Муносибати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия. Муноси- бати тиҷоратию дипломатии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия таърихи дуру дароз дорад, вале он махсусан, шуруъ аз асри XVI давра ба давра рушд меёфт. Ҳукуматдорони ҳар ду тараф барои идома ва тараққии чунин муносибатҳо манфиатдор буданд. Онҳо бо роҳи гуфтушунид монеаҳои тиҷоратиро бартараф менамуданд. Масалан, солҳои 1841–1842 ҳайати дипломатии Русия бо хони Хева гуфтушунид карда, ба он муваффақ шуд, ки ҳукумати хонӣ дар баробари пеш гирифтани муносибати дӯстии байниҳамдигарӣ, барои рушди тиҷорат дар ҳудуди хонии худ аз молҳои тиҷоратии Русия аз 5%-и арзиши воқеии мол зиёд боҷ намегирифт ва корвонҳои «убуркунанда» (транзит)-ро, ки аз ҳудуди хонӣ мегузаштанд, тамоман аз боҷ озод мекард. Чунин иқдом барои рушди минбаъдаи тиҷорати на танҳо Русияю Хева, балки дар пешрафти тиҷорати Русия бо Аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд низ аҳаммияти махсус дошт, зеро дар ҳамин давр дар ҳудуди Осиёи Марказӣ байни тоҷирони рус ва англис рақобати сахт вуҷуд дошт.
Бояд тазаккур дод, ки аксари сафирон, намояндаҳо, тоҷирон ва сайёҳони ҷудогонаи Русия, ки ба Осиёи Марказӣ сафар мекарданд, одамони фозил ва донишманд буда, баъзеи онҳо забонҳои мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла форсии тоҷикиро хуб медонистанд. Дар байни онҳо олимони соҳаҳои гуногун: шарқшиносон, табиатшиносон, ҷуғрофидонон, бостоншиносон буданд, ки дар омӯзиши мулкҳои ҷудогонаи Осиёи Марказӣ саҳми босазо гузоштаанд. Масалан, шарқшиноси рус Н. Хаников ҳангоми сафар ба Бухоро синнаш ҳанӯз ба 22 нарасида буд. Асари соли 1843 нашрнамудаи ӯ «Тавсифи давлати хонии Бухоро» аз беҳтарин таълифоти давр доир ба ин мавзуъ мебошад.
To оғози амалиёти васеи забт кардани Русия дар Осиёи Марказӣ охирин ҳайати сафорати ҳукумати рус бо сарварии полковник Н. Игнатев ба ҳисоб меравад, ки ин ҳайат (ба он шарқшиноси рус П. Лерх ҳам шомил буд) соли аввал ба Хева, сипас ба Бухоро ташриф овард. Гуфтушуниди Н. Игнатев дар Хева натиҷаи дилхоҳ надода бошад ҳам, дар Бухоро ба баъзе муваффақиятҳо ноил шуд. Амири Бухоро Насрулло, ки бо хони Хӯқанд меҷангид, мехост бо Русия наздикшавиашро ба муқобили он истифода намояд. Муносибати байни Русияву Хӯқанд бо сабаби аз тарафи лашкари рус дар соҳилҳои баҳри Арал ва дарёи Сир забт гардидани баъзе мулкҳои хонигарӣ чандон хайрхоҳона набуд. Бинобар ин амир Насрулло на танҳо ҳайати сафорати Русияро хуш қабул кард, балки ба тоҷирони рус имтиёзҳои муайян низ ваъда дод.
Доир ба рушди тиҷорати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия чунин рақамҳо далолат мекунанд. Солҳои 1840–1850 танҳо бо роҳи Оренбург аз Русия ба Осиёи Марказӣ беш аз 40 ҳазор пуд чӯян, 25 ҳазор пуд пӯлод, ба миқдори зиёд матоъҳо, тангаҳои тило ва нуқра кашонда шудаанд. Аз Осиёи Марказӣ ба Русия асосан, пахта, пӯст, пашм, меваи хушк ва ғайра мебурданд. Агар соли 1818 аз Осиёи Марказӣ ба Русия 10 ҳазор пуд пахта кашонда бошанд, пас соли 1858 он 180 баробар зиёд шуд. Нақлиёти асосӣ дар аввал уштурҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар ибтидои асри XIX ҳар сол аз Бухоро ба Русия корвонҳои пурбор иборат аз 4-5 ҳа- зор уштур фиристода мешуд ва ҳамон миқдор уштурҳои пурбор аз Русия ба Бухоро меомад.
Соли 1853 роҳи обии Русия ба Осиёи Марказӣ кушода шуд. Киштиҳои рус аз баҳри Арал ба самти саргаҳи дарёҳои Сир ва Ому шино намуданд. Пас аз ин қад-қадди соҳилҳои дарёи Сир як қатор нуқтаҳои муқовимат сохта, хатти истеҳкомоти Сирдарё ба вуҷуд оварда шуд.
