Сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишуравӣ дар Тоҷикистон. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923 Тоҷикистонро дар мавзуи пештара баён карда будем ва боз таъкид мекунем, ки табақаи ҳукмрони пештара имтиёзҳои аз даст додаашро баргардондан мехосту табақаи поёнӣ бошад, имтиёзҳои барои ӯ эълонкардаи Ҳукумати Шуравиро ҳимоя кардан мехостанд. Дар Тоҷикистон тарафдорони ҳокимияти нав ба қарорҳою дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии меҳнаткашон нигаронида шуда буд, такя карданду муқобилони ҳокимияти нав ба диндории омма. Гурӯҳи зиддишуравӣ тарафдори бештар пайдо кард. Онҳо қарору қонунҳои Ҳокимияти Шуравиро ба таври худ ба мардуми одии заҳматкаш фаҳмонида тавонистанд. Масалан, шиорҳои шуравии озодии дин ва баробариро чунин шарҳ доданд: озодии болшевикӣ ин озодии куфрист, яъне, нашинохтани Худост; баробарии зану мард умумӣ гардидани занҳо, ҳатто фарзандон аст.
Дар ташвиқоти зиддишуравӣ руҳониён саҳми асосӣ доштанд. Онҳо мегуфтанд, ки агар ба ҳимояи имон ва дини худ нахезед, кофир мешавед. Ғазотро фатво медоданд. Ин кор бештар ба онҳо дар деҳаҳои дурдаст муяссар мешуд. Ин гурӯҳ ҳадафҳои сиёсӣ надошт, вале ҳокимиятхоҳон онҳоро барои мақсади асосии худ, яъне ба даст овардани ҳокимият истифода бурда тавонис- танд. Дар аввали тобистони соли 1918 дастаҳои ба ном «муҷоҳидон» ва ё «босмачиён» пайдо шуда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.
Раванди тайёр кардани ҷанги шаҳрвандӣ. Яке аз сабабҳои дар Туркистон сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти зиддишуравии «Ташкилоти ҳарбии Туркис- тон» буд, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар шуъбаҳои худро дошт. Таъсисгарон ва идеологҳои ин ташкилот, асосан, мансабдорони дараҷаҳои гуногуни ҳукумати ҶМШС Туркистон буданд. Масалан, Е. Т. Ҷунковский, ки Комиссари олии ин ташкилот буд, вазифаи мушовири граждании дараҷаи 5-ум, К. О. Осипов муовини Комиссари олии «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» вазифаи Комиссари ҳарбии ҶМШС Туркистонро ба уҳда дошт. Стерлигов, Урядов, Корнилов, Зайтсев рутбаҳои баланди ҳарбии ҶМШС Туркистонро доштанд.
Дар ташкилоти номбурда генерал Л. Л. Кондратев, полковникҳо Карнилов, Зайтсев, аз маҳаллиён собиқ намояндаи Думаи давлатӣ Абдуқаҳҳоров ва узви ҳизби ҷадидони Туркистон Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1913 – 1919) мавқеи калон доштанд. Ҷосусони амрикоӣ Галлефон, Шуломан ва Студен, дипломати Дания капитан Брун, консули Белгия Де Старк, олмониҳо Симмерман ва Валбрюон дар Туркистон амалиёти ҷосусии худро ба манфиати империалистони хориҷӣ сар карда буданд. Ҳамаи номбурдагон бештар бо Тредуэлл ба манфиати ИМА кор мекарданд.
Хуллас, Англия, ИМА, Туркия, Афғонистон бештар дар зери шиори ташкил додани давлати ягонаи мусулмонӣ ва ё пантуркистии Осиёи Миёна сиёсати ба мустамликаи худ табдил додани ин кишварро рӯйпӯш карданӣ мешуданд.
Оғози ҷанги шаҳрвандӣ як қисми амалӣ сохтани мақсади пантуркистон буд. Онҳо бо дастгирии ҷосусони «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» бо генерал Дутов, ки роҳи оҳани Оренбург – Туркистонро дар наздикии Оренбург ишғол карда буд, бо хони Хева Ҷунайдхон, амири Бухоро Олимхон ва сардорони ҳаракати зиддишуравии Фарғона Эргаш ва Эшмат робита барқарор намуда, ба кори созмонҳои зиддиинқилобии «Уламо» ва «Шурои исломия» роҳбарӣ мекарданд.
Барои муттаҳид намудани қувваҳои аксулинқилобии Туркистон аввали соли 1918 ба Тошканд полковник Бейли, капитан Блэккер ва консули дар Кошғарбудаи англисҳо Макартней бо ваколати махсус – барқарор намудани робита бо ҳукумати навташкилёфтаи Шуравӣ омада буданд, вале мақсади асосии онҳо ёрӣ додан ба оғози ҷанги зиддишуравӣ буд.
Дар саросари Туркистон аксулинқилоб тайёр мешуд. Байни Дутов ва босмачиёни Фарғона барои ташкил намудани Иттифоқи Ҷанубӣ-Шарқӣ ризоият ба вуҷуд омада буд. Барои осонтар ба даст даровардани яроқ ва дигар лавозимоти ҷангӣ қувваҳои зиддишуравӣ Уш ва Андиҷонро ишғол намуданд, то ки аз Ҳиндустон гирифтани ёрӣ осон гардад.
Моҳи июли соли 1918 дар Туркистон таҷовузи англисҳо сар шуд. Онҳо бо ёрии феодалони туркман Ҳокимияти Шуравиро дар Закаспий барҳам заданд. Барои тайёр кардани мавқеи хуби ҷангии зидди Туркистони Шуравӣ империализми байналмилалӣ амири Бухороро ҳам тайёр кард. Дар шимол роҳи алоқаро ба Русияи Шуравӣ атаман Дутов, дар Закаспий англисҳо бастанд. Дар ҷануб ва ҷануби ғарбии аморати Бухоро ба сохтани истеҳкомҳои ҳарбӣ ва ҷамъ овардани қушун сар карданд. Дар шарқ ва ҷанубу шарқ босмачиёни Фарғона Ҳокимияти Шуравиро барҳам заданд. Охири соли 1918 Туркис- тон пурра дар ҳалқаи муҳосира монд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Сабабҳои сар задании ҷанги шаҳрвандиро номбар кунед.
2. Ташкилоти аксулинқилобии Туркистон чӣ гуна ташкилот буд, нақл кунед.
3. Аввалин ташкилкунандаи дастаи босмачигарӣ кӣ дониста мешавад?
4. Босмачиён худро кӣ меномиданд?
Реклама