§§ 60 – 61. БАРПО ГАРДИДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВӢ ДАР БУХОРОИ ШАРҚӢ

Ташкили Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор. Баъди дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) барпо карда шудани тартиботи шуравӣ, сарзамини собиқ аморат ба ду тартиботи ба ҳам муқобил тақсим шуд. Яъне дар қисми Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи шуравӣ ва дар қисми Шарқӣ тартиботи амирӣ ҳукмфармоӣ мекарданд.

Ҳукумати шуравии Бухоро дар сарзамини Бухорои Шарқӣ низ барпо кардани тартиботи шуравиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморид. Ин ҳукумат бо мақсади пойдор кардани тартиботи нав дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои инқилобии худро ташкил карданӣ шуд. Чунин иқдом аз тарафи сарварони Фронти Туркистон дастгирӣ дид. 5-уми сентябри соли 1920 сарвари Фронт ба ихтиёри нозири корҳои ҳарбии Ҷумҳурии Бухоро ду полки савора, баталёни пиёда ва батареяи тӯпчиёнро бо мақсаде супорид, ки минбаъд бо роҳи ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ихтиёриён шумораи умумии қӯшунҳои худро то ба миқдори зарурии бригада (армия) расонанд. Вале тадбирҳои Ҳукумати Шуравии Бухоро доир ба ташкили қувваҳои инқилобӣ-ҳарбии худ натиҷаҳои дилхоҳ надоданд, зеро аз ҷумлаи бухороиён ихтиёриён, ки ба сафи қӯшунҳои ҳукумати нав дохил шаванд, қариб ки набуданд. Бинобар ин 6-уми октябри соли 1920 нозири ҳарбии Ҷумҳурии Бухоро ба маълумоти сарварони Фронти Туркистон расонид, ки барои ташкил додани армия (яъне бригада) ихтиёриён нокифояанд.

Сарварони Ҳукумати нави Бухоро вазъиятро ба назар ги- рифта, барои ёрии ҳарбӣ ба Турккомиссия муроҷиат карданд. В.Куйбишев, ки намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Бухоро буд, моҳи октябри соли 1920 аз сарварони

Фронти Туркистон талаб кард, ки чораҳои ҳарчи зудтар дар Бухорои Шарқӣ низ сарнагун намудани тартиботи амириро андешанд. Барои ин ташкил кардани эъзомияи ҳарбӣ зарур шуморида шуд. Бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии Давлати Шуравӣ, таъмини иқтисодии ин эъзомияро ба уҳдаи Ҷумҳурии Бухоро гузоштанд.

9-уми ноябри соли 1920 Турккомиссия Шурои Ҳарбии Инқилобии Фронти Туркистонро вазифадор намуд, ки аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурх Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисорро ташкил диҳанд. Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки бо амалиёти ҷангӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амириро тамоман барҳам дода, дар ин ҷо ҳокимияти шуравиро барқарор намояд.

Тадбирҳои амалӣ барои ташкил намудани Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор моҳи ноябри соли 1920 дар Қаршӣ оғоз гардид ва то миёнаи моҳи декабри ҳамон сол давом кард. Дар ин муддат қисмҳои зарурии аскарони сурх, ки барои ин отряд муайян шуда буданд, асосан, омада расиданд. Қисмҳои боқимондаи аскарони сурх, ки аз тарафи сарварони Фронти Туркистон барои отряди номбурда ҷудо гардида буданд, дар рафти амалиёти ҷангӣ ба он ҳамроҳ шуданд.

Амир Олимхон низ барои муқобилат бар зидди қисмҳои аскарони сурх омодагӣ медид. Вай дар баробари қувваҳои ҷамънамудааш, ҳанӯз ҳам аз ҳукумати Афғонистон ва Англия умеди имдод дошт. Бинобар ин амир ба ҳукумати Англия борҳо муроҷиат кард, вале дар амал ғайр аз ваъдаҳои зиёд расман чизе гирифта натавонист.