Дар замони оғози амалиёти ишғолгаронаи Русия дар Осиёи Марказӣ ҳам тиҷорат қатъ нагардидааст. Дар ин давра, махсусан, дар натиҷаи аз ИМА маҳдуд гардидани воридоти пахта, талабо- ти саноати бофандагии Русия ба пахтаи Осиёи Марказӣ афзуд ва боиси боло рафтани нархи он ҳам шудаасг. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижний Новгороди Русия 4-5 сӯм (пули ҳамонвақтаи русӣ) арзиш дошта бошад, пас соли 1862 ба 7 сӯму 50 тин ва соли 1864 то ба 23-24 сӯм расидааст.
Умуман, то солҳои 60-уми асри XIX, яъне то оғози амалиёти васеи ҷангӣ, муносибатҳои дипломатӣ, махсусан, тиҷоратии Ру- сия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт.
Сабабҳои ба Осиёи Марказӣ лашкар кашидани Русия. Аввали солҳои 60-уми асри XIX ба мулкҳои Осиёи Марказӣ ҳуҷуми васеи лашкари Русияи подшоҳӣ оғоз ёфт ва он чунин сабабҳо дошт:
Якум, подшоҳони Русия (аз замони Пётри I) ният доштанд, ки Осиёи Марказиро ба тасарруфи худ дароранд. Зеро онҳо барои абадқудратии империяи Русия аз ҷануб ба воситаи баҳри Арал ба уқёнуси Ҳинд, яъне ба роҳи мунтазами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад, ҳанӯз соли 1717 Пётри I ба муқобили хонигарии Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то нимаи дуюми асри XIX аз сабаби хуб набудани муносибаташ бо мамлакатҳои Ғарб имкони ғасби Осиёи Марказиро надошт.
Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепост- ноӣ (19-уми феврали соли 1861) барои рушди муносибатҳои сармоядорӣ имкони васеъ фароҳам омад. Махсусан, саноати бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом – пахтаи амрикоӣ буд. Вале аз сабаби ҷангҳои дохилӣ дар ИМА (солҳои 1861–1865) барои Русия аз ин кишвар овардани пахта мушкил гардид. Дар натиҷа қисме аз коргоҳҳои бофандагии Русия аз набудани пахта кори худро боздоштанд. Аз ин рӯ, ҳукуматдорони Русия барои ба вуҷуд овардани вазъияти муътадил мехостанд Осиёи Марказиро мустамликаи худ карда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд.
Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурӯшӣ за- рур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар Аврупои Ғарбӣ ба даст даро- варда наметавонистанд, зеро маҳсулоти саноатии Русия дар бо- зори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчи зудтар Оси- ёи Марказиро ба бозори берақобати фурӯши молҳои худ табдил диҳанд.
Чаҳорум, ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853 – 1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла, назорати соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ) намоян- дагии дипломатияи рус ҳарчанд ҷонбозиҳо кард (азбаски қувваи Русия дар Ғарб хеле заиф буд), он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ на- доданд. Бинобар ин ҳукуматдорони Русия (бо тавсияи ҳарбиён) мехостанд, ки дар Шарқ, дар сарҳадди Ҳиндустон қувваҳои зиёди ҳарбии худро ҷамъ намуда, бо ин яке аз аъзои асосии иттиҳодияи зиддирусӣ, дақиқтараш, сарвари он – Англияро ба бекор карда- ни шартҳои вазнини сулҳи Париж моил кунанд. Маҳз ҳамин омил аввали солҳои 60-уми асри XIX ҳуҷуми васеи лашкари русро ба муқобили Осиёи Марказӣ тезонид.
Панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим на танҳо дар миқёси байналмилалӣ, балки дар байни синфи ҳукмрони мамлакати худ низ беобрӯ шуда буд, ният дошт бо забт кардани Осиёи Марказӣ обрӯяшро дар дохили мамла- кат, дар назди табақаҳои боло аз нав барқарор намояд.
Чунин омилҳо боиси ба Осиёи Марказӣ лашкар кашидани Русия гардиданд.
Санаҳои муҳим:
1841 – 1842 – гуфтушуниди ҳайати дипломатии Русия бо хо- нии Хева.
1853 – ба самти Осиёи Марказӣ кушода шудани роҳи обии Русия.
1853 – 1856 –ҷанги Қрим (ҷанги байни Русия ва Туркия).
1858 – сафорати Русия бо сарварии Н. Игнатев дар Хева ва Бухоро.
Савол ва супоришҳо:
1) Солҳои 1841 – 1842 ҳайати дипломатии Русия ҳангоми гуфтушунид бо хонии Хева ба чӣ муваффақ шуд?
2) Натиҷаи гуфтушуниди ҳайати сафорати Н.Игнатев дар Хева ва Бухоро чӣ тавр буд?
3) Роҳи обии Русия бо Осиёи Марказӣ аз куҷо ва кай кушода шуд?
4) Доир ба рушди тиҷорат байни мулкҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мисол оред.
5) Сабабҳои асосии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Марказиро номбар кунед ва ба андешаи шумо кадоме аз сабабҳо ҳуҷуми васеи лашкари Русияро тезонид?
6) Аз китоби дарсии синфи 8-ум мавзуъҳои рушди муносибатҳои дипломатию тиҷоратии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русияро ба хотир оред.
Хонандагон бояд: сабабҳои аз тарафи Русия забт гардидани Осиёи Миёнаро шарҳ дода тавонанд.
Реклама