§1.Сабабҳо ва таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Аз рӯйи таълимоте, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ, махсусан назарияи давлат ва ҳуқуқ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ намояндаи олии давлат ба шумор меравад. Дар амалияи сиёсати ҷаҳонӣ ду навъи сарвари давлат вуҷуд дорад - яке президент (раиси ҷумҳурӣ) ва дигаре монарх (шоҳ, султон, амир ва ғайра). Мансаби президент танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (республикавӣ) арзи вучуд дошта метавонад. Дар давлатҳои сохти ҷумҳуриявӣ президентро кулли шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ, инчунин, аъзои парламент ва дар баъзе давлатҳо (масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) коллегияи интихобкунандагон бо роҳи овоздиҳӣ интихоб менамоянд. Монарх бошад, дар давлатҳое, ки сохти мутлақият доранд, бо роҳи махсус, яъне ба мерос гирифтан таъйин мегардад ва муҳлати роҳбарии ӯ махдуд нест.

Бояд гуфт, ки ягон ҳодисаву зуҳуроти сиёсӣ бе асоси қонунӣ инкишоф ёфта наметавонад. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерини ҳуқуқӣ буданд:

Эъломияистиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990.

Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри- соли 1991 "Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон".

Изҳороти Шурри Олии ҶШС Тоҷикистон "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991".

Мазмуни асосии санадҳои зикршуда аз он иборат буд, ки ҳокимияти давлатӣ аз ин пас мебоист ба воситаи се шохаи ҳокимият - қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешуд. Аммо ин гуна тақсими ҳокимият бе мансаби президент имкон надошт.

Ҳамин тавр, 29 ноябри соли 1990 Қонуни ҶТ "Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ" қабул шуд. Дар ин қонун сабабҳои таъсиси ин мансаб шарҳ дода шудаанд. Инҳо, пеш аз ҳама ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиату амнияти шаҳрвандон, устувор сохтани сохти конститутсионӣ ва вусъат додани ҷараёни дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ буданд.

Ғайр аз ин, дар қонуни мазкур аниқ карда шуд, ки ба ин мансаб шахси синнаш аз 35 боло интихоб шуда метавонад. Президент бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои Олӣ ва аз ҳисоби вакилони халқ ба муҳлати салоҳияти ин Шӯро интихоб карда мешавад. Агар аз се ду ҳиссаи вакилони халқ хоҳанд, Президент аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Ҳамин тариқ, бори аввал 30 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳка- мов дар интихоботи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Мувофиқи Қонуни дигар аз 1-уми декабри соли 1990 "Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар ҶШС Точикистон ва дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶШС Тоҷикистон" вазифаи ноиби Президент таъсис дода шуд. Инчунин бо мақсади сари вақт ва бо сифати хуб иҷро кардани ваколатҳои сарвари давлат Шӯрои Олии Тоҷикистон Қарор "Дар бораи таъминоти хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶШС Тоҷикистон"ро қабул кард, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимми фаъолияти Сарвари давлат - музди кор, таъминот бо манзил ва нақлиёт, муҳофизати шахсӣ, нафақа ва ғайра равона шуда буд. 

Ҳар инсон, новобаста аз вазифа, баромади иҷтимоӣ ва мавқеи дар кору зиндагӣ ишғолкардааш мувофиқи қонунҳои мамлакат ҳуқуқи ҳимояро аз ҳар гуна дахолат, туҳмат ва таҳқиру таъқиб дорад. Паст задани шаъну эътибори Президент мисли ҳар шахси дигар мумкин нест. Аз ин хотир, 29 июни соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти ҶЩС Тоҷикистон" қабул гардид, ки мувофиқи он таҳқири оммавии Президент, туҳмат кардан ба ӯ, чи аз ҷониби шахсони алоҳида ва чи аз ҷониби воситаҳои ахбори умум, кирдори ҷиноятӣ эътироф карда шуд.

Санади дигаре, ки ба таърихи таъсис додани мансаби Президент дахл дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 сентябри соли 1991 мебошад.

Мувофиқи ин қонун муқаррар карда шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, 10 соли охир дар кишвар зиндагӣ карда бошад, метавонад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиртон номзадии худро пешбарӣ намояд. Як шахс паиҳам бештар аз ду муҳлат Президент шуда наметавонад. Тибқи ҳамин Қонун 24 ноябри соли 1991 якумин интихоботи умуми барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин интихобот Раҳмон Набиев дувумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 1992 қонуни дигар қабул намуд, ки мувофиқи он ҳамаи меъёрҳои конститутсионӣ роҷеъ ба ҳокитияти Президент бекор карда шуд. Ваколату салоҳияти Президент ба Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Баъди асосан ба анҷом расидани кашмакашиҳои дохилӣ 20 июли соли1994 Қонун "Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид ва масъалаи аз нав таъсис додани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни асосии қонуни навро ташкил намуд. 

Ҳамин тавр, 21 июли соли 1994 Қонуни дигар"Дар бораи итихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул шуд.

Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои Конститутсияро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳалаи навбатии инкишофи худ ворид гардид.

Зарурат пеш омад, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти инкишофи минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳалаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад 22-уми майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуда, ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки фарогири чунин масъалаҳои муҳим буданд: рушди устувору босуботи ҷомеа; рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо; таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо; бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ; ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.

Тибқи натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 баргузор гардид, шахсе ба номзади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни Ӯ 30 кам набошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин, ба амнияти давлат вобаста аст. Синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ пешниҳод мешаванд, дар Конститутсия якхела, яъне синни 30 пешбинӣ мешавад (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе). Аз ин сабаб синну соли номзад ба Президент низ аз 35 ба 30 поён фуроварда шудааст.

Ҳамчунин, ба моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат паи дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Ин тагйирот ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҳуқуқро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст. Дар ин қисми модда ҳамчунон илова шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат" 14 ноябри соли 2016 дар таҳрири нав қабул шудааст, ки аз 19 модда иборат буда, он вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу вахдати милли - Пешвои миллат онро ифода мекунад, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва Миллат хизматҳои беназир ва таърихи кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихи бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.

Бояд қайд намуд, ки ҷумҳуриҳо президенти, парламенти ва омехта (президентӣ — парламентӣ ё парламентӣ — президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо маъмулан, дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрави, аз ҷумла Конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президенти буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад ва ин меъёри конститутсионӣ, яъне шакли идоракунии презвдентӣ аввалин маротиба пас аз тағйиру иловаҳои охирин дар Конститутсия дарҷи худро ёфтааст. 

Тавре ки мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон тӯлонӣ набошад ҳам, аммо мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дорад. Воқеияти 25 соли Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар хусуси мансаби Президент барои расидан ба натиҷаҳои хеле назаррас имконият фароҳам овард.

Аввалан, маҳз тавассути ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар саросари мамлакат барқарор гашт. Дувум, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият - иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва умуман ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, дигаргуниҳои азиме рух доданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ мебинем ва эҳсос мекунем.