Мазмуни ҳикоят чунин аст: «Марди баққоле1 як тӯтии хушгӯ дошт. Ҳар ҷо, ки мерафт, тӯтӣ он дуконро посбонӣ мекард. Он тӯтӣ ба савдогарон ва мизоҷон хушгӯйӣ ва нотиқӣ мекард. Хоҷа рӯзе ӯро дар дукон танҳо гузошта, аз пайи кори хеш бирафт. Дар дукон боз гурбае маскан дошт ва он гурба мушеро дар кунҷаки дукон дид ва ба он ҳуҷум кард. Тӯтӣ аз ин ҳарбу зарб тарсид ва аз садр ба ҷойи дигар парид, ки шишаҳои равғани бодом рехт. Чун Хоҷа омаду ҳолро дид, дар ғазаб шуд ва бар сари тӯтӣ зад ва парҳои тӯтӣ аз сар бирехт ва кал шуд. Пас аз ин тӯтӣ дигар аз гап монд. Аз ин ҳодиса дили Хоҷа малул гашт ва аз амали худ пушаймон шуд ва дареғу ҳасрат намуд. Ӯ бечорагону дарвешонро садақа дод, то тӯтияш боз ба забон ояд. Аммо ин кор судаш накард ва тӯтӣ ба сухан наёмад. Боре қаландари пашминапӯши кал ба дукон ворид гардид. Тӯтӣ чун он қаландари калро дид, ба сухан даромад ва ба вай чунин гуфт:
Тӯтӣ андар гуфт омад дар замон,
Бонг бар вай зад, бигуфташ дар аён,
К-«аз чӣ, эй кал, бо калон омехтӣ?
Ту магар аз шиша равған рехтӣ?!»
Аз қиёсаш ханда омад халқро,
Ки чу худ пиндошт соҳибдалқро2.
Мазмуни ҳикоя ҳамин аст, вале муроди Мавлоно аз овардани он чизи дигар. Чунонки дидед, баққол ҳарчанд саъю кӯшиш карда бошад ҳам, тӯтӣ ба забон наёмад, мисли инсон такаллум накард, аммо чун калеро мисли худ дид, ба гуфтор даромаду нахуст дарди хешро ёд кард, ки ту ҳам мисли ман равған рехтию хоҷаат саратро кал кард? Албатта, хонандаи азиз, он чӣ огоҳ шудӣ, ин мазмуни содаи зоҳир аст. Аз баёни ҳикоя ҳадафи Мавлоно чизи дигар мебошад.
1 Баққол – фурӯшандаи озуқа
2 Далқ – либоси пашмина, соҳибдалқ – пашминапӯш
Мавлоно таъкид менамояд, ки инсони пок – солики роҳи Ҳақ набояд зоҳирбин бошад, мисли он тӯтӣ, балки ба ботин назар бояд кард. Тӯтӣ, ки бо забони инсон такаллум мекунад, маънои онро надорад, ки ӯ мисли инсон қобили идроку андеша бошад. Ин ноогоҳӣ боис шуда, ки ӯ ба таваҷҷуҳ ба сурати зоҳир худро ба қаландар баробар донистааст.
Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,
Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.
Ин надонистанд эшон аз амо1 -
Ҳаст фарқе дар миён бемунтаҳо2.
Ҳар ду чун занбӯр хӯрданд аз маҳал,
Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.
Ба ҳамин хотир, нахуст бояд инсон ба ботин нигарад, бояд ботинбин бошад. Ин монанди он занбӯрон аст, ки яке неш дораду дигар асал. Ва шоиста он бошад, ки мағзи гуфтор, яъне асали онро дарёбӣ:
Пас, ту ҳар гуфте, ки мехоҳӣ бигир,
Маҳви ӯ бошу сифоти ӯ пазир.
Нур хоҳӣ, мустабидди3 нур шав!
Дурр хоҳӣ, хеш бину дур шав!