Тавсифи умумӣ. Бо қабули Қонуни асосии сотсиализми тараққиёфта як давраи томи таърихи сотсиализм ва шуравӣ хотима ёфт, яъне, нақшаи муайянкардаи барномаи дуюми Ҳизби Коммунистӣ ва аввалин ҳукумату халқи шуравӣ – гузариш аз капитализм (дар шароити Тоҷикистон – аз феодализм) ба сотсиализм анҷом ёфт. Давраи нави таърихи сотсиализм, ки онро марксизм – ленинизм давраи батадриҷ, оҳиста-оҳиста гузаштан аз сотсиализм ба коммунизм медонист, оғоз гардид. Вазифаи ин зинаи сотсиализм бунёди ҷомеаи баробарии иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии шахсиятҳою гурӯҳҳои иҷтимоӣ, фаровонии неъматҳои моддӣ ҳамкории софдилона ва ба манфиати ҷомеа равона кардани муносибатҳои истеҳсолию иҷтимоӣ буд. Баъдтар ин давраро (солҳои 1937 – 1959)-ро сотсиализми баркамол номиданд ва як давраи томи таърихи шуравӣ ва сотсиализми шуравӣ гардида буд. Асосҳои ҳуқуқии ин давраро Конститутсияи сотсиализми ғолиби 5-уми декабри соли 1936 қабулкардаи ИҶШС ва Конститутсияи сотсиализми ғолиби РСС Тоҷикистон (соли 1937) муқаррар карда буданд.
Вазифаҳои панҷсолаи сеюм дар соҳаи саноат. Нақшаи ин панҷсола дар асоси пешрафти илмию иқтисодӣ, сиёсӣ ва назариявии марксистӣ таҳия шуда буд ва инкишофи босуръати ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирифт.
Моҳи феврали соли 1939 Анҷумани V ҲК(б) Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи сеюмро муҳокима ва қабул кард. Дар назар дошта шуда буд, ки дар ин панҷсола корҳои зер иҷро карда мешаванд:
Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ бояд саноати маҳаллӣ ва кооператсияи истеҳсолӣ рушд меёфт, ки вазифаи онҳо таъмин намудани аҳолӣ бо моли ниёзи мардум буд.
Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, вазифа гузошта шуда буд, ки базаи истеҳсолию техникии кишоварзӣ ва ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардошта шуда, шабакаҳои обёрӣ васеъ ва азхудкунии заминҳои нав дар водии Вахш давом дода шавад. Дар соҳаи фарҳанг бошад, вазифаи асосии панҷсола аз баланд бардоштани маърифати фарҳангию маънавии заҳматкашон иборат буд.
Синфи коргари тоҷик аз ибтидои соли 1939 ба иҷро намудани нақшаҳои панҷсола шуруъ кард. Коркунони НБО-и Варзоб ба тамоми коргарони ҷумҳурӣ муроҷиатнома қабул намуда, онҳоро ба меҳнати зарбдорона барои иҷрои нақшаи панҷсола даъват карданд. Ин ташаббус номи «мусобиқаи сотсиалистӣ ба шарафи панҷсолаи сеюм»-ро гирифт. Кӯҳканони Шуроб, нафтчиёни Исфара, бофандагони Хуҷанду Душанбе, шарбатистеҳсолкунандагони Конибодом, коргарони заводҳои пахтатозакунӣ мунтазам меъёри истеҳсолии худро 1,5 – 2 баробар иҷро мекарданд. «Идораи якчанд дастгоҳ» ва «Омӯхтани якчанд ихтисос» шакли нави мусобиқа шуда буд.
Дар солҳои 1940 – 1941 дар саноати ҷумҳурӣ ба истифодаи захираҳою масолеҳи маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии мавриди ниёзи умумии мардумон оварда шуд. Ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ин соҳа дар ҷумҳурӣ ба воситаи кооператсияҳои истеҳсолӣ 27 корхонаи гуногуни истеҳсоли молҳои сермасрафи ниёзи мардум сохта шавад. Моли истеҳсолкардаи ин соҳа мебоист 3,1 баробар зиёд мегардид.
