§ 6. ЧОРАБИНИҲОИ АВВАЛИНИ ИҚТИСОДИИ ШУРАВӢ

Ҷорӣ гардидани назорати коргарӣ ва моҳияти он. Дар асоси қарорҳои Анҷумани дуюми Шуроҳои умумирусиягӣ ва Анҷумани сеюми Шуроҳои кишварии Туркистон дар бораи миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ ва мусодираи замин, ҳукумати Туркистон гузаронидани чорабиниҳои иқтисодиро аз ҷорӣ кардани назорати коргарӣ сар кард.

14-уми ноябри соли 1917 Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумирусиягӣ «Лоиҳаи қоидаҳо дар бораи назорати коргарӣ»-ро қабул карда буд. Ин қоидаҳо талаб мекард, ки назорат аз болои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тақсими маҳсулот ташкил ва пурзӯр карда шавад. Сабаби асосии ҷорӣ карда шудани назорати коргариро Ҳокимияти Шуравӣ дар он медид, ки диктатураи пролетариат яку якбора саноат ва муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистиро ба вуҷуд оварда наметавонад. Барои ин лозим буд, ки аввалан коргарон ҳунари ташкил ва идора кардани истеҳсолотро омӯзанд. Омӯхтан ба воситаи назорати коргарӣ осонтар буд. Ҳокимияти Шуравӣ дар назар дошт, ки бо ҷорӣ карда шудани назорати коргарӣ душманони синфӣ муассисаҳои истеҳсолиро аз кор мононда ё вайрон карда наметавонанд. Инчунин назорати коргарӣ доираи фаъолияти корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкоронро танг карда, кори ташкил намудани истеҳсолоти ҷамъиятиро осон мегардонд. Яъне, мақсади назорати коргарӣ он буд, ки синфи коргарро ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ наздик ва омода намояд. Баъди қабули қоидаҳо 14-уми ноябри соли 1917 Ҳокимияти Шуравӣ декретро дар бораи ҷорӣ намудани назорати умумии коргарӣ қабул кард. Амалӣ гардидани ин декрет дар Туркистон дар нимаи дуюми соли 1918 сар шуд. Аввалин шуда назорати коргарӣ дар корхонаҳои коркарди пахта ва равғанкашӣ ҷорӣ карда шуд. Ин чорабинӣ давоми моҳҳои апрел-июни соли 1918 гузаронида шуд. Ин амал натиҷаи хуб ҳам дод. То охири баҳори соли 1918 дар тамоми корхонаҳои саноатии Туркистон назорати коргарӣ ҷорӣ гардид. Дар ҳама ҷо кумитаҳо ва ташкилотҳои фабрикӣ-заводӣ ва конии назорати коргарӣ таъсис ёфтанд. Ташаббус- кори ин назорат бештар ҳизби болшевикӣ буд.

Дар рафти ҷорӣ шудани назорати коргарӣ Ҳокимияти Шуравӣ баъзе нозукиҳои истеҳсолот, ба мисли таъмини корхона бо ашёи хом, таҷҳизот ва ташкили кори мураттаби корхонаро аз худ кард. Ин таҷриба шуури коргаронро тағ- йир дод. Синфи коргар худро соҳиби корхона ҳис мекардагӣ шуда, муносибаташро ба меҳнат, корхона, ба интизоми кор ва баланд бардоштани маҳсули меҳнат дигар кард. Ин дар оянда боиси осон гардидани милликунонии саноат гардид.

Мубориза бо гуруснагӣ. Русия аз соли 1914, аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳон рӯ ба пастравии иқтисодӣ оварда буд. Боз соли 1916 канораҳои он (кишварҳои Туркистон, Дашт ва қисман шимоли Қафқоз)-ро ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ фаро гирифта, ба инқилоби февралии соли 1917 ҳамроҳ гардида буданд, ки ин ҳама худ ба худ душвориҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама, озуқавориро пеш меовард. Дигар ин ки соли 1916 аксар минтақаҳои ғаллакори Русияро хушксолӣ фаро гирифта буд. Русияи подшоҳӣ (то моҳи феврали соли 1917) ва Ҳукумати муваққатии он (моҳҳои феврал-октябри соли 1917) масъалаи гуруснагиро ҳал карда натавониста буданд ва Ҳукумати навтаъсиси Шуравӣ ин мероси гуруснагиро ба осонӣ ҳаллу фасл карда наметавонист.

Аз ин рӯ Ҳукумати навтаъсиси Шуравиро зарур буд, ки баробари масъалаҳои дигари характери сиёсидошта масъалаи озуқавориро ҳам ҳал намояд. Баҳори соли 1918 ШКХ Туркистон қарорро дар бораи ба ҳисоб гирифтани захираҳои хӯрокворӣ ва ҷиҳати амалӣ кардани он бо сардории Т. Рисқулов (қазоқ) Коллегияи марказии мубориза бо гуруснагиро таъсис дода буд.

Дар асоси ҳамин қарор, шуроҳои уездии Хуҷанд ва Уротеппа барои ҳалли масъалаи озуқаворӣ дар назди худ Кумитаҳои камбағалонро таъсис дода, корҳои тақсими озуқавориро дар байни мардуми гурусна ба роҳ монданд. Пеш аз ҳама олотҳои коркарди зироату тухмии зироатро зери назорат гирифтанд, то ки кишти баҳорӣ бо ин мавод таъмин бошанд ва ёрии ғаллаи аз дигар минтақаҳо, асосан, аз Русия меомада, ба мақсади кишт ва ёрӣ ба гуруснагон дуруст тақсим карда шаванд. Шуроҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Уротеппа ва баъзан шаҳракҳои коргарнишин аз ҳисоби кашида гирифтани захираҳои бойҳо, барои гуруснамондагон ошхонаҳои бепул ва ба оилаҳои гуруснамонда нуқтаҳои таъмини озуқавориро ташкил доданд.

Ҳукумати Туркистон барои гуруснагони уезди Хуҷанду Уротеппа 1,05 миллион сӯм ҷудо кард. Шуроҳои Хуҷанд ва Уротеппа аз бойҳои минтақа 1 миллион сӯм ҷарима ситонда, роҳҳои қочоқи ғалларо аз минтақа зери назорат гирифта, ғаллаи аз минтақа баровардашавандаро мусодира намуда, ба амборҳои ҷамъиятӣ барои тақсим ба ниёзмандон месупориданд.

Ҳолати гуруснагии шимоли Тоҷикистонро ахбори ёвари Комиссари уезди Хуҷанд хуб инъикос менамояд: «Ҳозир (аввали соли 1918) табақаи поёни аҳолӣ дар ҳолати даҳшат- овари гуруснагӣ – дар сарҳадди ҳалок шудан, қарор дорад. Ман шахсан дидам деҳаҳое, ки 2 ҳазор аҳолӣ доштанд ё холӣ мондаанд ва ё чор панҷ нафар муҳофизони гуруснаи устухону пӯстдори искелетмонанд зинда мондаанд. Боқӣ ҳама мурдаанд ва ё баромада рафтаанд. Вазъи гуруснагии шаҳру деҳотро тасвир кардан аз имкон берун аст. Аҳолӣ ба искелетҳои зинда монанд гаштаанд».

Реклама