§1. Сохти сиёсӣ

§1. Сохти сиёсӣ

Ҳамон тавре ки аз унвони давлат, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, шакли идоракунии Тоҷикистон шакли ҷумҳуриявӣ мебошад. Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ чунин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ тавассути интихобот ташаккул меёбанд. Аломатҳои асосии шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ аз инҳо иборатанд:

- ба муҳлати муайян интихоб шудани Сарвари давлат ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;

- таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

- ҷавобгарии ҳуқуқии Сарвари давлат дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст;

- ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои ҳокимияти олии давлатӣ барои ҳамаи дигар мақомоти давлатӣ;

- ҳифзи афзалиятноки манфиатҳои шаҳрвандони давлат;

- масъулияти байниҳамдигарии шахсият ва давлат.

Чунонки аз мундариҷаи ин аломатҳо маълум мешавад, шакли ҷумҳуриявии идоракунии давлат дар таърихӣ башарият аз ҳама пешқадам аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шакли идоракунии президентиро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон маъқул донист. 

Шакли идоракунии президентиро аз мазмуни меъёрҳои зерини Конститутсия фаҳмидан мумкин аст: дар моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст, ки "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст". Яъне Президенти кишвар дар як вақт ҳам Сарвари давлат ва ҳам Раиси Ҳукумат мебошад, ки чунин ҳолат танҳо ба ҷумҳурии президентӣ хос аст.

Дар кишварӣ мо Президеит тавассути интихоботи умумӣ ва мустақим, бо тарзи баробар ва овоздиҳии пинҳони аз ҷониби тамоми халқ ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад. Ин тарзи интихобот низ ба шакли идоракунии президенти хос аст. 

Ҷиҳати сеюмаш ҳамин аст, ки Ҳукумат пурра ба Президент тобеъ буда, аз фаъолияти худ ба у мунтазам ҳисобот медиҳад. Ғайр аз ин, тибқи моддаи 69-уми Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро ба вазифа таъйин ва озод мекунад. Чунин вазъият низ дар Давлатҳои шакли идоракуниашон президенти ба мушоҳида мерасад. Хусусиятҳои номбурда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шакли ҷумҳурии президентӣ, ба шароити кунунӣ ва дурнамои пешрафти Тоҷикистон хеле мувофиқ аст.

Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар ин шакли идоракунӣ ба шохаҳои мустақил тақсим шудани ҳокимияти давлатист. Чунин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва иштироки васеи мардум дар амалӣ гардонидани ҳокимият шароити мусоид фароҳам меорад. Ғайр аз ин, чунин сохти давлатдорӣ бо принсипи давлати иҷтимоии ҳуқуқӣ будани Тоҷикистон мувофиқат мекунад.

Дар ҷумҳурии мо ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ инкишофи озодона дорад. Аммо иқтисоди бозории мо ба иҷтимоиёти кишвар нигаронида шудааст.

Дар қисми дуюми моддаи якуми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардидааст. Давлатҳое, ки худро иҷтимоӣ эълон кардаанд, кӯшиши зиёде мекунанд, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин, барои пешрафти соҳаҳое, ки ба шароити зист ва некуаҳволии мардум дахл доранд, тадбирҳои амалӣ андешанд. Махсусан соҳаҳои таъминоти иҷтимоӣ, тандурустӣ, нафақаву суғурта, нақлиёт ва алоқа, маориф, бехдошти муҳити зист бо шароити зиндагии мардум робитаи бевосита дошта, ғамхории ҳамаҷонибаи давлатро тақозо мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз соли 1994 то ба ҳол бо вусъат ёфтани раванди қонунгузорӣ ва устувор шудани қонуният, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аз ҳама муҳимаш - пойдор шудани сулҳу суботи умумӣ пояҳои ҷомеаи шаҳрванди гузошта шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрванди - ҷомеаи одамони озод буда, онҳо аз ҳама ҳукуқҳои иҷтимоиву иқтисоди ва сиёсӣ бо имкоииятҳои баробар истифода мекунанд ва мансубият ба нажоду миллат ва эътиқод фарқе надорад. Принсипҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрванди — кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои шахсият, дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, озодии сухан, ақида ва матбуот, инчунин хусусияти демократӣ доштани ҳокимият аст. Зиндагӣ дар чунин ҷомеаи озоду пешрафта аз қадимулайём аҳди илму адаб ва олимонро ба худ ҷалб кардааст. Ҳанӯз дар Юнону Руми қадим файласуфони машҳур Афлотун ва Сисерон доир ба бартарияти ин тарзи зиндагӣ ақидаҳо баён карда буданд. Мулоҳизаи олимони пешинро хулоса карда, ба таври умумӣ чор унсури ҷомеаи шаҳрвандиро ҷудо кардан мумкин аст. Инҳо - хирад, озодӣ, некуаҳволӣ ва адолат мебошанд.

Дар шароити имрӯзаи инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасанд. Чунончи, ҳуқукҳои фитрии инсон мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсия дахлнопазир эълон шудаанд. Ғайр аз ин, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро на фақат эътироф, балки риоя ва ҳифз менамояд.

Гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои бозаргонӣ дар асоси рақобати солим ҷиҳати муҳимми ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 12-уми Конститутсия навишта шудааст, ки "Асоси иқтисодии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад". Дар кишвари мо ҳама навъҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсия ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Ин ақида чунин маънӣ дорад, ки дар интихоби мафкура, пайравӣ кардан ба ин ё он назарияву ақида ва таълимоти сиёсӣ ҳар шаҳрванди Тоҷикистон комилан озод аст. Инчунин, ҳар шаҳрванд ҳуқуқи комил дорад, ки ба кадом дину мазҳабе, ки майл дорад, пайравӣ намояд. Дар бист соли охир дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои оммавӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касбӣ ва эҷодӣ, созмонҳои хайрия ва муассисаҳои хусусӣ хеле зиёд ташкил ёфтаанд. Фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ яке аз шартҳои муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд аст. Дар Тоҷикистон даҳҳо санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки барои фаъолияти оммаи васеи мардум дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоранд.

Озодии сухан ва матбуот ҳамчун воситаи муҳимми ташаккули афкори ҷамъиятӣ аз хосияти демократӣ доштани давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Алҳол дар мамлакати мо баробари матбуот ва нашрияҳои давлатӣ инчунин, даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ, телевизион ва радиоҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Дар моддаи 30-юми Конститутсия зикр шудааст, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Меъёри дигари конститутсионӣ - манъ будани сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид кафолати давлатии озодии ақида ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, сохти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи низоми демократии давлатдории муосир созгор буда, дурнамои инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро таъмин мекунад.


Реклама