Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун адибу файласуф шуҳрат дорад. Ин ду пеша – илму адаб дар эҷодиёти ӯ тавъам1 бо ҳам пайванданд. Яъне, мутафаккир андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии худро ба воситаи каломи бадеъ баён намудааст. Дар бораи он ки аз ин ду пеша дар кадомаш муқаддамтар буда бошад, ба як хулоса омадан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вақте ки ғазалиёти ӯро қироат мекунед, аз салосату балоғат, аз ширинию фасоҳати каломи рӯҳбахшаш ба ваҷд меоед. Яке аз шарқшиносони маъруфи дунё Е.Э. Бертелс барҳақ гуфтааст, ки агар лирикаи Ҷалолуддини Румӣ ба аҳли илму адаб ва умуман ба забони мардуми Аврупо тарҷума мешуду дастраси онон мегардид, бешубҳа, ин нобиғаи адабро дар қатори Байрон, Ҳёте, Гейне, Флобер мегузоштанд ва аз ғазалиёти шӯран гезу дилангезаш як ҷаҳон лаззат мебурданд.
1 Даҳрӣ – а) бедин, мулҳид; б) касе, ки ба офарида будани олам бовар надорад, материалист
Номгӯйи мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ аз нигоҳи миқдор чандон зиёд нест, аммо асарҳояш ҳаҷман бузурганд. Мероси адабии ӯ асосан аз «Маснавии маънавӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ2», «Девони кабир» ва «Мактубот» иборат мебошад. Ғазалҳои орифона дар «Девони кабир» мақоми шоиста доранд.
Мавзуъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ дар ғазалу рубоиёт ва қитъаоту тарҷеоти адиб дида мешаванд. Масалан, шоир дар рубоии зер он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад. Шоиста он бошад, ки аз пайи амале кӯшӣ, ба халқ нафърасон бошӣ:
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон3 мегузарад.
Дар манзили тан махуспу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
Шоир саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсонро дар некиву некукори, дар покии виҷдон, ростгӯйию растагорӣ ва дар бомаърифатии ӯ мебинад ва таъкид менамояд, ки агар одам бо чунин сифатҳо ороста бошад, азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам нихад, тоҷи сари мардумон мегардад:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ,
1 Тавъам – дугона (дугоник), ҳамроҳ, якҷоя
2 Фиҳӣ мо фиҳӣ – дар ӯ ва он чи дар он аст
3 Ройгон – муфт, бефоида
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Рав некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ӯ некиро зи некувон настонад.
Мол аз ҳама монду, аз ту ҳам хоҳад монд,
Он беҳ, ки ба ҷойи мол некӣ монад.
Мавлоно дар рубоиёташ ишқи поки инсониро басо самимӣ, дилкаш ва шоирона ба қалам додааст:
Бо ёр ба гулзор шудам раҳгузаре,
Бар гул назаре фикандам аз бехабарӣ.
Дилдор ба ман гуфт, ки «Шармат бодо!
Рухсори ман ин ҷову ту бар гул нигарӣ».
«Фиҳӣ мо фиҳӣ». Ин асар бо наср иншо шудааст. Адиб ва мутафаккир андешаҳои фалсафии худро бо сабки адабӣ дар зимни нақшҳои мухталиф эҷод кардааст. Бештар аз эҷодиёти шифоҳӣ истифода бурдааст. Бахусус, дар зимни латифаю мутойибаҳо, нақлу ривоятҳо андеша ва афкори панду ахлоқию фалсафии хешро ба қалам додааст. Масалан, дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки ҳар гуноҳу кори нохубе зоҳир кунанд, он гуноҳро ҳавола ба Худо мекунанд. Ҷалолуддини Балхӣ чунин рафтори ношоистаро намеписандад ва сахт маҳкум менамояд. «Он яке бар дарахти Қамариддин мева мерехт ва мехӯрд. Худованди боғ мутолиба1 карда гуфт:
– Аз Худо наметарсӣ?!
Гуфт:
– Чаро тарсам?! Дарахт аз они Худо ва ман бандаи Худо, мехӯрам аз моли Худо!
Гуфт:
– Биист, то ҷавоб гӯям. Расан2 биёред ва ӯро ба ин дарахт бибандед ва бизанед, то ҷавоб зоҳир шудан.
Фарёд баровард:
– Аз Худо наметарсӣ?
– Чаро тарсам, ки ту бандаи Худоӣ ва ин чӯби Худо».
