Ҷомӣ дар осори худ соҳирона такомули панҷсадсолаи адабиёти гузаштаро ҷамъбаст мекунад. Аз рӯйи осори Ҷомӣ бо камоли боварӣ метавон ҳукм кард, ки дар қарни XV аз мероси гузашта чӣ чиз боқӣ монда ва чӣ аз байн рафтааст.
Е.Э.Бертелс
Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.
Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Ҷомӣ ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикзабонон аст.