§ 17. ВАЗЪИЯТИ ФАРҲАНГ ДАР ДАВРАИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Вазъи умумӣ. Дар соҳаи фарҳанг солҳои аввали Ҳокимияти Шуравиро ҳамчун давраи таъсисёбӣ шарҳ додан равост, чунки ба ҳама соҳаҳои фарҳанг асос гузошта, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маърифати фарҳангӣ ҷорӣ карда шуда буд. Ин масъала бештар дар муассисаҳои фарҳангӣ маориф, илм, адабиёт, санъат хубтар намоён буд.

Самти дигари чорабиниҳои фарҳангӣ ташкили таълими мактабӣ буд. Ба ин кор нозироти маориф роҳбарӣ мекард.

Мактаб дар назди масҷиду мадрасаҳо буд. Нозирот кори мактабу мадрасаҳоро зери назорат гирифта, фаъолияти худро аз маоши муллоён – муаллимон, сар кард. Барои бештар ба таълим ҷалб намудани омма ин масъала ба муҳокимаи Анҷуман (Қурултой)-и руҳониён, ки 18 – 20-уми июл дар Душанбе доир гашта буд, пешниҳод гардид. Уламо ва руҳониёни дарсгӯ ислоҳоти мактаб ва кушодани мактабҳои навро низ пешниҳод карда буданд. Ин анҷуман, ки дар кори он намояндагони Сариосиё, Деҳнав, Қаратоғ, Ҳисор, Султонобод, Файзобод, Душанбе, Ғарм иштирок доштанд, ба раванди мактабкушоии шуравӣ таъсири хуби худро расонида буд. Ин мактабҳоро дар солҳои 1918 – 1923 дар радифи мактабҳои нави шуравӣ мактаби куҳна меномиданд.

Давлати Шуравӣ давлати коргару деҳқон ва шиори он ба корҳои идора кардани давлат ҳарчи бештар ҷалб намудани намояндагони ин табақаҳо буд. Ва қадами аввалини Ҳукумати Шуравӣ барои амалӣ гардонидани маърифатноккунонии омма аз мактабу маориф шуруъ шуд.

Мактаб ва маориф. Ташкил додани низоми маорифи халқӣ дар шароити Тоҷикистон кори осон набуд. Соли 1918 дар назди шуроҳои маҳаллии Хуҷанд шуъбаҳои маорифи халқӣ таъсис ёфтанд, ки аз болои кори мактабҳо ва муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ назорат мекарданд. Дар навбати худ ин шуъбаҳои маорифи уездӣ ба Комиссариати маорифи халқи уезди Хуҷанд итоат мекарданд. То охири соли 1918 дар уезди Хуҷанд 18 мактаби шуравӣ кушода шуд. Соли 1919 шумораи онҳо ба 73 адад расид. Ин мактабҳо кӯдакони то дувоздаҳсоларо қабул мекарданд. Аз соли 1918 таъсиси курсҳои муаллимтайёркунӣ шуруъ шуд. Чунин курсҳо дар Тошканду Самарқанд кушода шуда буданд. Низоми маориф ва мактаби шимоли Тоҷикистонро Комиссари маорифи ҶМШС Туркис- тон роҳбарӣ мекард. Соли 1921 Комиссариати маорифи халқи Бухорои Шарқӣ таъсис ёфт ва аввалин мактабҳои шуравӣ дар ин ҷо соли 1923 кушода шуда буданд.

Дар шимоли Тоҷикистон, Помир, Бухорои Шарқӣ мактабҳои куҳна то солҳои 1925 – 1926 амал мекарданд, вале Давлати Шуравӣ ин мактабҳоро ба талаботу вазифаҳои нав мутобиқ мекард. Аз соли 1920 сар карда, дар уезди Хуҷанд ва аз соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ мактабҳои шабонаю мактабҳои маҳви бесаводиро барои синни аз 13 то 45-сола кушоданд. Дар ин мактабҳо аксари коркунони ҳарбӣ, шуроҳо, комсомол ва ҳарбиёни саводнок дарс мегуфтанд. Ҷиҳати хосси мактабҳо он буд, ки ҳар омӯзгор ҳамон алифбоеро меомӯзонд, ки худ медонист. Аз ин рӯ дар мактабҳо омӯзиши алифбои арабӣ, кириллӣ ва лотинӣ ба роҳ монда шуда буд. Ҳокимияти Шуравӣ аз низоми маорифи куҳна васеъ истифода бурд. Мактабҳои куҳна барҳам дода нашуданд, баръакс, бо ёрии давлат шумораи онҳо зиёд гардида, ба расмият дароварда шуданд.Омӯзгоронро аз буҷети маориф бо маош таъмин мекарданд.

