Шӯриши соли 1916 ҳарчанд қисми зиёди кишвари Туркистон ва Қазоқистонро фаро гирифт, вале дар аморати Бухоро амалдорони подшоҳӣ якҷоя бо амалдорони ҳукумати амирӣ, тамоми чораҳоро андешиданд, то ин ки дар қаламрави аморат алоқаманд ба шӯриши кишвари ҳамсоя ягон хел хуруҷҳои халқӣ ба амал наояд.
Аз ҷумла то ин ки дар Аморати Бухоро ҳар гуна хуруҷҳо вобаста ба шӯриши соли 1916 пешгирӣ карда шавад, агенти сиёсии рус дар Бухоро Н. Шулга 5-уми июли соли 1916 ба Тошканд, ба штаби округи ҳарбии Туркистон доир ба хавфнокии руҳияи мардуми Бухоро хабар дода, таъкид намудааст, ки бо ташаббуси баъзе талабаҳои мадраса овозае паҳн гардидааст, ки гӯё дар ҷанги ҷаҳонӣ вазъи Русия душвор гардидааст, сарбозони он ба нокомиҳо дучор шудаанд, бинобар ин, аз мардуми Бухоро ҳам ба корҳои ақибгоҳи фронти ҷангӣ, дар қатори аҳолии кишвари Туркистон, сафарбар мекардаанд. Ин амалдори баландпояи Русия дар Бухоро 15-уми июли он сол бо мактуб ба қӯшбегии Бухоро Мирзо Насрулло муроҷиат намуда, таъкид намудааст:
Қӯшбегии Бухоро Мирзо Насрулло (солҳои фаъолият 1910– 1918) 16 июли соли 1916, яъне рӯзи дигари гирифтани мактуби дар боло ишорашуда, ба агенти сиёсии рус доир ба чораҳои андешидашуда чунин ҷавоб гардонидааст: «Ман ба қозикалон, раис ва миршаби Бухоро фармон додам, ки дар Бухорои Куҳна фавран дидбонии аскарони савораро муқаррар намуда, тамоми шахсонеро, ки ҳар гуна овозаҳо паҳн мекунанд, таъқиб намоянд. Ҳамин гуна фармон ба бекҳо ҳам равона карда шуд. Илова ба ин, ба онҳо боз амри зерин фиристода шуд:
Садриддин Айнӣ дар асарҳои худ далелҳои болоиро асосан тасдиқ намуда, дар бораи таъсири шӯриши соли 1916 ба Аморати Бухоро махсус таваққуф карда, чунин маълумоти аҷиб медиҳад: «Ман тобистони соли 1916-ро бештар ба саёҳат гузаронидам. Ноҳияхо ва деҳаҳои Бухороро ягон-ягон гаштам. Ба Самарқанд, Хуҷанд ва тарафҳои Фарғона рафтам.
Дар ин тобистон дар Бухоро таъқибот аз солҳои пеш бештар ва шиддатноктар шуд. Хусусан, баъд аз шӯриши деҳқонон ва меҳнаткашони Туркистон ба муносибати мардикоргирӣ ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ, гирифтугири амир ва политсияи подшоҳӣ боз ҳам зиёдтар гардид. Амир дар ҳар район ва қишлоқҳои калон агентҳои махсус монда, мардумро аз гуфтугузор кардан дар бораи шӯриши Туркистон манъи қатъӣ кард».
Садриддин Айнӣ дар давом ба мавқеи синфи дорои Бухоро нисбат ба шӯриши соли 1916-и Туркистон махсус таваққуф намуда, таъкид мекунад, ки «бойҳои калони Бухоро бо аризаи коллективонаи худ ба агенти сиёсии давлати Русия дар Бухоро, ба муносибати шӯриши Туркистон, садоқати худро ба подшоҳи Русия маълум карданд».
Сабаби чунин мавқеъро ишғол намудани сарватмандон, яъне буржуазияи нав ташаккулёфтаистодаи Бухоро дар он аст, ки онҳо бо буржуазияи Русия манфиати ягона доштанд. Аниқтараш, қариб ҳамаи сарватмандони бухороӣ бо ташкилотҳои бонкӣ ва ширкатҳои тиҷоратии русиягӣ, ки дар Бухоро фаъолият мекарданд, алоқа доштанд. Маҳз чунин ҳамкорӣ ҳар сол ба сарватмандони бухороӣ низ фоидаи хеле зиёди бедарди миён меовард. Ҳукумати подшоҳии Русия бошад, дар баробари манфиати буржуазияи рус, манфиати сарватмандони бухороиро низ ҳимоя мекард. Яъне сарватмандони бухороӣ ҳам дар симои ҳукумати подшоҳии Русия пушту паноҳи худро медиданд.
