§ 46. ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Мафҳуми инқилоби маданӣ. Инқилоби маданӣ дар асри ХХ ин дигаргуниҳои бузург ва пешрафтҳои бемислу монанд дар соҳаи маориф, илм, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ (театр, клуб, китобхона, нашриёт, полиграфия, радиофикатсия, кинонамоишдиҳӣ), ба вуҷуд овардани кадрҳои миллӣ буд. Мафҳуми инқилоби маданӣ, инчунин мафҳуми сиёсӣ буда, ба рӯзгори халқи тоҷик ҳамроҳи Давлати Шуравӣ ворид гардид ва як қисми сиёсати махсуси шуравӣ дар бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ дониста мешавад.

Қисми асосии инқилоби мадании шуравӣ (сотсиалистӣ) -ро ба вуҷуд овардани тафаккури марксистӣ-ленинӣ ташкил медод ва ин тафаккур сиёсати давлатии Ҳокимияти Шуравӣ гардида буд. Ҷанбаи тафаккурӣ (идеологӣ)-и он ба вуҷуд овардани маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ буд. Инқилоби маданӣ дар Тоҷикистон аз барпошавии Ҳокимияти Шуравӣ оғоз ёфта, аввал маорифи халқӣ ва баъд бо ба вуҷуд овардани иқтисодиёти сотсиалистӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти маданиро фаро гирифта, дар солҳои 30-юм ба таъсиси маорифи халқӣ, таълими ҳатмии ҳамагонии ройгон, муассисаҳои зиёди фарҳангии ба хизмати халқ нигаронидашудаю ҳуқуқи баробарии истифода аз хизмати ин муассисаҳо ва бо ташаккули зиёиёни миллӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба охир расид. Тоҷикистон дар ташаккули маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии худ дар 20 соли аввали Ҳокимияти Шуравӣ роҳи ҳазорсолаи баъзе халқҳои ҷаҳонро тай карда, дар бисёр соҳаҳои ҳаёти маданӣ ба мисли маориф, тиб, санъат, адабиёт, ҳуқуқ, имкони ба халқҳои пешқадами ҷаҳон баробар гардиданро ба даст оварда буд.

Маориф ва мактаб. Қисми асосӣ ва махсуси инқилоби маданиро маориф ва мактаб ташкил медод.

Ба маорифи халқ муассисаҳои тарбияи томактабӣ (боғчаҳои бачагона, яслиҳо), ҳамагуна мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус, техникум, мактабҳои олӣ, шаклҳои гуногуни таълими касб ва ташкили ихтисоси кормандон дохил мегардиданд.

Маорифи халқи Тоҷикистон маҳсули давраи сотсиализм буда, ташаккулёбии он ба солҳои 20-ум рост меояд. Маорифи халқи шуравӣ дар асоси сентрализми демократӣ ташаккул ёфта, муттамарказ гардида буд. Мақомоти идории он Вазорати маориф ва шуъбаҳои маорифи комиҷроияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ буданд. Дар Тоҷикистон таълими ҳатмӣ дар асоси қарори КИМ ва ШКХ ИҶШС аз 14-уми августи соли 1930 ва КИМ ШКХ ҶШС Тоҷикистон аз 11-уми октябри соли 1930 сараввал дар соли таҳсили 1931–1932 дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Уротеппа ҷорӣ гардидааст. Таълими ҳатмӣ маълумоти ибтидоиро дар назар дошт. Маълумоти ҳатмии таҳсил дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Уротеппа ҳафтсола ва боқимондааш мактабҳои дараҷаи 1-ум ва 2-юм ҷорӣ карда шуда буд. Фарогирии наврасони 7 – 9-сола ба мактаб соли 1933 пурра ба охир расид. Шумораи мактабҳо аз 336 адади соли 1928 ба 2519 адад ва шумораи хонандагон мутаносибан аз 13 ҳазор ба 125 ҳазор ва омӯзгорон аз 543 ба 3795 нафар расид. То соли 1933 мактабҳо дусола буданд, яъне синфҳои 1 ва 2 кор мекарданд. Синфҳои 3 ва 4 контингенти муттасил (доимӣ) надоштанд. Бинобар ин, дар баъзе мактабҳо синфҳои 3 ва дар аксари мактабҳо синфҳои 4 контингент надоштанд.

