§5. Соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

§5. Соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибатҳои ҳуқуқӣ ниҳоят гуногун мебошанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба вуҷуд меоянд. Мо бо онҳо дар оила, фаъолияти кишоварзӣ, муомилоти гражданӣ, дар рафти меҳнат, ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, дар соҳаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ғайра дучор мешавем. Вобаста ба ин, меъёрҳои батанзимдарории онҳо низ фарқ менамоянд. Агар шаҳрванд аз мағозаи тиҷоратӣ мол харад, он гоҳ ин муносибатҳоро ҳуқуқи гражданӣ ба танзим медарорад. Агар шаҳрванд фаъолияти худро дар асоси шартномаи корӣ бо корхона ба роҳ монад, он гоҳ чунин муносибатҳоро ҳуқуқи меҳнатӣ ба танзим медарорад ва ғайра. Яъне вобаста ба муносибатҳои сифатан якхелае, ки ин ё он соҳаи ҳуқуқ меомӯзад, меъёрҳои батанзимдарории онҳо низ гуногун мешаванд.

Меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан якхеларо ба танзим медароранд, соҳаи ҳуқуқ номида мешаванд. Ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ якҷоя низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Соҳаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд: ҳуқуқи давлатӣ (конститутсионӣ), ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва ғайра. Оид ба ин соҳаҳои ҳуқуқ шумо дар китоби дарсии синфи 9-ум пурра маълумот хоҳед гирифт.

Реклама