§41. АФҒОНИСТOH ДАР ЗАМОНИ ҲУКМРОНИИ АБДУРРАҲМОНХОН

Ба охир расидани ҷанг. Баъди аз Кобул ронда шудани англисҳо ҳам вазъи Афғонистон беҳ нагардид. Буҳрони сиёсӣ идома дошт. Мамлакат бе подшоҳ буд. Аз сабаби мавҷуд набудани ягонагӣ интихоби подшоҳ кори осон набуд. Аз ворисони Шералихон касе набуд, ки сазовори эҳтироми умум бошад. Дар чунин вазъ сардор Абдурраҳмонхон, ки аз соли 1869 инҷониб дар паноҳи давлати Русия, дар Самарқанд мезист, ба Афғонистон баргашт. Ӯ моҳи марти соли 1880 ба мардум эълон намуд, ки «маҳз ба хотири наҷоти мамлакат аз асорати англисҳо ва пеш кардани душман аз сарзамини Афғонистон омадааст ва дар тараддуди ташкил кар- дани сипоҳи муҷоҳидон мебошад». Ин хитобномаҳоро мардуми Афғонистон ҳамчун муждаи раҳоибахш пазируфтанд. Дар натиҷа, сардор Абдурраҳмонхон тавонист дар атрофи худ қариб сад ҳазор неруҳои довталаби миллиро ба хотири аз хоки Афғонистон пеш кардани англисҳо муттаҳид созад. Дар атрофи ӯ асосан мардуми ғайрипаштуни шимол ва маркази Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон ҷамъ шуда буданд. 20-уми июли соли 1880 дар Чоряккор маҷлиси намояндагони муҷоҳидони халқӣ барпо гардид ва дар он Абдурраҳмонхон подшоҳи қонунии Афғонистон интихоб шуд ва то соли 1901 ҳукуматдорӣ кард. Вале ӯ баробари соҳиби тоҷу тахт шудан, худро беҳад комёб донист ва бо англисҳо роҳи созиш ва мусолиҳаро пеш гирифта, аз ҳимояи манфиати миллӣ қатъи назар кард. Ҳол он ки худи англисҳо баъди нооромиҳои зиёд ҳозир буданд, ки хоки Афғонистонро ҳарчи зудтар тарк намоянд.

Абдурраҳмонхон метавонист бо фишори сиёсӣ англисҳоро бе ҳеҷ гуна шарт ба тарки хоки Афғонистон маҷбур намояд, аммо ин тавр нашуд. Мутаассифона, ӯ шартномаи барои мардуми Афғонистон вазнин ва нангини Гандумакро бо баъзе тағйирот асосан қабул кард. Яъне ӯ эътироф кард, ки Афғонистон ғайр аз давлати Англия бо ҳеҷ ҳукумати хориҷӣ равобити сиёсӣ дошта наметавонад, вилояти Қандаҳор зери фармони ҳукумати алоҳида қарор мегирад, нақшаҳои сарҳаддии Сибӣ, Пишин ва Хайбар дар ихтиёри ҳукумати Англия боқӣ мемонад. Ба ивази ин ҳукумати Англия салтанати амир Абдурраҳмонхонро дар қисми боқимондаи Афғонистон эътироф кард.

8-уми августи соли 1880 англисҳо баъди муваффақиятҳое, ки чашмдор набуданд, қаламрави Афғонистонро тарк намуданд. Бо ҳамин ҷанги дуюми ватании мардуми мамлакат, ки аз моҳи ноябри соли 1878 то сентябри соли 1880 идома ёфт, ба охир расид. Ин ҷанг нақшаи англисҳоро, ки мехостанд давлатдории Афғонистонро барҳам дода, онро ба замимаи Ҳиндустон табдил диҳанд ва ҳукмронии худро дар ин сарзамин пойдор ва абадӣ гардонанд, барбод дод. Аҳаммияти таърихии муборизаи фидокоронаи мардуми Афғонистон дар солҳои ҷанги ватанӣ низ ҳамин аст.

