Мубориза барои ҳалли масъалаи аграрӣ. Масъалаи аграрӣ то соли 1924 ҳалли худро наёфта буд. Дар давраи ислоҳоти обу замини солҳои 1922 – 1923 заминҳои шакли помешикӣ-феодалӣ фақат дар шимоли Тоҷикистон мусодира шуда буд. Қисми асосии замин ҳоло ҳам дар дасти сарватмандон ва руҳониёни заминдор боқӣ монда буд. Агарчи шартҳои иҷораи замин, чорводорӣ, ҳиссакорӣ, муздурӣ ва меҳнати кироя бекор карда шуда бошад ҳам, вале аксари деҳқонони безамину камзамин ҳоло ҳам ба иҷора, чоряккорию ҳиссакорӣ рӯ меоварданд.
Баъди таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ҳалли масъалаи кишоварзӣ яке аз масъалаи рӯзмарраи ҳукуматӣ шуда буд. Вале аз набудани маълумоти дақиқ дар бораи миқдори заминҳои мусодирашуда ва ба мақомоти Ҳокимияти Шуравӣ сар даровардани бойҳо, ин масъала бо душворӣ пеш мерафт. Масалан, дар шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1921 – 1923 камтар, вале дар солҳои 1925 – 1926 аксарияти деҳқонон ба кашида гирифтани заминҳои бойҳо тайёр буданд ва соли 1926 ислоҳоти замин ба охир расонида шуд. Вале дар Бухорои Шарқӣ то соли 1928 ин масъаларо пеш нагузоштанд. Гузаронидани онро, чи Ҳукумати Умумииттифоқ ва чи ҷумҳурӣ бармаҳал ҳисобиданд. Дар ин раванд қитъаҳои хеле зиёди аз кишт бозмондаро ёфта, ба камбағалон тақсим карда доданд. Соли 1926 судҳо (комиссияҳо)-и обу замин таъсис ёфт. Ҳалли масъалаи кишоварзӣ дар аз худ кардани заминҳои нав бештар ояндадор буд. Соли 1927 аввалин 460 буна (хоҷагӣ)-и камзамини вилояти Ҳисор ба водии Вахш кӯчида, соҳиби 4-5 гектарӣ замин шуданд. Ин раванд баъдтар дар тамоми Тоҷикистон густариш ёфта, аз водии Қаротегин, Кӯлоб, Помир, Истаравшан, Панҷакент ва Фарғона ба водии Вахш зиёда аз 8030 буна кӯчонида шуд. Инчунин, тақрибан 7000 хоҷагӣ муҳоҷири дохилӣ (масалан, аз деҳаи худ ба деҳаи ҳамсоя) шуданд, ки ҳар кадом соҳиби 4-5га замин, ҳайвони корӣ ва молӣ шуданд. Давлат муҳоҷиронро бо ҳама чизи зарурӣ таъмин мекард.
Дар ҳалли масъалаи кишоварзӣ, ҳалли масъалаи заминҳои вақфӣ низ дорои аҳаммияти иҷтимоӣ буд, чунки даромади андози ин заминҳо, асосан, ба кисаи руҳониён медаромад. Соли 1925 барои идораи ин заминҳо шуъбаҳои вақф дар назди Комиссариатҳои маориф таъсис ёфт ва акнун андози заминҳои вақф барои харҷи маориф ва фарҳанг сарф мешуд. Андози онҳо 10/1 ҳиссаи ҳосилро ташкил медод, ки аз андози шуравӣ хеле фарқ дошт. Фарқи он боз ба фоидаи руҳониён буд. Соли 1927 заминҳои вақф аз муассисаҳои динӣ ҷудо карда шуда, ба дасти онҳое, ки заминро кор мекарданд, ҳамчун иҷораи давлатӣ дода шуд. Моҳи январи соли 1928 андози вақфҳо ба андози замини давлатӣ баробар карда шуд. Фақат 1-уми феврали соли 1929 заминҳои вақфӣ ба ихтиёри шуроҳои маҳаллӣ гузошта шуданд. Заминдории вақфӣ тамоман аз байн рафт. Аммо дар қисмати Бухорои Шарқӣ ҳоло ҳам масъалаи замин ҳал нашуда монд. Агарчи Анҷумани якуми Шуроҳо моҳи декабри соли 1926 ва феврали соли 1927 КИМ ҶМШС Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти обу замин қарорҳо қабул карда буд, вале ба хулосае омад, ки ҳоло гузаронидани он аз имкон берун аст. Фақат баҳори соли 1929 Ҳукумати Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти обу замин иҷозат дод, вале аз сабабе, ки ҳамон сол дар Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати коллективонӣ (муттаҳидкунӣ) сар шуда буд, гузаронидани ислоҳоти заминро чорабинии зиёдатӣ ҳисобиданд. Яъне, ислоҳоти обу замин гузаронида нашуда, деҳоти тоҷикро ба муттаҳидкунии хоҷагидорӣ оварданд.
Ҳолати деҳоти Тоҷикистонро ҷадвалҳои зер возеътар инъикос мекунанд.
Нишондиҳандаҳои саршумори чорво дар соли 1919 ва 1925:
Солҳо | Асп | Гов | Гӯсфанд | Буз |
1919 1925 | 56000 7663 | 15000 5000 | 5000000 120000 | 2500000 300000 |
Нишондиҳандаҳои майдони кишт дар соли 1919 ва 1925:
Намуди зироат ба ҳисоби га | Соли 1919 | Соли 1925 | |
1 | Майдони умумии кишт | 648,6 | 304,5 |
2 | Кишти лалмӣ | 330,7 | 235,7 |
3 | Кишти обӣ | 317,9 | 66,7 |
4 | Гандум | 398,6 | 206,7 |
5 | Шолӣ | 32,3 | 7,9 |
6 | Пахта | 34,9 | 1,8 |
Сиёсати аграрии пешгирифтаи Ҳукумати Шуравӣ ба пешравии ҳама соҳаҳои хоҷагии қишлоқ сабаб шуд. Пеш аз ҳама, дар соҳаи обёрӣ. Ба ин соҳа солҳои 1925 – 1929 5 миллион сӯм ҷудо карда шуда буд. Бо ин маблағ каналҳои аз кор баромада пурра барқарор ва корҳои тадқиқотию лоиҳакашии обшоркунии водиҳои Вахшу Ҳисор гузаронида шуд. Инчунин барои деҳқонон 3,7 миллион сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд. Кишти зироати обии ҷумҳурӣ дар давраи мухторият 75 ҳазор гектар зиёд гардида буд.
Аз соли 1925 сар карда бо техникаи нав таъмин кардани соҳаи кишоварзӣ сар шуд. Ба ҷумҳурӣ ба миқдори хеле зиёд плуг, сихмола, тухмипошакҳо оварда шуданд. Дар ҷумҳурӣ ду отряди трактории дорои 3 тракторӣ ба хидмати деҳқонон банд буданд, ки асоси Пойгоҳҳои мошинӣ-тракторӣ ПМТ– Машинно тракторные станции (МТС) гардиданд. Соли 1928 дар ҷумҳурӣ акнун 4 ПМТ (Хуҷанд, Пахтаобод, Саройкамар, Шаҳритус), 17 пункти агрономӣ, 21 пойгоҳи истифодаи шартномавии техникӣ ва нуқтаи иҷораи мошинӣ-техникӣ таъсис дода шуда буд.
Сиёсати андози шуравӣ ҳам ба манфиати камбағалону миёнаҳолон равона карда шуда буд. Дар Тоҷикистон андози замини шуравӣ бори аввал соли 1927 ҷорӣ гардида буд, ки ҳамон ҳам Бадахшонро фаро нагирифта буд. Минбаъд ҳам вазъияти деҳқононро ба назар гирифта, солҳои 1927 – 1928 хоҷагиҳои пахтакор аз қарзҳои пештара озод карда шуда буданд. Соли 1928 – 35%, соли 1929 51% хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз андози хоҷагии қишлоқ озод шуда буданд. Вале дар тамоми солҳои Ҳокимияти Шуравӣ заминдорони калон ва деҳқонони бой андози заминро бо пуррагӣ супорида буданд, ҳатто соли 1929 барои бойҳо андози шахсӣ муқаррар карда шуда буд, ки ҳиссаи он аз миқдори замини дар ихтиёраш дошта вобаста буд. Замини бисёр – фоизи андоз баланд. Аз ин рӯ, баъзе заминдорон аз қисми заминҳои худ даст кашиданд. То соли 1929 истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар аксари соҳаҳо ба дараҷаи тоинқилобӣ расид. Бори аввал дар хоҷагии қишлоқ ҳисоботи оморӣ соли 1927 ҷорӣ гардида буд. Ҳамон сол ҷумҳурӣ 27 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда буд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Мушкилиҳои азнавбарқароркунӣ аз чиҳо иборат буданд?
2. Муносибати Давлати Шуравиро нисбат ба моликият шарҳ диҳед.
3. Аввалин ширкатҳо ва кооператсияҳоро номбар кунед.
4. Кадом хелҳои кооператсияҳоро медонед?
Реклама