Кооператсиякунонии ҳунармандӣ. Кооператсия гуфта, ҳамкорӣ дар назар дошта мешавад. Сиёсати кооператсиякунонии Шуравӣ бошад, ин ҳамкории умумии одамон барои фаъолияти якҷояи хоҷагидорӣ буд, ки дар кишоварзӣ, саноат, матлубот, савдо, кредит ҷорӣ карда шуда буд. Мақсади асосии кооператсиякунонӣ ин таҷриба кардани ҳамкории деҳқононро дар корҳои саҳроӣ, тарбияи истеҳсолӣ, омӯзондани таҷрибаи пешқадам ва ба кори коллективона одат кунонидани деҳқон буд. Ин сиёсат ҳадафи иқтисодӣ ҳам дошт. Деҳқонони камбағал қудрати гирифтани қарзҳои фоиздорро надоштанд. Барои он ки онҳо қудрати пардохти қарзро пайдо кунанд, онҳоро ба ҳамкорӣ кардан дар иҷрои ин ё он кор (муттаҳид кардан) сар карданд. Масалан, ҳамкорӣ ё муттаҳид кардан барои нигоҳ доштани канал ва ё ҷӯйборе, дар гузаронидани кишти зироат. Дар ин сурат давлат ба онҳо асбоби корӣ, тухмӣ ё пул (маблағ) қарз медод ва бе ягон шарт. Яъне, қарзгиранда дар назди давлат ягон маҷбуриятро адо намекард. Шахси қарзгиранда бояд ҳатман ба ягон кооператсия узв мебуд. Чунин кооператсияҳоро кооператсияҳои истеъмолӣ меномиданд. Соли 1924 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 11 кооператсияҳои истеъмолӣ мавҷуд буд. Бо сабаби бо ин қарз дар назди давлат ҳеҷ уҳдадорӣ надоштанашон то аввали соли 1926 21% хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин кооператсияҳо дохил гардида буданд ва аксаран ба кооператсияҳои мелиоративӣ. Дар радаи дуюм кооператсияҳои пахтакорӣ меистоданд. Хидмати молиявии кооперативҳоро бонки кишоварзӣ иҷро мекард. Ин кооператсияҳо то соли 1927 созмонҳои поёнию болоии худро ташкил доданд. Кооператсияҳои обёрӣ ба сарраёсати хоҷагии оби ҷумҳурӣ ва пахтакорӣ ба «Пахтасоюз» итоат мекарданд.
Аз соли 1927 сар карда, кооператсияҳо аз фаъолият (функсия)-и истеъмолӣ ба фаъолияти таъминотӣ ва фурӯш гузаш- танд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи деҳқононро фурӯхта медоданд ва онҳоро ба ивази маҳсулоти ба кооператсия додаашон бо молҳои истеъмолии зарурӣ таъмин мекарданд. Ин шакли кооператсияҳо ба мустаҳкамшавии савдои давлатӣ ва системаи маҳсулоттайёркунӣ оварда, миёнаравонро танг карда баровард. Пеш ин миёнаравон маҳсулоти деҳқонро аз нархи бозор арзон харида, бо нархи бозор ба давлат месупориданд. Акнун байни давлат ва деҳқон робитаи бевосита (бе миёнарав) барқарор гардид, ки ба манфиати ҳар ду тараф буд.
Аз соли 1928 сар карда, байни саноат ва деҳқонон шакли нави муносибати моливазкунӣ – контрактатсия (шартнома) ба вуҷуд омад. Саноат бо деҳқонон шартнома мебаст, ки деҳқонон (асосан, кооператорон) навъи мушаххаси маҳсулоти кишоварзиро истеҳсол кунанд ва он маҳсулоти истеҳсолшударо корхона бо нархи кам аз нархи бозор харида мегирад.
Ин шакли шартнома ба дараҷае деҳқононро кафолат дод, ки то миёнаи соли 1929 57,6% хоҷагиҳои деҳқонӣ ба он дохил гардида буданд. Пахтакорӣ тамоман шартномавӣ шуда буд. Тағйироти дигари дар соҳаи кишварзӣ ба вуҷуд омада ин аз аввали соли 1928 пайдо шудани кооператсияҳои истеҳсолӣ буд. Аввалин шуда ба ин намуди фаъолият кооператсияҳои пахтакорию кирмакпарварӣ гузашта буданд. Охири соли 1928 соҳаҳои дигари деҳот ба кооператсияҳои истеҳсолӣ гузаштанро оғоз карданд. Акнун бо таъиноту муносибати дигар – ба ивази истифодаи имтиёзҳо маҷбурияти ба ягон навъи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул будан, яъне контрактатсия нақши худро бозид.
