Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд мақсад ва вазифаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистои мебошад.
Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз он иборат аст, ки ҳуқуқ ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мебошад, вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабад. Барои ин ба вуҷуд овардани заминаҳои муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъият, муҳайё намудани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун аст. Дар ҷомеае, ки ҳуқуқи шаҳрвандон поймол карда мешавад, зӯроварӣ ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон ҷой дорад, ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёд сохтан мумкин нест.
Барои бунёди давлати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқукӣ зарур аст. Дар кишвари мо Конститутсия ва як қатор қонунҳо кабул карда шудаанд, ки онҳо барои инкишофи муносибатҳои озодонаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд роҳ мекушоянд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, Кодекси гражданӣ, Кодекси меҳнати, Кодекси мурофиавии граждани, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳоми" ва монанди инҳо дохил мешаванд. Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрҳои ҳукукӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.
Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳо мебошанд:
1. Бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун. Дар тӯли инкишофи ҷомеа инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кӯшиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян намояд, то орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Бартарияти ҳуқуқ ҳамзамон маънои онро дорад, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумиинсонӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудудии ҷомеа ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд, зеро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва худи давлат Дар симои мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судҳо, прокурорҳо ва дигарон бояд фақат ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳадду андозае, ки қонун иҷозат додааст ва манъ накардааст, яъне аз рӯйи принсипи "он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост", ба амал бароварда мешавад, вале ин принсип маънои онро надорад, ки рафтори субъектҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи қоидаҳои ахлоқ ва расму анъанаҳои миллӣ мебошад, иҷозат дода мешавад.
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад. Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.
2. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо нишонаи дуюми давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Таърихи башар - таърихи муборизаи инсон барои ноил шудан ба ҳуқуқ ва озодиҳое мебошад, ки аз азал ва табиатан ба ӯ тааллуқ доранд. Тавре ки дар моддаи якуми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: "Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд". Мувофиқи моддаи сеюми ҳамин санад "ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад".
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия).
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз лаҳзаи таваллуд ба худи ӯ тааллуқ дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Ҳеҷ гуна шахси мансабдор чунин ҳуқуқу озодиҳоро ба инсон дода наметавонад. Давлат онҳоро дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ фақат мустаҳкам менамояд. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онҳо дахлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин ҳолат давлат ё шахси мансабдор офарандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мешаванд, ки ин боиси махдуд гардидани онҳо мегардад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсият вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ҳамин барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро ҳамаи шаҳрвандон Дар ташкил намудани ҳокимияти давлати иштирок менамоянд. Шаҳрвандон худро соҳиби ҳақиқии давлат ҳис намуда, мақомоти ҳокимияти давлати ва шахсони мансабдори онҳоро интихоб мекунанд. Фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба ҷамъият ва шаҳрвандон равона карда мешавад.
3. Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс. Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар одатан масъулияти (ҷавобгарии) баланд доранд. Тавре ки дар қ.З моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф мекунад, балки ӯҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияи онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва конунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10 Конститутсия). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонун рӯёнида ё ҷуброн карда шавад. Меъёри зикршудаи конститутсионӣ дар моддаҳои алоҳидаи қонунгузории амалкунанда таҷассуми худро меёбад. Аз ҷумла, дар моддаи 16 Кодекси граждани омадааст. "Зиёне, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳалли ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқи расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн кардашавад".
Ҳамин тартиб, доираи амали мақомоти давлати, суд ва прокуратура ва дигар мақомот низ дар доираи қонун маҳдуд карда шудааст. Онҳо мисли ҳамаи шаҳрвандон ба қонун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд. Ҳамзамон шаҳрванд низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди дигар шахсон, давлат ва ҷомеа ҷавобгар мебошад. У низ вазифадор аст уҳдадориҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар намудаанд, риоя ва иҷро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайра аз ҷумлаи уҳдадориҳои шаҳрванд мебошанд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
4. Нишонаи чаҳоруми давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ҳарсе шохаи ҳокимият дар татбиқи фаъолияти худ мустақил мебошанд. Таҷзияи ҳокимияти ягонаи давлатӣ ба се шохаи мустақил яке аз принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Вай асоси конститутсионии худро дар бисёр кишварҳои дунё ёфтааст. Дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақсади ин принсип ноил шудан ба мустақилияти пурраи шохаҳои ҳокимият, роҳ надодан ба ҳама гуна суиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мақомоти он мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки худи ҳокимияти давлатӣ ягона ва тақсимнашаванда буда, танҳо шохаҳои он бояд аз ҳамдигар фарқ намоянд, ки онҳо дар ҷудо будани салоҳияти ҳар як шохаи ҳокимият ифода меёбад.
Фаъолияти мақомоти зикршуда дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад ва ин ба онҳо имкон намедиҳад, ки аз ҳадди муқаррарнамудаи қонун берун бароянд. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешаванд. Ҳамаи се шохаи ҳокимият муҳиманд. Онҳо ба ҳамдигар таъсир расонида, барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд хизмат мекунанд. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи халқ интихоб карда шуда, истиқлолияти давлатро ифода менамояд. Ҳокимияти иҷроия бо амали намудани қонунҳо ва фаъолияти хоҷагию идоракунӣ машғул мешавад. Ҳокимияти судӣ ба сифати кафили барқароркунандаи ҳуқуқҳои вайронкардашуда баромад намуда, барои ҳама гуна суиистеъмолкунӣ ҷазо медиҳад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фақат суд метавонад ҳама гуна баҳсҳои байни шаҳрвандон ва ҳокимиятро баррасӣ намояд. Суд танҳо ба қонун такя намуда, фаъолияти ҳудро ба амал мебарорад.
Реклама