§ 23. ДЕМОКРАТИКУНОНИИ ИДОРАИ ҶМШС ТОҶИКИСТОН

Интихоботҳо ба шуроҳои маҳаллӣ. Яке аз вазифаҳои асосии Кумитаи Инқилобии Тоҷикистон гузаштан аз Кумитаҳои инқилобӣ ба Шуроҳо буд. Барои расидан ба ин мақсад интихоботи шуроҳои маҳаллӣ ва марказиро гузаронидан лозим буд. Дар назар буд, ки соли 1925 интихобот ба шуроҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Моҳҳои октябр ва ноябри соли 1925 дар минтақаҳои аз босмачиён озодшудаи Тоҷикистон интихобот ба шуроҳои маҳаллӣ (деҳотӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ) гузаронида шуд ва ба ташкили Кумитаҳои иҷроияи шуроҳои деҳотӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ шуруъ карда шуд. Вале ин интихобот бе тайёрии лозимӣ гузаронида шуд, дар баъзе ҷойҳо фақат 10-15%-и интихобкунандагон иштирок карданд. Аз ин рӯ бойҳо тавонис- танд, ки дар чунин ҷойҳо намояндагони худро интихоб намоянд. Дар ҷойе, ки ин ҳолат шуда буд, Ҳокимияти Шуравӣ натиҷаи интихоботро бекор карда, боз аз сари нав Кумитаҳои Инқилобиро таъсис дод. Анҷумани Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1925 бояд даъват мешуд, ба таъхир гузошта шуд. Фақат дар Помир натиҷаи интихобот мусбат буд. Дар он ҷо Анҷумани вилоятии Шуроҳо шуда гузашт ва ҳокимият аз Кумитаи Инқилобӣ ба Кумитаи Иҷроияи вилоятӣ гузашт.

Бинои Назорати тандурустии ҶМШС Тоҷикистон (соли 1925)

Соли 1926 ба Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои дигар коркунони зиёди шуроҳо омаданд. Онҳо аз шуроҳои маҳаллӣ сар карда, то дар шуроҳои ҷумҳуриявӣ кор мекарданд. Барои бо кадрҳои зарурӣ таъмин кардани сохтори шуроҳо дар Душанбе курсҳои кӯтоҳ муддати коркунони шуро кушода шуда буд. Мактабҳои олии Узбекистон ва Россия ҳам барои Тоҷикистон кадрҳои баландихтисоси низоми шуроҳоро тайёр мекарданд. Дигар ин ки музаффариятҳои мубориза бар зидди Иброҳимбек ва босмачигарӣ, умуман, савияи маърифати сиёсии мардуми тоҷикро баланд гардонида буд ва ислоҳоти обу замини эълонкардаи шуравӣ дилгармии меҳнаткашонро ба зиндагӣ ва сохти нав устувортар гардонид. Инро ба назар гирифта, моҳи августи соли 1926 Комитети Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар бораи аз сари нав гузаронидани интихобот ба шуроҳои маҳаллӣ қарор қабул кард. Моҳҳои октябр – ноябри соли 1926 интихобот ба шуроҳои маҳаллӣ гузаронида шуд. Натиҷаи интихоботи соли 1926 нисбат ба солҳои пешин хеле фарқкунанда буд.

Шахсоне, ки аз қувваи кории дигарон истифода мекарданд ва бой буданд, аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум карда шуданд. Ин дафъа дар ҷумҳурӣ, дар баъзе вилоятҳо 35% ва дар дигар ҷойҳо то 80% ҳуқуқи интихобдоштагон иштирок карданд. Дар ҳеҷ як минтақа намояндаи бойҳо аз 20% зиёд овозҳоро гирифта натавонист. Ҳайати синфии шуроҳо чунин буд: батракҳо – 11,7%; камбағалон – 39,4%; миёнаҳолон – 35,9% ва боқимонда – 13%. Яъне, аксари шуроҳо шуроҳои камбағалону миёнаҳолон шуданд. Аз сабабе, ки шароити давра ҳам такя ба деҳқонони миёнаҳол ва мубориза бар зидди бойҳо буд, чунин ҳокимияти маҳаллӣ Давлати Шуравиро қонеъ мегардонид ва имкони даъвати Анҷумани ҷумҳуриявии Шуроҳоро низ муҳайё сохта буд.