Аввалин мактаби миёна дар деҳоти Тоҷикистон соли 1934 кушода шуда буд. Соли 1936 шумораи онҳо ҳамагӣ ба 6 адад расида буд. Соли таҳсили 1938 – 1939 дар ҷумҳурӣ 4200 мактаби гуногун амал мекард, ки 83 ададаш мактабҳои 7-сола ва 18 ададаш мактабҳои миёна (даҳсола) ва боқимонда мактабҳои ибтидоӣ буданд. Дар ин мактабҳо 225 ҳазор хонанда таҳсил мекарданд.

Ба ғайр аз мактабҳои таълими ҳатмии умумӣ боз мактабҳои маҳви бесаводӣ ва шабона фаъолият мекарданд. Дар солҳои таҳсили 1938 – 1940 дар Тоҷикистон дар мактаб- ҳои шабона 3307 нафар хонанда таҳсил дошт ва 1482 нафар онҳоро хатм карданд.

Сиёсати маҳви бесаводӣ ба он овард, ки соли 1939 дар Тоҷикистон аз ҳар 1000 нафар аҳолӣ 170 нафараш хонанда буд. Саводнокии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 82,8% расида буд. Дар ҳолате, ки дар ҳамин давра дар Ҳиндустон ва Туркия ин нишондиҳандаҳо 12% ва 18%-ро ташкил медоданд.

Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон Донишкадаҳои педагогии Душанбе (соли 1931), Хуҷанд (соли 1932), Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (соли 1934), Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (соли 1937), Академияи сабзавоту меваи Хуҷанд фаъолият мекарданд. Дар қатори ин мактабҳои олӣ боз 28 мактаби миёнаи махсус ва техникумҳо, комбинатҳои педагогии Душанбе (2), Хуҷанд (2), Конибодом, Ғарм, Нов, Уротеппа, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб, Шаҳринав фаъолият доштанд. Соли 1939 дар Тоҷикистон Анҷумани аввалини муаллимони аълочӣ барпо гардид, ки дар он 350 нафар намоянда иштирок дошт.

Соли 1939 гузариш ба алифбои кириллӣ сар шуд, ки бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани ҷумҳуриро осон кард.

Илм. Маҳви бесаводӣ, низоми рушдёфта истодаи маорифи халқ ва зарурати тадқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, ба таъсиси экспедитсияҳою муассисаҳои илмӣ боис гардид.

Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон бригадаи АУ ИҶШС ва экспедитсияи комплексии Тоҷикистону Помир, ки то 700 олиму муҳаққиқро дар бар мегирифт, ба омӯзиши ҳаматарафаи таърих, ҷуғрофия, адабиёт, санъат, захираҳои табиӣ, захираҳои меҳнатӣ (қувваи корӣ)-и Тоҷикистон машғул буданд. Экспедитсияи комплексии Тоҷикистону Помир қариб даҳ сол фаъолият дошт. Бо пешниҳоди ин ташкилотҳо ва ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон аввали соли 1933 дар Душанбе «Базаи» Тоҷикистонии АУ ИҶШС ба фаъолият шуруъ кард. Асоси ин муассисаи илмиро АУ ИҶШС гузошта, дар тайёр кардани кадрҳои илмии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт. Ин база асоси АУ Тоҷикистон гардида буд. Дар база олимони машҳури давр С.Ф. Олденбург, А. Ф. Иоффе, Д. Н. Прянишников, А.Е. Ферсман, Е.Н. Павловский, Н. А. Кисляков, Д. Фанян кор мекарданд.

Зери роҳбарии онҳо аввалин дастаи олимони шуравии тоҷик ба соҳаи илм қадам ниҳоданд. Дар байни онҳо З. Ш. Раҷабов ва Б. Ғ. Ғафуров буданд, ки баъдҳо то ба ходимони машҳури илму сиёсии шуравӣ расиданд.

ЛУҒАТ:

Маҳви бесаводӣ – Сиёсати махсуси дар солҳои 20 – 30 асри ХХ пешгирифтаи Ҳукумати Шуравӣ барои саводноккунонии ҷомеа, ки дар асоси таълимоти ленинии «Шахси бесавод аз сиёсат дур аст».

Реклама