§ 5. РАВАНДИ ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ НАВИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВӢ

Таснифи умумӣ. Таърих исбот кардааст, ки ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ нисбат ба нигоҳ доштани он осонтар аст. Аз ин рӯ дар ҳама давру замон сулолае, гурӯҳе, ҳизбе ва ё шахсе, ки ба сари қудрат меомад, пеш аз ҳама такягоҳи худ – ҳукумати нав ва мақомоти қудратии давлатӣ – артиш, милитсия, суд, прокуратураи ба худ содиқро таъсис медод ва ё мустаҳкам мекард. Инқилоби Октябри соли 1917 ҳам аз ин истисно нест. Инқилоб ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта, дастгоҳи давлатии пештараро, асосан, барҳам ва дастгоҳи давлатии навро таъсис дод.

Таъсиси милитсияи шуравӣ. Дар уезди Хуҷанд моҳи марти соли 1917 политсия ба милитсия табдил ёфта, вазифаи нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар асоси оинномаи нави милитсияи халқӣ ба уҳда гирифт. Агарчи милитсияи халқӣ ном дошт, он пурра мақоми қудратии ҳукумати муваққатӣ буд. Дар рафти Инқилоби Октябр дар Туркистон ҳам дружинаҳои коргарӣ таъсис ёфта, вазифаи ҳимояи коргаронро аз зӯроварӣ ва фишори милитсияи давлатӣ ва юнкерҳо ба зимма гирифта буд. Маҳз ҳамин дружинаҳо қувваи асосии нигоҳ доштани тартиботи инқилобӣ гардида, 10-уми ноябри соли 1917 ба мақомоти расмии давлатӣ табдил ёфта, номи «Милитсияи коргару деҳқон»-ро гирифтанд. Милитсияи тоҷик низ моҳи ноябри соли 1917 ҳамчун шуъбаи милитсияи Русия дар назди Шурои Комиссарони халқии уезди Хуҷанд таъсис ёфта, вазифаи ҳимояи тартиботи инқилобӣ ва сарҳадди шуравиро ба уҳда дошт. Дар шимоли Тоҷикис- тон ва Помир раванди ташаккулёбии милитсияи шуравӣ то охири соли 1918 давом ёфт.

Таъсиси Артиши сурх. Қадами минбаъдаи диктатураи пролетариат ҳимояи худ ба воситаи артиш буд. Дар рафти тайёрӣ ба инқилоб горд (гвардия)-ҳои сурхи коргару деҳқон ташкил ёфта буданд. Баъди гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ин гордҳо бо сабаби низомӣ набуданашон давлатро муҳофизат карда наметавонистанд. Аз моҳи декабри соли 1917 Ҳукумати Шуравӣ ба таъсиси Артиши сурх сар кард ва то баҳори соли 1918 Артиши сурхи коргару деҳқон бо тамоми сохтораш ташкил ёфт.

Моҳи ноябри соли 1917 дар уезди Хуҷанд аввалин отрядҳои коргарӣ дар байни аҳолии деҳа, шаҳрак ва шаҳрҳои руснишину истгоҳҳои роҳи оҳани Урсатевск (Ховост), Драгомирово (Спитамен), Придоново (Қайроққум), Веревнико (Бӯстон), Мелниково (Конибодом) таъсис ёфтанд, вале ин гордҳои сурхи ташкилёфта қудрати нигоҳ доштани Ҳукумати Шуравиро надоштанд. Аз ин рӯ зарурати ташкили артиши доимӣ пеш омад. 23-юми марти соли 1918 Шурои Комиссарони Халқи Туркистон дар бораи таъсиси Артиши сурхи доимии коргару деҳқон қарор қабул кард. Дар асоси ҳамин қарор 18-уми апрели соли 1918 дар уезди Хуҷанд ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида шуд. Аввал дар назди шуроҳои шаҳрӣ сексияҳои ҳарбӣ бо сардории комиссари ҳарбӣ таъ- сис ёфтанд. Моҳи сентябри ҳамон сол комиссариатҳои ҳарбии волостҳои Шаҳристон, Далён ва Ғончӣ таъсис ёфтанд. Баробари таъсис ёфтани комиссариати ҳарбии уездӣ Раёсати маҷбуриятҳои ҳарбии Хуҷанд пароканда карда шуд. Қисмҳои ҳарбии Хуҷанд ба ҳайати Артиши сурхи шуравӣ ҳамчун қушуни иттиҳодӣ дохил гардиданд. Иттиҳоди аввалини ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ иттиҳоди ҳарбӣ буд.