Вазъи саноати Тоҷикистонро дар давраи мухторият шарҳ додан хеле душвор аст, чунки корхонаву коргоҳи он зиёд набуд. Ҳамагӣ 22 навъи корхонаву коргоҳ вуҷуд дошт. Ҳамаи онҳо дар округи Хуҷанди Узбекистон ҷойгир буданд. Дар қисмати ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ ғайр аз як стансияи дизели электрикии шаҳри Душанбе, ки барои бо барқ таъмин намудани радиостансияи Тоҷикистон сохта шуда буд, дигар корхонаву коргоҳ вуҷуд надошт.
Дар солҳои 1925 – 1929 дар Тоҷикистон 8 корхонаи пахтатозакунӣ (дар Саройкамар, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе) сохта шуд. Калонтарини онҳо корхонаи пахтатозакунии Душанбе – 3 буд, ки дар он ҳама раванди кор механикӣ иҷро карда мешуд. Шумораи коргарони корхонаҳои саноатӣ дар соли 1929 ҳамагӣ 1146 нафарро ташкил медод. Дар ҳамин солҳо дар округи Хуҷанд корхонаи пахтатозакунӣ (соли 1926), дар Истаравшан корхонаи шаробкашӣ (соли 1927), корхонаи меватозакунии Конибодом (соли 1928), корхонаи меваю шарбати Қистакӯз (соли 1928), осиёби механикии Ғулакандоз (соли 1928) сохта шуданд. Агар саноати Тоҷикистонро ба соли 1913 муқоиса кунем, он 8,2 баробар афзуда буд.
Дар солҳои 1926 – 1929 роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе сохта шуд, ки дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон нақши бениҳоят калон бозид. Ин роҳ Тоҷикистонро бо дигар ҷумҳуриҳо пайваст. Кашонидани борҳои саноатӣ ва мусофиронро осон кард. Соли 1928 дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ҳамагӣ 18 автомашинаи боркаш кор мекард. Дар дарёи Ому пароходи «Тоҷикистони Сурх» ва ду киштии моторӣ ҳаракат мекарданд. Охири соли 1928 ва соли 1929 роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва Душанбе – Тутқавул – Кӯлоб сохта ба истифода дода шуд.
Ба ғайр аз сохтмони корхонаҳои саноатӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори барқарор кардани корхонаҳои вуҷуддошта ҳам машғул буданд. Истеҳсоли ангишт ба 46% ва нафт ба 110%-и давраи соли 1913, коркарди пахта ба 4,5 ҳазор тонна нах расонида шуда буд. Соли 1927 дар Хуҷанд коргоҳи бофандагӣ аз нав ба кор сар кард, вале талаботи аҳолиро бо маҳсулоти саноатӣ: асосан, матоъ, пойафзол, асбобу анҷоми корӣ ва рӯзгор корхонаҳои ҳунармандӣ таъмин мекарданд. Дар Тоҷикистон то охири соли 1929 зиёда аз 1300 ҳунарманд дар устохонаҳои давлатӣ ва тақрибан 4,5 ҳазор ҳунарманд дар устохонаҳои шахсӣ кор мекарданд. Бофандагӣ, ресандагӣ, рангмолкунӣ, кафшдӯзӣ, оҳангарӣ, заргарӣ касбҳои асосии ҳунармандон буданд. Давлат ба муттаҳид кардани онҳо низ шуруъ карда буд. Давлат дар маркази ҳама ноҳияҳо гурӯҳи ҳунармандӣ кушода, таъмини онҳоро бо ашёи лозимӣ ба зиммаи худ гирифта буд. Баъзеи онҳо баъдтар ба коргоҳи давлатӣ табдил дода шуданд.
Савол ва супоришҳо:
1. Корхонаҳои саноатии дар солҳои 1925 – 1929 сохташударо номбар кунед.
2. Аввалин хатти роҳи оҳани Бухорои Шарқӣ кай сохта шуда буд?
3. Сиёсати Давлати Шуравӣ нисбат ба ҳунармандӣ ва ҳунармандон чӣ гуна буд?
4. Гурӯҳи ҳунармандӣ чист?
Реклама