Мазмун ва мундариҷаи идеявии ҳикояҳои «Баҳористон»

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ба бисёр масъалаҳои муҳимми замонааш, ки дар девонҳою маснавиҳояш иброз карда буд, боз бармегардад. Ӯ танҳо як чизро мехост: орзу дошт, ки ҳаёту зиндагии халқ хуб бошад, зулму бедодгарӣ барҳам хӯрад. Нависанда ҷамъиятро ба золимону мазлумон тақсим карда, ба муқобили золимон ва бераҳмию бешафқатии онҳо мебарояд. Ӯ золимонро танқид карда, онҳоро аз шӯру исёни халқ - мазлумон огоҳ месозад. Чунончи, дар боби дуюм ҳикояте оварда шудааст, ки дар он ҳакими донишманд ба Искандар чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагадкӯбии забардастон бимирад»:

Дило, гӯш кун аз ман ин нуктаи хуш,

Ки мондаст дар гӯшам аз нуктадонон,

Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,

Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

Ҷомӣ шоҳону ҳокимони золимро мазаммат намуда, пардаи фиребу найрангро аз рӯяшон дур мепартояд. Подшоҳон дар зери ниқоби дини ислом ба халқи меҳнаткаш зулм мекарданд. Ҷомӣ ба ин гуна шоҳон нафрат дорад. Вай шоҳони бедин, яъне кофири одилро аз шоҳони диндори золим баландтар ҳисоб мекунад. Шоир дар оғози боби сеюм, ки ба ҳамин масъала бахшида шудааст, дар бораи Нӯшервони Одил чунин мегӯяд: «Нӯшервон бо он ки аз дин бегона буд, дар адлу ростии ягона… Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати олам тааллуқ ба габрон ва муғон дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд, зеро ки ба раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд»:

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.

Адли бедин низоми оламро

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

Дар ҳикояти дигар Ҷомӣ талаб мекунад, ки дар баробари шоҳ муқаррабон, вазирон ва дигар амалдорони вай низ бояд одил ва фуқаропарвар бошанд. «Мебояд, ки подшоҳонро мунҳиёни1 росткирдоре бар кор бошанд, ки аҳволи раоё ба вай расонанд»:

Чу шоҳро набувад огаҳӣ зи ҳоли сипоҳ,

Куҷо сипоҳ зи қаҳри вай эҳтироз2 кунанд?

Ба қасди зулм ҳазорон баҳона пеш оранд,

Ба ҷанги фисқ ҳазорон тарона соз кунанд.

Агар шоҳ одил набошад, зулм ривоҷ гирифта, пояи давлат ноустувор мегардад. Аз ин рӯ, ба мансабҳои давлатӣ шахсони поквиҷдон, росткору бомаърифатро интихоб кардан лозим аст, – мегӯяд Ҷомӣ. Нависанда бештар ақидаҳои сиёсиву иҷтимоиашро зимни образҳои шоҳони идеалӣ – Искандар ва Нӯшервон, ҳакимону донишмандон ифода кардааст.

Дар «Баҳористон» нависанда дар мавзуи таълиму тарбия фикру мулоҳизаҳои пурқимате баён кардааст. Пеш аз ҳама, асари мазкурро Ҷомӣ барои таълими писараш эҷод намудааст. Нависанда зимни як қатор ҳикояҳои «Баҳористон» аҳаммияти илму донишро дар инкишофу тараққии ҷамъият нишон дода, зикр мекунад, ки илм як баҳри беканор буда, шохаҳои зиёд дорад. Бояд шахс ҳамон илмеро пурра омӯзад, ки он ниҳоят зарур мебошад. Илова бар ин, шахс бояд илми омӯхтаашро дар амал истифода барад:

1 Мунҳиён – хабардиҳандагон

2 Эҳтироз – парҳез

Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гирой,

В-онро, к-аз он гузир1 бувад, ҷустуҷӯ макун.

