§ 15. МАЪРАКАИ ДУЮМИ ЗАРБАЗАНӢ БА БОСМАЧИГАРӢ ВА БА ОХИР РАСИДАНИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Барҳам дода шудани моҷарои Сомӣ (Салим) дар Тоҷикис- тон. Бо ташаббуси Англия баъди шикаст хӯрдани Анварпош- шо дар Кобул дар ҳузури Олимхон ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он сардорони босмачиён ва ташкилотчиёни он аз тарафи Афғонистон Муҳаммадэшон ва Эшонқозӣ, аз Тошканд – қозӣ Қузуд ва Азимафандӣ, аз Фарғона – Қориафандӣ, аз Бухоро – Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев ва Ориф Ҳомид, аз туркманҳо Мулломуҳаммад иштирок доштанд. Ин ҷамъомад дар ҳайати Олимхон, У. Пӯлодхоҷаев, Қориафандӣ ва намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ маркази роҳбарии босмачигариро дар Осиёи Миёна ташкил дод ва инчунин Сомиро, ки яке аз ёварони асосии Анварпошшо буд, сардори босмачиёни Осиёи Миёна эълон кард. Моҳи октябри соли 1922 Сомӣ ба воситаи Қалъаихум ба Дарвоз омад. Ӯ рақобати эшони Султон ва махсуми Фузайлро ба манфиати худ истифода кард. Бештар бартарии махсуми Фузайл Сомиро водор кард, ки тарафи вайро гирад. Бо супориши Сомӣ Фузайл ба Дарвоз лашкар кашида, эшони Султон ва бародараш эшони Сулаймонро ба қатл расонида, худро мири Қаротегину Дарвоз эълон кард. Дар навбати худ Фузайл Сомиро ҳамчун вориси Анварпошшо эътироф намуд ва дастаи 500 – 600-нафараи худро бо сардории бародараш Саъдон ҳамроҳи Сомӣ ба водии Кӯлоб фиристод. Саркардаҳои босмачиёни Кӯлоб сараввал Сомиро эътироф накарданд. Вале баъди ба зани бевамондаи Давлатмандбий хонадор шудану номи худро ба Салимпошшо тағйир доданаш босмачиёни водии Кӯлоб ӯро эътироф карданд. Моҳи декабри соли 1922 Салим Кӯлобро дар муддати 15 рӯз ба муҳосира гирифт. Захираи тирҳои сарбозони гарнизон тамом шуда истода буд. Дар ҳамин ҳолат фармондеҳи гарнизон Голтсев ба аскари қаторӣ Абдулназар фармон дод, ки пинҳонӣ гарнизонро тарк карда, хабари воқеаро ба гарнизони Кангурт расонад. Вале Салимпошшо бо ҳуҷумҳои пайдарпай тавонист, ки гарнизони 60 – 70-нафараро маҳв сохта, Кӯлобро ишғол намояд. Вай аскарони сурхи боқимондаи бетиру маҷруҳро ба қатл расонид, вале дар Кӯлоб истодагарӣ карда натавонист, чунки Абдулназар ба Кангурт расида, воқеаро ба аскарони полки 15-ум дер бошад ҳам, расонда тавонист. Полки 15-уми савора Салимпошшоро аз Кӯлоб ронд. Баъди ин шикаст Салимпошшо ба водии Ҳисор равона шуд. Дар ағбаи Фахробод ҷанги сахте рӯй дод ва ӯ ба водии Ҳисор фуромада натавонист. Ӯ баъди забти Қурғонтеппа (моҳи феврали соли 1923) ба деҳаи Шӯрёни Эсанбой омад ва Иброҳимбек ҳам ба итоати ӯ даромад.

Дар ин ҷо ӯ ҷамъомади сардорони босмачиёнро гузаронида, аз ҳамин деҳа фармонҳои худро ба ҳар тараф фиристодан гирифт.

