§ 57. ИШТИРОКИ ҶАНГОВАРОНИ ТОҶИКИСТОНӢ ДАР ОЗОД НАМУДАНИ ХАЛҚҲОИ АВРУПО ВА ОСИЁ

Озод намудани халқҳои Аврупо. Аз моҳи октябри соли 1944 сар карда, артишҳои Шуравӣ ба ҳудудҳои Полша ва баъдтар Чехословакияю Венгрия ва Булғория дохил гардиданд. Дар ҷанг барои озод кардани Полша (Лаҳистон) Олим Ҳакимов ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардидааст. Бахши ӯ дар муҳорибаи наздикии деҳаи Стараяи Варшава 4 танк ва даҳҳо аскари душманро маҳв сохта, 30 аскару 4 афсарро асир гирифт. Фатҳулло Аҳмадов низ қаҳрамонона ҷангида, ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гардид. Дар ҷангҳои Полша Назар Шафиев, А. Рафиев, П. Нуров, Ҳабиб Юсуфӣ корнамоиҳо нишон доданд. Барои фатҳи дарёи Одер Раҳимбой Раҳматов ва Тӯйчӣ Назаров низ сазовори унвони

«Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» гардидаанд. Дар муҳорибаҳои озодкунии шаҳрҳои Лукув ва Седлетси Полша полки «Балҷувонӣ»-и дивизияи 17-и савора унвони фахрии «Седлетскӣ»-ро гирифтааст. Ин дивизия дар ин муҳориба 30 танк, 8 тӯпи худгард, 10 тӯпи вазнин, 12 минамёт, 232 автомошин, 12 паровоз, 11 қатора бо бораш, яроқи зиёду 500 душманро асир гирифта буд.

Дар муҳорибаи роҳи оҳани Брест – Варшава шаҳрванди Тоҷикистон ва гурӯҳи ӯ И.И. Протопопов командири бахш дар ҷанги нобаробар аз душман истгоҳи роҳи оҳанро озод намуда, қатораи сӯзишвориро ба даст дароварданд. Бахш 16 ҳамлаи душманро баргардонда мавқеъро нигоҳ дошт. Протопопов баъди маргаш бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардид. Дар самти Сандомири Полша Мирзо Бобоҷонови истаравшанӣ бо пулемёти худ даҳҳо ҳуҷуми танкҳои душманро баргардонид. Ӯ контузия гирифта буд, вале майдони ҷангро тарк накард ва ҳамоно душманро қир мекард. Барои ин шуҷоат бо орденҳои «Байрақи сурх», «Шуҷоат» дараҷаи III ва ҳамчун комсорги баталион бо Грамотаи КМ ВЛКСМ мукофонида шуд. Дар ҳамин самт Фатҳулло Аминов, Р. Ирдонов, М. Ишонов бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор гардидаанд. Дар муҳорибаи убури Одер барои шуҷоат ва қаҳрамонӣ Раҳимбой Раҳматов, Тӯйчӣ Назаров, Азим Раҳимов ва Алим Ҳакимов ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардиданд.

Дар Чехословакия тоҷикписарон Эргаш Шарифов ва Амиралӣ Саидбеков дар муҳориба барои шаҳри Прага, ки яке аз шаддидтарин муҳорибаҳо буд, корнамоӣ нишон дода, баъди марг сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд. Барои озод кардани Прага С. Қобилов, ки аз лагери марги Освенсим гурехта буд, иштирок дошт. Иштирокчиёни Тоҷикистонии муҳорибаҳо барои Чехословакия Аҳрор Мухторов (баъдан академики АФ Тоҷикистон), И. Усмонов, А. Бердиев, Х. Кабиров, Ғ. Ғуломшоев ва садҳои дигар маълуманд.

Дар озод намудани Венгрия полки тӯпчиён, ки командираш Ш. Аҳмадҷонов буд, дар ҳама маъракаҳои ҷангии Венгрия, аз ҷумла, Дебресетский, ки калонтарин муҳориба буд, иштирок ва корнамоиҳо нишон дод. Номҳои Г. Ҷаб- боров, Р. Азимов, Х. Саидов ва садҳои дигар маълуманд. Зодаи Панҷакент П. Разин барои озод намудани Венгрия ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор гардидааст.

Тоҷикистониён дар озод намудани Югославия ҳам иштирок доштанд. Қосим Осимов, Шарифов, Бобоҷонов, Ҷӯраев, А. Каримов дорандагони медали «Барои озод намудани Белград» мебошанд. Командири ҳавопаймо Н. Рибалкои душанбегӣ дар озод намудани Югославия ордени «Ситораи сурх» гирифтааст.

