§3. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон

§3. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 26-уми июли соли 2014 низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро судҳои зерин ташкил медиҳад: Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.

Ҳоло ба таври мухтасар мақоми баъзе аз ин судҳоро дида мебароем.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Конститутсия ҳангоми номбар кардани судҳо ба Суди конститутсионӣ мақоми аввал дода шудааст. Инчунин, яке аз моддаҳои боби 8-ум, ки "Суд" ном дорад, ба тарзи ташкил ва салоҳияти Суди конститутсиони бахшида шудааст. Дар ин модда гуфта мешавад, ки Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиноси буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти конститутсионии дар моддаи 89-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда мебошад. 

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани: 

- қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- шартномаҳои байналмилалии эътибори қонунӣ пайдонакардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва дигар мақомоти давлатӣ;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии маҷлисҳои вакилони халки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро баррасӣ менамояд.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд:

- лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда;

- баҳси байни мақомоти давлатиро доир ба салоҳияти онҳо;

- дархости шаҳрвандонро дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин мақомоти судӣ дар парвандаи мушаххас татбиқ карда шудааст ва ба андешаи онҳо боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсиониашон гардидааст;

- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, анҷом медиҳад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудани хиёнат ба давлат хулоса қабул мекунад.

Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист.

Чунонки аз ин нишондоди Конститутсия ва аз унвони худи суд бармеояд, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Чунонки дар боло зикр намудем, Суди конститутсионӣ аз 7 нафар — раис, муовини раис ва 5 судя иборат аст, ки яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Муҳлати ваколати судяҳои Суди конститутсионӣ 10 сол аст.

Раис, муовини раис ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷйкистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи алоҳида интихоб карда мешаванд. Шахсе интихобшуда ҳисоб мегардад, ки аксарияти овози шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллиро гирифта бошад.

Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар вақти иҷрои вазифаҳои худ мустақил буда, фақат тобеи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошанд. Ягон хел мудохила ба фаъолияти онҳо инчунин, ба ягон шакле таъсиррасонӣ бо мақсади мамониат кардан ба фаъолияти онҳо мумкин нест.

Мақоми судяи Суди конститутсионӣ бо ваколати вакилӣ, узвияти ҳизби сиёсӣ ва иттиҳодияи ҷамъиятию сиёсӣ, ишғоли вазифаи дигар, фаъолияти соҳибкорӣ, иҷрои кор ва гирифтани музд дар дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, машғулият ба фаъолияти хусусӣ, ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ номувофиқ мебошад.

Судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқ надорад, ки дар суд ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сифати ҳимоятгар ё намоянда, ғайр аз намояндаи қонунӣ будан иштирок кунад, ягон шахсро барои соҳиб шудан ба ҳуқуқ ё озод гардонидан аз масъулият ҳимоя намояд.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёт, қадр ва номуси ӯ, манзили истиқоматӣ ва хизматӣ, воситаҳои нақлиёт ва алоқае, ки дар истифодаи ӯ қарор доранд, инчунин ба муросилот, ашё ва ҳуҷҷатҳои вайро дар бар мегирад.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидан, ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан мумкин нест.

Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешаванд. Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ дар намуди ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваққатан дур кардаи аз вазифа, азназаргузаронии манзил, кофтукови манзил ва утоқи хизматии ӯ, ҳабси молу мулк, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефони ва дигар гуфтугӯҳо, ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо, кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуччатҳои дорои маълумоти пасавдоз ва суратҳисобҳои бонкӣ, ҳабси маблағҳои дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарордоштаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости прокурор ё муфаттиш бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

Дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии нисбати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғозгардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои изҳори ақидааш таҳти ягон хел таъсиррасонӣ қарор додан мумкин нест.

Бозхонди судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин амалӣ мегардад.

- бо хоҳиши худаш;

- бинобар қонеъ гардонидани аризаи хаттии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба истеъфо баромадан; 

- нисбати судяи Суди консгитутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани ҳукми айбдоркунанда, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

- дар асоси ҳалномаи кувваи конуни пайдокардаи суд Дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудан, маҳдуд сохтани қобилияти амалкунӣ, бедарак гоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудаии ӯ;

- вафоти судя;

- машғул шудани судя бо фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст; 

- қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои истиқомати доимӣ баромада рафтаи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад; 

- бе сабабҳои узрнок дар мурофиаҳои суди зиёда аз думаротиба пайдарпай иштирок накардан ё саркаши намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз овоздиҳӣ оид ба қабули қарор;

- бо сабаби вазъи саломатӣ ё бо дигар сабабҳои узрнок муддати дуру дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро накардани судя;

- ба охир расидани муҳлати ваколат,

- бинобар ба кори дигар гузаштан,

- ба нафақа баромадан;

- вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.

Қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ буда, доир ба онҳо шикоят кардан мумкин нест ва иҷрои онҳо аз тарафи ҳамаи мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, асҳоби сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки қарорҳо ба онҳо дахл доранд, ҳатмӣ мебошанд.

Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қарор, хулоса ва таъйинот иборатанд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунонки аз унвони суд маълум аст, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки вазифа ва салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мураккаб ва пурмасъулият мебошад. Вай дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суда зинаи якум ва дуюм бо тартиби назорати аз рӯйи ҳолатҳои навошкоргардида баррасӣ менамояд; ҳуқуқ дорад дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оид ба парвандаи мушаҳҳас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон муроҷиат намояд; таҷрибаи судиро ҷамъбаст менамояд, омори судиро таҳлил менамояд ба судҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунҳои амалкунанда ки ҳангоми баррасии парвандаҳои парвандаҳои судӣ ба миён меоянд, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад, барои аз тарафи судҳо иҷро намудани ин тавзеҳот назорат мекунад; дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳаллу фасл менамояд; дигар салоҳиятҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.