Албатта, муносибати мардуми одии Аморати Бухоро нисбат ба шӯриши мардуми Туркистон дигар буд. Садриддин Айнӣ маҳз ба мавқеи ин қисми аҳолӣ аҳаммият дода, таъкид мекунад, ки оммаи мардуми Бухоро «ба шӯриш ба назари хайрхоҳона нигоҳ мекарданд, ғалабаи шӯришро «аз Худо» металабиданд ва баъд аз торумор шудани шӯриш, гурезагони шӯришро дар хонаҳои худ пинҳон мекарданд ва барои гурехта рафтани онҳо ба ҷойҳои дигар ёрӣ медоданд».
Умуман, амалдорони ҳукумати подшоҳӣ якҷоя бо амалдорони ҳукумати амирӣ тавонистанд, ки дар қисми марказӣ ва ғарбии аморат соли 1916 ягон хел хуруҷи нисбатан калони оммавӣ сар назанад, ҳарчанд мардуми ин гӯшаҳо ҳам аз зулму истибдоди амалдорони маҳаллӣ-амирӣ ба дод омада буданд. Новобаста аз ҳамаи ин сахтгириҳо, дар роҳи оҳани Бухоро, Қаршӣ, Қубодиён ва Қаротегин ҷунбишҳои мардумӣ ба амал омадаанд. Албатта, бузургтарине аз онҳо шӯриши Қаландаршоҳ ба ҳисоб меравад.
Сарчашма:
5-уми июли соли 1916 агенти сиёсии рус дар Бухоро Н.А. Шулга ба Тошканд, ба штаби округи ҳарбии Туркистон, дар бораи ниҳоят хавотирнок шудани руҳияи аҳолии Бухоро, ба муносибати эълон карда шудани мардикоргирӣ чунин хабар дода буд: «Овозаҳоеро, ки се рӯз пеш дар Бухоро дар бораи аз вилоятҳои кишвари Туркистон ба корҳои ақибгоҳ фиристода шудани мардикорони миллати маҳаллӣ шуда буданд, дирӯз одамони аз Самарқанд омадагӣ тасдиқ карда нақл намуданд, ки дар ин бора дар кӯчаҳо эълонҳо овехта шудаанд... Ба ин муносибат тамоми шаҳр ин навигариро муҳокима менамояд, илова бар ин, баъзе овозаҳои афсонавие паҳн мешаванд, ки гӯё қувваҳои русҳо камӣ карда, онҳо ба як қатор нокомиҳо дучор гардида бошанд... Дина баъзе муллобачаҳо чунин тахминҳо мекарданд, ки Русия аз Бухоро ҳам сафарбарӣ намудани одамонро талаб мекунад ва дар он сурат назар ба он ки ба ҷанг рафта ҳалок шаванд, дар ҳамин ҷо мурдан беҳтар аст, мегӯянд».
(Ниг.: Каримов Т.Р. Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон.
–Душанбе, 1966. – С. 74-75).
Санаҳои муҳим:
1916, 5 июл – хабари агенти сиёсии рус дар Бухоро Н.Шулга ба штаби округи ҳарбии Туркистон доир ба руҳияи аҳолии Бухоро.
1916, 15 июл – муроҷиати агенти сиёсии рус дар Бухоро ба қӯшбегӣ оид ба пешгирии ҳар гуна баромадҳо вобаста ба шӯриши соли 1916.
1916, 16 июл – ҷаноби қӯшбегӣ ба агенти сиёсии рус доир ба чораҳои андешидашуда барои пешгирии ҳар гуна тазоҳурот вобаста ба шӯриши соли 1916.
1916, тобистон – сафарҳои Садриддин Айнӣ ба Самарқанд, Хуҷанд ва вилояти Фарғона.
Саволҳо ва супоришҳо:
1) Агенти сиёсии рус Н.Шулга 5 июли соли 1916 ба штаби округи ҳарбии Туркистон доир ба руҳияи аҳолии Бухоро чӣ хабар додааст?
2) Агенти сиёсии рус дар Бухоро дар мактуби худ аз 15 июли соли 1916 ба қӯшбегии Бухоро чиро таъкид намудааст?
3) Мирзо Насрулло кӣ буд ва ӯ ба агенти сиёсии рус ба кадом мазмун ҷавоб гардонидааст?
4) Андешаҳои Садриддин Айнӣ дар бораи таъсири шӯриши соли 1916 ба Аморати Бухоро чӣ гуна аст?
5) Чаро сарватмандони Бухоро сиёсати ҳукумати подшоҳии Русияро тарафдорӣ кардаанд?
6) Муносибати мардуми одии аморати Бухоро нисбат ба шӯриши соли 1916 чӣ гуна буд?
7) § 29-ро такрор кунед.
8) Маводди чун сарчашма овардашударо таҳлил намоед.
Хонандагон бояд: чорабиниҳои амалдорони ҳукумати подшоҳии Русия дар Бухоро якҷоя бо амалдорони амирӣ барои пешгирии хуруҷҳои халқӣ дар қаламрави Аморати Бухороро дар соли 1916 дуруст шарҳ дода тавонанд.
Реклама