1 Мутолиба – даъво
2 Расан – ресмон, банд, арғамчин
«Муаллим кӯдакеро хат омӯзад, чун ба сатр расад, кӯдак сатр менависад ва ба муаллим менамояд. Пеши муаллим он ҳама каж аст ва бад. Ба вай ба тариқи санъат ва мадоро мегӯяд: «Ҷумла нек аст ва неку набиштӣ, аҳсант! Аҳсант! Илло ин як ҳарфро бад набиштӣ. Чунин мебояд ва он як ҳарф ҳам бад набиштӣ. Чанд ҳарферо аз он сатр бад мегӯяд ва ба вай менамояд, ки чунин мебояд набиштан ва боқиро таҳсин мегӯяд, то дили ӯ нарамад ва заъфи ӯ ба таҳсин қувват гирад ва ҳамчунин ба тадриҷ таълим мекунад ва мадад меёбад».
Ба ин восита Мавлоно таъкид менамояд, ки дили кӯдакро ба хондану навиштан бояд қавӣ гардонд. Ба тарзе камбудию нуқсонашро фаҳмонидан лозим аст, ки дилаш аз хондан намонад, балки шавқу рағбаташ бояд рӯз аз рӯз афзун бигардад. Агар ин маврид муаллим кӯдакро маломату сарзаниш кунад, дар ҳаққаш суханони қабеҳ гӯяд, ки ту намедонӣ, одам намешавӣ ва ғайраву ғайраҳо, он вақт тир ба ҳадаф намерасад, мурод ҳосил намегардад.
«Бачае дар саҳро ба модар гуфт:
– Маро дар шаби торик сиёҳие монанди дев рӯй менамояд ва аз ин метарсам.
Модар гуфт:
– Матарс! Чун он суратро бинӣ, далертар бар вай ҳамла кун, пайдо шавад, ки хаёл аст».
Мавлоно дар ин пора шогирдонро ба нотарсию далерӣ ҳидоят мекунад ва бо ин гуфтан мехоҳад, ки аз хурдӣ чунин сифатҳоро бояд волидайн ба фарзандон бигӯянд ва дар ҳамин рӯҳия онҳоро тарбият намоянд.
Мавлоно Ҷалолуддин нисбати муғулҳо нафрат дорад ва дар асарҳояш ҷо-ҷо онҳоро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Охир, аз дасти ин хунхорон волидайн ва худи ӯ Балх – зодгоҳашонро як умр тарк карданд. Ҳанӯз он рӯзҳо он фалокате, ки чингизиён ба сари мардуми Аҷам оварда буданд, дар назараш ҷавлон мезад. Онҳо сарвату давлати бекарони халқро тороҷ карданд ва сарватманд шуданд: «Касе савол кард, ки муғулҳо молҳоро меситонанд ва эшон гоҳ-гоҳе моро мол мебахшанд. Ҳукми он чун бошад? Фармуд: «Ҳар чӣ муғул ба мо додааст, чун оби кӯза аст аз дарё. Пас, моли мо ба эшон ҳаром аст ва моли эшон бар мо ҳалол».
Гуфт:- Муғулон, ки аввал дар ин вилоят омаданд, урён ва ба раҳна буданд. Маркаби эшон гов буда ва силоҳашон чӯбин. Ин замон муҳташам ва сер гаштаанд ва аспони тозӣ (арабӣ) ҳар чӣ беҳтар ва силоҳҳои хуб (аслиҳаи хуб) пеши эшон аст.
Фармуд:- Он вақт, ки дилшикаста ва заиф буданд ва қуввате надоштанд, Худо эшонро ёрӣ дод ва ниёзи эшонро қабул кард. Дар ин замон чунон муҳташам ва қавӣ шуданд, ки Худои таоло ба заъфи халқ эшонро ҳалок кунад.
Ҳамин тавр, Мавлоно дар анҷоми ҳикоят онҳо, яъне чинги зиёни золимро ба марг маҳкум кардааст ва аз Худо ин матлабро хостааст. Дар ҷойи дигар бо сад дард мегӯяд:
Ҳама Балхро чун кафи даст кард, иморати оламро паст кард.
Дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» латифаю мутойибаҳои1 намакин зиёд омадаанд, ки дар онҳо содагӣ ва суханони лутфомези мардумони одӣ инъикос гардидаанд. «Яке харе гум кард. Се рӯз рӯза дошт ба нияти он, ки хари худро биёбад. Баъд аз се рӯз харро мурда ёфт. Ранҷид ва аз сари ранҷиш рӯй ба осмон кард ва гуфт:
– Агар ба ивази ин се рӯз, ки рӯза доштам, шаш рӯз аз рама зон нахӯрам, мард набошам».