В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир.

Ғайр аз амал ба мӯҷиби он орзу макун!

Ҷомӣ одамонро ба дӯстию рафоқат, накукорӣ, саховату олиҳимматӣ даъват кардааст.

Ҷомӣ дар баробари мадҳу ситоиш кардани хислатҳои неки инсонӣ, одамони бадро мазаммату сарзаниш мекунад.

Ҷомӣ хеле дуруст пай бурда буд, ки ахлоқи табақаи боло ниҳоят фосид шудааст. Ҳикояҳое, ки нависанда дар «Баҳористон» овардааст, маҳз ба ин гурӯҳ хосанд:

«Писареро гуфтанд:

– Мехоҳӣ, ки падари ту бимирад, то мероси вай бигирӣ?

Гуфт:

– Не, аммо мехоҳам, ки ӯро бикушанд, то чунончи мероси вай бигирам, дият2 низ бистонам.

Фарзанд нахоҳад зи пайи мол падарро,

Хоҳад, ки намонад падару мол бимонад.

Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,

Хоҳад, ки кушандаш, ки дият ҳам биситонад!

Дар ҷомеа барои баъзе ашхос сарвату боигарӣ аз ҳама чиз болотар меистад. Дар рӯзгори адиб мо далелҳои зиёдеро меёбем, ки шоҳзодагон барои тоҷу тахт, молу сарват шуда ба амали ношоиста даст мезаданд. Масалан, писари Улуғбек Абдулатиф барои тоҷу тахти шоҳӣ падарашро кушт.

Бар хилофи ҳикояти боло Ҷомӣ ҳикояти дигаре низ овардааст, ки дар он ду ҷавон аз табақаи поёнии ҷамъият иштирок доранд. Ҳикоят чунин оғоз меёбад: «Шабе дар масҷиди ҷомеи Миср оташ афтоду бисӯхт. Мусалмононро таваҳҳум1 ин шуд, ки онро насоро2 кардаанд. Ба мукофоти он оташ дар хонаҳои эшон андохтанд ва бисӯхтанд. Султони Миср ҷамоатеро, ки оташ дар хонаҳои эшон андохта буданд, бигрифту дар як ҷой ҷамъ кард ва бифармуд, ки то ба адади эшон руқъаҳо3 навиштанд: дар баъзе куштан, дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он руқъаҳо бар эшон афшонданд. Бар ҳар кас ҳар руқъае, ки афтод, бо вай ба мазмуни он муомала карданд. Як руқъа, ки мазмуни он ба куштан буд, дар касе афтод.

1 Гузир – халосӣ, раҳоӣ

2 Дият – хунбаҳо.

Гуфт:

– Аз куштан боке надорам, аммо модаре дорам, ҷуз ман касе надорад.

Дар паҳлуи вай дигаре буд, ки дар руқъаи3 вай тозиёна задан буд. Вай руқъаи худро бад-он кас дод ва руқъаи вайро гирифту гуфт:

– Ман модар надорам.

Инро ба ҷойи вай бикуштанд ва онро ба ҷойи ин тозиёна заданд.

Ба симу зар ҷавонмардӣ тавон кард,

Хуш он кас, к-ӯ ҷавонмардӣ ба ҷон кард.

Ба ҷон чун эҳтиёҷи ёр бишнохт,

Ҳаёти худ фидои ҷони ӯ сохт.

Мазмуни ин ҳикояти Ҷомӣ хонандаро ба хулосае меорад, ки маҳз мардуми одӣ чунин хислатҳои ҳамида доранд ва ба ҷавонмардӣ қодиранд. Қаҳрамони ҳикоят аз марг наметарсад.

Вале вай модари пири бекас дорад ва барои нигоҳубини модар, парастории ӯ мурдан намехоҳад. Ҷавонмардии қаҳрамони дигари ҳикояти боло аз ҷавони аввала боз олитар аст. Ӯ ба хотири модари пири рафиқаш худро ба куштан медиҳад. Дар образи ин ду ҷавон нависанда хислатҳои беҳтарини инсониро ҷамъбаст кардааст.