Ҳанӯз аз замони Шералихон рӯди Ому ҳамчун хатти сарҳаддии шимолии Афғонистон шинохта шуда буд, вале марзи масоҳати байни рӯди Ому то ҳудуди Эрон, ки аз дашту биёбон мегузашт, дуруст муайян нашуда буд. Пас аз он ки соли 1884 қӯшунҳои рус вилояти Марвро забт намуданд, масъалаи хатти марзии ин минтақа боз ба миён омад ва доир ба он гуфтушуниди байни Русия ва Англия оғоз гардид.

30-юми марти соли 1885 қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Комаров ногаҳон ба мавқеи сарҳадбонони афғон дар Панҷдеҳ (Пандин) ҳуҷум карданд. Дар натиҷа, байни қувваҳои низомии рус ва сарҳадбонони афғон ҷанги шадиде ба амал омад. Афғонҳо дар ин ҷанг шикаст хӯрда, ақиб нишастанд. Гуфтушуниди байни Русияю Англия ба он овард, ки Панҷдеҳ дар ихтиёри русҳо боқӣ монад. Инчунин сарҳадди шимолии Афғонистонро аз рӯди Ому то дарёи Теҷен муайян намуданд. Ҳангоме ки қӯшунҳои рус ба сӯйи Марв ҳаракат мекарданд, амир Абдурраҳмонхон соли 1884 як даста қувваҳои низомии худро ба соҳили рости рӯди Панҷ фиристода, Рӯшон ва Шуғнонро забт намуд, ки ин бар хилофи созишномаи соли 1873 байни Русия ва Англия буд, зеро мувофиқи он созишнома, рӯдҳои Ому ва Панҷро чун сарҳадди шимолии Афғонистон тасдиқ карда буданд. Англисҳо медонистанд, ки чунин амалиёти ишғолгаронаи Абдурраҳмонхон боиси норизо- ии Русия мегардад. Ғайр аз ин, барои англисҳо гӯё дар сарҳадди Афғонистон якчанд нуқтаи норавшан мавҷуд буд, ки мехостанд онро ҳаллу фасл намоянд.

Моҳи сентябри соли 1893 бо мақсади муайян намудани хатти сарҳадди шарқии Афғонистон ҳайати расмии англисӣ таҳти рохбарии М.Дюранд ба Кобул омад. 12-уми ноябр ӯ бо амир Абдурраҳмонхон шартномае имзо намуд, ки мувофиқи он, сарҳадҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон, аз даҳанаи Вахон то ҳудуди Эрон, инчунин, сарҳадди шимолӣ аз Сарикӯл то резишгоҳи дарёи Кӯкча ва Ому муайян карда шуданд. Ин муоҳада дар таърих бо номи «Хатти Дюранд» маълум аст. Дар асоси муоҳада «минтақаи мустақил»-и афғоннишини Читрол, Свот, Баҷувар, Вазиристон ва ғайра, ки дар онҳо бештар аз 3 млн нафар афғон мезист, тобеи Ҳиндустони Англия гардонида шуд. Қабилаҳои афғони «минтақаи озод» ба ин шартнома муқобил баромаданд, бинобар ин, англисҳо маҷбур шуданд, ки ба баъзеи онҳо ҳаққи таъини сарнавишт диҳанд.

Ҳайати дигари муштараки русӣ – англисӣ соли 1893 ҳалли масъалаи сарҳадоти Бадахшонро оғоз намуда, баъди танаффусҳои зиёд, соли 1895 онро ба итмом расонид. Мувофиқи он, марзи сарҳаддиро аз Зоркӯли Вахон то сарҳадди Чин муайян карданд. Афғонистон соҳиби қисми асосии Вахон ва Дарвози Ҷанубӣ шуда, Шуғнон ва Рӯшони шимоли рӯди Панҷ ба ихтиёри русҳо гузашт.