Дар мактабҳои куҳна муаллимон муллоҳо буданд. Муаллимони мактабҳои шуравӣ аз ҳисоби маорифчиёни куҳна ва аксаран аз ҳисоби хатмкардагони мактабҳои муаллимтайёркунӣ буданд. Низоми маорифи ҷумҳурӣ бе душворӣ набуд. Мушкилии асосии маорифу мактаб нарасидани муаллимон, биноҳои таълимӣ ва набудани китобҳои дарсӣ буд. Илоҷи бо муаллим ва биноҳои таълимӣ таъмин кардани онҳоро қисман ёфтанд. Муаллимонро ба воситаи курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ, биноҳои таълимиро дар ибтидо аз ҳисоби масҷиду мадрасаҳо, ҳавлии сарватмандон таъмин намуданд. Вале ин биноҳо ба талаботи мактаби шуравӣ ҷавобгӯ набуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон то соли 1917 ягон бинои махсуси мактабӣ вуҷуд надошт. Мактабҳои русӣ – маҳаллие, ки дар Хуҷанду Хоруғ амал мекарданд, аз яктоӣ синфхона иборат буданд. Соли 1918 дар Хуҷанд, Уротеппа ва Конибодом, соли 1921 дар Душанбе, соли 1923 дар Қаратоғ, соли 1924 дар Кӯлоб, Ғарм, Ховалинг ва Ҳоит аз ҳисоби биноҳои маъмурии пешина ё хонаҳои сарватмандони фироркарда ва ё масҷиду мадрасаҳо мактаб кушода буданд. Аз соли 1920 сар карда, сохтмони биноҳои махсуси мактабҳо сар шуд. Солҳои 1921 – 1924 чунин биноҳо дар Хуҷанд, Уротеппа, Конибодом, Панҷакент, Қаратоғ, Душанбе, Кӯлоб ва Ғарм сохта шуда буданд, вале шумораи онҳо он қадар зиёд набуд. Агар шумораи мактабҳои шуравиро бо мактабҳои амалкардаи куҳна муқоиса кунем, чунин натиҷа мегирем: дар шимоли Тоҷикистон дар солҳои 1923 – 1924 ба ҳар як мактаби шуравӣ 82 мактаби куҳна ва ба як хонандаи мактаби шуравӣ 30 хонандаи мактаби куҳна рост меомад. Шумораи мактабҳои куҳна то соли 1924 2477 адад ва мактабҳои шуравӣ 31 ададро ташкил медод. Дар соли таҳсили 1924 – 1925 дар уезди Хуҷанд 27 мактаби шуравӣ амал мекард, ки 2400 хонандаро фаро гирифта буд. Дар ҳамин давра дар Бухорои Шарқӣ 7 мактаби шуравӣ амал мекард, ки 152 хонандаро фаро гирифта буд. То соли 1924 мактабҳои шаҳрӣ чорсола ва деҳотӣ дусола буданд.

Ҷиҳати хосси мактабҳои солҳои 1918 – 1924 хусусияти иҷтимоӣ доштани таълим буд, яъне мактабҳо ба талаботи миллӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ карда шуда буданд. Синфҳо ба духтаронаю писарона ҷудо буданд. Мактабҳо дузинагӣ буданд. Зинаи аввал кӯдакони 9 – 13-сола ва зинаи дуюм нав- расони 13 – 17-соларо дар бар мегирифт. То соли 1924 дар Хуҷанд як мактаби зинаи якум вуҷуд дошт, ки дар он ходимони намоёни давлатӣ ва донишмандони маъруфи тоҷик, ба мисли Б. Ғафуров, З. Раҷабов, Ҷ. Расулов, Б. Додобоев, М. Ваҳҳобов, С.Умаров, С. Раҷабов таҳсил кардаанд.

Дар Тоҷикистон мактабҳои коммунаҳои меҳнатӣ ҳам вуҷуд доштанд. Дар ин мактабҳо, асосан, кӯдакони бепарастор ва ё кӯдакони оилаҳои серфарзанд мехонданд. То соли 1923 дар уезди Хуҷанд 5 адад ва дар Шаҳристон 1 адад чунин мактабҳо мавҷуд буд. Ҳамаи ин мактабҳои коммунаҳо баъдтар ба интернатҳо табдил дода шуданд. Соли 1923 – 1924 дар Бухорои Шарқӣ 4 мактаб-интернат дар шаҳри Душанбе, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ғарм ва деҳаи Қаратоғ кушода шуд.

