Осори Зиёуддини Нахшабӣ

Бояд тазаккур дод, ки бештари асарҳои адиб то замони мо омада расидаанд, вале соли таълифи бештари онҳо равшан нест. Чунонки дар фавқ ёд кардем, Зиёи Нахшабӣ ҳам нависанда асту ҳам шоир. Аммо назми Зиё ба тарзи алоҳида дар шакли девон гирд оварда нашудааст. Ӯ дар асарҳои насрияш пас аз баёни матлабе, вобаста ба мазмуни асар қитъа, байт, ғазал, рубоӣ ва дигар жанрҳои шеъриро овардааст, ки онҳо фикри баёнкардаи муаллифро боз ҳам тақвият мебахшанд. Ба ин маънӣ Зиёи Нахшабӣ чунин гуфтааст:

Ба насри хеш соҳибнасри лоиқ

Раво бошад, ки орад назми ҳар кас.

Валекин ман наовардам дар ин наср

Зи саъйи килки худ назми дигар кас.

Дуруст аст, ки пеш аз Зиёи Нахшабӣ нависандагони дигар ин амалро анҷом дода буданд. Дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва амсоли ин нависандагон аз назму наср бамаврид истифода бурдаанд. Ин анъаноти некро Зиёи Нахшабӣ ҳам давом дод. Аммо, чунонки дар қитъаи боло ёд кардааст, аз назми адибони дигар истифода набурдааст.

Нависанда дар давоми умри хеш асарҳои зеринро иншо кардааст:

1. «Тӯтинома» – бузургтарин асари нависанда. Дар бораи ин асар ба тариқи алоҳида истода мегузарем.

2. «Гулрез»– асари ишқӣ-лирикист.

3. «Ҷузъиёт ва куллиёт»

4. «Силк-ус-сулук»

5. «Шарҳи Сураи Забур»

6. «Лаззат-ун-нисо»

7. «Насоих-ул-мавоиз»

8. «Ашараи мубашшира»– мутаассифона, аз ин асар то ба имрӯз ба ҷуз ном ягон нишоне омада нарасидааст.

Акнун бо тариқи мухтасар асарҳои нависандаро аз назар гузаронида таҳлил менамоем.

«Гулрез». Ин асар ишқист ва дар осори нависанда мақоми арзанда дорад. Махсусан забони «Гулрез» сода буда, дар кушодани бисёр хусусиятҳои насри асримиёнагии тоҷику форс кумаки амалӣ расонида метавонад. Соли нигориши асарро Зиёи Нахшабӣ дар ягон ҷойи «Гулрез» қайд накардааст. Ӯ дар муқаддимаи асар «Дар боби сохтани китоб» доир ба баъзе хусусиятҳои «Гулрез», аз ҷумла муҳим будани мавзуъ, ҳунари нигорандагии хеш ва дар як муддати кӯтоҳ оғоз кардану анҷом додани достон маълумот додааст. Баъд аз ин муаллифи китоб тибқи анъаноти нигорандагӣ дар мавзуи ҳамд, наът, ҳасби ҳол, сабаб ва амсоли ин фаслҳои алоҳида додааст. Зиёи Нахшабӣ «Дар боби мазаммати фалак ва абнои рӯзгор» фасли алоҳида дода, дар ин боб муносибати хешро нисбати ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, маданию иктисодӣ баён карда, зулму истисмори золимон, беадолатию бенизомии аҳли ҷоҳу мансабро ёд мекунад. Пас аз ин нависанда ба мавзуи асосии асар мегузарад. Композитсияи асар ё устухонбандии «Гулрез» чун «Ҳазору як шаб» ва қиссаҳои ошиқонаи асрҳои пешин ҳикоя андар ҳикоя омадааст. Сароғози ин қиссаи ошиқона аз ҳикоёти шоҳзодаи Нахшаб Махсумшоҳ ва духтари шоҳи париён – Нӯшлаб, ки дар асар ба сурати мурғ дода шудааст, оғоз меёбад ва дигар ҳикояҳою қиссаҳои овардашуда ба ин ҳикоят пайванданд ва онҳо мақому манзалати нақшҳои асосиро кушода медиҳанд.

Муҳимтарин хусусияти «Гулрез» он аст, ки дар он намунаҳои зиёди назмӣ оварда шудаанд. Дар байни намунаҳо жанрҳои рубоӣ, ғазал, қитъа ва таронаҳои зебо бештар дида мешаванд. Дар «Гулрез» беш аз 1200 байт оварда шудааст, ки онҳо бо санъати баланд эҷод гардидаанд ва Зиёи Нахшабӣ ҳамчун шоири баркамол ба назар мерасад. Бештари намунаҳои ғазалмонанд дар муколама ва гуфтору посухҳои ошиқонаи байни Аҷабмалик ва Нӯшлаб ба назар мерасанд, ки онҳо асарро хонданӣ, хушобуранг намудаанд. Боз як хусусияти «Гулрез» он аст, ки дар мавридҳои алоҳида ҳикояҳои кӯтоҳи ошиқона оварда шудаанд, ки шумораи онҳо ба 20-то мерасад. Онҳо ҳам дар мавриди худ барои барҷаста баромадани симоҳои асосии асар хизмат кардаанд. Забон ва тарзи баёни нависанда ба насри маснӯи замони шоир, ки ҳукмрон буд, монанд аст. Калимоту ибороти арабӣ, ҳадису оёти «Қуръон» дар асар хеле зиёд омадааст. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Зиёи Нахшабӣ забони арабиро хеле хуб медонистааст.

«Ҷузъиёт ва куллиёт». Ин асар ҳам насрӣ буда, бо порчаҳои назмӣ ороста гардидааст ва аз ин ҷиҳат ба «Гулрез» монанд аст. Мавзуи асар баҳси ҷузъиёт ё узвҳои бадани инсон мебошад. Маънии асар он аст, ки ҷузъиёт бо ҳам ҷамъ омада, куллиётро ташкил додаанд. Яъне, онҳо дар кул бадани инсонро ташкил медиҳанд. Асар аз 40 боб иборат мебошад ва ҳар як боб ба як узви инсон бахшида шудааст. Нависанда дардҳо, доруҳои табобатии ҳар узвро баён мекунад ва барои беҳ шудани он тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд. Аз ин нигоҳ, асар аҳаммияти калони тиббӣ дорад. Масалан, бобҳои дар бораи мӯй, сар, димоғ, пешонӣ, абру, пилк, мижа, чашм, ашк, бинӣ, рухсора, гӯш, зулф, хат, лаб, даҳон, дандон, забон, занах, рӯй, хол, гулу, гардан, пушт, устухон, бозу, раг, даст, ангушт, нохун, сина, дил, рух, паҳлу, шикам, камар, зону, соқ ва пой бо ҳам баҳс мекунанд. Ғайр аз ин, дар асар мавзуъҳои пандуахлоқӣ, тасаввуфӣ дар алоқамандӣ ба мавзуи асосии асар баррасӣ гардидаанд.