Баъд аз чунин омодагиҳо Салимпошшо Иброҳимбекро дар водии Ҳисору Вахш гузошта, худ ба тарафи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард. Мақсади ин ҳаракат аз он иборат буд, ки ба вай қувваҳои зиддишуравии Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ҳам ҳамроҳ шаванд. Ӯ барои бар зидди Ҳокимияти Шуравӣ бархезонидани мардум ба деҳаҳои атрофи Самарқанд ҳуҷум кард. Дар вақти ҳуҷум бо забони русӣ ҳарф мезаданд, то ки нафрати мардумро нисбати русаскарҳо ба вуҷуд оваранд. Вале сардорони босмачиён хато карданд. Акнун мардуми таҳҷоӣ ба найрангу фиребҳои саркардаҳои ҳаракати зиддишуравӣ сарфаҳм мерафтагӣ шуда буданд. Дигар ин ки дар байни аҳолӣ тамоюли ба тарафи шуравӣ гузаштан сар шуда буд, ки яке аз муваффақиятҳои калони мубориза бар зидди қувваҳои зиддишуравӣ буд. Ба Салимпошшо муяссар нагардид, ки қувваҳои зиддишуравии Бухорои Марказӣ ва Ғарбиро муттаҳид намояд. Моҳи март Салимпошшо дар водии Қаршӣ шикасти қатъӣ хӯрд ва як қисми сарбозонаш аз итоати ӯ баромаданд. Дар ҳамин вазъият Иброҳимбек боз шахсияти рақами аввал гардид. Баъди воқеаи Қаршӣ Салимпошшо кӯшиш кард, ки ба сарҳад барояд, вале дар Келиф шикаст хӯрда, маҷбур шуд, ки ба водии Ҳисор гурезад. Ин нокомиҳо рақобати байни қурбошиҳоро барои аввалин шудан зиёд карда буд. Дар нимаи дуюми моҳи май Салимпошшо қурбошиҳои Боботоғ, Хонақоҳ, Файзободро ба Лақай даъват намуд ва ҳамаи онҳоро ба соҳили чапи дарёи Вахш бурд. Ин дар вазъияте буд, ки Иброҳимбек барои ба худ тобеъ кардани қурбошиҳо имкони бештаре дошт. Аввалан, дар ихтиёри ӯ то 5 ҳазор ҷангиён буданд. Сониян, то ҳол Иброҳимбек шикасти сахт нахӯрда буд. Зиддияти байни Салиму Иброҳимбек аз як тараф, байни Иброҳимбеку махсуми Фузайл аз тарафи дигар нагузошт, ки тамоми дастаҳои босмачиён муттаҳид шаванд. Аввали моҳи июн задухӯрди охирин бо Салимпошшо ба вуқуъ пайваст. Дар деҳаи Аулкиик Иброҳимбек полки дуюми савораи Туркис- тонро муҳосира кард. Ба ин деҳа Салимпошшо ҳам бо ду ҳазор сарбоз омада буд. Ҳарду сардор ҳамдигарро тарсониданӣ буданд. Фармондеҳи полк Панкеев зиддияти онҳоро истифода бурда, ба тарафи дастаҳои Иброҳимбек ҳамла овард. Полки якуми савора бо сардории Мелников бошад, аз ақиби артишҳои Салим баромада, зарба зад. Иброҳимбек ва Салим шикаст хӯрданд. Онҳо дар муҳорибаи Гулибулоқ, Бешбулоқ, Аулкиик ва гузаргоҳи Қизилқалъа (18 – 21-уми майи соли 1923) зиёда аз 800 нафарро талаф доданд. Баъди чандин шикастхӯриҳои дигар Салимпошшо 15-уми июли соли 1923 ба воситаи гузаргоҳи Хирманҷой ба Афғонистон фирор кард. Дастаи 1,5-ҳазорнафараи Иброҳимбек низ ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, дар Боботоғ, Лақай ва Вахш парешон шуданд.

Шикаст хӯрдани Фузайлмахсум ва ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Бухорои Шарқӣ. Моҳҳои июл–августи соли 1923 Қаротегин ва Дарвоз озод карда шуданд. Барои озод кардани Қаротегину Дарвоз эъзомияи махсус ташкил дода шуда буд, ки бо номи «Отряди экспедитсионии ҳарбӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ» маълум аст. Экспедитсия ду марказ дошт: Файзобод ва Истаравшан (Уротеппа). Ба гурӯҳи уротеппагӣ Е. Н. Шветсов фармондеҳӣ мекард. Ӯ, инчунин фармондеҳи гурӯҳи самарқандии экспедитсия ҳам буд. Фармондеҳи гурӯҳи файзободӣ Баранов буд.