Ҷомӣ ба воситаи ин ҳикоят масъалаи ҳурмати падару модарро дар миён мегузорад. Нависанда гуфтан мехоҳад, ки падару модарро ҳурмату эҳтиром кардан даркор, ба қадри меҳнатҳои онҳо бояд расид ва ҳаргиз монанди он фарзанди нохалафи марди сарватманд, ки куштани падарашро орзу мекард, будан нашояд.

1 Таваҳҳум – гумон, гумонбар шудан.

2 Насоро – насрониҳо, пайравони дини Исо, христианҳо.

3 Руқъа – мактуб.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ба масъалаи дӯстию рафоқат аҳаммияти калон медиҳад. Ин масъала дар ҳикояти боло дар симои ду ҷавон то андозае инъикос ёфтааст.

Ҷомӣ он касеро дӯсти ҳақиқӣ мешуморад, ки дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба ӯ мададгору рӯҳбардор бошад. Агар лозим шавад, аз суханони талху баъзе кору кирдори ноҷои дӯсташ малол нашуда, канорагирӣ накунад. Дар ин мавзуъ нависанда аз ҳаёти яке аз орифону донишмандони гузашта Абубакр Муҳаммад Ҷаъфар ибни Халафи Бухороӣ (861 – 946) ҳикояте меорад. Абубакр ба шӯр меояд, яъне парешонҳол мешавад ва ӯро ба бемористон мебаранд. Як гурӯҳ одамон барои диданаш меоянд. Абубакр аз онҳо мепурсад:

– Шумо киёнед?

Гуфтанд:

– Дӯстони ту.

Санг бардошт ва бар эшон ҳамла кард. Ҷумла бигурехтанд. Бихандиду гуфт:

– Боз оед, эй муддаиён, ки дӯстон аз дӯстон нагурезанд ва аз санги ҷафояшон напарҳезанд:

Он аст дӯстдор, ки ҳарчанд душманӣ

Бинад зи дӯст, беш шавад дӯстдортар.

Бар сар ҳазор санги ҷафо гар хурад аз ӯ,

Гардад бинои ишқаш аз он устувортар,

Ҷомӣ он касеро рафиқи бад ҳисоб мекунад, ки маҳз ба хотири чизе, бо мақсаде риштаи дӯстӣ мепайвандад. Чунин дӯстӣ пояи устувор надорад. Аз ин гуна «рафиқ» зудтар паймони дӯстиро буридан хубтар аст. Ҷомӣ ин суханашро аз номи орифу ҳакими машҳури асри Х Абулҳасан тақвият медиҳад. Масалан, ҳикоят ин тавр оғоз меёбад: «Шайх Абулҳасан гуфтааст, ки дар дунё ҳеҷ чиз нохуштар нест аз дӯсте, ки дӯстии вай аз барои ғаразе бошад ё ивазе».

Нокастар аз ӯ кас набувад дар олам,

К-аз дӯст ба ҷуз дӯст муроде хоҳад.

Дар «Гулистон»-и Саъдӣ доир ба мавзуи дӯстӣ ҳикоятҳои бисёре оварда шудаанд. Ҳар ду адиби бузург доир ба ин масъала ҳамфикранд. Онҳо дӯсти беғаразро дӯсти ҳақиқӣ ҳисоб кардаанд. Дӯст он кас аст, ки дар мавридҳои парешонҳолию дармондагӣ ба ту мадад мерасонад:

Дӯст машмор, он ки дар неъмат занад

Лофи ёрию бародархондагӣ.

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Ҳикоёти Ҷомӣ, ки дар боло овардем, аз ҳар ҷиҳат суханони Саъдиро такмил ва тақвият медиҳанд.