Убайди Зоконӣ ҳам дар назм ва ҳам дар наср асарҳои арзишманд эҷод кардааст. Дар «Девон»-и ашъори ӯ жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд ва маснавиҳои ҳаҷман хурд гирд оварда шудаанд. Нисбат ба дигар жанрҳо ғазал бештар аст. Мавзуи ғазалиёти Убайд гуногун буда, мавзуъҳои ишқ, тавсифи баҳору зебоиҳои он, масъалаҳои иҷтимоӣ, мазаммати шайхони риёкор, қозию дигар ашхоси нолоиқро ташкил медиҳанд. Дар баъзе ғазалиёташ, чунонки қаблан зикр кардем, бевосита ҳаёти шоир инъикос ёфтааст. Адиб дар ин асарҳо аз фақру тангдастии хеш шикоят кардааст, дарду алами хешро ифшо намудааст. Дар ғазали «Ҷойи савол нест» Убайд нобаробарии мардумони ҷомеа, зулму тааддии истисморгарон ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоиро инъикос намудааст:
Ҳосил зи зиндагонии мо ҷуз вабол1 нест
В-аз рӯзгор баҳра ба ғайр аз малол нест.
Хуш хотире, ки мансабу ҷоҳ2 орзу накард,
Хуррам диле, ки дар талаби мулку мол нест.
Аз хони мумсикон маталаб тӯшаи ҳаёт,
К-он луқма пеши аҳли тариқат3 ҳалол нест…
Бо вуҷуди ин ҳама тангдастӣ, қашшоқӣ ва маҳрумиятҳо шоир бетамаъ, шикастанафас, қаноатпеша будааст. Ӯ ба сарватмандон ҳасад набурдааст, рашк накардааст. Таваҷҷуҳ намоед ба гуфтори адиб:
1. На бар ҳар хону хоқон мебарам рашк,
На бар ҳар миру султон мебарам рашк.
2. Надорам чашм бар ганҷуру дастур,
На бар ганҷи фаровон мебарам рашк.
3. Намеандешам аз дӯзах ба як ҷав,
На бар Фирдавсу Ризвон мебарам рашк…
Убайд дар байти сеюм андешаи риндонаи хешро ифшо намуда, таъкид менамояд, ки аз оташу азоби ҷонкоҳи дӯзах тарсу бим надорам ва гузашта аз ин, ба боғи биҳишту Фирдавс ҳам рашк намебарам. Дар девони шоир ғазалҳои ошиқона хеле зиёданд. Шоир бо камоли меҳру садоқат маъшуқаи хешро ситоиш менамояд. Дар тавсифи зебоиҳои ёр аз санъатҳои бадеӣ бамаврид истифода бурда, ӯро ба шаҳриёру хешро ба бенаво, ӯро ба хуршеду хешро ба зарра монанд намудааст. Дар ин маврид шоир аз санъати тавсиф, сифатчинӣ ва тазоду муқобала истифода бурдааст:
Афтода бозам дар сар ҳавое,
Дил боз дорад майле ба ҷое.
Ӯ шаҳрёре, ман хоксоре,
Ӯ подшоҳе, ман бенавое.
Абрукамоне, нозукмиёне,
Номеҳрубоне, шанге4, дағое5.
1 Вабол – гуноҳ
2 Ҷоҳ – мансаб
3 Тариқат – а) мазҳаб, маслак; б) роҳи арбоби тасаввуф; в) хел, навъ
4 Шанг – шӯх, зебо
5 Дағо – маккор, ҳилагар
Убайди Зоконӣ дар эҷоди қасида табъи баланд дошта будааст. Бештари қасидаҳои ӯ мадҳӣ буда, ба шоҳону вазирони замонааш бахшида шудаанд, ки адиб дар тӯли рӯзгораш бо онҳо суҳбат доштаасту хизмати онҳоро кардааст. Аҳаммияти чунин қасидаҳо дар онанд, ки онҳо бозгӯйи ҳодисоту воқеоти таърихии он замонанд.