§53. БАРПО ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВӢ ДАР БАДАХШОН

Мавқеи отряди Помир нисбати Ҳокимияти Шуравӣ. Дар Кӯҳистони Бадахшон (мисли пештара) ҳар гуна тағйироте, ки ба амал меомад, ба мавқеи отряди сарҳаддии аскарони рус (отряди Помир) вобаста буд. Аз тарафи дигар, сарварони отряд дар қатори вазифаҳои ҳарбӣ, инчунин, вазифаҳои маъмуриро низ иҷро мекарданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари ҳарбию маъмурӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқҳои нисбатан васеъ дошт. Сарвари отряд полковник Фенин буд.

Роҳбарияти Туркистони Шуравӣ то тобистони соли 1918 та- саввур ҳам намекарданд, ки сарвари отряди Помир ва афсарони он мавқеи зиддишуравиро ишғол менамоянд. Бинобар ин дар Бадахшон ҳанӯз Ҳокимияти Шуравӣ барпо нагардида, ҳукумати Туркистони Шуравӣ маҳз мавқеи муҳимми ҳарбию стратегии ин минтақаи сарҳаддиро ба эътибор гирифта, 10-уми июни соли 1918 дар бораи аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ – тоҷикон ва қирғизҳо ташкил намудани милитсияи маҳаллии Помир (Кӯҳистони Бадахшон) қарор қабул карда буд. Чунин қарорро дар Тошканд қабул карданд, вале дар Бадахшон ҳанӯз вазъияти ба замони Ҳукумати Муваққатӣ хос ҳукмрон буд.

To 2-юми июли соли 1918 на танҳо дар Бадахшон, ҳатто дар ҳудуди отряди Помир ҳам аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ дар Петроград ва Тошканд хабар надоштанд. Танҳо 2-юми июл дар кумитаи аскарони отряд мактуби аз Тошканд фи- ристодаи П.Воловикро хонда, муҳокима намуданд, ки дар он оид ба сарнагун шудани Ҳукумати Муваққатӣ хабар дода мешуд. Дар натиҷа, хабари дар марказҳо бунёд гардидани Ҳокимияти Шуроҳо ба зудӣ дар байни афсарону аскарони отряд ва оҳиста- оҳиста дар байни мардуми ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон низ паҳн гардид.

Афсарону аскарони отряд бунёди тартиботи навро ба тав- ри гуногун қабул карданд. Пеш аз ҳама, афсарон бо capварии полковник Фенин ва як қисми аскарони қатории отряд, ки ба Ҳукумати Муваққатӣ содиқ буданд, Ҳокимияти Шуравиро эъти- роф накарданд.

Тобистони соли 1918 аз Тошканд бо мақсади ҷорӣ намудани робита бо отряди Помир (ба Бадахшон) бо сарварии собиқ по- ручики қӯшунҳои подшоҳӣ А.Афанасев отряди иловагӣ фиристода шуд. Вале аксари аъзои ин отряд ҳам, бо сарварии худи Афанасев, муқобили тартиботи нав буданд. Аз ин рӯ отряди Помир якҷо бо отряди Афанасев дар мавқеи зиддишуравӣ қарор доштанд.

Дар санаи 30-юми августи соли 1918 мувофиқи фармоне, ки барои қисмҳои аскарони сурх бароварда шуд, отряди Помир ба тобеияти сардори комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва дигар афсарони отряд на танҳо ин фармонро ба эътибор нагирифтанд, балки ҳамоно аз шинохтани Ҳокимияти Шуравӣ саркашӣ мекарданд.

Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1918 полковник Фенин ва ди- гар афсарони отряд бенатиҷа будани мавқеи худро эҳсос на- муда, бо 32 нафар аскарони қатории отряд тамоми маблағ ва аслиҳаи мавҷудаи отрядро бо худ гирифта, ба воситаи Вахон ба Ҳиндустон гурехтанд. Бо ҳамин Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ барҳам хӯрд. Дар постҳои сарҳаддии Поми- ри Шарқӣ ва Ғарбӣ қисми ками аскарони рус монданд. Аз ҳисоби ҳамин аскарон бо сардории Волков Кумитаи Инқилобӣ ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Бадахшони Кӯҳӣ ҳокимиятро ба даст мегирифт.

Отряди А. Холмаков. Барпо карда шудани Ҳокимияти Шу- равӣ дар Бадахшон. Охири моҳи ноябри соли 1918 Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Ҷумҳурии Туркистон баробари шунидани хабари ба хориҷа гурехтани полковник Фенин ва дигар тарафдоронаш оид ба Бадахшон фиристодани комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёрӣ бо сарварии коммунист А.Холмаков қарор қабул кард. Дар ҳайати отряд 20 нафар болшевикон буданд. Комиссия ва отряд моҳи феврали соли 1919 бо душвориҳои хеле зиёд ба Хоруғ расид. To омадани онҳо дар Бадахшон беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Дар маҳалҳо ҳанӯз ягон ташкилот ё худ ҷамъиятҳои сиёсию инқилобӣ вуҷуд надошт. Вазифаи асосии комиссия ва отряди А.Холмаков дар маҳалҳо ташкил намудани органҳои ҳокимияти инқилобии халқӣ ва муҳофизати сарҳадди давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт.

Баҳори соли 1919 бо ташаббуси комиссия ва отряд дар якчанд маҳаллаи Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд. Анҷумани ин кумитаҳо барпо гардида, дар онҳо доир ба муттаҳид намудани кумитаҳои Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ қарор қабул кар- данд. Роҳбарии умумиро дар Кӯҳистони Бадахшон кумитаи отряд бо сарварии А.Холмаков ба ихтиёри худ гирифт. Дар назди отряд низ Кумитаи Инқилобӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он ғайр аз А.Холмаков, ҳамчунин, П.Волков ва В.Руднев шомил буданд.

Ҳамин тавр, баҳори соли 1919 дар Қӯҳистони Бадахшон, бо ташаббуси комиссия ва отряди А.Холмаков Ҳокимияти Шуравӣ ташкил карда шуд.

Сарчашма:

Сарвари шурои Ӯш болшевик Сретенский доир ба ҳайати отряди Афанасев, то фиристодани он ба Помир, ба Ҳукумати Туркистони Шуравӣ чунин хабар дода буд: «... ҳайати отряд нисбат ба Ҳокимияти Шуравӣ хайрхоҳ нестанд. Дар байни онҳо унсурони австриягӣ (асирони ҳарбии австриягӣ – Н.Ҳ.) зиёданд. Бинобар ин ҳушёриро набояд аз даст дод, то ин ки онҳо аслиҳаи худро ба муқобили худи мо нагардонанд». (Ниг.: Очерки по истории Советского Бадахшана. - Душанбе, 1981 - С. 83).

Хонандагон бояд: барпо карда шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Кӯҳистони Бадахшонро дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама