Мероси адабии Ҳилолӣ

Бадриддини Ҳилолӣ асосан дар байни хоссу ом ҳамчун шоири ғазалсаро машҳур гардидааст. Дар ин бора худи адиб чунин мегӯяд:

Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст,

Шукри Борӣ, ки назми ман ғазал аст.

Он ки назми ғазал тавонад гуфт,

Маснавиро чу дур тавонад суфт!

Аз ин рӯ, қисмати зиёди девони Ҳилолиро, ки соли 1521 бевосита худаш тартиб додааст, ғазал ташкил медиҳад. Девони ӯ қариб аз 360 ғазал, 32 рубоӣ, 8 қитъа, чистони «Шамъу фонус» ва дигар жанрҳои хурди лирикӣ иборат аст, ки миқдори абёти он ба 2700 байт мерасад.

Мавзуи қитъа ва рубоиёти шоир мухталиф буда, дар онҳо ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии адиб инъикос ёфтаанд. Масалан, дар рубоии зер Ҳилолӣ таъкид мекунад, ки дар ин рӯзгор инсони беғам вуҷуд надорад. Таҷрибаи ҳаёт, рӯзгори одамони ҷамъият адибро ба чунин хулоса овардааст. Ҳилолӣ дид ва мушоҳида намуд, ки истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ хору забунанд:

1 Тавзеҳ – сабаби чизе ё кореро шарҳ додан.

Дар олами бевафо касе хуррам нест,

Шодию нишот1 дар банӣ2 Одам нест.

Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,

Ё одам нест, ё аз ин олам нест.

Дар қитъаоти шоир нуқсонҳои ҷомеа фош гардида, шикоят аз зулм, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра баланд садо медиҳанд:

Оҳ аз ин рӯзгори баргашта,

Ки зи ман лаҳза-лаҳза баргардад!

Гар фалакро ба коми худ хоҳам,

Ӯ ба коми каси дигар гардад.

Табиист, ки хунрезиҳо, зулму истисмори табақаи боло сабаби қашшоқии омма мегардид. Аҳвол бад буд, боз бадтар мешуд. Барои ҳамин дар анҷоми қитъа шоир аз он шукр мекунад, ки дар оянда аҳвол аз ин ҳам бадтар нашавад:

Лек бо ин хушам, ки толеи ман

Натавонад, к-аз ин бадтар гардад.

Ҳилолӣ дар солҳои охири ҳаёташ се достон эҷод кардааст, ки ин сабаб дорад. Боре дар як анҷумани шоирон сухан аз Ҳилолӣ рафт. Аксарияти устодони сухан шеъри ӯро таъриф карданд ва дар эҷоди жанрҳои хурди лирикӣ, махсусан ғазалсароӣ бебадал будани шоирро ёдовар шуданд. Дар байни онҳо адибе буд, ки танҳо маснавӣ ё достон мегуфт. Ҳамин шахс Ҳилолиро мазаммат намуда мегӯяд, ки ӯ фақат ғазал мегӯяд. Дар достон гуфтан дасткӯтоҳ аст. Пас аз ин Ҳилолӣ ба навиштани достон шурӯъ мекунад. Дар ин бора Ҳилолӣ чунин мегӯяд:

Буд шахсе ба маснавӣ машҳур,

Дар фунуни сухан ба худ мағрур.

Гуфт: «Оре, агарчи бебадал аст,

Шеваи шеъри ӯ ҳамин ғазал аст.

Нест ӯро зи маснавӣ хабаре,

1 Нишот – хурсандӣ, хуррам

2 Банӣ – фарзандони Одам

Дар раҳи мо зи пайравӣ асаре».

Бе тааммул аз он миён ҷастам,

Ба тааммул миёни худ бастам.

Бозуи фикрро қавӣ кардам,

Рӯй дар кори маснавӣ кардам.

Ҳилолӣ дар қисмати охири достони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар бораи се маснавияш чунин мегӯяд:

Аввал сухане, ки гуфт аз ин пеш,

Афсонан шоҳ буду дарвеш.

Зебо гуҳаре зи баъди он суфт,

Назме зи сифоти ошиқон гуфт.