Оғози амалиёти ҷангӣ. Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор 17-уми декабри соли 1920 амалиёти ҷангии худро бо сарварии Марсов аз Қаршӣ cap кард. Он дар аввал ба сӯйи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарқӣ ҳисоб мешуд, ҳаракат кард. 20-уми декабр дар ағбаи Оқкӯтал аввалин задухӯрди қисмҳои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Дар ин муҳориба бригадаи сеюми Дивизияи Якуми Савораи Туркистонӣ иштирок намуд. Ин бригада махсусан дар дараи кӯҳии Бузғолахона ба муқобилати сахти аскарони амир дучор гардид. Ҷанг агарчи кӯтоҳмуддат буд, қурбониҳои зиёд овард. Аз ҷумла, сарвари отряд Марсов дар ҳамин муҳориба ҳалок гардид ва ба ҷойи ӯ командири полки 16-уми савора А. Рогановро таъин карданд. Муҳориба бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт ва онҳо Бойсунро ишғол карда, дар он ҷо урдугоҳи худро ҷойгир намуданд.

Баробари забти Бойсун қисмҳои аскарони сурх дар ҳолати боз ҳам вазнинтар монданд, зеро 24-уми декабр дар ҳавзаи Шеробод, Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироғчӣ ба муқобили тартиботи шуравӣ шӯриши халқӣ cap шуд, ки дар он, мувофиқи баъзе маълумот, то 15 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок кардаанд. Аз ин пештар чунин шӯриш дар Каркӣ ба амал омада буд. Бинобар ин аскароне, ки бояд ба кумаки аскарони сурхи дар Бойсунбуда мешитофтанд, бо саркӯб кардани он шӯриш банд буданд. Ҳокими Бойсун аз фурсат истифода карда, маркази собиқи ҳукуматдории худро аз нав муҳосира намуд, ки он 12 рӯз давом кард. Ба кумаки аскарони сурхи ба муҳосира афтода аз Самарқанд имдод фиристода шуд. Ин қувваи тозанафас дар роҳ шӯришҳои Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироғчиро саркӯб карда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун расид ва муҳосираро рахна намуд. Баъди дар Бойсун муттаҳид карда шудани тамоми қисмҳои Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор сарвари он В.Ионов таъин гардид. Амалиёти минбаъдаи ҷангӣ дар водии Ҳисор мегузашт.

Вазъи мураккаби Бухорои Шарқиро ба назар гирифта, дар қатори Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор боз Эъзомияи мустақили сиёсии Ҷумҳурии Бухоро ва Кумитаи Марказии Ҳизби Коммуни- стии Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуд. Сарварии он ба уҳдаи Саъдулло Турсунхоҷаев гузошта шуд. Ва- зифаи асосии эъзомияи нав – дар маҳалҳои ҷудогонаи аз тарафи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ишғолгардида ташкил намудани кумитаҳои инқилобӣ ва барои иҷрои вазифаҳо ба онҳо расони- дани ёрӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Ба комиссияи сиёсӣ ҳуқуқи органҳои олиро дода буданд. Он фаъолияти органҳои ҳокимияти маҳаллиро ташкил ва назорат мекард.

Амалиёти ҷангӣ дар водии Ҳисор. 14-уми феврали соли 1921 аскарони Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор аз Бойсун баромада, худи ҳамон рӯз ба дараи Бандихона расиданд. Ба водии Сурхон роҳи асосӣ аз ҳамин дара мегузашт. Қисмҳои ба амир содиқ дар Деҳнав ҷойгир буданд. 15-уми феврал дар Деҳнав ҷанги шадидтарин ба амал омад ва он бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт. Ин ғалаба ҳаракати минбаъдаи отрядро ба водии Ҳисор осон намуд. Дар натиҷа, 15-уми феврал аз тарафи онҳо бе душворӣ Юрчӣ, Сариосиё ва Сариҷӯй ишғол карда шуд. Баъди он қисмҳои аскарони сурхи отряд боз ба Деҳнав баргаштанд, зеро дар ин самт қӯшунҳои амирӣ дар ноҳияҳои Ҳисору Қаротоғ мавқеъ гирифта буданд.