Баробари судҳои халқии шуравӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи инқилоб моҳи сентябри соли 1918 Комиссияи фавқулодаи Туркистон (КФТ) дар ҳайати Комиссияи фавқулодаи умумииттифоқ (КФУ) таъсис ёфта буд. Вазифаи ин мақомот мубориза бар зидди аксулинқилобчигӣ, қаллобӣ ва ғоратгарӣ муқаррар шуда буд, яъне то ибтидои баҳори соли 1918 раванди аз байн бурдани дастгоҳи куҳна ва бунёди сохтори нав ба анҷом расида буд. Ҳамаи идораҳои ҳокимият аз як шакли сохтор ба шакли дигар гузаронида шуданд. Ташаккули сох- тори шуравӣ ва муносибати нави давлатдорӣ оғоз ёфт.

Таъсиси сохтори судии шуравӣ. Судҳои куҳна бештар таъиноти ҷазодиҳӣ доштанд ва дастгоҳи истисмори меҳнаткашон ҳам буданд. Сиёсати нави судии шуравӣ ин таъиноти судҳоро тағйир доданӣ буд. Мебоист судҳо ба муассисаи тарбияи ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеа табдил меёфтанд. Аз ин рӯ ҳанӯз 22-юми ноябри соли 1917 мувофиқи нишондоди «Декрет дар бораи судҳо» сохтори куҳнаи судӣ ва прокурорӣ бекор карда, вазифаи онҳо ба зиммаи Комиссариати халқии адлия гузошта шуда буд. Комиссариати халқии адлия, инчунин вазифадор карда шуда буд, ки низоми судии нави шуравиро то моҳи январи соли 1918 таъсис диҳад.

Дар асоси ҳамин ҳуҷҷатҳо Шурои Комиссарони халқии Туркистон 12-уми декабри соли 1917 дар бораи барҳам додани судҳои округӣ, палатаҳои судӣ, судҳои ҳарбӣ ва иваз намудани онҳо ба судҳои нави шуравӣ, ки мебоист дар асоси интихоботи озод ва риояи демократияи халқӣ гузаронида мешуданд, қарор қабул кард. Бо сабаби сар задани иғвогариҳои зиддишуравӣ ва набудани кадрҳои ҳуқуқшиноси тамоюли шуравидошта ин қарор дар вақташ иҷро нагардид. Баръакс, ШКХ Туркистон 17-уми феврали соли 1917 аз Комиссариати адлияи ҶФШСР (РСФСР) дар бораи дароз кардани муҳлати фаъолияти судҳои куҳна иҷозат пурсид. Ин хоҳиш бо илова намудани намояндагони шуроҳо ба ҳайати судҳо қонеъ гардонда шуд. Аз ин рӯ парокандакунии судҳои куҳна на яку якбора, балки бо пайдо кардани ивази онҳо алоқаманд буд ва ин раванд дар баъзе минтақаҳои шимоли Тоҷикистон (Мастчоҳи Кӯҳӣ) то ибтидои соли 1920 давом ёфта буд.

Амалан барҳамдиҳии судҳои куҳна аз моҳи июни соли 1918 аз қарори ШКХ Туркистон оғоз ёфта буд ва ҳамаи суд- ҳои собиқ империяи Русияро фаро гирифта буд. Судҳои қозигӣ то аввали соли 1920 амал мекарданд. Масалан, судҳои округи Уротеппа моҳи марти соли 1918 ваколатҳои худро ба судҳои халқии шуравӣ супорида буданд. Аввалин судяҳои Уротеппа Мирзо Қосимов ва Мирзо Саидов буданд.

Реклама