи дигар Юсуф вафот мекунад. Зиндагии Зулайхо пас аз ин дар ибодатгоҳ мегузарад. Ғаму дарди Юсуф корашро кард ва ниҳоят Зулайхо ҳам ҷон медиҳад. Чунин аст мазмуни мухтасари достон.