Амир Олимхон бо мақсади гирифтани пеши роҳи аскарони сурх ба ин самт қувваҳои илова, аз ҷумла отряди аксулинқилобиёни Фарғонаро бо сарварии Кӯри Шермат, ки баъди шикаст дар Фарғона ба ин мулк омада буданд ва отряди дуҳазорнафараи лақайҳоро бо сарварии Иброҳимбек фиристод. Дар байни онҳо қӯшунҳои беки Ҳисор низ буданд. 19-уми феврали соли 1921 аскарони сурх баъди омодагии серӯза аз Деҳнав баромада, ба сӯйи Регар (шаҳри Турсунзодаи имрӯза) ҳаракат карданд ва дар қисми аввали рӯз ин мулкро ҳам ишғол намуданд. Қисмҳои амирӣ, ки дар Регар буданд, чандон муқобилат нишон надода, 28 нафарро талаф дода, як қисмашон ба сӯйи Ҳисор ва қисми дигар ба кӯҳҳои Боботоғ ақиб гаштанд. 20-уми феврал дар наздикии Ҳисор ҷанги сесоатаи сахттарини байни аскарони сурх ва аскарони амир ба амал омад. Ин ҷанг ҳам ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Талафоти аскарони амирӣ хеле зиёд буд. Аскарони сурх худи ҳамон рӯз Ҳисор ва Қаротоғро ба даст дароварданд.

Амир Олимхон 20-уми феврал, баробари шунидани хабари мағлубияти аскарони худ дар наздикии Ҳисор, бо наздикони худ ва 300 шутури пурбор ба сӯйи Кӯлоб, гӯё барои зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ равон шуд. Ӯ ҳангоми гурехтан аз сарлашкарони содиқи худ Иброҳимбек ва Давлатмандбийро (ки ҳар ду ҳам бо рутбаи девонбегӣ сарфароз гардиданд) вазифадор намуд, ки пеши роҳи душманро гиранд, вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе будаашро хотирпарешон намуд. Онҳо аз муқобилати минбаъда даст кашида, ба ҳар сӯ парешон шуданд. Ин имкон дод, ки бригадаи якуми савора бо сарварии Я.Мелкумов 21-уми феврал, соати 10-и пагоҳӣ Душанберо бе муқобилат забт намоянд. Рӯзи дигар, яъне 22-юми феврал, ба Душанбе Эъзомияи сиёсӣ бо сарварии С. Турсунхоҷаев ва штаби Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ворид шуданд.

Муқобилати аскарони амирӣ баъди аз даст рафтани Душан- бе ҳам идома ёфт. Онҳо баъди шикасти назди Ҳисор ба муқобили аскарони сурх ба муҳорибаи муттаҳидаи ҷиддӣ ҷуръат накарда, ба маҳалҳои гуногуни Бухорои Шарқӣ пароканда шуда, муборизаро идома доданд.

Амалиёти отряд дар водии Вахш, Кӯлоб, Қаротегин ва Дарвоз. Аскарони сурх баъди ишғоли Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд. Қисмҳое, ки ба самти водии Вахш ҳаракат карданд, пагоҳии 22-юми феврал аз Ҳисор баромада, аз болои деҳаҳои Лақай, Даҳанакиик, Обикиик гузашта, аз наздикии Қизилқалъа дарёи Вахшро убур намуда, 24-уми феврал Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза), 6-уми март Қубодиён ва 9-уми март Саройкамар (шаҳраки Панҷи имрӯза)-ро забт намуданд. Дар ин самт дастаҳои амирӣ ба аскарони сурх муқобилати сахт нишон дода натавонистанд. Аз ин сабаб дар муддати хеле кӯтоҳ, яъне аз 24уми феврал то 9-уми март, дар тамоми водии Вахш тартиботи шуравӣ барпо карда шуд. Минбаъд ин қисмҳо амалиёти худро ба сӯйи Кӯлоб давом дода Фархор, Сайёд, Чӯбекро забт намуда, ба Кӯлоб расиданд.

Қисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекарданд, дақиқтараш, барои дастгир кардани амири гуреза равона шуда буданд, 23-юми феврал Янгибозор (шаҳраки Ваҳдати имрӯза) ва 24-уми феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин маҳалҳо барои ҳаракат ба сӯйи Кӯлоб ва Қаротегин нуқтаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафтанд. Амир ҳангоми гурехтан аз ин маҳалҳо гузашта, ба воситаи Пули Сангин (ҷойи неругоҳи барқи обии Нораки имрӯза) дарёи Вахшро гузашта, ба сӯйи Кӯлоб фирор намуд.