Барои гузаронидани Анҷуман корҳои зиёди пешакӣ гузаронида шуда буд. Моҳи июли соли 1926 дар назди Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Комиссияи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва аз нав интихоб намудани шуроҳо ва гузаронидани Анҷумани таъсисии Шуроҳо ташкил карда шуд. Ҷамъомади аввалини ин комиссия 30-юми июл баргузор гардида, дар он нақшаи кории Комиссия, сохтори комиссияҳои интихоботӣ тасдиқ ва гурӯҳи махсус барои таҳияи масъалаҳои Анҷумани таъсискунандаи Шуроҳо ташкил дода шуд. Инчунин шумораи намояндагон аз ҳар як вилоят ба Анҷумани Умумитоҷикистонии Шуроҳо муқаррар карда шуд.

8-уми август маҷлиси дуюми Комиссияи ташкилӣ доир гардид, ки дар он тартиби кори Анҷуман ҳаллу фасл гардид ва лоиҳаи қарори Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ аз 14-уми август «Дар бораи гузаштан ба ҳокимияти интихобӣ» муҳокима ва маъқул дониста шуд. Ҳамон рӯз Комиссия дар бораи даъват кардани Анҷумани якуми таъсисии Шуроҳо ва маъракаи интихобот ба шуроҳои намояндагони коргарону деҳқонон аз поён то болоро эълон кард.

Масъалаи тайёрӣ ба Анҷуман чандин маротиба дар маҷлисҳои Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ ва Бюрои ташкилии ҲК(б) Узбекистон дар ҶМШС Тоҷикистон муҳокима шуда буд. 26-уми октябр Президиуми Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ рӯзномаи кори Анҷумани якуми таъсисии Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистонро тасдиқ кард. Моҳи ноябр бошад, Пленуми дуюми Бюрои ташкилии ҲК(б) Узбекистон доир ба ҶМШС Тоҷикистон ахбори Комиссияи ташкилиро дар бораи гузаронидани Анҷуман шунида, маъқул донист. Анҷумани якуми Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон мувофиқи пешниҳоди Комиссияи ташкилӣ, қарордоди Кумитаи Инқилобии ҷумҳурӣ ва пешниҳоди Бюрои ташкилии ҲК(б) Узбекистон дар Тоҷикистон бояд аз 1 то 12-уми декабри соли 1926 дар Душанбе мегузашт.

Анҷумани 1-уми умумитоҷикистонии Шуроҳо. Рӯзномаи кори анҷуманро борҳо муҳокима ва ба тартиб оварданд. Ба рӯзномаи анҷуман масъалаҳои зер пешниҳод шуда буд:

  1. Маъруза дар бораи вазъияти байналхалқӣ ва дохилӣ (маърузачӣ – Ф. Хоҷаев);
  2. Маърузаи ҳисоботии ҳукумат (маърузачии асосӣ – Нусратулло Махсум, маърузачии иловагӣ – А. Муҳиддинов);
  3. Маърузаи ҳисоботии Комиссариати Халқии маориф маърузачӣ – А. Алиев;
  4. Маърузаи Комиссариати Халқии тандурустӣ (маърузачӣ – Ардатов);
  5. Барҳам додани босмачигарӣ (маърузачӣ – Гермониус);
  6. Натиҷа ва вазифаҳои сохт- мони ҳарбӣ ва қисмҳои миллӣ дар Осиёи Миёна (маърузачӣ – Авксентевский);
  7. Интихоби аъзои КИМ Умумитоҷикистонӣ;
  8. Интихоби намояндагони ба анҷумани Шуроҳои КИМ.
Занҳо, вакилони анҷуман

Анҷуман кори худро 1-уми декабри соли 1926 дар бинои «Хонаи деҳқон», ки дар яке аз гӯшаҳои «Боғи Маърифат ва истироҳати Марказӣ»-и шаҳри Душанбе ҷойгир буд, оғоз намуд. Дар анҷуман 336 намоянда аз ҳама қисматҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар анҷуман 12 зан, аз ҷумла, 4 тоҷик (Муҳтарама Иброҳимова ва Саида Зокирова), 1 узбек, 1 эронӣ ва 6 рус иштирок доштанд. Анҷуманро раиси Комитети Инқилобии Тоҷикистон Н. Махсум кушод. Аъзоёни раёсат дар ҳайати 39 нафар интихоб карда шуда буд.

Ҳуҷҷатҳои қабулкардаи анҷуман инҳоянд:

  1. Эъломия дар бораи таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон;
  2. Эъломия дар бораи таъсисёбии қисмҳои ҳарбии миллӣ;
  3. Эъломия дар бораи миллӣ кардани замин, об, кофтаниҳои зеризаминӣ ва ҷангали ҶМШС Тоҷикистон;
  4. Эъломия дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумӣ дар ҶМШС Тоҷикистон.

Муроҷиатномаҳо:

  1. Ба халқи афғон;
  2. Ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон дар бораи озодии занон.

Анҷуман, инчунин 69 намояндаро ба анҷумани Шуроҳои ҶШС Узбекистон ва 6 намояндаро ба Шурои Миллатҳои назди ИҶШС интихоб намуда, дар кори анҷуман намояндагии ҷумҳуриҳои ҳамсояи шуравӣ ва Иттифоқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию қисмҳои ҳарбӣ ҳузур доштанд.

Маҷлиси аввалини сессияи якуми КИМ ҶМШС Тоҷикис- тон 12-уми декабр барпо гашт. Маҷлис Президиуми КИМ ва Ҳукумати Тоҷикистон – Шурои Комиссариати Халқӣ (Совнарком)-ро таъсис дод. Раиси Президиуми КИМ Н. Махсум ва раиси Совнарком А. Муҳиддинов интихоб ва тасдиқ шуданд.

Ҳамин тариқ, дар таърихи халқи тоҷик аввалин маротиба органҳои идорӣ ва ҳокимияти демократӣ интихоб карда шуданд. Анҷумани якуми Шуроҳои Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик аз рӯйи ҳуҷҷатҳои қабулкардааш воқеаи бузургтарини давраи шуравӣ ва аз рӯйи моҳияташ воқеаи дуюм баъди эълон шудани ҶМШС Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, дар таърихи халқи тоҷик бори нахуст мақомоти идорӣ ва ҳокимияти демократӣ интихоб карда шуданд.

ЛУҒАТ:

  1. Авзои ҷамъиятию сиёсӣ – мафҳуми фалсафӣ, таърихӣ, сиё- сӣ буда, ҳолати сиёсии ҷамъиятро дар назар дорад, ки вазъияти ҳизбӣ (ҳизбҳо), ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва сиёсати давраро дар бар мегирад.
  2. Сохтмони ҳизбӣ – мафҳуми сиёсӣ-ҳизбӣ буда, раванди таҳаввулоти ҳизбҳои сиёсиро дар назар дорад.
  3. Кумитаҳои инқилобӣ – шакли идоракунии сиёсии солҳои 1917 – 1926 дар ҳудуди Тоҷикистон аст, ки аз тарафи Ҳукумати Шуравӣ таъсис дода шуда буданд. Солҳои 1917 – 1924 дар саргаҳи Зарафшону Помир ва солҳои 1921 – 1926 дар Бухорои Шарқӣ амал мекарданд.

Реклама