Барои мактабҳои шуравии тоҷикӣ аввалин барномаи тахминии таълимӣ моҳи ноябри соли 1918 пешниҳод шуда, 2-юми декабри соли 1919 тасдиқ гардида буд. Мактабҳо забони ягонаи таълимӣ ё адабии тоҷикӣ надоштанд. Бинобар ин, соли 1922 дар назди Комиссариати маорифи халқи Туркистон шуъбаи тоҷикӣ бо мақсади таҳияи китобҳои дарсӣ ва таълимӣ таъсис ёфт. Раиси он Ю. Нисормуҳаммадов буд.

Сохтмони бинои интернат дар Ғарм (соли 1924)

Ин шуъба вазифа дошт, ки меъёрҳои асосии забони адабии тоҷикиро муқаррар намояд, яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикиро асос карда луғат, савтиёт ва сарфу наҳви онро ба ҳам мутобиқ намояд, то ки бо ин забон китобҳои дарсӣ таълиф шаванд. Аз рӯйи ин талабот соли 1922 Муҳаммадсаид Собит китоби дарсии «Ибтидои таҳсил», Саидризо Ализода «Соли аввал» ва соли 1923 Нисормуҳаммадов «Алифбои тоҷикӣ»-ро нашр карданд. Соли 1923 «Раҳнамои ҳисоб»-и Нисормуҳаммадов, китобҳои аз забони русӣ тарҷумашудаи «Ибтидои ҷуғрофияи Туркистон», «Масъ- алаҳо аз арифметика барои синфҳои 1 – 2»-и О. Ленкова ва «Роҳбари бесавод» нашр шуда буданд. Ҳамаи ин китобҳо дар чопхонаҳои Тошканду Самарқанд ба табъ расида буданд.

Муассисаҳои фарҳангӣ. Ба муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ – китобхонаҳо, қироатхонаҳо, чойхонаҳои сурх, гӯшаҳо ва мизҳои сурх, клубҳо, осорхонаҳо, матбуот, нашриёт, кинонамоишдиҳӣ, радиошунавонӣ, театрҳо дохил мешуданд, ки дар маҳви бесаводии аҳолӣ ва маърифатнок гардидани ҷомеа нақши муҳим бозида буданд. Аз ин муассисаҳои маърифатӣ китобхонаҳо ҷойи махсусро ишғол менамоянд, чунки тоҷикон дар гузаштаи дур ҳам аз китоб истифода мебурданд. Анъанаи ташкили китобхонаи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ба асри ХХ рост омада, он ҳам тавассути русҳо дар Осиёи Миёна роҳ ёфта буд ва барои аҳолии русзабони Туркистон таъсис дода шуда буд.

То барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон як китобхонаи оммавӣ аз маъмурияти ҳукумати муваққатӣ дар назди Сарраёсати уезди Хуҷанд мерос монда буд. Аввалин китобхонаҳои оммавӣ дар Хуҷанд – соли 1918, дар Хоруғ – соли 1921, дар Душанбе – соли 1921, дар Панҷакент, Қаратоғ, Кӯлоб, Ғарм, Саройкамар – солҳои 1923 – 1924 кушода шуданд. Ин китобхонаҳоро ҳарбиёни Артиши сурх ва баъдтар ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкил доданд. Дар давоми солҳои 1918 – 1924 фонди китобхонаҳо аз ҳисоби ёрии китобхонаҳои марказии Русияи Шуравӣ ва нашриётҳои алоҳидаю туҳфаҳои шахсӣ пур ва мураттаб мешуданд. Китобхонаҳо ҳам дар ташвиқу тарғиби маърифат ва саводомӯзӣ саҳми худро гузоштанд. Китобхонаҳо на фақат ба ташвиқи китоб машғул буданд, инчунин, барои бесаводон хонишҳо, маҳфилҳои сиёсӣ ва маърифатӣ ташкил мекарданд.

Чойхонаҳои сурх. Кори маърифатӣ-сиёсӣ ба воситаи чойхонаи сурх ҳам бурда мешуд. Дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои серодами истироҳатӣ чойхонаҳо буданд. Ин муассисаро мақомоти маърифатӣ хуб истифода бурданд. Дар чойхонаҳо «Гӯшаҳои сурх», таъсис доданд. Дар ин гӯшаҳо аввал рӯзномаҳо, баъд маҷаллаю китобҳо ҳам гузошта мешуданд. Дар ин гӯшаҳо суҳбатҳо, рӯзномахониҳо, китобхониҳо ҳам сурат мегирифт. Чойхонаҳо ҷойи хуби ташвиқот гардида буданд.