Гуфт аз пайи он китоби мавзун

Афсонаи ҷонгудози Маҷнун.

«Сифот-ул-ошиқин». Маснавӣ аз 1200 байт иборат буда, дар мавзуи панду ахлоқ суруда шудааст. Асарҳои ахлоқии Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Саъдии Шерозӣ ба адиб илҳом бахшидаанд. Ба ҳамин маънӣ Ҳилолӣ ишорат карда мегӯяд:

Навиштам номае дар некномӣ,

Ки Хусрав офарин карду Низомӣ.

Калиди «Махзан-ул-асрор» бо ӯст,

Фурӯғи1 «Матлаъ-ул-анвор» бо ӯст,

«Гулистон»-ест дар вай «Бӯстон»-ҳо,

Дар авроқаш2 ҳазорон достонҳо.

Маснавии Ҳилолӣ мисли асарҳои Низомию Амир Хусрав сужети ягона надорад. Асар аз 20 боб иборат аст. Ҳар боб мустақил буда, ба мавзуи алоҳидае бахшида шудааст. Мавзуи умумии асар таърифу тавсифи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, шоир дар баробари ситоиши хислатҳои нек рафтори бади одамонро накуҳиш мекунад. Як ҷиҳати муҳимми маснавӣ боз дар он аст, ки Ҳилолӣ мувофиқи мазмуни боб ҳикояҳои тамсилӣ ва ахлоқӣ меорад ва ба ин восита фикрҳои худро қувват медиҳад. Махсусан бобҳое, ки доир ба масъалаҳои сидқу вафо, саховату ҷавонмардӣ, сабр, қаноат, одоб, ҳаё, адолатхоҳӣ, ҳимматбаландӣ бахшида шудаанд, қимату арзиши баланд доранд ва имрӯз ҳам аҳаммияти тарбиявии худро гум накардаанд.

1 Фурӯғ – рӯшной, нур

2 Авроқ – варақҳо, саҳифаҳо

Ҳамеша росткорон растгоранд1,

Ки ғайр аз ростӣ коре надоранд.

Сафо2 меборад аз мардони содиқ,

Ки қавлу феълашон омад мувофиқ.

Боби 4, ки «Дар хулқи хуш» ном дорад, ба муқобили одобу ахлоқи пасти ҷавонони рӯзгори шоир равона карда шудааст. Шоир ҷавононеро, ки намуди зебо, сару либоси пурдабдаба доранд, вале одобу ахлоқашон ношоиста ва разилона аст, сахт мазаммат мекунад.

Ҷавоно, чанд бадхӯйӣ тавон кард,

Зи хӯйи бад ҷафоҷӯйӣ тавон кард?

Ту инсонӣ, тариқи деву дад3 чист?

Ба он рӯйи наку ин хӯйи бад чист?

Накухӯ аз дари роҳат дарояд,

Чу гул, ҳар ҷо ки бошад, хуш барояд.

Ҳилолӣ ҷавононро даъват менамояд, ки дар роҳи саодати халқ, ободиву ягонагии мамлакат ҳамеша тайёр бошанд. Ба душманони ватан зарбаҳои ҷонкоҳе задан ва қаҳрамониву фидокорӣ нишон додан вазифаи муқаддаси ҳар як ватандӯст аст:

Биё, эй бедили аз кор монда,

Зи бим андар паси девор монда.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,

Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.

Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,

Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ!

Суханони боло ба замони Ҳилолӣ вобастагии қавӣ доранд. Дар рӯзгори адиб Мовароуннаҳру Хуросон саҳнаи ҷангҳои шадид, кушторҳои зиёд гардидаанд. Бинобар ин, шоир оқибати фоҷиавии ин тохтутозҳоро ҳис карда, ба воситаи сухан ҳамватанонашро ба далерию қаҳрамонӣ, ба ҳимояи ватан даъват намудааст.

1 Растгорон – раҳоёфтагон

2 Сафо – сулҳ, осоиш, оштӣ

3 Дад – ҳайвон

Достони охирини Ҳилолӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» аст, ки шоир онро дар пайравии достонҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ иншо намудааст. Дар бораи достони мазкур дар поёнтар алоҳида таваққуф хоҳем намуд.