Дар солҳои 1938 – 1941 дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зерин: комбинати маъдани кӯҳии Такоб, кони нави ангишт дар Шуроб, НБО-и «Хоруғ», сехи нав дар комбинати гӯшти Душанбе, корхонаҳои пахтаи Регар ва Мелниково, фабрикаи пойафзор, корхонаҳои сафолакҳои бомпӯшии Душанбе ва Исфара, пивопазӣ ва сементи Душанбе пурра ба кор дароварда шуданд. Корхонаи нефтистеҳсолкунии «КИМ» аз нав таҷҳизонида шуд. Корхонаи озекеритӣ дар Селроҳ таъмир гардид. Дар натиҷа истеҳсоли ангишт аз 18 ба 204 ҳазор тонна, нефт аз 26,6 ба 29,8 ҳазор тонна, истеҳсоли шоҳӣ аз 200 ба 254 тонна, пойафзори чармин аз 139 ба 455 ҳазор ҷуфт, истеҳсоли матои пахтагин аз 0,1 ба 0,2 миллион метр, истеҳсоли равған аз 2470 тонна ба 3054 тонна, истеҳсоли қувваи барқ аз 37, 3 ба 62,1 миллион кВт расонида шуд. Шумораи синфи коргар 139 ҳазор нафарро ташкил дод. Барои таъмини хуби соҳа бо қувваи корӣ соли 1940 дар Тоҷикистон Кумитаи давлатии захираҳои меҳнатӣ бо 5 таълимгоҳ таъсис ёфта буд, вале ҳанӯз ҳам дар корхонаҳои саноатӣ асоси синфи коргари миллӣ ақаллият буд. Коргари тоҷик дар сохтмонҳои иншооти саноатӣ, бинокорӣ, роҳсозӣ, совхозҳо ва саноати бофандагӣ бартарӣ дошт. Ҷумҳурӣ ба ҷумҳурии саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта буд, вале саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон (1-уми сентябри соли 1939) инкишофи бемайлони саноати ҷумҳуриро ба таъхир андохт.
Солҳои 1938 – 1941 нақшаи давлатии саноатикунонии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии саноати ИҶШС тағ- йир ёфт. Ин тағйирот, асосан, дар аҳаммият додан ба корхонаҳои маҳсулоташон аҳаммияти умумииттифоқӣ дошта, суст шудани назорат ба таъмини корхонаҳои маҳсулоташон аҳаммияти маҳаллӣ дошта буд. Ин муносибат ба он овард, ки корхонаҳои тобеи вазоратҳои дахлдори умумииттифоқӣ қариб пурра истифода мешуданду маҳаллӣ не.
Хоҷагии қишлоқ дар солҳои пешазҷангӣ. Ба шароити давраи ҷанг нигоҳ накарда, хоҷагии қишлоқ ҳам босуръат пеш мерафт. Кишти ҳамаи навъҳои зироат ба 807 ҳазор гектар, расонда шуд, ки назар ба соли 1937 20 ҳазор гектар зиёд буд. Кишти пахта бошад, 4 баробар афзуда, ҳосилнокии он ба 18 сентнер аз ҳар гектар расонида шуд. Саршумори чорвои ҷумҳурӣ ҳам хеле афзуд:
Нишондиҳандаҳо (ба ҳисоби ҳазор) | Солҳо | ||
1916 | 1937 | 1940 | |
Чорвои калони шохдор | 800,5 | 500,1 | 580,1 |
Бузу гӯсфанд | 2296,5 | 1634,9 | 2179,3 |
Замини кишт | 490,3 | 787,0 | 807,1 |
Дигаргунии чашмрас дар чорводорӣ ба амал омада буд. Ин ҳам бошад, ба вуҷуд овардани чорводории ҷамъиятӣ – колхозӣ буд. Ҳиссаи ин хоҷагии чорводорӣ дар ҳаҷми умумии соҳа: чорвои калони шохдор – 20%, гӯсфанд 44% ва буз 16% -ро ташкил медод.
Дар инкишофи хоҷагии қишлоқ нақши ҳалкунандаро Пойгоҳҳои мошинӣ-тракторӣ (ПМТ) мебозиданд. Дар ҷумҳурӣ соли 1940 51 ПМТ дорои 3407 трактор буд. Ин ПМТ 23% шуд- гори тирамоҳӣ, 41% шудгори баҳорӣ, 5% кишти ғалладона, 82% кишти пахтаро анҷом дода, ва фақат 6% ҳосили ғалладонаро ҷамъоварӣ мекарданд. Дигар ҳамаи корҳо ба таври дасти анҷом дода мешуд.
Дар солҳои 1938 – 1941 дар ҷумҳурӣ корҳои калони обёрикунӣ гузаронида шуда буд. Ба тариқи ҳашари умумихалқӣ канали калони Фарғона, ки як қисми (46 км) навбати якуми он, ба ҳудуди ноҳияҳои Исфараю Конибодом мегузашт, дар муҳлати 25 рӯз кофта шуд. Зимистони соли 1939 – 1940 нав- бати дуюми канали калони Фарғона дар 50 рӯз кофта шуд. Қисмати тоҷикистонии он 79 км буда, дар кофтанаш то 50 ҳазор нафар ҳашарчӣ иштирок доштанд. Соли 1940 канали шимолии Фарғона кофта шуд, ки қисмати тоҷикистонии он 60 км буда, асосан ноҳияи Аштро дар бар мегирифт. Соли 1940 бо ҳамин усул канали калони Ҳисор кофта шуд.