Клубҳо. Пайдоиши клубҳо ҳам дар Тоҷикистон ба ибтидои Ҳокимияти Шуравӣ рост меояд. Аввалин клубҳо дар назди гарнизонҳои ҳарбии Хуҷанд (соли 1920) ва дар Душанбе (соли 1922) таъсис ёфта буданд, ки асоси театр- ҳои минбаъда гардиданд.

Маҳфилҳои ҳаваскорон, дастаҳои ҳаваскорони санъат ва театри саҳнавӣ. Халқи тоҷик ҳамеша ҳаваскорони санъат дошт, вале ин ҳаваскорон мустақилона фаъолият карда, одатан ба як ҳунар – овозхонию мусиқӣ, ширинкорӣ, қиссагӯйӣ, рақси якка машғул буданд. Дар ибтидои Ҳокимияти Шуравӣ чунин ҳаваскорон ба ташкили маҳфилу дастаҳои ҳунарӣ ва намоишӣ шуруъ карданд. Аввалин дастаҳо дар назди раёсати қисмҳои ҳарбӣ (гарнизон)-ҳо ва «Хонаи деҳқон», соли 1917 дар гарнизони Хуҷанд ва соли 1922 дар гарнизони Душанбе дар байни аскарони сурх таъсис ёфта буданд. Соли 1919 дар Хуҷанд маҳфили драмавӣ-мусиқии ғайринизомӣ таъсис дода шуд, ки ба як дастаи калони шашмақомхонону навозандагон табдил ёфта буд. Соли 1919 дар Уротеппа, соли 1920 дар Исфара маҳфилҳои театрӣ таъсис ёфта буданд. Ин маҳфилҳо аввалин намоишҳои тоҷикӣ ва песаҳои худро ба саҳна мегузоштанд. Саромадони саҳнаи театри миллии тоҷик дар Хуҷанд А. Ваҳҳобов, А. Сатторов, Х. Умаров, дар Исфара А. Бобоева, Н. Саидов буданд. Намоишномаҳои аввалини ин маҳфилҳо «Муборизаи синфӣ» ва «Қироатгари Қуръон» ба ҳисоб мераванд.

ЛУҒАТ:

  1. Мактаби куҳна – мактабҳои баъди инқилоб дар баробари мактаби шуравӣ дар назди масҷиду мадрасаҳо амалкунандаро меномиданд. Ин мактабҳо то соли 1929 вуҷуд доштанд. Вазифаи асосии онҳо ба хонандагон ёд додани хондану навиштан буд. Барои мактабҳои куҳна барнома ва китобҳои дарсӣ тайёр карда мешуд. Ин мактабҳо батадриҷ ба мактабҳои шуравӣ табдил ёфтанд ва ё хонандагонаш ба мактабҳои шуравӣ ҷалб шуданд.
  2. Мактаби маҳви бесаводӣ – дар Тоҷикистон дар солҳои 1918 – 1937 мактабҳоеро мегуфтанд, ки дар онҳо калонсолон (аз 17-сола боло) ба омӯхтани хатту алифбо ҷалб карда шуда буданд. Мақсаду таъиноти онҳо ёд додани хондану навиштан ба хонандагон буд. Мактабҳои маҳви бесаводӣ одатан шабона кор мекарданд. Дар он ҷое, ки имкони рӯзонаи таълим вуҷуд дошт, чунин мактабҳо кушода мешуданд. Авҷи баланди фаъолияти мактабҳои маҳви бесаводӣ ба солҳои 1924 – 1930 рост омада буд.
  3. Мактаби шуравӣ – низоми таълими нав ва таълими алтернативиро нисбат ба низоми таълим ва маорифи тоинқилобӣ меномиданд. Аввалин мактабҳои шуравӣ дар Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Уротеппа, Панҷакент (соли 1918), Хоруғ (соли 1921), Душанбе, Қаратоғ, Кӯлоб, Ғарм (соли 1923) кушода шуда буданд. Мактабҳои аввал то моҳи январи соли 1919 ба шуроҳои маорифи халқ ва аз моҳи январи соли 1919 ба Комиссариати маориф ва шуъбаҳои уездию волостӣ ва ноҳиявии он итоат мекарданд. Мактабҳои аввалини шуравӣ ду дараҷа доштанд. Дар мактаби дараҷаи 1-ум бачаҳои 8 – 13-сола ва дар мактаби дараҷаи 2-юм наврасони 14 – 17сола таҳсил мекарданд. Муҳлати таҳсил дар мактаби дараҷаи 1-ум 5 сол ва дар мактаби дараҷаи 2-юм 4 сол буд.

Реклама