Шветсов босмачиёни саргаҳи Зарафшонро торумор намуда, ба воситаи гузаргоҳи Дубурса ба соҳили дарёи Сор- буғ фуромад. Дар дашти Хирсун ва Сиёҳдара Холбӯтаро шикаст дода, деҳаи Шингиличро ишғол намуд.

Баранов бошад, махсуми Фузайлро дар Обигарм шикаст дода, деҳаҳои тарафи рости Вахш (Алигалабон, Сичароғ, Чорсада, Пумбачӣ) ва 29-уми июл Ғармро озод намуд. Барои Ғарм ҷанги сахти 6-соата шуд. Махсуми Фузайл ба Чилдара ва Тавилдара қафо нишаста, ба Қалъаихум гурехт. 11-уми август артиши экспедитсия Қалъаихумро ишғол карданд. 12-уми август махсуми Фузайл дар наздикии Балҷувон шикаст хӯрда, ҳамроҳи бародараш Саъдон ба Афғонистон гурехт.

Моҳҳои сентябр – октяри соли 1923 Иброҳимбек боз қувваҳои зиддишуравиро муттаҳид карда, бо дастаи 5000-нафарааш дар Ёвону Даҳанакиик амалиётро сар кард. Дар задухӯрдҳои Урта, Қайнар, Норин, Ҷончиқ шикаст хӯрда, зиёда аз 1000 нафар босмачиро аз даст дод. Маҳз дар ҳамин давра артишҳои шуравӣ нисбат ба босмачиён бартарии зиёд доштанд. Дар ҳайати артишҳои шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ 5832 аскар бо 222 пулемёт амал мекарданд. Дар задухӯрди Ҷончиқ Иброҳимбек бо дастаи 3800-нафараи саворагонаш, ки дар ихтиёрашон 6 пулемёти дастӣ ва тақрибан 20 автомати англисӣ доштанд, артишҳои 1520-нафараи шуравиро, ки 800 нафарашон шамшеру 720 нафарашон милтиқ ва 5 дастгоҳи пулемётӣ, 16 пулемёти дастӣ доштанд, ба муҳосира гирифт, вале оқибат шикаст хӯрд. Моҳи декабри соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ камтар аз 1,5 ҳазор босмачӣ боқӣ монда буд. Ҳамин тариқ, маъракаи дуюми зарбазанӣ, ки зидди Салимпошшо тайёр карда ва гузаронида шуда буд, бо шикас- ти дастаҳои калони босмачиёни тамоми Бухорои Шарқӣ ба анҷом расид. Бо ҳамин ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба охир расид. Аммо амалиёти зиддишуравӣ ҳоло давом меёфт. Дастаҳои зиддишуравӣ ба дастаҳои ғоратгарон табдил ёфта, хусусияти сиёсии худро гум карда буданд.

ЛУҒАТ:

  1. Маъракаи зарбазанӣ – истилоҳи ҳарбии солҳои 20-уми асри ХХ аст, ки онро ҳарбиёни шуравӣ дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923 истифода кардаанд ва барои он маърака ном гирифта буд, ки зидди босмачигарӣ ҳама қувваҳои низомӣ (ҳарбӣ, милитсия, прокуратура, қисмҳои махсус), ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ (ҳизб, иттифоқи касаба, дастаҳои ҷангии ихтиёрӣ, вазоратҳои соҳавӣ) ва аҳолиро сафарбар карда буданд.

Бори аввал чунин маърака зидди моҷарои Анвар моҳҳои июн – августи соли 1922 гузаронида шуда буд. Бори дувум моҳҳои апрел – июли соли 1923 зидди Салимпошшо гузаронида шуда буд.

  1. Экспедитсияи (эъзомия)-и Қаротегин – ҳайати ҳарбӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиеро мегӯянд, ки соли 1923 Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро ва ҶШФСР барои барҳам додани дастаҳои босмачиёни водии Қаротегин ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шуравӣ дар ин минтақа таъсис дода буд. Экспедитсия амалиёти ҷангии худро аз Файзобод ва Мастчоҳи Кӯҳӣ миёнаи тобистони соли 1923 сар карда, 15-уми октябри соли 1923 анҷом дод.

Реклама