Тадбирҳо барои рушди иқтисод. Оқибатҳои ҷанги дуюми ватанӣ барои Афғонистон вазнин буд, зеро иқтисоди мамлакат комилан хароб ва низоми идоракунӣ аз байн рафта буд. Бинобар ин ба Абдурраҳмонхон лозим омад, ки идораи давлатиро аз поён то боло ташкилу танзим намояд. Аз сабаби он ки ӯ нисбат ба корубори Шералихон ва хонаводаи ӯ нафрати зиёд дошт, аз тамоми ислоҳот ва дастовардҳои замони ӯ даст кашид. Акнун мисли пештара ҳукумати марказӣ ва ҳайате, ки аз садри аъзам, вазифаҳои дохила, хориҷа, молия ва дигар вазоратхонаҳо иборат бошад, вуҷуд надошт, балки низоми чунин соҳаҳои идоракунӣ мувофиқи хости худи Абдурраҳмонхон тавассути чанде аз мирзоҳо сурат мегирифт. Риштаи ҳамаи корҳо дар дасти худи амир буд, зеро ӯ ба ҳеҷ кадом аз соҳибмансабонаш бовар надошт, аз ин рӯ, ҳатман ба тамоми корҳои мулкӣ ва низомӣ худаш дахолат мекард. Руҳониён низ зери назорати сахти ҳукумати амирӣ қарор гирифтанд. Як қисми онҳо аз имтиёзҳои собиқ маҳрум гардиданд. Мулкҳои вақфӣ ба зери назорат гирифта шуд.

To соли 1895 вилояти Нуристон мустақил буд. Амир Абдурраҳмонхон ин мулкро низ (соли 1895) ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Ба чунин иқдоми ӯ қисми ғарбии Нуристон муқобилати сахт нишон дод, вале шикаст хӯрд. Баъди ин қисми зиёди нуристониҳо дини исломро қабул карданд. Ҳамин тавр, бо ҳамроҳ намудани Нуристон давлати Афғонистон дар ҳудуди имрӯзаи худ комилан ташаккул ёфт ва мутамарказ гашт. Он аз ҷиҳати маъмурӣ ба панҷ вилоят: Кобул, Ҳирот, Қандаҳор, Мазори Шариф, Ҷалолобод ва ҳафт ҳукумат: Бадахшон, Маймана, Фароҳ, Ғазнӣ, Хуст тақсим мешуд.

Амир Абдурраҳмонхон ба қувваи ҳарбӣ диққати ҷиддӣ медод. Мувофиқи тартиботи ӯ, аз 8 нафар мард як нафар ба хизмати дои- мии аскарӣ даъват карда мешуд. Аз соли 1887 ҳар 20 хонавода бо маош ва масрафи худашон барои як сол як нафар аскар медоданд, ки ӯ сарҳадбонӣ мекард.

Яке аз дуконҳои ҳунармандии шаҳри Кобул дap охири асри XIX ва аввали асри XX

Ба вуҷуд омадани корхонаи саноатӣ дар Афғонистон ба ҳамин давра мувофиқ меояд. Масалан, соли 1886 дар Кобул корхонаи калони саноатии «Мошинхона» сохта шуд, ки дорои шуъбаи тӯпсозӣ, туфангсозӣ, борутсозӣ, зарробхона, нассоҷӣ, шамърезӣ, собунпазӣ буда, дар онҳо беш аз чаҳор ҳазор коргар кор мекард. Дар ин корхона мутахассисони фаронсавӣ, англис ва ҳинду ба сифати муҳандис ва усто ҷалб карда шуда буданд.