Моҳҳои январ – марти соли 1945 артиш Шуравӣ ба ҳудуди Олмон расида, моҳҳои апрел – майи соли 1945 Берлинро ба муҳосира гирифтанд. Дар ин муҳориба тоҷикистониҳо ҳам саҳми худро гузоштаанд. Аз фиристодагони Тоҷикис- тон дар муҳорибаи Берлин Ф.Ф. Чепурин, Н. Балакин, А. Горелов, унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ»-ро гирифтанд. Пӯлод Атоев барои штурми Рейхстаг ва Аҳмадҷон Рӯзиев барои дар дарвозаи Бранденбург овехтани Байрақи Сурх ба ордени «Шараф» сазовор гардиданд. Аз муҳорибаи Берлин номҳои ҷанговарон Мастибек Тошмуҳаммадов, Исмоил Бурҳонов, Қаландар Ҳаитов, И. Бурҳонов, Н. Юсуфов, А. Собиров ва садҳо дигарон маълуманд.

Ҷанговарони тоҷикистонӣ дар озод намудани халқҳои Осиё. 9-уми май Ҷанги бузурги ватанӣ, ки 46 моҳу13 рӯз (1418 рӯз) давом ёфт, бо ғалабаи пурраи халқи Шуравӣ анҷом ёфт. Ҷанг дар қитъаи Аврупо ҳам ба охир расид. 24-уми июни соли 1945 дар Майдони сурхи шаҳри Москва паради Ғалаба доир гашт, ки ҳама байрақҳои ҷангӣ ва фахрии олмонӣ пеши роҳбарияти Давлати Шуравӣ сарозер партофта шуд. Вале дар Осиё ҷанг ҳоло ҳам ба охир нарасида буд. Охири моҳи июн ва аввали августи соли 1945 дар Подсдам Конференсияи байналмилалӣ бо иштироки давлатҳои ғолиб: ИҶШС, Англия, ИМА ва Фаронса баргузор гардида, қарори дахлдор барои ҳалли қазияи Ҷопон қабул шуд. Иттиҳоди Шуравӣ ба иттифоқчиёну шартҳои ҳамкорӣ бо шарикони ҳарбии худ содиқ монда, 9-уми август бо Япония (Ҷопон) ҷангро сар кард. Тоҷикон ҳам дар торумори Японияи милитаристӣ иштирок карда буданд. Дар рафти ин ҷанг муҳорибаҳои калон дар Манҷурия шуда буданд, ки фиристодагони Тоҷикистон Обид Собиров, Чароғ Қодиров, А. Саидов корнамоиҳо нишон дода, бо ордени «Байрақи сурх» мукофотонида шудаанд.

Ҷопони милитаристӣ ба фишори қушуни Шуравӣ ва Артиши халқии Чин тоб оварда натавониста, 2-юми сентяб- ри соли 1945 акти бечунучарои таслимшавиро имзо намуд. Бо ҳамин Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки 6 солу 1 рӯз (2220 рӯз) давом ёфт, ба охир расид.

Дар Ҷанги дуюми ҷаҳон занони тоҷик ҳам иштирок кардаанд. Ойгул Маҳмадҷонова, ки лётчики ҳавопаймоёни бомбаандози шабпарвоз буд, 93 парвози ҷангӣ анҷом дода, борҳо корнамоӣ нишон додааст. Вай барои қаҳрамонӣ бо ордени Ленин сарфароз шудааст. Зани тоҷик, афсари хидмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, духтур С.М. Ниёзова ва садҳо дигарон иштирокчии набардҳои ҷанги хонумонсӯз буданд.

Дар ҷабҳаҳои Ҷанги бузурги ватанӣ зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуда, 54 нафарашон ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гаштаанд, ки 14 нафарашон тоҷик буда, 18 нафар дорандаи 3 дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд. 34 ҳазор нафар бо ордену медалҳои гуногуни ИҶШС мукофотонида шудаанд.

Хулоса, Тоҷикистон дар торумори Олмони фашистӣ ва Ҷопони милитаристӣ саҳми худро гузоштааст. Ин саҳмгузорӣ боиси қурбонии зиёда аз 59 (мувофиқи баъзе расонаҳо 93) ҳазор тоҷикистонӣ гардидааст.

ЛУҒАТ:

  1. Дарвозаи Бранденбург – яке аз дарвозаҳои майдони марказии шаҳри Берлин, ки бинои ҳукуматӣ – Рейхстаг он ҷо буд.
  2. Рейхстаг – парламенти Германия дар солҳои 1937 – 1945.

Реклама