Амир Олимхон аз паси худ тамоми пулҳо, аз ҷумла Пули Сангинро низ вайрон кард. Чунин вазъият ҳаракати қисмҳои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои барқарор намудани Пули Сангин 9-уми март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барқарор кардани пул дар ҳолати мураккаби ҷангӣ, ҳангоми тирандозии тарафайн амалӣ мегардид.

Аз Файзобод қисмҳои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Қаротегин ва самти Кӯлоб тақсим шуданд. Қисмҳое, ки бояд ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат мекарданд, дар назди Пули Сангин камин гирифта, ҳар лаҳза ба ҳуҷум мегузаштанд ва мунтазири аз нав барқарор кардани пул буданд. Қисмҳое, ки ба самти Қаротегин ҳаракат мекарданд, 13-уми март дар роҳи Файзобод – Обигарм муқобилати отряди Нурулло тӯқсаборо бартараф карда, 16-уми март Обигармро ишғол намуданд.

18-уми марти соли 1921 қисмҳои аскарони сурх баъди каме истироҳат аз Обигарм ба сӯйи Ғарм ҳаракат карданд. Роҳ хеле пурбарф ва аз дараҳои танги кӯҳӣ мегузашт. Аскарони сурх бо чунин душвориҳо то ба деҳаи Муҷахарф расиданд. Дар наздикии Ғарм муҳорибаи хеле сахт ба амал омад. Ба муқобили қисмҳои аскарони сурх отряди Кӯри Шермат бо қӯрбошиҳояш Нурматмингбошӣ, Аскарполвон ва лашкари Фузайл Махсум меҷангиданд. Ин муҳориба низ ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Кӯри Шермат бо дастаҳои боқимондааш ба сӯйи водии Олой гурехта, аз он ҷо ба Фарғона гузашт. Аскарони сурх 23-юми март бе муқобилати ҷиддӣ вориди Ғарм шуданд. Охири моҳи март маркази бекии Дарвоз – Қалъаи Хумб ҳам аз тарафи аскарони сурх ишғол гардид. To 9-уми апрел қисмҳои аскарони сурх бо сардории Я.Мелкумов тамоми сарзамини бекигарии Қаротегин ва Дарвозро тасарруф намуданд.

12-уми марти соли 1921, баробари барқарор карда шудани Пули Сангин, қисмҳои аскарони сурх амалиёт ба сӯйи Кӯлобро давом доданд. Вақти аз дарёи Вахш гузаштани қисмҳои аскарони сурх, аскарони амирӣ, ки дар он тарафи дарё камин гирифта буданд, аз ҷангҳои ҷиддии минбаъда даст кашида, ба ҳар сӯ пароканда шуданд. Ин имкон дод, ки аскарони сурх рӯзи дигар, яъне 15-уми март, соати 14:30 дақиқа Кӯлобро бе ҷанг ишғол намоянд, вале амир Олимхон дигар дар Кӯлоб набуд. Вай рӯзи чоршанбеи 4-уми марти соли 1921 аз гузаргоҳи Дарқади назди Чӯбек дарёи Панҷро гузашта, ба хоки Афғонистон дохил шуд. 20-уми март қисмҳои аскарони сурх Балҷувонро низ ба даст дароварданд. Ин нуқтаи охирине буд, ки ҳангоми дар Бухорои Шарқӣ барҳам дода шудани тартиботи амирӣ, амирпарастон ба қисмҳои аскарони сурх муқобилати нисбатан сахт нишон доданд.

Ҳамин тавр, моҳҳои феврал ва апрели соли 1921 дар натиҷаи амалиёти ҷангии аскарони сурхи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд.