Дар солҳои пешазҷангӣ шабакаҳои обёрии водии Вахш ҳам беҳтар карда шуданд. Ин ба пешравии ҳама соҳаҳои хоҷагии қишлоқ мусоидат кард. Натиҷаи ин пешрафт аз иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС хубтар аён мегардад. Соли 1939 дар намоишгоҳ 288 колхози ҷумҳурӣ ва 1488 нафар пешқадамони хоҷагии қишлоқ иштирок доштанд. Соли 1940 бошад, 409 колхозу 3459 нафар пешқадамон ширкат варзиданд. Бисёрии пешқадамон бо ордену медалҳои ИҶШС ва Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ (НКХХ) мукофотонида шуда буданд.
Ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон. Вазифаи асосии маорифи халқи ҷумҳурӣ дар солҳои панҷсолаи сеюм гузаштан ба таълими ҳатмии 7-сола дар деҳот, таълими даҳсола дар шаҳрҳо ва барҳам додани бесаводӣ дар байни калонсолон буд. Дар арафаи Ҷанги бузурги ватанӣ дар ин соҳа қадамҳои аввалин гузошта шуда буданд. Дар ҷумҳурӣ дар соли хониши 1940 – 1941 2628 мактаби дорои 303 ҳазор хонанда вуҷуд дошт. Аз ин миқдор 66 мактаби миёнаи дорои 3,6 ҳазор хонанда амал мекард. Мактабҳо дар ин давра нисбатан хубтар бо омӯзгорону воситаҳои таълимӣ таъмин гардида буданд. Дар барҳам додани бесаводӣ дар байни калонсолон ҳам кори зиёде карда шуд. Дараҷаи саводнокии аҳолӣ аз 3,8%-и соли 1926 ба 82,8 % дар соли 1939 расида буд. Дар мактабҳо соли 1938 таълими ҳатмии забони русӣ ҷорӣ гардида, соли 1940 ислоҳоти алифбо гузаронида шуда, алифбои кириллиасоси тоҷикӣ ҷорӣ гардид.
Дар солҳои 1938 – 1941 шумораи мактабҳои олӣ ҳам зиёд гардид. Дар 6 мактаби олии ҷумҳурӣ 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард.
Дар ҳаёти илмии ҷумҳурӣ ҳам пешрафтҳо дида мешуд. Соли 1941 Базаи тоҷикистонии АФИ ҶШС ба Шуъбаи тоҷикистонии АФИ ҶШС табдил ёфта, дар донишкадаҳои таҳқиқотии он доир ба омӯзиши канданиҳои фоиданок, парвариши рустаниҳои хоҷагии қишлоқ, навъҳои нави пахта ва чорвои маҳсулдеҳ, тадқиқи таърих ва осори адабии халқи тоҷик корҳои зиёде анҷом дода шуда буд.
Дар ҷумҳурӣ хидмати тиббӣ пеш мерафт. Дар хидмати аҳолӣ 121 касалхона, 222 муассисаи амбулаторӣ-муолиҷавӣ, 273 нуқтаи ёрии фелдшерӣ-амбулаторӣ, 53 муассисаи машваратии занону кӯдакон ва табибони зиёде хидмат мекарданд.
Санъати тоҷик ҳам бештар хусусияти оммавӣ пайдо карда ба соҳаи талаботи маънавии омма табдил ёфт. Оҳангсозони тоҷик З. Шаҳидӣ, Ф. Солиев, Н. Пӯлодов, Ш. Бобокалонов, А. Камолов, ҳунарпешагон Т. Фозилова, С. Тӯйбоева, Г. Бақоева, Р. Ғолибова, А. Бурҳонов ном бароварда буданд. Театри тоҷик ҳам ба намоишномаҳои операи «Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар», «Ду гул» ва песаи «Камбағалӣ айб нест» машҳур гардида буданд. Дар солҳои 1938 – 1941 дар ҷумҳурӣ 81 рӯзнома, 9 маҷалла, 401 китобхона, 23 театр, 512 муассисаи клубӣ, 114 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар хизмати халқ қарор дошт.
Раванди корҳои сохтмонӣ ва истеҳсолии ҷумҳурӣ далолат бар он дошт, ки нақшаҳои панҷсола ва мақсади асосии халқи шуравӣ – таъмини ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализм дар мамлакат иҷрошавандаанд, вале вазъияти байналмилалӣ ва оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар нақшаҳои шуравӣ тағйироти куллӣ ворид сохт.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Вазифаҳои навбатии сотсиализм аз чӣ иборат буд?
2. Мафҳуми сотсиализми тараққиёфтаро шарҳ диҳед.
3. Мафҳуми ғалабаи пурра ва қатъии сотсиализмро шарҳ диҳед.
4. Вазифаҳои панҷсолаи сеюмро номбар кунед.
5. Пешрафтҳои сотсиализм дар солҳои 1938 – 1939-ро исбот кунед.
Реклама