Чаро «Бухорои Шарқӣ» мегӯянд? Дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ қаламрави имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ, яъне водиҳои Ҳисору Вахш, мулкҳои Кӯлобу Балҷувон ва Қаротегину Дарвоз ба ҳайати Аморати Бухоро дохил мешу- данд. Бо сабаби дар қисми шимолу шарқии Бухоро ҷойгир будани мулкҳои номбурда, онҳоро дар қатори мулкҳои Қаршӣ, Шаҳрисабз, Ғузор, Китоб, Шеробод, Бойсун ва Деҳнав дар ада- биёти илмӣ ба таври умумӣ Бухорои Шарқӣ меноманд. Баъзеҳо таҳти ибораи Бухорои Шарқӣ танҳо водии Ҳисору Вахш, мулкҳои Кӯлобу Балҷувон ва Қаротегину Дарвозро дар назар доранд. Ин мулкҳо дар ҳайати давлатдории Бухоро на танҳо то сарнагун шудани тартиботи амирӣ, балки дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро ҳам монданд. Онҳо танҳо дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 аз ҳайати давлатдории Бухо- ро баромада, ба қисми таркибии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шуданд.
Вазъи Бухорои Шарқӣ. Чунонки дар боло ишора шуд, дар сарзамини Аморати Бухоро мулкҳое, ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида, ба ҳукумати амирӣ cap намефуроварданд. Мулки Қӯрғонтеппа макони кашмакаш гардида, гоҳ тобеи Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони манғитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин сарзамин ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб борҳо ҳуҷум карда, хуни зиёде рехтанд. Ин ҷангҳои дуру дароз ҳуҷуми лашкари амири Бухоро – Насруллоро ба водиҳои Ҳисору Вахш ва дигар мулкҳои канортари Бухорои Шарқӣ ба таъхир гузошт. Хони Хӯқанд Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) аз ин истифода карда, ба мулкҳои Дарвозу Қаротегин ва Кӯлоб лашкар кашида, муддате Қаротегину Файзободро зери итоати худ даровард. Дар ҳамин давра ҳатто Обигарм ҳам худро мулки мустақил меҳисобид ва ҳокими он баъзан бо ҳокими Ҳисор меҷангид. Ин ҳама воқеаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Бухорои Шарқӣ оромӣ вуҷуд надоштааст.
Мардум дар Бухорои Шарқӣ бештар бо кишоварзию чорводорӣ, дар нуқтаҳои калонтарини аҳолинишин, ба монанди Кӯлоб, Ҳисор, Қаротоғ, Регар, Деҳнав қисме аз аҳолӣ бо косибию ҳунармандӣ низ машғул буданд. Бо ин мулкҳо тоҷирони бухороӣ, хӯқандӣ ва афғон робита доштанд. Онҳо молҳои овардаашонро ба молҳои маҳаллӣ: пӯст, писта, сангҳои гаронбаҳо, маснуоти ҳунармандию косибӣ иваз менамуданд. Муомилоти пулӣ танҳо дар баъзе нуқтаҳои калонтарини аҳолинишин ҷой дошт.
Сабабҳои ҳуҷум. Амир Музаффарро бемуваффақиятии амалиёти ҷангии соли 1866 ба муқобили лашкари рус ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷойи мулкҳои аздастдодааш (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах)-ро аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Аз ин сабаб, ӯ охири ҳамон сол ба водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта, муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китоб ва Шаҳрисабз вобаста буд, зеро ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз – Ҳакимбек (падари Бобобек) ва Китоб – Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат кардан надоштанд. Вале онҳо дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ – қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус, муваққатан бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур ҳисобиданд.
Бо ҳамин мақсад ҳокимони номбурда ба амир Музаффар изҳори итоат намуданд, аммо амир ба садоқати онҳо бовар на- дошт ва бо ҳар роҳ маъзул намуданашонро меандешид, лекин амир барои чунин нияти худ ҳанӯз ҷуръат намекард. Ба ҳар ҳол, аз садоқати рӯякии онҳо истифода карданӣ шуд.
Оғози ҳуҷум ва оқибатҳои он. Амир Музаффар охири соли 1866 Шаҳрисабзро ба такягоҳи қӯшунҳои худ табдил дода, ба водии Ҳисор ҳуҷум кард. Ӯ ба душвории роҳҳои кӯҳӣ нигоҳ накарда, ҳатто тӯпҳоро низ ҳамроҳ гирифт. Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир, дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдулкарим-додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омаданд. Дар байни онҳо ҳиссаи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои умумии зиддиамирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкарим-додхоҳ ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон (Сарабек) ҳам, ки баромадаш аз қабилаи қатағани Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ бо лашкари худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд.
Қӯшунҳои амир махсусан, дар мавзеи Амоқсой ҳарбу зарби сахт ташкил намуда, бар қувваи ҳисориҳо ғалаба карданд ва баъди он қалъаи Деҳнавро ба муҳосира гирифтанд. Муҳосираи қалъаи Деҳнав, ки асосан, аз тарафи ҳисориҳо дифоъ карда мешуд, шаш рӯз давом кард. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи қалъаро бо хок яксон намуданд.
Сарбозони амир баъди мағлубияти қувваҳои муттаҳидаи зиддиамирӣ дар Деҳнав ба самти шарқ, ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаротоғ, Файзобод ва ғайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим-додхоҳ ба назди иттифоқчии худ – ҳокими Кӯлобу Балҷувон – Сарахон гурехт, вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда, ба амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, ҷони худро нигоҳ дошт. Дар натиҷа Абдулкаримдодхоҳ ба ҳукми амир бо 20 нафар ҳаммаслаконаш дар Дарбанд қатл карда шуд.
Амир Музаффар баъди ин ғалабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони нав таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт, зеро аз сабаби тас- лим шудани Сарахон ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур на- шуморид. Чунин вазъ амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. Ӯ бовар дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ ди- гар саркашӣ накарда, дар итоати ӯ боқӣ хоҳанд монд.
Санаҳои муҳим:
To охири солҳои 70-уми асри XIX – мавҷудияти ниммустақилии мулкҳои Бухорои Шарқӣ.
Охири соли 1866 ва аввали соли 1867 – ҳуҷуми аввали амири Бухоро ба водии Ҳисор.
Савол ва супоришҳо:
1) Чаро Бухорои Шарқӣ мегӯянд ва ба он кадом мулкҳо до- хил мешуданд?
2) Вазъи мулкҳои Бухорои Шарқӣ дар замони то ба Аморати Бухоро ҳамроҳ шудан чӣ гуна буд?
3) Сабабҳои ба Бухорои Шарқӣ ҳуҷум кардани амири Бухоро – Музаффарро дар чӣ мебинед?
4) Ҳуҷуми аввали амир Музаффар ба водии Ҳисор кай оғоз гардид ва бо чӣ анҷом ёфт?
5) Оқибатҳои ҳуҷуми аввали амир Музаффар ба водии Ҳисор ва ваҳшонияти ӯро муфассалтар шарҳ диҳед.
6) §§ 1, 7, 8-ро такрор кунед.
Хонандагон бояд: донанд, ки чаро Бухорои Шарқӣ мегӯянд ва вазъи ин мулкҳоро дар арафаи ҳуҷуми аввали лашкари амири Бухоро шарҳ дода тавонанд.
Реклама