Таҳлили нақшҳои асосии достон

Мувофиқи сарчашмаҳои пайдоиш ва нақлу ривоятҳои халқӣ дар достони «Юсуф ва Зулайхо» сухан дар бораи писари Яъқуб пайғамбар – Юсуф меравад. Яъқуб писари хурдиаш Юсуфро бо сабаби дар хурдияш аз модар ятим монданаш дӯст медошт. Ин боиси хашму ғазаби бародарони калонӣ мегардад. Вақте ки бародарон Юсуфро ҳамроҳ ба сафар бурданд, дигар ӯро ба хона барнагардонданд. Яъқуб дигар кореро ба анҷом нарасонид ва сабру таҳаммулро пешаи худ намуд. Ҷомӣ дар достон ба нақши Юсуф бештар таваҷҷуҳ намудааст ва андешаҳои ирфонии хешро дар симои ӯ ба қалам додааст. Юсуф соҳибҷамол аст, ҳусни расо дорад. Ана ҳамин ҳусну ҷамол сабабгори ба вуҷуд овардани амалиётҳои зиёди достони шоир гардидааст. Ҷомӣ дар симои Юсуф мардеро нишон додааст, ки бисёр хислатҳои наҷиби инсонӣ дорад.

1 Хилъат – ҷома, сару либос

Муҳимаш он аст, ки гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек дорад. Юсуф пок аст ва то охир пок мемонад. Ӯ ба роҳи бад нарафт, ба Азизи Миср хиёнат накард. Агарчи дар ин роҳ азобу машаққат кашида бошад ҳам, покизагиро нигоҳ дошт. Вақте ки ба ҷойи Азизи Миср подшоҳ шуд, барои мардуми кишвар дари хайру саховат ва адолатро кушод. Омадани солҳои қаҳтиро донист ва дар сари вақт тадбири ин корро ҷуст ва раиятро аз ин балои гуруснагӣ раҳонид. Ба халқ хайру саховат намуд.

Ҳатто ба тадбирҳои маккоронаи Зулайхо тан надод. Зулайхо ба канизонаш фармуд, то Юсуфро аз роҳ зананд. Аммо ба мурод нарасид. Юсуф ин кори нопокро накард ва пок буду пок монд. Юсуф дар достон ҳамчун шахси меҳнатдӯст ва хоксору фурӯтан тасвир ёфтааст. Ин хисоли наҷиб ҳангоми иҷро кардани корҳои хайр ва дигар хизматҳои дар дарбори Азизи Миср кардаи ӯ баръало намудор гардид. Гарчанде Юсуф солҳо аз ватан дур зист, ёди Канъон ва ёру диёр аз қалби ӯ дур нагашт ва, ниҳоят, бо пайвандони худ наздик шуд. Аз назари шоири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ инсон бояд ҳамин тавр бошад, ҳамин тавр кору зиндагӣ намояд.