Дар Суди Олӣ Пленуми Суди Олӣ, Раёсати Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ, коллегияи суди оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ, коллегияи суди оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олӣ ва Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ таъсис дода мешавад.

Дар муайян кардани ҳайати Суди Олӣ бевосита Президент ва Маҷлиси миллӣ иштирок мекунанд. Чунончи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати раис, муовини якум, муовинон, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ интихоб намуда, шумораи судяҳои Суди Олиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинони ӯ, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зарурӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад. Ҷаласаи Пленумро Раиси Суди Олӣ таъйин мекунад.

Тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки дар мавриди баррасии парвандаҳои судӣ пайдо мешаванд, барои судҳо, дигар мақомоту шахсони мансабдор, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.

Санадҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳалнома, ҳукм, таъйинот ва қарор мебошанд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давлатҳои пешрафтаи мутамаддини ҷаҳон ҳама гуна баҳсҳо дар мақомоти суд ҳал карда мешаванд. Бо ривоҷ ёфтани шаклҳои гуногуни моликият ва рушди соҳаи иқтисодӣ дар ин давлатҳо хоҳу нохоҳ зуд-зуд баҳсҳое пайдо мешаванд, ки мазмуни молумулкӣ ва иқтисодӣ доранд, яъне ба муносибатҳои пуливу молӣ, қарз, андоз, соҳибкорӣ ва тиҷорат дахл мекунанд. Барои сари вақт ҳал намудани чунин баҳсҳо судҳои махсус - судҳои иқтисодӣ таъсис дода мешаванд.

Дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин навъи суд амал мекунад, ба ҳалли масъалаҳои соҳаи иқтисодӣ машғул мебошанд. То қабули Конститутсияи соли 1994 баҳсҳои хоҷагии корхонаву ташкилотҳоро мақоми махсус - суди арбитражӣ ҳал мекард.

Ҳамин тавр, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ доир ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳобуда амалӣ менамояд. 

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раис, муовини якум, муовини раис ва судяҳо иборат аст. Шумораи судяҳои ин судро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар ҳайати Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон зинаи олии судӣ буда, дар ҳайати Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинҳои ӯ, котиби Пленум ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти судҳои иқтисодиро ҳал мекунад.

Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пайдоиши судҳои ҳарбӣ ба соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси артиши миллӣ ва мақомоти ҳарбии Тоҷикистон вобастагӣ дорад. 

Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбони кунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қисмҳои ҳарбӣ адолати судиро амалӣ менамоянд.

Дар қисмҳои ҳарбии дигар давлатҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адолати судӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи созишномаҳои баимзорасидаи байнидавлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Судҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи приисипи ҳудудӣ дар маҳалли воқеъшавии гарнизонҳо таъсис дода шуда, аз судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Ба судҳои ҳарбӣ ҳалли чунин парвандаҳо вогузор шудааст:

- парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин уҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ содир намудаанд; парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, сержантҳо, старшинаҳо ва аскарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардаанд;

- парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳо ва қисмҳои милисаи аз рӯйи даъват ташкил кардашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмончиёни ҳарбӣ содир кардаанд;

- парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳо бар зидди тартиби муқарраршудаи адои хизмат, ки шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ содир намудаанд;

- парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ;

- парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.

Ба низоми судҳои ҳарбӣ коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои ҳарбии гарнизонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Суди ҳарбии гарнизон дар ҳудуде, ки як ё якчаид гарнизони ҳарбӣ воқеъ гардидааст, ташкил мсшавад ва аз раис, муовини раис, судяҳо ва машваратчиёни халқи иборат аст. Дар судҳои ҳарбие, ки аз панҷ ва зиёда аз он судяҳо иборат аст, вазифаи муовини раис муқаррар карда мешавад.

Шумораи судяҳоро барои ҳар як суди ҳарбии гарнизон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Саволҳо:

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомоти давлатӣ адолати судиро ба амал мебарорад?

2. Фаъолияти судҳоро ғайр аз Конститутсия боз кадом санади меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим медарорад?

3. Адолати судӣ чист?

4. Принсипҳои адолати судӣ кадомҳоянд ва чӣ гуна мазмун доранд?

5. Мурофиаи судӣ бо кадом забон сурат мегирад?

6. Мафҳуми дахлнопазирӣ ба кори судяро шумо чӣ гуна мефаҳмед?

7. Парвандаи ҷиноятиро нисбати судя кӣ оғоз карда метавонад?

8. Судяҳои кадом мақомоти судӣ бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси СудиОлии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президент таъйин ва озод карда мешаванд?

9. Киҳо ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ВМКБ, суди вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ва таъйин щуда метавонад?

10. Муҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст?

11. Оё судя ҳуқуқи ба истеъфо баромадан дорад ва он чӣ гуна амалӣ мегардад? 

12. Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

13. Суди конститутсионӣ дар низоми судӣ чӣ гуна мақом дорад?

14. Салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

15. Мақсади таъсиси судҳои ҳарбӣ чист?

16. Судҳои иқтисодӣ ба ҳалли кадом масъалаҳо машғуланд?