Ташкил карда шудани кумитаҳои инқилобӣ. Дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҳам мисли Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) дар маҳалҳо баробари барҳам дода шудани тартиботи амирӣ бо ташаббуси аскарони сурх ва узви эъзомияи сиёсӣ кумитаҳои инқилобӣ (ревкомҳо) ташкил карда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо супори- данд. Ташкили ин гуна кумитаҳо дар асоси низомнома оид ба кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ, ки 22-юми сентябри соли 1920 аз тарафи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ тасдиқ гардида буд, сурат мегирифт. Мувофиқи он низомнома, чунин кумитаҳо бояд аз 5 нафар узви аз тарафи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъингардида ташкил меёфт. Ба он ҳайат якнафарӣ намояндаи нозири ҳарбӣ низ шомил мешуд.

Кумитаҳои инқилобӣ зина ба зина, вобаста ба тақсимоти маъмурӣ ташкил карда мешуд. Ҷумҳурии Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба 4 округ – Зарафшон, Бухорои Шарқӣ, Қашқадарё ва Омударё тақсим шуд. Округҳо дар навбати худ аз вилоятҳо иборат буданд. Аз ҷумла округи Бухорои Шарқӣ ба вилоятҳои Душанбе, Бойсун, Кӯлоб, Сариосиё, Шеробод, Қӯрғонтеппа ва Ғарм тақсим мешуд. Вилоятҳо аз туманҳо, туманҳо аз кентҳо, кентҳо аз деҳаҳои гуногун иборат буданд. Чунончи, ба ҳайати вилояти Душанбе туманҳои Ёвон, Янгибозор ва Файзобод дохил мешуданд. Сарвари деҳа, ки ӯро мувофиқи анъана арбоб, амин ё худ оқсақол мегуфтанд ва акнун интихобӣ буд, дар навбати худ ба зинаи аз ҳама поёнии кумитаҳои инқилобӣ – кумитаи кентӣ итоат мекард.

Умуман, кумитаҳои инқилобӣ дар шароити Бухорои Шарқӣ ҳам, ба мисли тамоми қаламрави Ҷумҳурии Бухоро ва Давлати Шуравӣ, асоси ҳокимияти нав, яъне Ҳокимияти Шуравӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ амалӣ гардидани тадбирҳои андешидаи ҳокимияти марказии ҷумҳурӣ ба фаъолияту кордонии аъзои кумитаҳо сахт вобастагӣ дошт.

Сарчашма:

26-уми декабри соди 1920 Зиновев, ки ҳамон вақт баъди аз кишвари Туркистон рафтани М.В.Фрунзе сарварии Фронти Туркистонро ба уҳда дошт, дар шаҳри Бухорои Куҳна, дар маҷлиси фаъолони Ҳизби Коммунистии Бухоро суханронӣ намуда, иқрор кард, ки «ҳоло тамоми ноҳияи Шерободро шӯриш фаро гирифтааст. Мардум, ки қисман бо камонҳои сохти англисӣ ва семилаи русӣ мусаллаҳ буданд, ба таври оммавӣ ба гарнизонҳои мо ҳуҷум мекунанд. Онҳоро бо пулемёт қир намудем». Мувофиқи маълумоти сарвари гурӯҳ, миқдори қурбониён, аз ҷумлаи бухороиён беҳисоб будааст. Муқобили мардуми шӯришбардошта «аз тӯпҳо оташ кушоданд ва дар натиҷа ғарами мурдаҳо ба вуҷуд омадааст». (Ниг.: Бойгонии ҳизбии Пажуҳишгоҳи масъалаҳои ҷамъиятию сиёсии Ҳизби Халқӣ-Демократии Узбекистон, Ф.14. Рӯйхатти 1. Ҳуҷҷати 4. Варақи

12).

«Аскарони амирӣ ғазоталабон ва босмачиёни Фарғона, ки ба нияти имдод дар рикоби амир омада буданд, аҳолии Ҳисорро тороҷ карда, ба ҷон расониданд. Бинобар ин аксари аҳолӣ ба кӯҳҳои баланд фирор карда, шаҳр ва қишлоқҳоро холӣ гузоштанд». (С.

Айнӣ Куллиёт. Ҷилди 10. с.

187).

Хонандагон бояд: аз тарафи Отряди эъзомияи ҳарбии Ҳисор барпо намудани Ҳокимияти Шуравиро дар Бухорои Шарқӣ дуруст шарҳ дода тавонанд.

Реклама