Ин асар бачагона аст ва худи Убайди Зоконӣ дар оғози достон ба ин маънӣ гуфтааст:
Ҷони ман, панд гир аз ин қисса,
Ки шавӣ дар замона шодоно.
Ғараз аз «Мушу гурба» бархондан
Муддао фаҳм кун, писарҷоно!
Агар ба мазмуни қисса диққат диҳем, зоҳиран сода аст ва ҳодисаю воқеаҳои аҷоибу ғароибро ҳикоят мекунад ва аз рӯйи чунин хусусият диққати бачагонро бештар ба худ ҷалб менамояд. Вале дар ботини он маъниҳои зиёд нуҳуфтааст. Шоир ба ин масъала ишорат намуда мегӯяд:
Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш,
Биё, бишнав ҳадиси «Гурбаву муш»
Бихонам аз бароят достоне,
Ки дар маънои он ҳайрон бимонӣ.
Ишораи шоир «дар маънои он ҳайрон бимонӣ» масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии замони хешро дар назар дорад. Муши масту аласт аз хуми шароб баромада, ба худситойӣ машғул мешавад, ки Гурба ӯро дида, корашро тамом мекунад. Пасон барои шустани гуноҳ Гурба ба масҷид меравад ва тавба мекунад ва аз кори хеш пушаймон мешавад. Ин амали Гурба ба мушон маъқул мегардад ва мегӯянд: «Гурба мусалмон шудааст» ва бо дастовезҳои шоиста назди Гурбаи фосиқи хунхор қадам мениҳанд. Аммо Гурба аз маврид истифода бурда, он 5 мушро ба комаш фурӯ мебарад ва Шоҳи мушон бо як душворӣ аз чанголи Гурба халос мешавад ва аз тоҷу тахташ бенасиб мегардад. Албатта, ин зоҳири қисса аст. Ба назари мо, шоир дар симои Гурба шоҳони муғулро нишон до дааст ва дар нақши мушон ҳокимону волиёни таҳҷойи кишвар дар назар дошта шудаанд. Ҳамаи онҳо барои манфиатҳои шахсии худ мубориза мебаранд, раиятро тороҷ мекунанд ва аз ҳамин ҳи соб маҷлисҳои пурдабдаба ороста, кайфу сафо менамоянд. Аммо, аз тарафи дигар, онҳо бо Гурба дар қатлу ғорати мардум тифоқу якдиланд. Сониян, онҳо бо ҳам рақобат дошта, барои ҳукмронӣ ва сиёсати хеш алайҳи якдигар мубориза мебаранд. Ана ҳамин муборизаҳои табақаи болоии ҷомеаро нависанда дар симои Гур ба ва Муш ҷамъбаст намудааст. Агар мушаххастар, аз рӯйи ақлу мантиқ ба ин масъала назар кунем, равшан мегардад, ки дар си мои Мушу Гурба рафтору кирдори Шоҳ Маҳмуд ва Шоҳ Шуҷоъ ва ҷангу хунрезиҳои Муборизиддин ва Абуисҳоқ ҷамъбаст гарди даанд. Убайди Зоконӣ ба ин восита нотифоқии ҳокимону волиёни соҳибватанро нишон додааст, ки Гурба барин шоҳи муқтадири хунхор ҳар коре, ки дилаш хоҳад, дар ҳаққи онҳо мекунад. Ва дар симои Гурба шоҳони Чингиз, авлодони Чингизи хунхор дар на зар дошта шудааст. Дар анҷоми қисса Гурба занҷирҳоро аз тан раҳо карда, ба по мехезад ва мушону лашкари ононро боз мағлуб мегардонад. Ба ҳамин тариқ, чингизиён боз ғалаба карда, зулму тааддии хешро дар вилоёту тобеоти ин сарзамини биҳиштосо да вом хоҳанд дод.
Таъсири қиссаи «Мушу Гурба» ба адабиёти пасини мо хеле зиёд аст. Масалан, дар нимаи дувуми асри XVI Шайх Баҳоӣ дар пайравии «Мушу Гурба»-и Убайди Зоконӣ қиссаи «Мушу Гурба»-и хешро эҷод кардааст, ки он асосан бо наср иншо шудааст. Баъзан дар охири ҳикоёт ва баҳсу мунозираи Мушу Гурба порчаҳои шеърӣ аз худи муаллиф ва ё аз шоирони бузурги гузашта оварда мешаванд. Ин анъанот дар асри XIX давом ёфта, Муҳаммад Ҳусайни Исфаҳонӣ достони «Мушу Гурба»-ашро эҷод мекунад. Асари мазкур бо назму наср омехта иншо шудааст.