9 сентябри соли 1991 эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд овард. Сохти давлатӣ, шакли идоракунии давлат, низоми сиёсӣ, мазмун ва моҳияти ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва дигар муносибатҳои мавҷуда дигаргун шуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардиданд. Амалишавии ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғасби ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳи шахсон ё мақомоти алоҳида пешбинӣ гардида, волоияти санадҳои байналмилалӣ назар ба санадҳои миллӣ хислати ҳуқуқӣ пайдо кард. Ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи озоди шаҳрвандиро мақсади худ қарор дод. Дар ҳамин асос иқтисодиёти Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асос ёфта, озодии соҳибкорӣ кафолат дода шуд.
Истиқлолияти давлатӣ барои қабули рамзҳои давлати миллӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ замина гузошт.
Эълони Истиқлолияти давлатӣ ва ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидани Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро ба миён овард, зеро таъмини истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми кишвар бидуни Конститутсияи нав ғайриимкон буд.
Аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯз ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи тоҷик муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамлакати дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад. Зеро ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст.
Ба ибораи дигар, ҳар халқ ҳамон конститутсияеро дорад, ки ба он сазовор аст. Аз ин нуқтаи назар, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин конститутсия мебошад. Чунки дар асоси хулосаи коршиносони як қатор давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсия ба шумор меравад.
Калимаи "конститутсия" (аз калимаи лотинӣ "constitutio" - муқаррарот, сохтор, барпо намудан) маънои сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олибударо дорад.
Конститутсия, дар навбати аввал, ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо амал мекунад, лекин он дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ зиёда аз дусад соли охир амал карда истодааст. Аввалин ибораи конститутсия ҳанӯз дар аҳди Руми қадим маълум буд. Он вақт баъзе санадҳои муҳимми шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, конститутсия ном доштанд. Бинобар ин, дар он замон метавонист якчанд конститутсия дар як вақт амал кунад. Чӣ хеле ки аз мавзӯи гузашта маълум гардид, конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат на дар давлати ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ маълум буд. Вай дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ дар натиҷаи ғалабаи инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нав - буржуазия пайдо гардид. Аввалин конститутсия дар ИМА ва соли 1791 дар Полша ва Франсия қабул шуда буд. Баъдан конститутсия соли 1809 дар Шветсия соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо давра ба давра қабул гардид.
Дар асри XIX дар аксари давлатҳои қитъаи Аврупо, Амрико ва дар баъзе давлатҳои қитъаи Осиё раванди гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба охир расид. Чунин раванд дар баъзе давлатҳо, ки истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд, имрӯз низ давом дорад.
Аз замоне, ки аввалин конститутсия қабул гардид, то имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои исломӣ, ба монанди Эрон, Покистон, Афғонистон ва монанди инҳо конститутсияи худро қабул карданд. Ин маънои онро дорад, ки дар шароити имрӯза нақш ва аҳамияти конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро конститутсия муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро ташкил медиҳад.
Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад ва ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Дар он одатан шакли сиёсии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, ҳокимияти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият ва монанди инҳо алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меьёрҳои конститутсиони барои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар ҳудуди давлат истиқомат мекунанд, заминаи ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Меъерҳои конститутсиони, инчунин, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муқаррар мекунанд.
Конститутсия ҳамчунин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Хусусияти ҳуқуқӣ доштани конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ои дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои конситутсия бевосита (мустақиман) амал мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, заминаҳои муҳимми ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии онҳо, дигар унсурҳои давлатдориро пешбинӣ ва ба танзим медароранд.
Ба муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки конститутсия онҳоро ба танзим медароранд, муносибатҳои ҷамъиятие дохил мегарданд, ки пояҳои асосии давлатдорӣ дар асоси онҳо бунёд шудаанд. Ба чунин муносибатҳо дохил мешаванд. а) асосҳои сохтори конститутсионӣ; б) ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд; в) тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; г) муносибатҳои дигари ҷамъиятӣ, ки бояд дар сатҳи конститутсия ба танзим дароварда шаванд.
Муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки бо конститутсия ба танзим дароварда мешаванд, дар навбати худ моҳияти конститутсияро муайян менамоянд. Аз ин ҷо, моҳияти конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар он зоҳир мегардад, ки он сарчашмаи асосии ҳуқуқ буда, дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба конститутсия мувофиқ бошанд, яъне набояд ба он зид бошанд. Ҳангоми ба конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои як қатор хусусиятҳо мебошад, ки бо ин хусусиятҳо конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ мекунад. Ин хусусиятҳо иборатанд аз:
- Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Масалан, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян мекунад.
- Конститутсия назар ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ будани конститутсия маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба конститутсия мувофиқ бошанд Ҳангоми ба конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқи онҳо қувваи ҳуқуқии худро гум мекунанд.
- Конститутсия асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар менамояд. Дар конститутсия сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, шаклҳои гуногуни моликият ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, арзиши иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯ эълон карда мешаванд.
- Меъёрҳои конститутсия бевосита амал мекунанд. Амали бевоситаи меъёрҳои конститутсия чунин маъно дорад, ки субъектҳои татбиқи ҳуқуқ, ба монанди суд, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва ғайра уҳдадоранд амалишавии меъёрҳои конститутсияро, новобаста аз инъикос гардиданашон дар санадҳои ҳуқуқӣ, таъмин намоянд.
Конститутсия баробари хислатҳои зикргардида, ҳамчунин, як қатор вазифаҳоро иҷро менамояд, ки аз инҳо иборатанд:
а) вазифаи муассисӣ. Вазифаи муассисии конститутсия Дар он зоҳир мегардад, ки он дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул шуда, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи зинаи ояндаи ҷомеаро муайян менамояд;
б) вазифаи ташкилӣ. Вазифаи ташкилии конститутсия дар он ифода меёбад, ки он на танҳо натиҷаи бадастомадаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос ва дарҷ карда, дар назди давлат вазифаҳои нав мегузорад, инчунин фаъолияти сиёсии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ба танзим медарорад;
в) вазифаи сиёсӣ. Вазифаи сиёсии конститутсия аз он иборат аст, ки он пояи ҳуқуқии фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба шумор меравад.
г) вазифаи мафкуравӣ, яъне конститутсия мафкураи сиёсиро ба сифати мафкураи ҳукмрон ё муайянкунанда муқаррар мекунад.
ғ) вазифаи ҳуқуқӣ. Вазифаи ҳуқуқии конститутсия дар он ифода мегардад, ки он асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав мегардад. Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо асосан ифодагари мафкуравии конститутсия хоҳанд буд.
Ҳамин тавр, конститутсия гуфта қонуни асосии давлатро меноманд, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, бо тартиби махсус, аз ҷониби мақомоти давлатии барои қабули конститутсия ваколатдоршуда (парламент, корпуси интихоботӣ, маҷлиси муассисон) ё дар раъйпурсӣ аз ҷониби халқ қабул карда шуда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Истиқлолияти давлатӣ чор маротиба, яъне солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 конститутсияҳо қабул гардида буданд ва давраҳои муайян амал карданд.
Реклама