Дар достон нақшҳои Дувалронӣ ва Хизрхон асосӣ буда, қобили таваҷҷуҳанд. Дигар чеҳраҳо мисли модари Хизрхон Офоқбону, падари Хизрхон султон Аловуддин барои кушодани симои ҳақиқии қаҳрамонони асосӣ – Дувалронӣ ва Хизрхон хизмат кардаанд.
Хизрхон ишқи пок дорад ва барои ба мақсад расидан дар ин роҳ устувор аст, саъю талош дорад. Вале мубориз нест. Ба гапи падару модар гӯш медиҳад. Ба ҷуз зорию тавалло, ашк рехтан, нолаи пурсӯз намудан роҳи дигар надорад. Барои ӯ давлату сарват, ҷоҳу мансаб ҳеҷ аст. Бинобар ин мегӯяд:
Агарчи давлатамро субҳгоҳ аст,
Вале бе ту ҷаҳон бар ман сиёҳ аст.
В-агар худ ҳаст ганҷе бешуморам,
Баҳои ним ҷав нозат надорам.
Бисёр рафтору кирдори Хизрхон ба Маҷнуни Низомӣ монандӣ дорад. Ҳамоно дар роҳи ишқ устувору мубориз набудан, ба тақдир тан додан онҳоро ба ҳам наздик гардондааст. Масалан, вақте ки Хизрхонро ба духтари тағояш никоҳ мекунанд, ӯ ягон муқобилият нишон намедиҳад. Хизрхон дар як мактубаш дарди дилашро ба тарзи зайл баён кардааст, ки бисёр риққатангез1 аст:
В-агар ҳамхобае дорам дар оғӯш,
Ба ҷойи соф дурде мекунам нӯш.
Нишинам бо вайу дил дар хаёлат,
Бипӯшам чашму бинам дар ҷамолат.
1 Риққатангез – он чӣ ҳисси дилсӯзӣ ба вуҷуд меорад
Дувалронӣ ҳиндудухтари пок ва дар роҳи ишқ устувор тасвир ёфтааст. Ӯ ҳам зоҳиран зебосту ҳам ботинан. Муҳаббати Дувалронӣ ба Хизрхон самимӣ ва беолоиш аст. Бо вуҷуди он ки Хизрхон ба ӯ хиёнат карда, бо духтари тағояш сар ба болин монд, боз аз гуноҳи Хизрхон мегузарад, боз ҳамроҳи Хизрхон бо амри дил ба зиндон меравад. Лаҳзаҳои дар зиндон будани ин ду дилдода рӯзҳои фаромӯшнашаванда ва ҳаёти хушбахтонаи Дувалронӣ маҳсуб меёфт. Хусрав дар достон ин лаҳзаҳоро бисёр ҷолиб ва шоирона ба қалам додааст:
Даме бо ман нишин, эй ёри дилбанд,
Ки бар рӯйи ту бикшоям даре чанд.
Агар банде ниҳад айём бар ман,
Хушам, к-аз зулфи туст ин дом бар ман.
Дувалронӣ ҳусни расо, ақли воло дорад. Дар роҳи ишқ ба ҳама душвориҳо тоқат мекунад. Умед дорад, ки рӯзе ба мурод мерасад. Ҳамин хисол дар тинати Хизрхон ҳам аст. Вақте ки бародараш Муборакшоҳ ба ӯ амр мекунад, ки маҳбубаатро ба назди ман фирист, то ту аз марг раҳо ёбӣ, Хизрхон мурданро авло медонад аз он, ки аз Дувалронӣ даст бишӯяд.
Дар достон табиати зебои Ҳинд, баҳори нозанин басо шоиста тавсиф ёфтааст. Зан ҳамчун як олиҳаи зебои ин табиат бо ҳусну ҷамоли худододу расояш бо камоли маҳорат ба қалам дода шудааст. Шоир ақли расо, ишқи поки духтарони ҳиндуро дар симои Дувалронӣ нишон дода ҷамъбаст намудааст. Дувалронӣ дар ин пора хешро аз назари зан баҳо дода, бо камоли ифтихор мегӯяд:
Ҳанӯзам абрувон муҳкамкамонанд,
Ҳанӯзам ғамзаҳо пайконфишонанд.
Ҳанӯзам наргиси хунрез маст аст,
Ҳанӯзам зулфи кофар бутпараст аст.
Лабам ҳамшираи тунги1 набот аст,
Рухам ҳамчашмаи оби ҳаёт аст.
Дар достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» нақшҳои манфӣ, аз қабили султон Алоуддин, Муборакшоҳ, Малик Кофур амал кардаанд ва ҳар кадоме дар асар симои хешро дорад ва бо рафтору кирдори худ аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, султон Алоуддин шахси таърихист ва Амир Хусрав реалистона ва ҳаққонӣ амалиёти ӯро дар достон нишон додааст. Султон Алоуддин ҳамчун шоҳи кишваркушо, ғосиб, зулмпарвар ва бераҳм ба қалам дода шудааст. Барои ӯ давлату сарват муҳим аст. Инсон, аз ҷумла зану фарзанд ҳам арзише надоранд. Ӯ ба муқобили падар ва фарзандонаш ҷангид ва чашмони Хизрхонро кӯр кард. Дар бераҳмӣ, разолату қабоҳат писари султон Алоуддин аз падар камӣ надорад, балки ҳазор бор бадтар аст. Ҳангоме ки ӯ ба сари қудрат меояд, нахуст бародарон ва хешовандони худро ба қатл мерасонад. Чунонки дар боло ишорат рафт, ӯ Хизрхонро низ кушт, то ки ба маҳбубаи ӯ соҳиб шавад.
1 Тунг – кӯза
Нависанда саъю талош варзидааст, ки нақши модарро дар ин достон ба тарзи динамикӣ инъикос намояд. Масалан, дар оғози достон модари Хизрхон Офоқбону ҳамчун як зани ба расму русум ва дину ойини мусалмонӣ муътақид нахост, ки писараш Хизрхон бо ҳиндудухтар ақди никоҳ бандад. Вале оҳиста-оҳиста камбудии хешро фаҳмида, ислоҳ мешавад ва фарзанди худро ба мурод мерасонад. Албатта, дар ин маврид Хусрав нақши модарро муассир нишон дода, дар симои Офоқбону онро ҷамъбаст намудааст. Яъне, дар анҷоми достон нақши Офоқбону ҷанбаи мусбӣ гирифтааст.
Хулоса, достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар адабиёти тоҷику форс, чунонки дидем, навоварӣ ва тозагиҳои зиёд дорад. Дар либоси бадеият нишон додани ҳодисоту воқеоти замон ва ба ин восита нишон додани камбудию нуқсонҳои ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Амир Хусрав буд ва метавон бо як боварии том гуфт, ки тири адиб ба нишон расид.