Вазъияти ором ба рушди ҳунармандӣ дар шаҳрҳои Ко- бул, Қандаҳор, Мазори Шариф ва ғайра мусоидат намуд. Дар кишоварзӣ тавассути ширкатҳои тиҷоратии англисию ҳиндӣ кишти пахтаи навъи амрикоӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи назора- ти сахти ҳукумат дуздию ғоратгарӣ хеле кам шуда, корвонҳои тиҷоратӣ озодона ҳаракат мекарданд. Табақаи махсуси буржуа- зияи тиҷоратӣ ба вуҷуд омад, ки мартабаи он ба дараҷаи амалдо- рони ҳукуматӣ баланд бардошта шуд. Тоҷирони ғайримусулмон ҳақ надоштанд, ки бо мақсади муомилоти тиҷоратӣ вориди Афғонистон шаванд. Молҳои муҳимтарини тиҷорати хориҷӣ, дар қатори сангҳои қиматбаҳои Афғонистон, ғалла, чорво, писта, бо- дом буд.

Амир Абдурраҳмонхон бо мақсади нигоҳ доштани низоми муносибатҳои пулӣ зарби сиккаҳоро танҳо дар ихтиёри зарроб- хонаи Кобул нигоҳ дошта, зарробхонаҳои Ҳирот ва Қандаҳорро баст. Сиккаҳои нуқра ва мисини кобулӣ васеъ дар муомилот буданд. Бо мақсади рушд додани тиҷорат амир аз хазинаи давлат ба ҳар тоҷир аз 5 то 50 ҳазор рупия ва ба намояндагиҳо то 150 ҳазор рупия қарзи ҳасана, яъне бесуд медод. Як рупияи кобулӣ аз 60 пайса иборат буд.

Тиҷорати пӯсти қарокӯлии Афғонистон тавассути Бухоро ба амал меомад, ки он ҳар сол ба хазинаи амири Афғонистон 250 ҳазор рупия даромад меовард. Тиҷорати солонаи байни Афғонис- тону Бухоро 3 млн рубли (ҳамонвақта) русиро ташкил медод.

Умуман, агар дар асри XIX (ба ҷуз охири аср) Афғонистонро хатари истилои хориҷӣ ба гирдоби харобӣ кашида бошад, пас дар охири асри XIX оромӣ ва ягонагӣ ба он имкон дод, ки нисбат ба давраҳои гузашта дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардад.

Сарчашма:

Амир Абдурраҳмонхон дар сиёсати дохилии худ аз рақобати қавмии мардуми Афғонистон истифода кардааст, зеро ҳарчанд ӯ «...дар бораи ваҳдат ва ягонагии мардуми мусалмони Афғонистон ташвиқу талқин мекард, вале дар амал қавмҳо ва қабилаҳои гу- ногуни ҳамҷавори ғилзоиҳоро муқобили ҳамдигар мегузошт ва онҳоро ба муборизаи зидди ғилзоиҳо даъват менамуд. Ин даъватҳои вай дар байни қавму қабилаҳои дигар, ба истинои қисмате аз ҳазораҳо, ҳамовозӣ пайдо накард, зеро ҳамаи онҳо аз ҷабру ситами ҳукумати амир доду фиғон доштанд ва мунта- зири фатҳу пирӯзии ғилзоиҳо буданд, ки ба муборизаи умумӣ ҳамроҳ шаванд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат ба амир лозим омад, ки ба ҳамқавмони худ, яъне дуррониҳо муроҷиат намояд ва онҳоро дар асоси хусумат ва душмании анъанавии дуррониҳо ва ғилзоиҳо даъват намояд. Бинобар ин, амир фармон дода буд, ки ба ҳар кадом аз навкарони довталаби дурронӣ, ғайр аз яроқу аслиҳа ва орди хӯрокворӣ, боз даҳ рупиягӣ маош бидиҳанд, дар сурате, ки маоши аскарони қатории низомӣ ҳашт рупия буд». (Ниг.: Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. - С. 261–263).

Хонандагон бояд: дигаргуниҳои дар замони ҳукмронии Абдурраҳмонхон дар Афғонистон ба вуҷуд омадаро дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама