§ 32. СИЁСАТИ ШУРАВИИ САНОАТИКУНОНИИ МАМЛАКАТ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ БА ҶОМЕАИ СОТСИАЛИСТӢ

Мазмун ва фаҳмиши ҷамъиятии саноатикунонӣ. Саноатикунонӣ сиёсати махсуси Давлати Шуравӣ буд, ки ҳукумат роҳи ба вуҷуд овардани саноати сотсиалистиро ва хусусан саноати вазнинро пеш гирифта буд. Саноатикунонии мамлакат дар солҳои 30-юм ҳадафҳои миллӣ, ҳудудӣ ва ҷумҳуриявӣ надошта, балки ҳадафи сиёсии сохтани сотсиализм дар тамоми ҷумҳуриҳои ИҶШС буд, яъне, саноатикунонии ИҶШС ҳамчун сиёсат, ба вуҷуд овардани саноати вазнини ватание буд, ки давлатро бояд аз таъсири технологияи беруна ҳимоя ва талаботи хоҷагии халқи худро ба воситаҳои истеҳсолоту моли саноати ватанӣ таъмин мекард. Дар татбиқи ин сиёсат моҳияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии самараи саноатикунонӣ ба ҳисоб гирифта шуда буд, вале моҳияти минтақавӣ ва миллии самараи саноатикунонӣ ба инобат гирифта нашуда буд. Ин камбудӣ заминаи сиёсӣ надошт. Он бештар заминаи танқисии иқтисодӣ ва баъдан касбию технологӣ дошт. Саноатикунонӣ маблағи калон, неруи илмӣ, техникӣ, касбӣ ва захираҳои табииро талаб мекард. Танқисии молиявӣ хосси ҳама минтақаҳо ва ҷумҳуриҳо буд, вале неруи илмӣ, техникӣ, касбӣ ва захираҳои табиӣ дар ҳамаи минтақаҳо ва ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС якхела набуд.

Дар давраи саноатикунонӣ дар ИҶШС корхонаҳое сохта шуданд, ки бунёд намудани онҳо шарт ва зарур буд, вале имкони сохтани корхонаи саноати вазнин дар ҳамаи минтақаҳои ИҶШС вуҷуд надошт. Ҳукумати ИҶШС ҳарчи арзонтар сохтан, зуд ба кор андохтани корхонаро ҳадафи асосии худ қарор дода, баъзан ҳадафҳои минтақаҳои миллиро ҳам ба назар гирифта буд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон корхонаҳои саноати вазнин – истеҳсолкунандаи таҷҳизот сохта нашуд, чунки Тоҷикистон буҷети бунёд кардан, неруи технологию синфи коргари ташаккулёфта ва мутахассисони техникии ба сохтану ба кор андохтани чунин корхонаҳои калони саноати вазнин қодирро надошт. Аз ин рӯ корхонаҳои саноати вазнин дар ҷойҳое сохта шуданд, ки аввалан, манбаи неруи технологӣ, захираҳои табиӣ ва синфи коргари «техникӣ» доштанд. Чунин имконро боз ҳамон марказҳои саноатии пештара Маскав, Донбасс, Кузбасс, Сибири Ғарбӣ, Урал доштанд ва боз дар ҳамон минтақаҳо корхонаҳои саноати вазнини ИҶШС сохта шуда буд. Дар Тоҷикистон дар давраи сиёсати саноатикунонӣ, асосан, корхонаҳои саноати сабук – саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ, корхонаҳои коркарди ашёи хоми саноатӣ сохта шуда буд. Як ҷиҳати хосси саноатикунонии Тоҷикистон он буд, ки ин сиёсат ба ғайр аз сохтани корхонаҳои саноатӣ, инчунин, ҳадафи ба вуҷуд овардани синфи коргари миллии Тоҷикистонро ҳам дар назар дошт. Ҷиҳати дигари саноатикунонии Тоҷикис- тон аз саноати сабук сар кардани саноатикунонии ҷумҳурӣ мебошад. Фарқи дигари саноатикунонии ҷумҳурӣ дер оғоз ёфтани он ва аз рӯйи нақшаҳои панҷсола гузаронидани он буд. Саноатикунонии мамлакат дар асоси қарори Анҷумани ХIV ВКП(б) соли 1925 сурат гирифта буд. Ин анҷуман саноатикунонӣ ном гирифта буд.

Нақшаи саноатикунонии Тоҷикистон. Чӣ тавре аз дарси гузашта маълум гардид, масъалаи саноатикунонии мамлакат ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти Ҳукумати Шуравӣ вуҷуд дошт ва назари ҳукумат он буд, ки агар сиёсати саноатикунонии қатъӣ гузаронида нашавад, ИҶШС боз то дер давлати аграрӣ боқӣ хоҳад монд. Дар доираи сиёсати саноатикунонии ИҶШС тибқи нақша ҶМШС Тоҷикистон ҳамчун минтақаи бо ашёи хоми саноатӣ таъминкунандаи минтақаҳои саноатии ИҶШС дониста шуда буд, вале оид ба саноатикунонии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати махсуси ба ҷумҳуриҳои пешқадами ИҶШС баробар кардани халқу саноати тоҷик аз соли 1927 сухан оғоз ёфту амал дар асоси директиваи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи Тоҷикистон сар шуд. Нақшаи амалии саноатикунонии Тоҷикистонро аз баромади А. Ҳоҷибоев дар маҷлиси Президиуми КИМ-и Шурои ҶМШС Тоҷикистон дида метавонем. Дар он оид ба сохтани корхонаҳои саноатие, ки бояд дар асоси ашёи хоми ҷумҳурӣ кор мекарданд, сухан рафтааст. Ба нақша гирифта шуда буд, ки корхонаҳои зерин сохта шаванд: осиёбҳо (корхонаҳои орд), анборҳои ғалла (элеваторҳо), корхонаҳои коркарди шолӣ, пивопазӣ, муассисаҳои истеҳсоли шоҳӣ, коркарди пӯст, собунпазию равғанкашӣ, коркарди оҳан (механикӣ), полиграфӣ, хишт, неругоҳҳои барқи обӣ (НБО). Ин андешаҳо асоси нақшаи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барои солҳои хоҷагии 1928/1929 – 1932/1933 гардида буданд. Дар нақшаи панҷсолаи якум номгӯйи соҳаҳои саноат бештар гардида, соҳаҳои асосии он мушаххас ва номгӯйи маҳсулоти онҳо дақиқ карда шуда буданд.

Сохтмони комбинати шоҳибофии Хуҷанд (соли 1931)
Намуди умумии комбинати бофандагии Душанбе (соли1939)

Буҷети умумии панҷсолаи якуми ҶМШС Тоҷикистонро ҶШС Узбекистон муайян карда буд ва он барои тараққиёти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 271,4 миллион сӯмро соли 1928 ташкил медод, ки 18% буҷети умумии Узбекистонро дар бар мегирифт. Барои саноатикунонии Тоҷикистон ҳамагӣ 25,2 миллион сӯм ҷудо шуда буд. Вале ба саноати Тоҷикистон зиёда аз 82 миллион сӯм сарф гардида буд, ки аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати ИҶШС ва ҷумҳуриҳои бародарӣ буд.

Дар панҷсолаи дуюм (1933 – 1937) ба саноати ҷумҳурӣ 370,81 миллион сӯм ҷудо карда шуда буд, ки нисбат ба панҷсолаи якум 14 баробар зиёд буд. Маблағгузориҳои Ҳукумати ИҶШС ва ҷумҳуриҳои бародар низ дар назар буд.

Ҳамаи ин имкон дод, ки соҳаҳои асосии саноати ҷумҳурӣ муайян гарданд. Дар давраи панҷсолаҳои якум ва дуюм дар Тоҷикистон сохтмони 42 корхонаи нав ва таҷҳизонидани тамоми корхонаҳои куҳна ба нақша гирифта шуда буд.

Соҳаҳои асосии саноати вазнини ҷумҳурӣ инҳо буданд: корхонаҳои коркарди метал (заводҳои механикӣ) ва истеҳсоли метал (асосан, металҳои рангаи Қарамазор); саноати кӯҳӣ (конҳои маъдан, сӯзишворӣ); саноати барқ (неругоҳҳои барқи обӣ ва дизелӣ).

Дар саноати сабук корхонаҳои пахтатозакунӣ, коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, хӯрокворӣ, корхонаҳои нонпазӣ, ширу панир, нӯшокиҳои спиртию беспирт, қаннодӣ, равғанбарорӣ, шарбатҳои мевагӣ, коркарди мева, гӯшт; дар саноати сохтмон корхонаҳои хишт, оҳак, ранг, коркарди чӯбу тахта буданд. Мақсад аз саноатикунонии ҷумҳурӣ таҳкурсӣ гузоштан ба саноати ҷумҳурӣ ва соҳаҳои асосии он барои даҳсолаҳои минбаъда буд.

ЛУҒАТ:

  1. Саноатикунонӣ – калимаи сермаънӣ буда, дар илмҳои ҷомеашиносӣ ба се маънӣ истифода мешавад:

а) сохтани корхонаҳои типи заводу фабрикӣ;

б) сохтани корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоту мошин;

в) ҳамчун сиёсати махсуси давлатӣ барои ҳалли масъалае ё умуман, масъалаҳои саноат, истифода мешавад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ саноатикунонӣ дар ду шакл истифода шудааст: саноатикунонӣ ҳамчун раванди табиии соҳа ва саноатикунонӣ ҳамчун сиёсати махсус. Дар матни ин китоб саноатикунонӣ ҳамчун сиёсат истифода мешавад.

  1. Панҷсола – нақшаҳои кӯтоҳмуддати барои 5 сол пешбинишавандаи тараққиёти хоҷагии халқро меномиданд. Панҷсолаи аввал солҳои хоҷагии 1928/1929 – 1932/1933 ва дувум солҳои 1933 – 1937-ро дар бар мегирифт.

Реклама